Номаи маро алоҳида нашр кунед №41
Номаи мазкур барои мо дар соли гузашта дастрас шуда буд. Ин нома навори аудиоӣ буд ва онро ба матн баргардондем. Ному насаб ва дигар маълумот, аз ҷумла маҳалли феълии зисти муаллифи он пеши мо маҳфуз аст. Аммо бо далоили барои ҳамагон маълум ифшо накардем. Ному насаб ва маҳалли феълии зисти ин хонум тағйир дода шуд. Худи муаллиф бисёр хост, ки онро чоп карда ба мардум нишон бидиҳем, ки маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи режими Раҳмонов бо мардум чи гуна муомила ва бархурд мекунанд.
Нафар як зиндагии орому маъмулӣ дошт, яке мешунавад ва мефаҳмад, ки ӯ дар шумори ҷинояткорон қарор дода шудааст, ӯро мавриди таъқиб, розиски байналмилалӣ қарор додаанд ва вай дигар ҳиҷ куҷо рафта наметавонад. Ана ҳамин тавр, сарнавишти як инсон ҳаллу фасл мешавад.
Айни ин хонум садҳо, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба чунин азобу машаққат дастбагиребонанд. Онҳо айби худро намедонанд. Чунки ҳиҷ гуноҳе содир накарданд. Аммо ин ҳукумати Раҳмонов ва режими ҷорикардаи вай навиштани шарҳ дар зери як матн, вокуниш барои як сӯҳбати рӯҳонӣ, ҳатман рӯҳонии мусалмон, сӯҳбат бо як нафар мухолифи режимро гуноҳ ва ҷурм ҳисобида алайҳи чунин нафарон парванда боз карда ва ҳатто ӯро таҳти таъқиб қарор медиҳад.
Дар миёни тамоми понздаҳ кишвари пешини Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон аз ҳисоби онки шаҳрвандонаш дар Интерпол дода шудааст, дар ҷои аввал аст.
Ҷаҳони васеъ ва пурвусъат барои як нафар чи гуна тангу тор карда мешавадро аз ҳикояти ин зан мехонед ва сарнавишти ин зан барои достону қисса ва роман ҳам муносиб аст. Ончиро, ки инҷо мехонед, як сари мӯ эҷод нашудааст. Ҳама чиз саргузашт аст. Саргузашти як ҳамватани мо, ки ба рағми майлу иродаи худаш сарсону саргардон шудааст
Аз Хуҷанд то Твер: «зани тоҷик дар гирдоби розиск»
«Ман донишгоҳи Хуҷандро тамом накарда омадам. Интиқол гирифтам Бишкек. Барои онки дипломҳои Хуҷандро дигар карда буданд. Вақте ман дохил шудам ихтисос –спетсиалност тарҷумон буд, баъдан ба омӯзгори забони тоҷикиву арабӣ иваз карданд. Аз ҳамин лиҳоз ман интиқол гирифта Бишкек рафтам. Ҳам дараҷаи донишгоҳ баландтар ва ҳам боқувваттар буд. Хулосаи гап хатм кардаму баргаштаму омадам.
Қиссаи ман дарозу тӯлонӣ аст. Аммо кӯшиш мекунам, ки мухтасар бошад. Бишкекро тамом кардам. Саршавии соли 2012 омадам Тоҷикистон. Ман дар Тоҷикистон ҳамагӣ чор ё панҷ моҳ истодам.
Ду ҳафта дар вазорати тандурустӣ ба ҳайси котиба-ёвар ба Салимов кор кардам. Документҳоямро қабул карданд. Аз он ҷиҳат ва сабаб, ки пештар дар давраи мактабиам ҳам яке аз фаъолтарин хонандаҳо будам.
Дар ҳар як проектҳое, ки пештар дар дохили ноҳияву шаҳр ва вилоят ба иҷро мегузоштанд, мудом иштирок мекардам. Барои ҳамин онҷо шиносҳо буданд. Гуфтанд, биё кор кун.
Ман шароити кишварамро медонистам ва ба ростӣ курсиро хариданӣ будам. Ман фикр кардам курсиро харидан як кори муқаррарӣ аст. Хуб, дигар барои ҳама маълум, ки инҷо харидуфурӯш ҳатмӣ аст. Лекин ман вақте ҳамин ҳолати харидуфурӯшро ба як шахси баландпоя, дар ҳақиқат он одам имрӯзҳо баландпоя аст, мартабаи баланд дорад дар ватан ба забон гирифтам пешниҳоди бисёр безеб кард, аз ҳамин ҳисоб камтар поямро кандам аз корҳои давлат-пешниҳоди ҳамхобагӣ кард. Барои ҳамин ман аз ҳамаи ин чизҳо даст шустам ва ватанро тарк карда рафтам як сафорати давлати арабӣ, яъне сафорати Тоҷикистон дар давлати арабӣ ва онҷо ҳам кор кардам.
Онҷо ҳам ба ман маъқул нашуд, аз ҳисоби ҳамингуна пешниҳодҳояшон. Хайрухуш кардам омадам. Албатта номи сафир ва кормандони сафоратро мегуяд вале мо сарфи назар мекунем. Муҳим дар сафорат ҳам ба ӯ пешниҳодҳои бад мекунанд ва тарк мекунаду меояд Тоҷикистон. Вале боз берун баромадам чун Тоҷикистон ҳам ҳамин гапу қиссаҳо буд дигар.
Баъди як солу чанд моҳи дигараш рафтам меҳмонӣ -барои ҳамагӣ сездаҳ рӯз, боз чапа гаштам омадам ба Русия.
Вақте ман пешниҳод ё шартҳои онҳоро барои коргирӣ шунидам, ба худам гуфтам, хайр ман меравам фаррошӣ карда 15- 20 ҳазори русӣ маош мегирам ва Худоро шукр кор мекунаму ҳаромӣ намекунам.
Гуфтанд хайр ин қадар лаёқат дорӣ, забон медонӣ, биё кор кун. Буданд одамҳое, ки пешниҳоди ин хел аз рамкаи инсонӣ накарда буданд. Дар ҳамон вақтҳо ҳам ин хел одамҳо дар мақомҳои баланд буданд. Масалан Прокурори транспорти ҷумҳурӣ шахсан маро қабул карда буд. Ягон пешниҳоди безеб накард. Як марди калонсол, аз 50 гузашта буд ному фамилияаш хотирам нест. Лекин ҷонишинаш дар вилояти Суғд бародари калонии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон Абдувалӣ буд. Ман аз номи Абдувалӣ рафта будам.
Ба мурури замон зиндагии ман ба ҳамин минвол идома кард. Ман дар он вақтҳо аз шавҳари якумам ҷудо шудам ва инҷо омадам. Баъди ягон чаҳор сол шавҳари дигар кардам. Шавҳарам тоҷик не. Баъди шавҳар карданам боз як бори дигар Тоҷикистон рафта омадам. Вроде ягон хел гапи зиёдатӣ нашуд, ба ғайр аз як писхандзаниву гапҳои ноҷои як коргари гумрук-таможний дар аэропорти Хуҷанд. Ин гумрукӣ нисбати ҳиҷобам як ду гапҳои безеб гуфт. Дигар гапи зиёдатӣ набуд. Хуб ман ватанам рафтам, се моҳ гаштам ва боз пас омадам. Ҳама қонунӣ, ҳама аснод ҳаст, ҳамааш аз рӯи қоидаҳои Русия буд. Ягон документ-асноди тоҷикӣ надорам, документҳои тоҷикӣ дар дастам намондааст. Аз соли 2016 гражданин-шаҳрванди Федератсиони Русия ҳастам. Алҳамдулиллоҳ ҳамааш нағз, сиҳату саломатам ҳаматарафа хуб.
Лекин баъди 8 декабр дар Шарқи наздик ҳодисае, ки шуду гузашт вазъият дигар гардид. Шавҳари ман аз ҳамон давлати сунимазҳаби қавӣ, аз шаҳри Ҳамо аст.
Мақомоти Тоҷикистон аз ин вазъияти ман бохабар аст. Дар гирду атрофам як чанд хел ҷосусҳо ҳам дорам, бовар кунед. Аллакай шинохтам ҳамон ҷосусҳоро ва ба чашми худам дидам. Хонаи худам даромаданду баромаданд, нону намакамро ин мардум хурданд, аз тоҷикҳои худамонанд. Акнун ҳамин хел. Маълумотҳоям дар дасти ҳукуматиҳо ҳаст.
Январи соли 2025 зангам заданд. Аз кибернетика гуфтанд-УБОП. Ба ростӣ ман аз ин хел шабакаҳои корӣ хабарам нест. Гуфтанд, ки ман бо моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам ҳастам. Ва, аллакай бар зидди ман парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардаанд. Баъд аз ифтитоҳи парванда падарамро фарёд карданд ва на танҳо падарам, ҳамаи хешу таборамро фарёд карданд. Шавҳарони апаҳоям, ҷиянҳоямро бурданд, духтари холаамро бурданд, хеле нафарони зиёдеро, балки ҳамаро бурдаанд милиса.
Ман инҷо бояд бигӯям, ки бародар, ман дар барномаҳои шумо иштирок мекунам, ман гап задагиам дар барномаҳо, комментҳо навиштагӣ ҳастам.
Ҳоло ҳам ман бисёр мехоҳам бо шумо сӯҳбат кунам. Якчанд барномаатонро паиҳам тамошо кардам. Гуфтам, ки аз шумо машварат намегирам. Лекин, боз дилам пур не. Гуфтам боз фикри шуморо гирам, пурсам, ки чи кор бояд кард? Инҷо ягон тоҷикро бовар карда намешавад. Гирду атрофам ҳама ҷосус, аксарияташон мошоаллоҳ аз Ванҷ ҳастанд. Бисёриҳо ванҷӣ. Чанд нафари дигар аз Истаравшани худамон. Ҳаст зани аз 70 гузаштагӣ, калонсол ҳасту лекин рафторҳои ҷосусӣ дорад. Тоҷикони инҷоро таги даст карда гирифтагӣ. Бародар, шавҳарам ҳам ҳамин ҷо назди ман аст, сӯҳбати мову шуморо гӯш мекунад.
Хулоса, ман барои 19 сентябр аз Маскав билет доштам. Ман бояд мепаридам Туркия. Бояд убури Ливан-Лубнон мекардам ва аз Лубнон Сурия мерафтам, пеши хусуру хуштоманам барои меҳмонӣ ва аёдат. Билетҳоямон харидагӣ буд.
Ман аэропорти Внуково меравам. Маро фиш мезанад. Мезанад, ки ман «масъала» дорам. Гуфтанд як тараф биист. Мебарандам ба як кабинет. Ва маро суолу ҷавоб мекунанд. Аммо ҳайратовар ин буд, ки дар бораи ман маълумот доранд. Як акси дар синфҳои ҳафт- ҳашт будаамро дар он дело задаанд. Онро бароварда нишон медиҳанд ва мепурсанд ҳамин ту ҳастӣ ё ту нестӣ?
Ман рости гапро гуфтам, ки ҳа, бале, ман ҳастам. Гуфтанд, ки ту чи кораӣ, чи кор кардӣ нисбати он давлат, яъне давлати Тоҷикистон? Гуфтам, ки ман ягон кор накардаам. Ман дар инҷоям, дар Тоҷҷикистон, ки нестам, ҳаминҷо нишастаам.
Боз суол пурсиданд, ки ба ягон кас сум фиристодӣ ё не?
Ман гуфтам, ки бинед, шумо метавонед, дароед бинед ҳама чизеатон, ки мефорад, бинед тафтиш кунед.
Ҳама чизҳоям, телефонамро гирифтанд, тафтиш карданд. Чанд соат тӯл кашид. Сипас гуфтанд, ки мо нисбати ту ягон хел талаб, ягон хел зиддият, ягон чизамон нест. Вале туро давлати Тоҷикистон таҳти пайгард қарор додааст.
Ва, ҳамин бозрас як маслиҳатам дод. Гуфт, ки аз инҷо набаро, аз Русия набарову баргарду бирав хонаат.
Гуфтанд, ки ҳозир ту баромадӣ, фишро, ки задем Тоҷикистон бохабар мешавад, ки ту аэропорт омадаӣ. Чунки ба онҳо сигнал меравад. Барои онки туро дар розиск додаанд.
Ман фаҳмиданиам, ки маро чи хел ва чаро ба розиск-таҳти таъқиб қарор медиҳанд? Мебинам, ки бо моддаи 307 қисми 3; банди 3 ё чанд буд фаромуш кардам, муттаҳам ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Як бачаи тағоияро бо ҳамин хел модда 22 сол задагианд.22 сол гирифт. Ҳамон ҳам қисми 3 бо иловаи 2 ё 3 буд, боз вергул доштааст.
Бори дигар мегӯям, ки ман асноди дутабаиятӣ- душаҳрвандӣ дорам. Аммо, бадбахтона, ягон документи тоҷикиам действуюший нестанд. Не паспорти миллӣ ва не хориҷӣ дорам. Падарамро бурдан ба УБОП –и ноҳия. Мо дар колхози …солагӣ зиндагӣ мекардем, ҳозир номаш иваз шудааст.
Падарамро бурданд. Падарам собиқ раиси…ноҳия буданд. Тӯли 25 сол дар ин вазифа кор карданд ва соли 2001 бо сабаби беморӣ ба нафақа баромаданд ва бо ҳамин рафтанд ва дигар аз пайи кор нашуданд.
Бобоям корманди мақомот будааст. Аз мақомоти амният(КГБ) –и Союз бо рутбаи калон бознишаста мешавад. Аз оилаҳои маъруфи таҳҷоии хуҷандиам.
Ман худам пайваста дар миёни таваҷҷӯҳ ва назари мардум будам. Вақтҳои дар Хуҷанд буданам дар Раёсати варзиш ва сайёҳии вилоят кор мекардам. Чор сол фаъолияти корӣ дар онҷо доштам. Аз он пеш дар чанд барномаи ЮНДПИи СММ кор кардаам, рутбаи волонтерӣ ва баъд координатор будам ва як,ду проектҳоро пеш бурда будам.
Чи қадар зангам заданд намедонам. Он қадар одами бисёр зангам мезанад, ки шуморааш гум. Ман уже ягон даҳ сол шудааст бо мардуми бегона гап намезанам. Умуман ба ягон мард ман занг намезанам.
Ин ҳолати кунуниам ҳоло барои ман як зиндагии одӣ ва маъмулӣ шуда рафтааст. Мисле, ки хӯ гирифтам, одат кардам. Инаш мемонад, дигараш занг мезанад, дигараш мемонад боз онаш занг мезанад. Ба худо безор карданд. Соати чори саҳар ҳам занг мезананду 11-12и шаб ҳам занг мезананд ва худро шинос мекунанд: ман лейтенантам, ман полковникам. Охирон одами гап задагиам полковник буд. Ин нафар гуфт полковники КГБ дар вилояти Суғд аст. Пештар тарсидам ва ба ростӣ чи қадар чизҳоро ба гардан гирифтам. Матни омодашуда, яъне намуна ва ё ҳамон мусаввадаи аризаро фиристонданд. Вақте аризаро хондам, гуфтанд, ки имзо мекунӣ. Формаи ПДФ карда роҳиамон кун. Вале дили ман дур рафт. Накардам.
Ман инҷо фаҳмидам, ки дар инҷо як чизи дигар пухта истодааст. Як деги калон, ки дар дарунаш номаълум чизе ҳаст. Чизе пухта истодаанд дар онҷо. Ҳозир ҳам ҳамин хел. Рӯзе, ки ман дар аэропорт будам ҳам дар симкортам, ҳам дар ватсапам, дар ҳама ҷо занг заданд. Бовар кунед аз телефонҳои онҳоро дар черний список мондан ман кайҳо хаставу монда шудам. Чандин касонашро запс кардам, монда шудам. Гапи бефоида мегуянд, ки ту биё имзо кун, аризаатро навис, биё мо туро бахшем. Ман гуфтам, чи чизи маро мебахшед? Пурсидам, ки конкретно чи гуноҳ кардаам?
«Хай, ту дар Ютуб навиштӣ, комментария кардӣ, ин хелин кардӣ, он хелин кардӣ».
Ман гуфтам, хай, ман навиштам, комментария кардам баъд чӣ? Хуб, акнун ман навиштам, чи кор мекунед, мебареду мекушед, зинон мекунед. Ман фикри шахсиамро гуфтм, ки охир ҳамон вазири таълимат, маорифатон охир бесавод аст. Ман ягон гапи безеб нагуфтам. Фикри шахсии худамро гуфтам. Магар озодии баён мумкин нест?
Рустамро (Рустами Эмомалӣ) гуфтам, ки хуни гарм дар танаш надорад. Дар фейсбук навишта будамаш, ки дар танаш хуни гарм надорад. Ин гапро ягон 8 сол пеш навишта будам.
Дар ҳаминҷоҳо ҳам аз қафои ман, чи қадар тоҷикҳо нигоҳам доранд, ба ростӣ. Барои ҳамин намедонам, ки ман куҷо равам. Ман инҷо рафтанамро намедонам. Дар СК-следственний комитет духтарҳо буданд, шиносанд. Наздашон даромадам, ҳамроҳашон сӯҳбат кардам. Гуфтанд, ки натарсбирав зиндагиатро бин.
Як адвокати вобаста ба парвандаҳои ҷиноӣ ёфтам ва рафтам пешаш маслиҳат кардам. Гуфт агар хоҳӣ метавонем нависем ариза ва бо сафорат роҳӣ кунед.
Онҳо як намуди копияи ҳамон қазияҳоро фиристоанд. Гуфтам, ки ҳамон парвандаи қазияи маро фиристонед, то ман хонам, фаҳмам ва шинос шавам, ки ман конкретно чи кор кардам, яъне ба чи айбдор мешавам?
Ман айни замон асосан дар дохили ҷанубиҳо зиндагӣ мекунам. Инҷо, дар ҷойи зиндагии ман дар Твер як хуҷандӣ ҳаст, тамом. Ҳамон ҳам ду кӯдаки майда дорад. Вай маро гуфт агар ту ҳозир берун аз инҷо баромадӣ, туро дар ҳаминҷо меёбанд, ки ҳамин ту ҳастӣ. Вай маро маслиҳат дод, ки «Белорусия рав ва аз онҷо ягон илоҷатро ёбу Аврупо бирав.
Як хуҷандиро ёфтем, ки айнан дар ҳамин ҳолати ман аст:-307 дошт, қисм 2. Вай ҳам қасди рафтан ба аврупоро дошт. Намедонам, ки оқибати кори ман чи хел мешуда бошад.
Мехоҳам равам ҳаркуҷо бошад ва аз онҷо масири зиндагии ояндаамро таъйину ташхис кунам». Охир ман чор тифли хурд дорам инҳо ба модаре тифли ширмак дошта ҳам раҳм намекунанд? Ин чи гуна давлату давлатдорӣ шуд намедонам.
Бароям дуъо кунед. Барои як бонуе, ки намедонад, ки чаро ӯро мақомот дар розиск додаасту маҳруми зиндагии орому осуда на фақат дар ватан, дар тамоми ҷаҳон кардааст.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Ин ҳикоят танҳо саргузашти як зан нест. Ин оинаест, ки чеҳраи воқеии як низоми тарсонданро нишон медиҳад. Вақте барои як фикр, барои як шарҳ, барои як изҳори назар инсонро таҳти таъқиб қарор медиҳанд — ин дигар адолат нест, ин интиқом аст.
Шумо, ки худро ҳомии қонун меномед, то куҷо мехоҳед ин роҳро идома диҳед?
То куҷо мехоҳед бо моддаи 307, бо розиск, бо фишор ба падару модар ва хешу табор зиндагии мардумро ба зиндони бе девор табдил диҳед?
Ин зан — модар аст. Чор фарзанд дорад. Оё дар ин кишвар модар будан дигар ҳеҷ арзише надорад? Оё дар дили шумо заррае раҳм боқӣ намондааст?
Агар шуморо модар зодааст, агар дасти модар шуморо калон кардааст, пас чӣ гуна метавонед нисбати модари дигар чунин бераҳм бошед?
Қонун барои ҳифзи мардум аст, на барои шикастани мардум. Давлат барои таъмини амният аст, на барои таъқиби фикр.
Бас кунед ин таъқибу фишорро.
Бас кунед зангҳои шабона, таҳдидҳои пинҳонӣ, фишор ба падару модар, розиски байналмилалӣ барои як шарҳ.
Бас кунед зиндагии мардумро ба майдони тарс табдил додан.
Ин роҳ ба субот намерасонад. Ин роҳ ба адолат намерасонад. Ин роҳ танҳо захмҳоро амиқтар мекунад.
Агар воқеан худро хизматгори миллат медонед- аз модарон оғоз кунед. Ба занон фишор наоред. Ба тифли ширмак раҳм кунед. Ба оилаҳое, ки ҷинояташон танҳо фикр кардан аст, амният диҳед.
Зеро рӯзе ин фарзандон бузург мешаванд. Ва онҳо хоҳанд пурсид:
Чаро модари моро таъқиб кардед?
Он рӯз посух додан осон нахоҳад буд.
