Адолат зери по: «эътирофи тарканда аз даруни Вазорати адлияи Тоҷикистон»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед№28

Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҳама вақт хубу хуш ва дар ҳифзу ҳимояти яздони пок бошед. Ин номае, ки бароятон мефиристам пур аз дарду доғ аст. Номаро як нафар аз кормандони куҳнакор вале ҳоло ҳам дар сари вазифа навишта истодааст.

Ман корманди яке аз зерсохторҳои вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Рутбаи баланд дорам. Дар яке аз навоҳии тобеи марказ кор мекардам. Аммо дар давраи раҳбарии Рустами Шоҳмурод ба Душанбе омадам ва чандин сол дар пойтахт фаъолият намудам. Аммо, вақте Музаффар Ашӯриён ба курсии вазорати адлия нишаст, маро ва на танҳо маро, бо ҳар роҳу васила танг карду билохира таҳдид намуд, ки агар бо хоҳиши худ ариза дода ҷоямро холӣ накунам бо статя пешам мекунад ва агар ихтиёрӣ равам боз дар ҷойи собиқаам дар як сохтори тобеи вазорат дар яке аз ноҳияҳо бо кор таъмин мекунад. Дигар илоҷ надоштам. Гуфтам, хуб, ақалан дар яке аз навоҳии ҳудуди Душанбе ҷой деҳ. Чунки дигар дар шаҳр хонаву дар карда бо оилаам пойтахт омада будам. Аммо надод ва ҳоло дар яке аз ноҳияҳои дигар кор мекунам. Албатта, баъди нашри ин мақола ҳатман суроғи маро мегирад. Вале дар гумон аст ки биёбад. Чунки мисли ман чандин нафар аз мутахассисони бособиқа ва таҷрибадорро тӯли ин тақрибан шаш соли вазириаш аз кор сур кард. Вале, ба ҳар сурат ман ному фамилияамро ба шумо мегӯям, аммо шумо пеши худ маҳфуз доред ва ифшо насозед. Ному фамилияи ман ба шумо амонат аст. Амонат дар шариат чи масъулият ва ҷавобгарӣ дорад, шумо олими дин ҳастед, беҳтар аз ман медонед.

Ман, рости гап, дигар виҷдонам набардошт, ки ин ҳама азхудравӣ, мутакаббирӣ, ҳавобаланди, бесарусомонӣ ва ба тақдири кадрҳо хунукназарона рафтор кардани Музаффар Ашӯриёнро бинаму сокит бошам. Бигзор, роҳбари давлат ва аз ҷумла Озода Раҳмонова, ки Музаффари Ашӯриён чанд сол муовини ӯ буд, хонанду бинанд ва чораи ӯро бубинанд.

 Ва акнун дар инҷо мехоҳам дарди дили мардум ва кормандони собиқу феълии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи шумо расонем.

 Музаффар Ашуриён барои ҳифзи курсии худ ва мавқеаш, бо роҳи найранг фарзанди хурдияш писарашро ба набераи президент, духтари Озода Раҳмон хонадор кард ва ӯро келин гирифт. Аммо то ҷое медонем ин найранг дер давом накард. Зиндагии фарзандаш бо набераи президент чандон хуб нест ва барои ҳамин имрӯз ё пагоҳ оилаи онҳо вайрон мешавад. Мисли оилаи Фарзонаи духтари худи Раҳмонов ва Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва ҳоло дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон. Мо бовар дорем, ки баъд аз ин, Музаффари Ашӯриён ин худозада ҷазои амалашро хоҳад гирифт ва тамоми азобҳое, ки ба кормандон додааст, аз худои мутаол мехоҳем, ки ба худаш баргардонад.

Музаффар Ашуриён се писар ва ду духтар дорад, вале бо вуҷуди ин ҳама зулм мекунад. Баъд аз ба нафақа рафтанаш, мехоҳем дар азоби дӯзах гирифтор шавад.

Ба омадани Музаффар Ашӯриён Қурбонмаҳмад ба мақоми вазири адлияи Тоҷикистон беш аз панҷ сол сипарӣ мешавад. Бо камоли таассуф бояд зикр намоям, ки дар давоми ин солҳои кор фаъолияти ӯ на ба адолат, балки ба зулм, ситам, табъиз ва фасоди густурда пайваст шудааст. Чаро чунин мегӯям? Мисол меоварам.

 Аз соли 2020, пас аз таъйини Музаффар Ашуриён ба ҳайси вазир, ӯ фаъолияти худро бо озод намудани маҷбурии аксари мардон аз вазифаҳо оғоз кард. Бо баҳонаҳои гуногун, гӯё бо такя ба «супориши Президент», мардонро маҷбур мекарданд аризаи истеъфо нависанд. Аз ҷумла шахсан худи маро. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори фурӯши мансаб табдил ёфт.

Ба ҷойи мардон, аксаран занҳои ноозмуда, ғайримутахассис ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба вазифаҳо таъйин карда шуданд. Ин амал на танҳо ахлоқан нодуруст, балки хилофи қонун ва меъёрҳои хизмати давлатӣ мебошад. Яке аз аввалин иқдоми вазир ин иваз намудани сардори кадрҳо буд.

 Ба ҷои Зафар, як кадри коркушта ва мутаххасиси соҳа Сироҷиддин Ҳамдамзода, шахси наздик ва хеши худро таъйин намуд. Ин шахс пеш аз ин дар дигар мақомот фаъолият надошт, балки дар мошинбозори шаҳри Душанбе ба савдои мошин машғул буд. Бо омадани ӯ ба вазорат, як низоми ғайриқонунии нав ҷорӣ гардид, ки онро худи кормандон «қонунҳои нонавишта» меноманд.

Яке аз роҳҳои аз масъулият ва вазифа холӣ карданро Ашӯриён дар «Ротация» пайдо намуд ва бо баҳонаи «ротация»: аз фаррош то сардорони шуъбаҳои САҲШ (ЗАГС) ва нотариусҳо, ҳатто кормандони техникӣ бо маоши 1300 сомонӣ ба ноҳияҳои дурдаст маҷбуран фиристода шуданд. Бисёре аз ин кормандон кӯдакони хурдсол доштанд, шароити зист надоштанд, маҷбур мешуданд корро тарк кунанд.

Ашӯриён ба вазифафурӯшӣ ва гирифтани пора ҳам даст зад ва вазоратро ба фасодхона табдил кард. Дар давраи роҳбарии Музаффар Ашуриён вазифаи нотариус аз 20 000 то 30 000 доллар фурӯхта шуд, вазифаи мудири бахши САҲШ (ЗАГС) аз 100 000 то 200 000 сомонӣ қимат дошт, ҳатто вазифаи посбони идораҳои нотариус ва ЗАГС бо ҳамроҳии вазир ва сардори кадрҳо фурӯхта мешуд. То омадани ӯ ба вазорат чунин ҳолат вуҷуд надошт. Аз рӯзе ки Музаффар Ашуриён вазири адлия таъин карда шуд, нархномаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, нархномаи ақди никоҳ ва тамоми хизматрасониҳоро гарон кард. Масалан, бастани ақди никоҳ — 500 сомонӣ, гирифтани шаҳодатномаи такрории таваллуд — 500 сомонӣ, ҳама намуди ваколатномаҳо то 1500 сомонӣ гарон шуд.

Ин корҳоро барои он кард, ки баъди ба нафақа рафтанаш президент ӯро «раҳмат» гӯяд. Аммо мардум шабу рӯз лаънат мегӯяд. Нафақаи мардум 300 сомонӣ бошад, вале шаҳодатнома ё ваколатнома 1500 сомонӣ, ин чӣ гуна сабукӣ барои мардум аст?

Вай тамоман бе ягон асос чандин штатҳо-ҷойҳои кориро ихтисор кард. Дар ин панҷ соли фаъолияти Музаффар Ашӯриён шумори зиёди бастҳои вазифавӣ қатъ гардиданд, муҳосиб-бухгалтерҳои САҲШ (ЗАГС) ва нотариусҳо ихтисор гардиданд, ки ин корҳои вай ба зиёни хизматрасонӣ ва мардум анҷом ёфт.

Давоми панҷ соли кори худ Музаффар Ашӯриён  дар Варзоб дача харид, дар шаҳри Душанбе 5 хона, харид ва дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 50 гектар замини мардумро аз худ кардааст.

Музаффари Ашӯриён дар хешутаборбозӣ (непотизм) усутхон надорад. Яке аз писарони вазир дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳамчун муфаттиши прокуратура кор мекунад ва маҳз ҳамин писари вазир дар фурӯши мансабҳои вазорат  посредники асосии падараш мебошад. Яъне вазир вазифаҳои вазоратро тавассути писараш ба савдо мезанад.

Як бародари вазир дар ноҳияи Рӯдакӣ сардори шуъбаи экология аст ва аз кормандони ЗАГС ва нотариусҳо, ки зертобеони вазорати адлия мебошанд бо ҳар баҳона маблағ меситонад.

Вазри адлияи Тоҷикистон Музаффри Ашӯриён духтарбозӣ ҳам мекунад ва чуноне дар байни халқ мегӯянд, ҳаромхиштак аст. Вазир ҳангоми қабули духтарон дар утоқи кориаш онҳоро танҳо қабул карда, бо онҳо рози ишқ ва пешниҳоди муносибатҳои маҳрамона мекунад.

Баъди таъйини Музаффар Ашуриён дар вазорати адлия адолат аз байн рафт ва ин ниҳод бештар ба «вазорати занон» шабоҳат пайдо кард. Вақте вазорати адлия меоӣ, гумон мекунӣ, ки Кумитаи кор бо занҳо ва оилаи назди ҳукумат омада бошӣ.

Ҳар моҳ кораш бо сардори раёсати кадрҳои вазорат (хешаш Сироҷиддин) фурӯхтани вазифаҳо, бо роҳи туҳмат аз кор озод намудани кадрҳои баландихтисос ва ба ҷойи онҳо таъин кардани кадрҳои белаёқат бо гирифтани пораҳои лозим аст.

Ҳамин Сироҷиддини хешашро, ки оварду сардори Раёсати кадрҳо таъин кард аз яке аз мақомот барои кирдорҳои ғайриқонунӣ аз кор пеш карда буданд ва чуноне гуфтем вай дар мошинбозор савдо мекард. Худи Ашӯриён, ки корро ҳамчун прокурор шурӯъ кардааст, вазорати адлияро, ки умдатан як вазорати мулкӣ аст ба гестапо бадал кард.

Вай вақте кадрҳои варзидаро аз кор пеш мекард, ошкоро аз номи Президент ин кори худро тавҷеҳ карда мегуфт, ки гӯё Президент дар суҳбати хусусӣ ба вай супориш дода бошад, ки мардҳоро ҷавоб дода дар ҷойи онҳо занҳоро оварад ва ҳоло дар ягон САҲШи Тоҷикистон ягон мард роҳбар намонд ва дар идораҳои нотариалӣ-нотариусҳо ҳам тақрибан айни ҳамин ҳолат аст. Магар дар Тоҷикистон ҳуқуқи зану мард баробар нест? Магар дар Тоҷикистон қонунҳо ҳуқуқи занро аз мард боло нишон додаанд?

Аммо ин ҳама бозиву маккориҳои худи Ашӯриён аст. Чаро? Чунки дар соли аввал аксарияти кадрҳоро, ки дар тамоми кишвар нав мекард, ҳама вазифаҳоро аз ҷумла нотариус ва САҲШҳоро ба мардҳову занҳо, ки пули калон медоданд дод. Вале баъди ду сол тамоми мардҳоро аз ин вазифаҳо гирифт ва дар ҷойи онҳо занҳоро монд. Чунин талабот, ки дар ЗАГСҳо фақат занҳо бошад аз аслу реша дуруст нест ва бархилофи қонуни кор мебошад. Як чизи дигарро бояд бигӯям, ки ҳудуди 70-80 дар сади ин занҳо, ки раиси САҲШҳо шудаанд, худашон оилаи солим надоранд. Ё ҷудо шудаанд ё бешавҳаранд. Масалан дар вилояти Хатлон, ки аз 25 шаҳру ноҳия иборат аст дар никоҳи давлатӣ ҳамагӣ ду ё се раиси САҲШ-сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ҳасту халос. Дигар ҳама ё беваанд ё ҳанӯз оила барпо накардаанд. Бо вуҷуди ин  занҳоро ҳам рӯз намедиҳад.

Чи хеле гуфтам аз ротатсия ба унвони василаи ҷайбпуркунӣ истифода мекунад. Як корманди техникиро ҳамагӣ 1300 сомонӣ маош дорад бо баҳонаи ротатсия ба як нуқтаи дурдасти куҳистонӣ мефиристад, маҷбурӣ. Мудири ЗАГС панҷ сол ҳам кор накарда ба як ноҳияи дур равон мекунад. Баъзе аз онҳо кудаки хурд доранд ё вазъияти хонаводагиаш хуб нест, аз шавҳараш ҷудо шуда тарбияти кудаки хурдсол дорад. Онҳо дигар дар чунин ҳолат маҷбуранд тарки кор кунанд.

 Аҷоибаш ин аст ки Музаффар Ашӯриён худро шахси ботақво мегирад ва 5 вақт намоз мехонад. 

   Дар давраи Рустами Шоҳмурод, вазири пешина дар вазорат ин хел тақсими вазифа набуд, чунки ӯ шахси басавод буд. Интихобу таъйини кадрҳоро сардори раёсатҳо муайян мекарданд.

    Дар яке аз паёмҳои солҳои пешинаш Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки бештар занҳоро дар вазифаҳо ба кор гиред, мардҳоро озод намоед, аммо Рустами Шоҳмурод инро иҷро накард.

Мо гумон мекунем, ки мақсади шумори занҳоро афзоиш додан дар вазифаҳо он аст ки сафи занҳо дар бари духтарҳои Презиент зиёд шаванд. Барои ҳамин Музаффар Ашӯриён, ки муовини Озода, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент буд омаду ҳамин корҳоро карда истодааст.

Зиндагиномаи вазири адлия Ашуриён Музаффар

Ашуриён Музаффар 21 июли соли 1963 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Фаъолияти кориашро соли 1986 ҳамчун прокурори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа оғоз намуда, сипас, то соли 1995 дар вазифаҳои муовини прокурори ноҳияи Ёвон, ёрдамчии прокурори ноҳияи Хуросон ва ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз соли 1995 то соли 2000 дар мансаби раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният фаъолият намудааст.

Солҳои 2000—2010 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2010 то соли 2016 дар мансаби мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон, мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2016—2020 дар мансаби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2020 ба мансаби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ислоҳ ин номаро ҳамчун як шаҳодати ҷиддӣ, айбнома ва ҳушдор нашр мекунад. Муаллиф шахсе аст, ки солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои Вазорати адлия фаъолият дошта, аз дохили низом аз равандҳое мегӯяд, ки қонунро ба воситаи саркӯб, фасод ва манфиатҳои хешутаборӣ табдил додаанд.

Ба далели хатари воқеӣ, шахсияти нависанда пурра пинҳон дошта мешавад. Масъулияти воқеияти иддаоҳо бар дӯши ниҳодҳое аст, ки бояд назорат кунанд, вале солҳост хомӯшанд.

Ислоҳ ҳушдор медиҳад: сукут дар баробари чунин иддаоҳо ҳамдастӣ бо зулм аст. Ин матлаб танҳо шикоят нест, айбномаи ошкор алайҳи як низом аст. Умедворем Эмомалӣ Раҳмонов дар ин соли 2026 ин вазири ҳаромшурборо фармони «ба кори дигар гузаштан»-ашро содир мекунад ва ӯро ба нафақа мефиристад. Агар чунин накард пас дигар маълум мешавад Раҳмонов президент набудаасту духтару набераҳояш президентанд!

Share This Article