Номаи маро алоҳида нашр кунед№ 42
Баъд аз мутолиаи мақола зери унвони «Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор», ки дар таърихи 17.02.2026 дар сомонаи «Ислоҳ.нет» ба нашр расид, дар фикри навиштани дидаҳову мушоҳидаҳоям дар бораи домсозҳо ва шароити кору фаъолияти афтодам.
Ман бо чанде аз ин домсозҳо аз наздик шинос ҳастам ва ҳанӯз аз давраи роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо баъзе аз онҳо ҳамкорӣ мекардам. Аммо навишта натавонистам ва ночор шудам, ки фикрҳоямро шифоҳӣ ба шумо ирсол дорам. Дуруст аст ки хеле аз ин домсозҳо бисёр ҳам беинсофанд ва ба мардум ҷабри бисёр мекунанд. Аммо онҳо зери фишор қарор доранд. Бахусус, баъд аз раиси шаҳр шудани Рустами Эмомалӣ шароити корӣ барои домсозҳо чанд баробар вазнин карда шуд.
Аввал дар бораи МБТИи пойтахт мегӯям.
Дар МБТИ як сол пеш як одами дигар буд, ки ному фамилияаш аз ёдам рафт. Мард ва мутахассиси хуб буд ва бо ҳама коргаронаш муомилаи баробар дошт. Нархи ҳама чиз арзон буд. Ҳозир раиси МБТИ хусурбурдаи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аст, ба зани Рустам чи хешу таборие дорад. Бо ягон кас гап намезанад. Ҳамин, ки меояд ва вориди коргоҳ мешавад ҳама коргарҳо аз ҷо мехезанд ва дар коридор боз ҳамин хел рост истода пешвоз мегиранд, ягон овоз намебарояд. Инро беҳад парастиш мекунанд, албатта, ки аз тарс, мақсад, ки ҳамаро задагӣ аст. Бародаре, ки онҷо кор мекунад гуфт, ки ҳама тамоман безор шудагианд. Ҳар 6 моҳ, 1 сол пас аттестатсия мегузаронанд ва гӯё касе ғайримутахассис ва бесавод бошад, аз кор сураш мекунанд. Аммо ин гап тамоман дурӯғ аст. Инҷо масъала тамоман дигар аст. Мебинанд, чун пурсуков мекунанд, ҳар касе бетаға бошад, уволит мекунанд ва баъд тағадорҳояшро мебинанд, ки касе дар пушташ ҳаст, аз онҳо сум мегиранд ва онҳо др ҷойи корашон меистанд.
Як вақтҳое буд, ки Президент дар ҳар ҷаласааш дар бораи аҳамияти донистани забони хориҷӣ бисёр мелақид. Ҳамин нафарҳо, ки узви комиссия барои баргузории аттестатсия мебошанд як талабашон донистани забони хориҷӣ аст. Аммо дар асл ин гапҳо ҳамааш барои «бизнес»-аст. Комиссияи аттестатсионӣ худаш забони хориҷӣ намедонад. Пулро медиҳӣ, санад пур мекунанд, ки забони хориҷиро омӯхта истодааст, дарс гирифта истодааст, ҳама хуб аст, агарчи ҳиҷ дарс барои забони хориҷӣ ҳам надонед, баъде пулро гирифтанд ҳамин гуна роҳи ҳал доранд.
Як бародар онҷо кор мекунад ва камкам роҷеъ ба кору бори корхона бо ҳамкоронашон гап мезанад.
Гуфт раиси пешинааш зӯр буд. Масалан пеш барои як имзо ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев 500 ҳазор сомонӣ медодӣ ва қарори барои сохтмони домро мегирифтӣ. Ҳозир барои чунин қарор домсозҳо ба Рустами Эмомалӣ аз дувуним то се миллион сомонӣ медиҳанд. Домсозҳо талош мекунанд, ки илоҷе карда бо Рустами Эмомалӣ ва круги вай робита пайдо кунанд.Маълум аст ки ба хотири гирифтани қарори замин барои сохти дом дар ҷойҳои ба истилоҳ ходовойи шаҳр. Пораву ришваҳои калон медиҳанд ва ин пораву ришваҳо ҳар хел мешаванд. Масалан мошинҳои гаронбаҳо ё ягон намуд чизи пурқимат, маслан бриллиант. Аммо як нафар домсоз як намуд пораи тамоман аҷоиб ба Рустам медиҳад.
Ҳоҷӣ Хол яке аз домсозҳо барои Анӯшервони бачаи Рустам дар байни Қашқараҳа ва Мискинобод як дачаи бисёр ҳам бузург ва бадвоҳима сохта тӯҳфа кард. Ин домсоз соли пор буз дода буд, ки дар он мусобиқа Анӯшервон ҳам омада буд. Тамоми солимҳои асосӣ: мошин, уштур, доллар ва говро аспҳои Анӯшервон гирифт.
Худи ин домсоз аз қишлоқи Қашқараҳа аст Қишлоқи Қашқараҳаро домсозҳо хеле ҳам базеб обод кардаанд. Ин дачаро дар лаби раҳ барои Анӯшервон сохта дод. Ин домсоз ҳозир акнун нав «соз» шуда истодааст. Бо оила сахт часпондагӣ аст. Ҳоҷӣ Хол аввалҳо бизнесмен буд: тахта тунука, арматура, хулоса стройматериал мефурӯхт. Вале ҳоло полний домсоз шудааст.
Дар ҳамин моҳи Рамазон аз пеши домҳои Ватан сар карда, Додо-питсаю гулфурушиву дигар магазинҳо, хуллас ҳамаро фармон доданд, ки дарахт мехареду мешинонед. Фармони раиси шаҳр. Кормандони Рустам ба ин фурӯшандаҳо гуфтанд, ки ё дарахт харида лаби роҳи назди фурӯшгоҳҳоятонро зебо мекунед ё пулашро медиҳед, мо худамон мешинонем. Дар дасти онҳо, ки ба Додо-питса даромаданд панҷ дарахт буд. Гуфтанд, ки барои ҳар кадоме аз ин дарахтҳо панҷҳазорӣ медиҳед.
Мақсад гапам ин аст ки ҳамаи ин дарахту гулзорҳеро, ки дар шаҳр мебинед ва мардум гумон мекунанд, ки Рустам ободӣ кардааст, аммо дар асл ин тавр нест. Инҳоро, дарахтону гулҳоро ҳамин домсозҳо кардагианд, аммо бечораҳо дам намезананд.
Домҳое, ки домсозҳо дар лаби роҳ сохтагианд, худи домсозҳо пул медиҳанд, ки давру барашон бо рӯшноӣ таъмин карда шавад. Барои ҳамин светашонро саривақт гирён мекунанд. Вагарна домҳое, ки он тарафтар, ҷойҳое, ки аз бари раҳ берунтаранд масалан тарафи 102, тарафи 82 свети ҳама домҳо куштагӣ ва аз қишлоқ ториктар аст. Бениҳоят бетабъ аст. Тарафи 102 пеши ё тарафи масҷиди Зарафшон меравед, тарафи Зарнисору он тарафҳо, лаблаби канал ва аз ин тараф аз пеши қурутобхонаи Олим торик аст, свет надорад кӯчаҳоро полний куштагианд. Инҷо ҳам даруни Душанбе аст.
Аммо мардум дар телевизор ҷойҳои светдорро мебинанд. Ин ҷойҳоро домсозҳо худашон платит мекунанд, барои бизнеси худашон, ки барои саривақт светҳояшонро гирён кунанд, бизнесашон пеш биравад. Вагарна дар дигар ҷоҳо ҳама бесвет аст.
То ҷое медонам ҳозир домсози №1 Зафар аст. Дар тарафи кӯчаи Айнӣ дом месозад. Домҳои беҳад зӯр месозад, нархаш гарон, вале сифаташ хуб аст. Аммо ин Зафарро ҳамон тавреяш кардагианд, ки ногуфта худаш любой чизро мебарад медиҳад. Ҳамин хелаш кардагианд. Бечораро бузаш кашидагиянд.
Дар байн чи дарахтҳои зебое, ки мебинед то повороти аэропорт, аз Айнӣ ба тарафи Садбарг ҳамаи инҳоро домсозҳо худашон харидаву шинонидаанд. Як дарахтҳое, ки дар ҳамин кӯчаи Айнӣ, рӯбарӯи Скорий шинонидаанд худи Зафар ҳар як кадомеашро аз Италия заказ карда овард. Нархи як ниҳоли овардааш 10.000 сомонӣ.
Дарахтҳои наверо, ки дар лаби роҳҳои шаҳр мебинед, ки назаррабову дилкашанд ва дар танаи онҳо светомузикаҳоро насб кардаанд, ки кори худи домсозҳо аст.
Домсозҳо барои доми месохтаашон худашон платит мекунанд. Мусорҳоро худашон мебардоранд. Худаш харҷи партовкашро медиҳад. Барои онки аз шаҳрдорӣ болояшон грузит кардагианд, ки ин корҳоро худашон бояд иҷро кунад. Албатта, гирду атрофи бинои тозаву тамиз бошад, ҷалби таваҷҷӯҳи муштарӣ-харидор мекунад вале ин набояд ба он маъно бошад, ки кори хадамоти шаҳрдориро домсозҳо кунанд.
Бародар, ончики ман гуфтам, ин ҳолату мавриду ҳодисаро шахсан бо чашмони сарам дидаам.
Ҳозир Зафар дар пеши маркази тиҷоратии Садбарг дом месозад, дом дар ҷои китобхонаву панҷэтажкаҳои пешинаи хиёбони Айнӣ.
Дар назди маркази тиҷоратии Садбарг, дар параи рости проспекти Айнӣ, ки аз самти фурудгоҳ меоӣ, як мағозаи «Дунёи китоб» амал мекард, ки дар қафои он биноҳои панҷэтажка буданд. Онҷо як корпуси Донишгоҳи миллӣ ҳам қарор дошт.
Ҳозир дар онҷо, дар ҳамон маҳалл ё ҷойи бинои панҷэтажа домҳои 12 ва 13 этажка бардоштанд. Аммо бо ҳамон канализатсия. Бо ҳамон канализатсияи пешина, ки барои бинои панҷошёна сохта шуда буд, биноҳои 12 ва 13 ошёна сохтанд. Аслан канализатсия мутобиқ нест ва интизори садамаҳои калон дар оянда бояд шуд.
Барои чӣ? Барои онки дар ҳақиқат аз ин домсоз пули зиёдашро гирифтанд. Бечора натавонист, ки канализатсияи барои ин қадар одам бисозад.
Ман доми рӯбарӯи Садбарг, дар ҷойи панҷэтажкаҳо сохташударо дар назар дорам.
Давраҳое, ки ман дар Душанбе студент будам як фирмаи домсозӣ буд, ки офисаш дар тарафи 33 микрорайон қарор дошт. Фирмаи боқувват буд, автобазаҳои калон дошт. Номи фирма аз ёдам баромад.
Хуллас, ин фирма паркҳоро месохтанд. Парки дар пеши Лучоб, назди Донишгоҳи миллӣ дар биноҳои пеши Парчам то Товусро ҳамин компания сохта буд. Боз домҳои МЖК Қайроққумро ҳам пурра ҳамин фирма сохта буд. Болнитса сохтанд. Беҳад ташкилоти зӯр буд. Кори охирини ин фирма сохтмони бемористони Истиқлол буд. Аммо гап дар инҷо аст ки корҳои сохтмонии бемористони Истиқлол тамом нашуда духтари президент гуфт, ки ин беморхонаро ба номи ман мекунед, ман онро мегирам. Ҳоло тамоми аптекаҳои ин беморхона аз они «Сифат-фарма»-и Парвина Раҳмонова аст.
Духтари президент хоста буд, ки ин бемористонро ба номи вай кунанд ва мегуфт, ки ман онро мегирам. Аммо розӣ нашуданд. Вақте чунин баҳсу даъво пеш омад Озода дастур дод, ки полний ин фирмаро биковен ва аз қафояшон бигардед, ки чи кор мекунанд?
Санҷишу тафтишро аз коридани газони давру барои бемористон сар карданд- дар чанд сум гирифтед. Ҳатто барои санҷидан муфаттишҳоро роҳӣ карданд Хитой. Озода строгий приказ дод, ки «ҳамаша полний кофтуков кунед».
Бечораҳоро ҳамин хеле карданд, ки …
Ҳамаашонро тюрма карданд, бисёр одам буд. Чанд нафар аз бухглатерҳояшонро медонистам, шинос буданд. Бухгалтеҳоро фарёд карданд, чи санаду ҳуҷҷҷате, ки доштанд. гирифтанд. Онҳоро зиндон карданд. Як қисмашон аз моли дунё чизе дошт, масалан мошин, масалан дача фурӯхту доду ҷонашро халос кард. Он як муҳосиб, ки шиноси мо буд ҳаҷ рафт ва дар онҷо дилаш зад мурд. Нисфашон дар тюрма мурданд. Аз ҳамон қадар одам яктоаш монд. Баромад аз зиндон ҳозир, шунидам, ки боз дом сохта истодааст.
Маводи ғизоӣ, масалан орд аз Ӯзбакистону Қазоқистон меоварданд ва дар базаҳояшон бачаҳо кор мекарданд, тал задагӣ ва арзон буд. Ҳама чизашонро гирифтанд. Озода гуфт ҳамаи чизҳояшонро бигиред. Он вақт ними бемористони Истиқлол сохта нашуда буд. Ва худашон боқияшро ҳарому ҳалол сохтанд. Даже то ҳозира лифтҳояшон хушру кор намекунад. Аз берун хушрӯ асту аз дарун вайрон. Парки навро ҳам ҳаминҳо сохта буданд.
Як нафри онҳоро медонем. Чи молу мулке дошт фурӯхт ва худашу ҷонашро халос карда омад ба ҳамин Москва. База кушод, ҳамон охранникҳояш, ки дар ҳамонҷо буданду кор мекарданд ҳозир омадагӣ Москва ҳамроҳаш кор мекунанд. Як се сол пеш буд, ки ҳаминҷо кор мекарданд.
Шарҳи Ислоҳ:
Инҷо сухан аз «Маҷмааи тандурустӣ»-и Истиқлол меравад, ки дар замони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе сохта ба истифода дода шуд. Ин бемористон бо харҷи 706 миллион сомонии бюҷети Душанбе сохта ва моҳи марти соли 2016 ба истифода дода шуд, ки дар вақти баҳрбардории он Раҳмонов чун ҳамешагӣ ширкат карда буд. Аммо сохтмони ин беморхона боис шуда буд, ки як соли пас, баъде Рустам дар ҷойи Убайдуллоев омад Убайдуллоевро барои ҳамин пулҳои ҷудошуда барои сохти ин бемористон ба мақомоти интизомӣ аз ҷумла ба Оҷонси мубориза бо коррупсия даъват карда таҳти саволу ҷавоб қарор доданд.
Ва ҳамин тавр ба навиштаи расонаҳо Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Саидшариф Анваров, раҳбари собиқи муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Душанбе ё УКС-ро дастгир кард, ки ба «исрофкорӣ» ва «изофанависӣ» дар сохтмони Маркази тиббии «Маҷмааи тандурустӣ» ва пешниҳоди ришва ба шахси мансабдор, муттаҳам шуда буд.
Ҳамроҳи раҳбари собиқи УКС-и Душанбе, шаш нафари дигар Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов — раис ва муовини раиси «Тоҷикколхозсохтмон», Тоҳирҷон Тағоев – раҳбари «Жилестрой», Олим Саидов — раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов – раҳбари ширкати «Хонасоз-4» ва Қосим Фатҳуллозода — раҳбари «Саманд 2010» ном бурда мешуд. Боздошти Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ бо амри Рустами Эмомалӣ дар сохтмони Маркази тиббии «Истиқлол» сурат гирифтааст.
Баъди омадани Рустам ба ҷойи Убайдуллоев ба тамоми дари утоқҳои шаҳрдорӣ мӯҳр зада шуд. Ва тафтишот шурӯъ гардид. Мақсади ин тафтишот муттаҳам кардани Убайдуллоев ва осебпазир кардани вай буд, ки Раҳмонов ба ин мақсадаш расид. Баъди анҷоми тафтишот худи Раҳмонов дар як ҷалса эълон намуд, ки дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо, ба қавли президент, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Вай гуфт, ки «истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд ва яке аз ин сохторҳо – Раёсати сохтмони асосии шаҳр аст» Баъдтар бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров ба муддати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Вай ба сирқати 16 миллион сомонии пули ин бемористон муттаҳам гардид. Нуктаи асосӣ ин аст ки ин Саидашраф Анваров писарамак , хулоса аз хешовадони наздики Убайдуллоев буд ва бо зиндонӣ кардани вай Раҳмонов ва Рустам ба чашми Убайдуллоев нишон доданд, ки вай дигар «никто» аст.
Дар охир инро ҳам бояд гӯям, ки аз ҳамин қишлоқи Қашқараҳаи Файзобод домсозҳо дар Душанбе бисёранд: Убайд, Каромат, Аслик.
Лекин ҳоҷӣ Хол чи тавр бо ин авлод часпондагӣ аст, бо кадом роҳе наздик шудагӣ намедонам. Лекин, чуноне гуфтам барои Анӯшервони бачаи Рустам пеш аз даромадан ба Мискинобод як дачаи гизала сохтааст. Ман мехоҳам, ки оқибати ҳоҷӣ Хол ба хайр бошад вале аз таҷриба медонем, ки ҳар бизнесмени ғайри оила, ки бо ин оила «часпонд» оқибат банкрот ва зиндонӣ шуд…
