Аз Хуҷанд, Кӯлоб, Душанбе, Волгоград ва Ёвон номаҳоро ин бор барои барномаамон омода намудаем.
Як нафар аз маъюбон аз шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд аз мухлисони доимии «Ислоҳ» аст дар бораи вазъи нарху наво дар моҳи мубораки Рамазон навишта ва аз савдогарҳо хоҳиш кардааст, ки маҳз дар ҳамин моҳ бо поин овардани нархи наво аз савоб ва самараи ин моҳ баҳра баранд.
Муаллифи нома аз Кӯлоб дар бораи мушкилоти гузари Чармгарони ин шаҳр навиштааст. Мегӯяд вазъи обу обрасонӣ беҳад вазнин шуда истодааст.
Тайи як ҳафта дар кори Душанбесити, ки ҳоло ҳама аз он истифода мекунанд, мушкил пеш омад. Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи иллат ва сабаҳои ин вазъ навиштааст
Аз Хуросон нависандаи нома ба ҳамватанон ҳушдор додааст, ки аз баҳри тамошои наворҳои мазҳабӣ бигзаранд .Вагарна агар ба чанги мақомоти милиса ва амният афтоданд, ҷаримаи калон мешаванд.
Муаллифи доимии мо аз Волгоград ин бор низ бо навиштани як нома бар мабнои як навишта аз сомонаи нашрияи чопи Душанбе масъалаи гаронии нархи гӯштро дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтааст.
Корманди пешини Хуаксин семент бо ирсоли як нома хеле аз факту рақамҳои ҷолиб дар бораи фаъолияти ин корхонаро ифшо намудааст, ки то кунун дар матбуот чоп нашудааст.
Хуҷанд
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман наворҳои шуморо бисёр тамошо мекунам,мебинам. Ман маъюби гурӯҳи 1,аз чашм нобино ҳастам. Аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо шумо сӯҳбат карда истодаам. Нафақаам дар як моҳ 650 сомонӣ аст. Ҳаминро ҳам дамбадам аз нав ба қайдгирӣ гуфта мо инвалидҳоро озор медиҳанд.
Ман чанд шикоят дорам. Шикояти аввали ман аз афзоиши нарух наво аст. Нархи маводи ғизоӣ тамоман боло рафтааст ва барои мо инвалидон дастнорас аст. Нархи бозор ҳам гарон аст: -гӯшти гову гӯшти гусфанд беҳад гарон ва барои мо тамоман дастнорас аст. Мевагиҳову шириниҳо ҳам гарон аст. Ин фурӯшандаҳои беинсоф мехоҳанд, ки танҳо моҳи рамазон пули калон ба даст оранд. Оё онҳо аз Аллоҳ наметарсанд. Барои ин кирдорашон фардо дар пешгоҳи худо чи ҷавоб медода бошанд?
Нарху навои равған пиёз, сабзӣ, картошка, биринҷ, орд ва шакар ва боз маҳсулоти дигар дар ин моҳи рамазон боло рафтааст. Дар Тоҷикистон зиндагӣ беҳад вазнин шуда истодааст.
Ҳукумат ҳам нархҳои хизматрасонии иҷтимоиро рӯзбарӯз боло мебарад.
Нархи партов, нархи об, нархи неруи барқ ва ҳатто обе, ки аз кран меояд баланд аст. Ин чи хел зиндагӣ, ин чи хел умр ба сар бурдан аст.
Масалан нархи андоз. Вақте шумо ягон магазин ё ягон дӯкончаи тиҷоратӣ мекушоед, ҳоло як ҳафта кор накарда ба саратон аз налог, аз пожар, аз санэпидемстансия, аз Тоҷикстандарт, аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ меоянд. Ва ҳатман пул мегиранд. То кай мо ин тавр зиндагӣ мекунем?
Нархи беморхонаҳо ҳам гарон аст. Мошини Ёрии таъҷилӣ баъзе вақтҳо мешавад, ки то маблағашро нагирад аз хонаи мардум берун намешавад.
Ман, алҳамдулиллоҳ, панҷ вақт намоз мехонам, тиловати қурон мекунам.
Ман доимо барномаҳои «Семейканюс», «Минбари муҳоҷир»-ро мебинам ва худи ҳозир алҳамдулиллоҳ, «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро дида истодаам. Ман ҳамаашро тамошо мекунам. Минбари шумораи ахирро ҳам дидам
Як чизи дигарро мегӯям. Дар масҷидҳо танҳо барои хизмати сарбозӣ ва дар барои Раҳмонов сӯҳбат мекунанд.
«Фарзандонатонро ба хизмат роҳӣ кунед, фиристед». Доим, дар ҳар намоз ҳамин гапро мегӯяд. На аз расули Худо, на аз ҳадис, на аз Худо гап мезанад. Ягон амри маъруф нест. Пагоҳ дар қиёмат савол ҷавобаш ҳаст.
Устод, падари ман соли 2025 аз дунё даргузаштанд. Дар ҳақи падарам дуъо кунед. Дар моҳи мубораки рамазон, дар вақти ифтор гузашта буданд.
Агарчи ба чашми сарам дида натавонам ҳам ба гӯши дили худам, ба чашми дили худам шуморо мебинам.
Устоди азиз, илтимос, ин номаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой кунед. Дар охир бори дигар гуфтаниам, ки ман барномаҳои шуморо пайваста гӯш мекунам, ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар пешгоҳи Худо шаҳодат медиҳам, ки ҳамааш ҳақиқат аст.
Кӯлоб
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин, муборизи роҳи ҳақ.
Ман сокини кӯчаи Чармгарони поёни шҳаҳри Кӯлоб. Ин номаи ман ба генерал Мурод Саидзодаи телехи Раҳмонов аст. Шикояти мо барои канализатсия,канализатсияро аз автодром то масҷиди ҳоҷӣ Мирзо канда ба пеши заводи шир ба кӯчаи Чармгарон, ба Чорбоғи 2 ба Таги ҷар, ба Рӯдакӣ ҳами роҳҳои асфалтро ҷазир карданд. Бо трубаи диаметри 800 канализатсияро бурданд, роҳҳоро ҷазир ва хонаҳои одамҳоро ба ҳолати аварейнӣ-садамавӣ оварданд.
Сабабаш медонед дар чӣ аст? Халқро намемонанд, ки дар канализатсияи кандагиашон трубаҳои хонаҳояшонро пайваст кунанд. Гуфтанд, ки ин аз бачаи Муроди телех аст. Кадоме мехоҳад сари ҳар хонае 5000 сомонӣ медиҳад, баъд мекашаду пайваст мекунад.
Бовар кунед, дар ин ҷойи мо тақрибан ҳамаи ҳамсояҳо оби ҳоҷатхона ва пасоби ошхонаҳояшон дар дарё мерезад. Ин ҳам гуноҳ аст ва ҳам касалиҳо ба вуҷуд меоварад.
Сабабаш медонед дар чӣ аст? Сабабаш дар он аст ки ним метр меканӣ об мебарояд.
Муроҷиати мо ба акаи Муроди телех! Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем ба доди ин шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб бирасед. Шумо худатон аз Кӯлоб. Дар ҳамин Таги ҷар як хоҳарзодаатон зиндагӣ мекунад. Ҳар саҳар аз ҳамин кӯча мегузарад, шароиту вазъиятро нағз медонад.
Илтимос бародари роҳи ҳақ. Ин номаи моро бо номаҳои дигарон якҷоя кун чоп кунед.
Ба Худо қасам таҳоратшиканӣ меравӣ дигар ба ин либосҳо масиҷд ё берун рафта наметавонӣ. Аҳволамон хеле бад аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман боз ҳам дар бораи Шӯҳрат Солиев менависам. Қаллобтарин нафар ҳамин Шӯҳрат Солиев аст. Чанд рӯз пеш, аз сафари хориҷӣ омаду тамоми системаи кори Душанбе сити сбой дод. Мардум дод гуфта истодаанд аз дасти нокоромадӣ ва мушкилсозии Душанбе сити. Мардум на суми дору хариданашро, на суми харидашро, на суми парковкаашро ва умуман ягон чиро наметавонад гузаронад. Шӯҳрат Солиев бошад механдад, ки «мон мардум хезан, и кулобиҳоро дафъ кунанд». О, ҳаромхур! Миллионҳо доллари Авесто группро бо Рустами Эмомалӣ дуздида истодаӣ, ку. Мардум чи гуноҳ дорад? Мардум имрузҳо дар пушти дари офисҳои Душанбе сити фақат Рустамро бо кӯдаконаш урра карда дуошап доранд, ки «хонаҳакот бсуза Рустам ба системаи кадагит».
Хуросон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ва ассалому алейкум авлодҳо, хешу таборҳо , ҳамвтаанҳо. Аз худованди бузург дар ин моҳи мубораки рамазон саломатии тану ҷони шуморо мехоҳам. Аз ноҳияи Хуросон як хабари бисёр ҳам бадро бо шумо мерасонам. Яку якбора ва бидуни кадом муқаддамичинӣ гуфтаниям, ки дар телефонҳоятон беҳад эҳтиёт кунед. Дар ин вақтҳои ахир боз мақомот як усули нави тарсу воҳима додани мардумро тавассути телефонҳо ба роҳ андохтаанд. Телефонҳоро амният санҷиш бурда истодааст. Кадоме ягон салавот аст, ҳадис аст, ки ана ҳамин чизҳо дар телефонҳо пур шудагӣ аст, худашон меоянд дар телефонаш дорад ва агар боз ин чизҳоро дар группа ва дар дигар одамҳо мепартояд данннийи ҳаминҳоро ёфта одамҳоро омада қапида бурда истоданд. Аз 9 ҳазор сомонӣ то 11 ҳазор сомонӣ штраф-ҷарима карда истодаанд. Ин гуна одамҳоро онҳо таълимдиҳанда гузаронида истодаанд. Мисол ту дар онҷо ҳамин ҳадис, ё сура, ё ки ягон амри маъруфҳоро дар ягон кас мепартоӣ, ту ҳамчун таълимдиҳанда мегузарӣ. Ва гӯё дар қонун барои таълимдиҳанда будан аз 9 ҳазор сомонӣ то 11 ҳазор сомонӣ штраф месупоридаӣ. Одамҳое,ки ҳамин партофтагиҳои туро гӯш кардагианд онҳо таълимгиранда шуморида мешаванд. Ҳамон таълимгирандаҳоро аз телефони ту ва пайдо мекунанд ва баъд фарёд карда штраф карда истодаанд. Авлодҳо эҳтиёт кунед. Мақсад, ки ҳамин гуна чизҳоро напартоед. Дар ҳамин самт сахт контрол рафта истодаст. Уже аз ҳамин Хурсони мо чанд касро қапида бурданд. Ҳатто шаб телефонатро аз дастат мегиранд. Барои ҳамин гуфта истодаам, ки касе дар телефонатон чи амри маъруф ва ҳамин хел чизҳо доранд удалит кунед. Дар ҳамин моҳи рамазон ақалан мардумро осуда намегузоранд ҳамаҷиҳата кофтуков карда истодаанд. Ту нагӯ, ки маро аз куҷо меёбанд? Аз сабти телефонҳо аз хабардор мешаванд. Меоянд аз хонаат телефонатро бо худт мегиранду мебаранд.
Волгоград
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол. Дигар бесаброна ҳар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро мунтазир меистам, то бубинам, ки навиштаи маро ҳам чоп кардаед ё не? Ин бор аз сомонаи нашрияи СССР як навиштаеро интихоб намудам, ки дар бораи як маводи ғизои муҳим, гӯшт сӯҳбат мекунад. Нашрияи мавзӯъи хубро ба миён гузоштааст. Норасоии гӯшт барои аҳолии кишвар. Барои рафъи норасоӣ Тоҷикистон аз Белорусия ва Қазоқистон ба воридоти гӯшт шароит фароҳам овард. То ҷое шунидам ҳоло дар бозорҳо аз ин навъи гӯшти воридотӣ зиёд мефуршанд, аммо мардум аз мазза ва лаззати он шикоят доранд. Дар ҳақиқат тамъу лаззати гӯшти мо дигар аст. Дар ҳамин Русия, ки солҳои зиёд аст зиндагонӣ мекунам гӯшташ лаззати гӯшти моро надорад. Ҳоло инҷо ин матлабро пешниҳоди хонандагон мекунам ва сипас чанд мулоҳизаи мухтасар баён мекунам. Ин нашри бо чунин сарлавҳа ва бо чунин шарҳ аст:
«Нархи гӯштро дастрас бояд кард»
Рӯз ба рӯз зиндагии мардуми мо хуб шуда истодааст. Инро мо дар харидории мардум мавриди маҳсулоти гӯшт дида истодаем. Мутааассифона, мо бо гӯшти истеҳсоли худӣ мардумро тавони таъмин кардан надорему соҳибкоронамон аз хориҷ, Белорусияву Қазоқистон онро ворид месозанд, ки бо вуҷуди арзон будан он маззаву лаззати гӯшти худиро надорад.
Инро ба эътибор гирифта, қассобони мо ба беинсофӣ даст задаанд. Аз гузашта медонем, ки ба 1 кг гӯшт 250 гр устухон дода мешуд. Дар деҳа касе, моле куштанӣ шавад, қассоби деҳа рӯйхат мекард ва молро кушта, ба халқ тақсим карда медод . Имрӯз қассобон дар шаҳр нархи гӯшти лаҳмро ба 120 сомон баровардаанду боз болои 250 гр устухон 200 гр равған ҳам илова мекунанд. Танҳо дар ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич Нарзулло Истамзода вобаста ба хариди мол 100 ва 105 сомонӣ бе ҷудо кардани лаҳму устухондор 1 хел мефурӯшад. Ҳама интизор мешаванд, ки ӯ кай мол мекушаду онҳо бихаранд. Ҳама ба ӯ ташаккур мегӯянд. Вақте ӯ гӯшташро фурӯхта тамом кард, қассобони ҷаллобро Худо медиҳад дигар…
Ҷ. Яҳеев ,н. Деваштич»
Чуноне мутолиа кардем дар ин навиштаи кӯтоҳ масъалаи барои ҳамаи мо муҳим бардошта шудааст. Ин масъала инсоф,ва ҳалолу дасти ҳалол доштани қассобон аст. Масъалае, ки муаллиф аз Деваштич бардоштааст, дар тамоми ҷойи Тоҷикистон роиҷ шудааст.
Ҳамин сол дар тобистон беш аз як моҳ ба ватан рафта будам ва ҳам дар Рашт будам, ҳам дар Ҳисору Кулоб ва ҳам дар Исфара. Дар ҳақиқат ҳамон вақт шунидам, ки мардум аз кори гӯштфурӯшон шикоят мекаранд, ки инсофро тамоман риоят намекунанд ва ҳиссаи устухонро дар гӯшт зиёд медиҳанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки ба ин кор давлат мудохила кунад.
Дар Душанбе ба ин кор мудохила карданд, ҳоло хабарҳо мерасад, ки нархи гӯшт дар ин моҳи шарифи рамазон хеле гарон шудааст. Аммо давлат метавонад бо кӯмак кардан ба фермаҳо ва онҳое, ки молу говпарварӣ карданианд ва ё карда истодаанд, нархро поин оварад.
Вале то ҷое шунидам ва хондам нархи гӯштро ҳам аз аъзои оилаи Раҳмонов, ки соҳиби фермаи «Мармарӣ» аст гарон кардаанд.
Ин авлоди чашмгушна барои як тин даромади худ ҳозир аст ки ба ҷайби мардум ҳазор сомонӣ зарар расонад.
Ёвон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз ноҳияи Ёвон бароятон менависам. Чанд сол дар ширкати сементи Хуаксин-семент кор кардам ва ҳоло дигар дар нафақа мебошам. Ман ба шумо як асрори ин ширкатро фош карданиам. Ин ширкат ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой аст. Акбари бачаи Асадулло Ғулом аз тарафи Тоҷикистон онро роҳбарӣ мекунад. Акбар хеле сумдор шуд. Аммо суми асосии ин ширкат ба ҳисобҳои худи Раҳмонов меравад. Раҳмонов дар Хитой ҳам суратҳисоб, қасру мошин ва тиоҷрат дорад. Ман аз ин чизҳо огоҳ ҳастам.
Аммо чизе, ки гуфтаниам ин аст ки барои истеҳсоли семент Акбар Ғуломов ба давлат тақрибан ҳеҷ чиз намедиҳад. Санге, ки барои истеҳсоли семент сарф мешавад барои ин ширкат метавон гуфт ройгон аст. Ҳам аз тоннааш мезанад ва ҳам аз сифаташ. Инҷо пули барқро ҳам бо имтиёз масраф мекунанд. Аз тарафи дигар барои тоҷикҳо маош дар қиёс бо хитоиҳо ду-се бробр поин аст. Мо дар ватани худамон худамонро паст мезанему хитоиро боло мебардорем. Дар ҳоле, ки ҳаҷми кори як хитоиву як тоҷик баробар аст, фарқ намекунад. Ин тавр нест, ки хитоӣ аз тоҷик зиёд кор карда бошад. Пеш, масалан ду соли пеш харидори асосии сементи Тоҷикистон дар хориҷа Узбекистони ҳамсоя ва Афғонистон буданд. Аммо ҳоло намехаранд. Сабаби онро ҳарчи гуфта истодаанд. Аммо сабби асосӣ ин аст ки сифиати сементи Хуаксин безеб шуд. Вале бо вуҷуди ин роҳбарият ва шахсан худи Раҳмонов сементро ба таври қочоқӣ ба Афғонистон фурӯхта истодааст. Аммо ҳам дар гумрук ва ҳам дар налог-андоз пул намедиҳад. Ҳатто дар матбуот ҳам фактҳои дуздии семент, яъне бидуни пардохти андозу боҷи гумрукӣ содирот кардан баромад.
Масалан ҳисобу китоби содироти семент, ки вазорати саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, бо омори ҳукумати «Толибон» мувофиқат намекунад. Вазорати саноати Тоҷикистон содироти семент ба Афғонистонро дар тамоми соли гузашта каме беш аз 300 ҳазор тонна ва ба арзиши 16 миллион доллар эълон кард. Вазорати санъат ва тиҷорати «Толибон» гуфтааст, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон ба маблағи 30 миллион доллар ҳудуди 420 ҳазор тонна семент ворид шуд. Шумо фарқу фосилаи оморҳоро дидед? Толибон мегӯяд, ки дар ҳашт моҳ, на як сол аз Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ва ба маблағи 30 миллион доллар семент ворид кардаанд, аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки дар тамоми соли гузашта 300 ҳазор тонна ва дар ҳаҷми 16 миллион доллар содирот кардаанд.
Ба назари шумо чаро оморро пинҳон медоранд? Ва фикр мекунед, ки дар Тоҷикистон кӣ чунин ҷуръатро дод, ки ба даҳҳо миллион доллар маҳсулот содир кунаду онро давлат ва мақомоти он набинанд? Албатта, ва бидуни шак Раҳмонов ва оилаи вай аст ки ин корро мекунад ва карда истодааст.
Чанд соли пеш ҳам тафовути омори табодули мол бо Хитойро, ки ҳарду кишвар эълон намуда буд ё доред? Гумруки Тоҷикистон тақрибан 1 миллиард як миллиард доллар камтар аз омори эълоннамудаи Хитой ҳисобот дода буд.
Ба назазри Шумо ин як миллиард доллар, ки пинҳон мекунанд, яъне молу маҳсулоти қочоқӣ, ки аз Хитой ба Тоҷикистон ворид шудааст, кори дасти кӣ буда метавонад? Кӣ аст ва ё киҳоанд он говҷигарҳо ва нотарсу боғайратҳо, ки дар ин ҳаҷму ба ин андоза моли қочоқӣ ворид мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки гумрук на замке аст ва раиси гумрук ҳам аз наздикони ин оила мебошад.
Яъне ман гуфтаниам, ки ин оила, аз худи Раҳмонов сар карда то Акбар Ғулому дигару дигараш серӣ надоранд. Ва, ба бахти бади мардум ва миллати тоҷик, инҳо ҳақу саҳму молу маҳсулоти миллатро ана ҳамин тавр талаву тороҷ карда истодаанд. Ман ҳоло метавонам дар бораи дигар амалҳои ширкати Хуаксин-семент нависам. Аммо онро барои оянда мегузорам.
