Дар нашри навбатӣ аз Душанбе, пойтахти кишвари азизамон як нома, як нома аз Бохтар-Қурғонтеппаи собиқ, як нома аз Кулоби бостон ва номаи дигар аз Айнӣ дорем.
Дар номаи аз Душанбе як қиссаи воқеӣ аз рӯзҳои мо ҳикоят шудааст. Инҷо шумо «суҳбат»-и паси дарҳои бастаи миёни амниятиҳо ва муллоҳоро огоҳ мешавед.
Аз Бохтар дар бораи он навиштаанд, ки дар беморхонаи ин шаҳр патсиенти занро тавре қабул мекунанд, ки боиси нороҳатии шавҳари ӯ ва ҳар гуна гумону шубҳаҳо мешавад. Муаллиф менависад, табиб иҷозаи ҳамроҳи зан вориди утоқи муоинаро барои вай надод, аммо барои як нафар папкабадасти мард иҷоза дод, ки вориди утоқ бишавад.
Муаллифи мо аз Кулоб гуфтааст, ки номаи ӯро хитоби вай ба Эмомалӣ Раҳмон биҳисобем. Ва, дар ин хитобааш Раҳмоновро муқассири чунин вазъу ҳол дониста гуфтааст, ки натавонистӣ, бадтар кардӣ, масалан дар вақти СССР свету обу гармӣ доштем, аммо ҳоло надорем ва беҳтар аст, ки зудтар истеъфо диҳӣ.
Нависандаи мо аз Айнӣ (Фалғар), ки мегӯяд номаҳои қаблии нашршударо мутолиа кардааст, итминон медиҳад, ки ҳарчизе нашр гардид ҳақиқат аст ҳақиқати талх. Ва илова мекунад, ки ҳоло ҳам дар ноҳияи онҳо пулдорҳо заминҳои корамро соҳиб мешаванду халқи камбағал ҳатто ҳамон ҳиссаеро, ки қонун барояш пешбинӣ кардааст, гирифта наметавонад. Ин муаллиф ному насаби чунин пулдорҳоро беибо тазаккур кардаст:
Душанбе
Ассалому алайкум домуллои азиз Муҳаммадиқбол! Хубӣ, созӣ, барномаатро дида истодаем. Соз аст, барномаат рафта истодааст. Мо инҷо бисёрием. Як ҳикояти ҷолиберо бароятон нақл карданиам. Ин ҳкиоя воқеӣ аст ва ҳамин шабу саҳар руй дод.
Дар хона меҳмонҳо буданд, як ду қорибача ҳам буд. Яке аз онҳо ин ҳикоятро нақл карданд. Дар маҷлиси Паёмаш каллафғафс боз ҳам дар барои аз мардуми мо набудани сатру ҳиҷоб гап заду гуфт, масҷид бисёр шудааст, дигар насозед.
Ин бародар гуфт, ки онҳоро ба тарафи Кулоб ба як маърака хабар карданд. Дар роҳ ба самти Кулоб ҳаракат мекардем. Муллои Бохтарӣ ҳам онҷо буд. Дар роҳ рафта истода будем, ки аз амният занг заданд. Ва пурсиданд, ки «кҷодаӣ». Гуфтем дар роҳем. Аз Душанбе Кулоб меравем. Амр мекунад, ки аз раҳ разварот кунед, баргардед, Душанбе маҷлис аст. Гуфт разворот кардему рафтем. Рафтем, ки дар пеши идора касе нест ва ягон кас ҳам аз маҷлис дарак надорад. Яке буд, ки фарёдамон карданд. Муллоҳоро фарёд карда будаанд. Ҳоҷӣ Мирзо ҳам ҳузур дошт. Хулоса, даромадем гуфт.
Як муллои афғон аст ки Фирӯз. Вай тоҷикӣ суҳбат мекунад ва наворҳояш дар Ютуб ҳаст. Вай барои Раҳмонов гап мезанад, чанд бор гап задагӣ ҳаст.
Вақте даромадем видеои он муллоро монданд. Дар як телевизори калон. Баъд амниятӣ пурсид, ки ҳамин муллои афғон гапҳояш рост аст? Ин муллои афғон тамоман бар зидди Раҳмонов гап мезад. Дар бораи сатру ҳиҷоб.
Чор-панҷ нафар генералҳо ҳам дар он маҷлис ҳузур доштанд.
Он нафар ба тарафи Бохтарӣ мегӯяд, ки ин мулло, яъне афғон дуруст мегӯяд:
«Бохтарӣ хез оятҳои ҳамин туғрияй рост мега?»
Баъд дар ҷояш баланд мешаваду каме меистад ва мегӯяд: «командир шумо шера дасту поҳоша мебандед дар ҷангал мепартоед. Шера дасту поша бастӣ дар ҷангал партофтӣ рубаҳҳо ҳам ӯро мехуранд. Ҳамун ояти Қуръона гуфтеста, ҳамин оят ҳаст, дар Қуръон омадагӣ ҳаст ҳама медонад. Ҳамин аз оят гуфтестай».
Гуфт «иш суни иш нигаҳ карду гуфт хай ҳаст ҳамин оят чишон мегем»?
Баъд он амниятӣ гуфтааст, ки «ҳуй бхрен, ай пайи кортон бише бзане бре ва бароварданду ҷавобамон доданд».
Ин вақт, ки мебароянд ҳоҷӣ Мирзо дар пуштум таптап заду дасташро монд ва «ҷонма харидӣ, биё брем ягонҷо маъракая ташкил кунем, ки бовар кун точно гуфт ки ҳар ғоте фарёдум мекунан мо фигр намекунем, ки обратно хонаҳомон мерем. Хиёл мекунӣ, ки ҳоло ягон чи др гарданат бор мекунанд, дар помон мепечонанд ҷоямон кунҷи зиндон. Унҷо тилфонамона мегиранд, якборӣ хонаҳомон алоқа мекнем мегем хай мо ҳамин саҳар якҷо омадагием, ай иҷа бброем зангтон мезанем, баъд тилфоная меспуорем. Маҷлис ҳамин хел, инами тарӣ ҷонма харидӣ. Мора мехезонд ма намедонистум ки чӣ бигум. Ҳамиқа гапе ту задӣ ки «шера дасту поша мебандӣ дар ҷангал мепатоӣ ин кора ки кардӣ рубоҳам мехурад, хайр ҳамин ай Қуръон гуфтестай, сура ҳаст дар Қуръон , ҷонмона харидӣ» Хайр дигар гуфтаст мара куҷо ҳоҷат гап занимай, ҳамаша ҳавай гап зад. Иш иша иш иша нигаҳ кард.
Эй гуфтам Аллоҳ лаънат кунад инҳоро. И ҳамита будастда. Фарёдшон мекунан ай як лаб муллоҳора дар теливизор мемонану баъд пурсидан меиранд. Ҳамин рост мега, ай руи оятай, ай руи ҳадисай,як корейе,бовар кун. Худо инҳоро лаънат кунад беимонҳоро. Бародар Муҳаммадиқбол, ин буд ин ҳикоят. Болои муллоҳо вақтҳои ахир фишор беҳад вазнин рафта истодааст.
Бохтар
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари муборизи роҳи Ҳақ. Ман шуморо хуб мешиносам ва шумо ҳам маро мешиносед. Вақтҳое ки дар Душанбе будед, ман аз шумо китобҳо гирифта будам.
Номаи мо хело сода аст, лек дар асл ин ҳукумати таҷовузкор ҳамин хел аст. Аммо, илтимос номаи моро чоп кунед, то ки мардуми хонаклетношудаи Тоҷикистон эхтиёт ва огоҳ бошад аз ин ҷодуи ҳукумати таҷовузкор.
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳар ҷавон, ки дар Тоҷикистон хонадор мешавад ҳукумат ба ҷои онки ёрӣ кунад бо ҳар баҳона шикам ва кисаи худро пур мекунад.
Мо бо ҳавас духтар хонадор кардем. Дар ин байн бо ҳар баҳона ё барои пули свет ё барои ҳуҷҷатҳои хона меоянд ва ба мо бо ҳар баҳона мегӯянд, ки ба қоидаҳои ҳукумати таҷовузкор ризо мешавед ё хеширо қатъ мекунед. Ё Аллоҳ, мо аз ин ҳукумати таҷовузкор ғайри ситам ва бе светию бе газӣ ва муҳоҷират ҳеҷ надидаем. Чаро бо ҳукумати золим ҳамкорӣ ва ризоӣ диҳем, мункир шавем?
Рӯзе тифлак бемор шуд, ӯро балниса, бурдем, албатта, ба ҳама маълум аст бо пул. Ҳар дафъа, ки балниса бурдем дар хона нофаҳмӣ пайдо шуд. Алҳамдуллилоҳ 4 фарзанд дорем. Ҳар дафъа ба балнитса бурдем нофаҳмогӣ байни оила пайдо шудан гирифт. Ин дафъа ман фикр кардам чаро? Бо оила ва тифлак рафтам, поликлиника. Мардҳо даромадан мумкин нест. Паси дар шиштем. Буд, ки як мард дар даст папка омаду даромад, хело гузашт. Мо гуфтем чи сиру асрор бошад ва даромадем, ки ин мард мисли шайтон ороста шиштаасту бо врач суҳбат дошт. Маро дид ба масхара кардан даромаданд.
Ё Аллоҳ, падарро мумкин нест аз таърихи дарди тифлак фаҳмад, дарояду аммо кадом шайтони ҳукуматиро мумкин будааст? Мо фаҳмидем, ки ана инҷо ҳукумат хонаҳои мардуми тоҷикро клет мекунад. Ба занҳо ёд медиҳанд, ки чи гуна рафтор бо шавҳар ва чи гуна дашном ба шавҳар кунанд. Агар шавҳар бузи ин ҳукумати таҷовузкор нашуд, кор тамом. Агар ин ҳукумати таҷовузкор ва хонаклеткуни миллат набошад, ҳеҷ кас намехоҳад дар ватан нотинҷӣ бошад. Мақсад ин аст,ки ба занҳоямон мемӯзонанд,ки бо шавҳарат инхел муомила кун ва ин куну он кун. Охир барои чӣ ?
Мо аз ин ҳама омухтанҳои ин ҳукумати таҷовузкор безор шудаем. Гуфтем, ки кохи курсии ин золимро наҷунбонем дигар намешавад. Гуфтем хуб ҷавобат ба дасти худат ё шавҳар хоҳӣ кунӣ ё не ана ин хел ин ҳукумат байни оилаҳо ҷудоӣ меорад. Бисёр мардумони ватандор мепурсанд, ки чанд сум детский мегирад? Мегӯем ин хел нест, гардан меҷунбонад. Агар бовар накунед мо метавонем доказат намоем.
Мутассфиона аксари хонаводаҳои тоҷик аз дасти ин режими хунхор ба ин ҳол гирифторанд. Бародар Аллоҳ ҳифзатон кунад.
Кулоб
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбои Садриддин. Номаи ман ба Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз Кулобҷон менависам.
Бародар, ин шо Аллоҳ, ки хубу хуш ҳастед. Илоҳо, чунин шермардон ба мисли шумо, сафашон зиёд шавад. Бовар намоед, ки аз дасти Эмомтапак ҷонамон ба лабамон расидааст. Кадоме аз як гуноҳи Эмомтапакро гӯйем. Тули 35 сол аст ба мардум дурӯғ мегӯяд. Ин гандапир кай бас мекарда бошад дурӯғгӯиро ман намедонам. Мо тоҷикон дар давраи СССР ин қадар азоб намекашидем, свет буд, ҷойи кори нағз ва маоши хуб медоданд. Ин гандапир аз Чингизхон гузаронд. Аз куштори мардуми мазлуми Тоҷикистон ҳеҷ серӣ накард. Аммо баъзе аз чоплусон бошад, ӯро Падари миллат, ё ки Пешвои тоҷикони рӯйи ҷаҳон мегӯянд. Ин гандапир на ба мардуми Тоҷикистон хизмат мекунад ва на ба тоҷикони бурунмарзӣ. Боз чоплусон шарм намекунанд ва ӯро Ҷаноби олӣ, Асосгузор, пешво, сулҳпарвар ва ғайраҳо мехитобанд.
Эй чоплусҳо рӯзи шумо ва пешвоятон Эмомтапак кам мондааст. Эй, чоплусҳо бас кунед лесиданро. Ба Худо қасам айб аст ин қадар лесидани беҳуда. Шумо чоплусҳо барои Эмомтапак як дирам арзиш надоред. Эмомтапак хело дуздӣ карда истодааст. Магар шумо кӯред, ё ин ки каред намебинед. Оилавӣ вес Тоҷикистонро забт карда гирифтаанд. 2 писар ва 7 духтар ва 77 домоди расмиву ғайрирасмӣ, рӯйирост дуздӣ мекунанд ва пулро берун аз кишвар мебароранд.
Инҳо дар фикри мардуми Тоҷикистон ҳеҷ вақт нестанд ва фикр ҳам намекунанд. Дар тули ин қадар солҳо тоҷикҳо дар руйи дунё муҳоҷир ҳастанд ва таври бераҳмона кушта мешаванд, ё ки бо туҳмат ба зиндон меғалтанд. Барои чи? Барои он ки Раҳмонови лаънаткардаи Аллоҳ мо тоҷиконро дар тамоми рӯйи ҷаҳон террористу-экстремист баровард. Агар аҳамият дода бошед, ҳодисаи дар Маскав гузашта дар Крокус ситиро. Ин ҳодиса плани Путин ва ҳукумати Путин ва тибқи нақшаи Э Раҳмонов пешбинӣ шуда буд. То ки тоҷиконро шикаст диҳанд ва мисли ғуломи ҳалқабаргуш ҳам ба ҳукумати дузди Раҳмонов ва ҳам ба кишвари Путин хизмат (яъне ғуломӣ) кунанд. Пас аз гузаштани чанд рӯзи ҳодиса блогерҳо , ва рӯзноманигорони худи Русия ошкор карданд, ки дар ин ҳодисаи даҳшатнок тоҷикон ҳеҷ гуноҳе надоранд ва инҳо ба дом афтодаанд. Мутаассфиона, тоҷикон дар ҳар кишваре, ки набошанд ба дом меафтанд ва ба туҳмат гирифтор мешаванд. Барои чи? Барои он ки президенти кишварамон аз мо муҳофизат намекунад ва моро низ дӯст намедорад. Агар ки дӯст медошт моро дар тамоми дунё террористу экстремист эълон намекард. Агар дар тули 34 сол моро соҳибӣ ва бо ҷойи кор таъмин мекард, ҳоло кишварамон ба мисли кишвари Сингапур мешуд. Аммо садафсус, ки ин гандамур душмани миллати тоҷик аст, ва дар куштани тоҷикон даст дорад ва зидди дини ислом аст. Ин ба ном демократияи Раҳмонов барои худаш ва оилаи касифаш аст, на ин ки барои мардум.
Эй, мардуми тоҷик, бедор шавед, аз хоби 34 сола. Магар ин ҳама зулм, таҷовуз , куштор, муҳоҷират ва ғайраҳо ба шумо писанд аст? Сабр ҳам то як дараҷае ҳаст. Мегӯянд ,об, ки дар куза пур шавад аз лабаш мерезад.
Вале ин Раҳмонови хабис кузаро майдамайда кард, об ҳам рехт. Болои ҳама таҷовузу бебарқӣ ва бекорӣ дар кишвар шумо мардуми Тоҷикистон хомуш ҳастед.
Ин Раҳмонови касиф ҳеҷ мурданӣ надорад. То онро шикаст надиҳем вай аз сари қудрат (вазифаи президент) намеравад .
Раҳмонов, ин шо Аллоҳ рӯзат аз рӯзи диктаторҳои ба мисли худат Николас Мадуро, Янукович, Ашрафғанӣ Саддам Ҳусейн. Башор Асад бадтар мегардад. Ту хаёл кардӣ бо зиндон кардани муҳоҷирон, рӯзноманигорон, муборизон кормандони милитсия (онҳое дар вазифаҳояшон содиқ хизмат мекунанд ва аз мардум пора намегиранд) мардум хомуш меистанд? Ту бо планҳои касифат ҳеҷ ба мақсад намерасӣ! Ту фикр кардӣ умри ҳазрати Нӯҳро дорӣ! Хато мекунӣ! Рӯзи ту ҳам наздик мондааст. Барои ҳамин ба хуби аз сари вазифа рав, вагарна мо туро аз сари вазифа мегирем. 10 млн мардуми Тоҷикистон сар карда аз худат, аз хешутаборат, қавми яъҷуҷу маъҷуҷат безор аст. Магар пустат аз пусти хар аст, ки гапро намефаҳмӣ? Халачӯб даркор аст чӣ?
Дар рагҳои ту хуни тоҷикӣ давр намезанад. Агарки мезад, ту ин қадар беномусу бераҳм ва беинсоф намешудӣ.
Эмомтапак зулм карданро бас кун, вагарна бароят душвор тамом мешавад. Ба мисли ту чандин золимҳо аз дунё гузаштанд, ту ҳам меравӣ, бе ягон шакку шубҳа , Ту фикр накун бо зулм кардан Рустами гунгакро ба сари қудрат меорӣ. Як пасу пешатро аҳамият бидеҳ. Бо мурдани ту аввал хешутаборат ва дуюм мардуми ранҷдидаи Тоҷикистон бисёр хурсанд мешаванд ва ту инро хуб медонӣ ва мурдаи ту барои ҳеҷ кас қадру қимат надорад. Раҳмонов инро фаромӯш накун ,поёни шаби сиёҳ сафед аст. Барои ҳамин биё тезтар рав аз қудрат.
Бори дигар мегӯям, ки мардуми Тоҷикистон туро дӯст намедорад ва диданат намехоҳанд:
Истеъфо Раҳмонов;
Истеъфо диктатор.
Бо эҳтиром бародари шумо аз ғарибӣ.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ба Худо намедонистам, ки хабарҳо тавассути канали шумо ин қадар тез мерасад ба мардуми мазлуми Ватанамон.
Дар гузари мо, ки дар бораи Сироҷиддинов Ҷаҳонгирхон навистанд, хеле мардум дар ҷунбишҳои гуногун даромаданд. Вақте дар группаи гузармон гапу хабар паҳн шуд баъзе кунбардорҳои харомхур шуруъ кардан ба лесидан. Ман дуруғ намегуям, касе навишта буд, росташро навиштааст. Дуруст пурсидаат, ки барои чи ангишту боигариҳои моро ба хориҷа мефурушанд ва пешвояшон кайф карда гашта истодааст ва роҳро, ки аз пули мо сохта шуда буд боз ҳам чаро мардуми камбағал мумфарш мекардааст?
Ё дуруғ мегуям? Мард бошед, бароед дуруғ гӯед. Ман ба Худо қасам намешинохтам Ислоҳ.ТВ-ро ва намедонистам. Ман росташро мегуям. Як журналист буд, ки мегуфтанд ҳамаро чоп ва ошкор мекардааст, ки чанд сол пеш тӯҳмат карда куштанд.
Аз деҳаи Испағн будааст. Вақте ин гапу хабар дар гузарамон калон шуду ба таҳдид ва кашокаш даромад, ман ҳам хомӯш натавонистам бошам.
Шумо чанд баромади ҳақ ва дуруст аз ноҳия ва Рарзро дида боз кунбардорӣ мекунед? Шумо ҳам дар ҳамин гурӯҳи хоинҳои ватан, ки ватани моро мефрушанд, ба болои мардуми камбағал зурӣ мекунанд бо ҳамроҳии амнияту милиса, шумо, яке ин мардум қиём кунанд, шуморо ба Худо бо пешвоятон дор мекашанд.
Ин одаме, ки дар Ислоҳ.ТВ навиштааст чи дуруғ гуфтааст? Ҳаррӯза ҳазор дулани Эмомтапаки пешвоятон мегузарад. Роҳро чангу хоку санглох ва пур аз гармошка ва тамоман харобу корношоям кардааст. Чаро ҳаррӯз чангу хоку дуди дуланҳои онҳоро нафас мекашеду боз дуруғ мегӯед, ки «хоину душман» ва ҳарчи дигар? Агар дуруғ бошад, гиред шумо ҳам роҳатонро, светатонро видео кунед, ки чи ҳол аст? Мард бошед, шумо баромада рад кунед, ки «мо свет дорем, кумур дар мо 1200 сомонӣ несту 500 сомонӣ», ё ободии роҳро видео кунед, то ошкор шавад кӣ дурӯғ мегӯяд ва кӣ рост. Куҳҳоятонро, маъданҳоятонро хитоиҳо канда бурда истодаанд.Кони маъдани Анзобро бурда истодаанд,ангишти Фонро бурда истодаанд,кони тиллои Кумарғу Дуобаро бурда истодаанд, боз ин пешвоятон чи коратон кунад? Ҳамаро аз як сар бурда фурӯхта пулро ба кисааш карда истодааст. Ба Афғонистон, ба Покистону Узбакистон фурӯхта истодааст, инҳо гапҳои дуруғ нестанд. Бо чашмҳоятон мебинед, ку. Дар куҷое хондам, ки бойтарин президенти дунё пешвоятон будааст. Аммо дар Русия пасттарин муҳоҷир ин тоҷик аст. Ин ҳам дуруғ аст? Қиргиз аз шаҳрвандони худаш, Узбакистон ё Озарбойҷон ҳимоят мекунад. Кай дидед, ки пешвоятон як бор пуштибонӣ аз шаҳрвандонаш кунад? Ку, нишон диҳед? Пешво гуфта шашқат мешавед.
Ман намедонам чи гуям ин мардуми сархами беҷуръатро, ки дида дониста ба зиди ҳақ худашонро медаронанд.
Он бародар дар бораи масҷид ҳам гуфтааст, ки валлоҳӣ, рост гуфтааст. Масҷид валу вайрон, кирмаку мусурхона кардаанд. Бароед видео кунед, фиристед ба Ислоҳ.ТВ, ки дурӯғ ҳаст. Гуфта метавонед? Видеояшро роҳӣ кунед!
Ба дар бораи Сироҷиддинов Ҷаҳонгирхон. Эшонбобо шумо хафа нашавед, чизи ростро рост гуфтааст. Шумо чанд нафар дар группа доим кунбардорӣ мекунед. Ана биёед ҷаъм шавем ва ҳамагӣ равем ҳақи худро аз пешвоятон талаб кунем- ҳамакаса. Ё шумо имзоҳои мардумро ҷамъ кунед, аз Мастчоҳ то маркази ноҳияи Айнӣ, ки роҳи моро соз кунад. Ин қадар худатонро ғамхор мегиред,он вақт мо гуем, ки шумо кунбардорҳои кунлесак ғамхори халқ ҳастед.
Ва шуморо Ҷаҳонгирхон навиштанд, ки замин доред ё забт кардед, рост гуфтанд. Шумо шохи зиёдатӣ надоред аз дигарон. Мардум барои Панҷ сотих замини беоби Шафит байни ҳам ҷанг доранд. Аммо шумо чанд гектар заминҳои обиро забт ва кашида аз сағираҳо гирифтед? Таги роҳ ду замини калон аз шумо, болои роҳ аз шумо. Заминҳои Ангора дар назар дорам. Боғи Маҳазамунро забт карда кашида гирифтед -як боғи ду гектараро! Ин ҳам дуруғ аст?
Худатонро надаронеду барои мардум ва пешрафти мардум хизмат кунед, мо шуморо тарафдорӣ мекунем.
Мо вақте роҳро мумфарш кунем, қисмати гузари худамон- аз болои Шарра то идораи бригадаи 3 –ро бояд ба уҳда гирем, болояшро бояд гузари Ҳусенон кунанду поёнашро гузари Мирон. Ҳамин хел ҳар гузар территорияи худашро бояд мумфарш кунад. Роҳи калонро бошад касе конҳои шуморо фурухта истодааст, ҳамонҳо бояд асфалт кунанд. Мо бояд аввал дар гузарамон оби тоза биёрем, чунки дар ин охирҳо обҳои чиркин ба гузари мо меояд.
Дар охир гуфтаниам, ки мард бояд бошед. Мард як бор меояду як бор меравад.
Мо мехоҳем, ки мардуми мо озод бошанд, рушду нумӯъ кунанд, доимо свет дошта бошад, ангишти мо бояд арзон бошад, зеро ин ангишти худи мо аст. Интернет дастрас, босуръат ва арзон бошад. Магар гуфтани ҳамин чизҳо, ё талаби ҳмин чизҳо оё хиёнат аст ё душманӣ ба давлат?
Э, мардум, талаби ин чизҳо ҳақи мову шумо аст ва мо бо талаби ин чизҳо хоину душмани ватанамон намешавем. Талаб кунед ҳақи худро.
