Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 359

Ислоҳ нет

Ин бор номаҳо аз  Душанбе, пойтахти кишвари азизамон, аз Рашт ва аз Вахш ва як нома аз Аврупо, аз Варшава-пойтахти Полша ба дасти мо расиданд.

Нафаре, ки аз Душанбе дар бораи масъалаи «свиданка» дар маҳбаси Душанбе навиштааст, мегӯяд, ки ин мардум худашон дар азобу мусибатанд, аммо барои як свиданка 1500 сомонӣ таллаб кардани зиндониро наметавон кори инсон номид. Ҳайвон бо ҳайвон ба чунин тарзу тариқ муомила ва муносибат намекунад, ки кормандони СИРҶи Вазорати адлияи ҶТ мекунанд.

 Номаи омада аз Рашт ҳамовозии муаллиф ба як матлаби Ислоҳ аст. Муаллиф бо сипосу ташаккури зиёд аз нашри он нома изҳор доштааст, ки дар бораи ин корманди бааландмақоми ВКД, ки барои ҳифзи курсиаш хоҳарашро ба вазири дохилӣ ҳадя кардааст, хоҳад навишт.

Номаи аз Вахшро бародари қиёматии мо навиштааст. Вай дар оғоз аз хоби дидааш ҳикоят карда ва дар идома дар бораи дастгир шудани як раиси деҳа ва моҷарои он ҳикоят кардааст. Гуфтааст, ки дар ин бора дар шумораи пешинаи барнома ҳам навишта буд, аммо инҷо маълумотҳои нав овардааст.

Аз Варшава дар бораи мушкилоти фазояндаи муҳоҷират ва рӯзторӯз хору залил гардидани ҷавонҳои миллат шикоят шудааст. Муаллиф бо баршуморидани зиёну зарари раванди муҳоҷират ба Раҳмонов рӯ оварда гуфтааст, ки дар ин беш аз сӣ соли кориат коре барои коҳиши ин раванд накардӣ, баракс ин муҳоҷират беш аз пеш афзуда истодааст, барои онки натавонистӣ ва наметавонӣ ҳарчи зудтар истеъфо деҳ!

                                 Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз Душанбе менависам. Як бародар бо гуноҳи дуздӣ дар шишт. Даҳ сол дар шабакаи Барқи тоҷик кор карда буд.

  Як ҳамсинфаш аз зиндони Русия ҷавоб мешаваду меояд ба ватан. Ин ҳамсинфаш дуздӣ мекунаду ин бародар бо вай соучастник будааст. Хулосаи гап, ки ҳоло дар зиндон аст.

Ин ҳодиса порина сурат гирифта буд. Вай10 уми март уже дар ИВС буд.

Вақтҳое дар Душанбе будам дачкааш мекардам.Тибқ қонун се моҳ пас, ё ду ҳафта пас  барои свиданка иҷозат аст. Албатта, сум медодем ба адвокаташ ва вай иҷозати свиданка гирифта медод. 6-7 кас медаромадем медидему мебаромадем.

Чанд рӯз пеш бо модараш  гап задаму аз аҳволаш пурсидам. Гуфтанд, ки ҳозир барои як комнатаи дусоата ё якунимсоата барои свиданка якунимҳазор сомонӣ бояд бидиҳанд. Яъне аз паси шиша неву алоҳида. Барои чунин свиданк комнатаро снимат мекунӣ дар дохили зиндон, ки ҳоло нархашро якуним ҳазор сомонӣ кардаанд.

Ман мехостам бифаҳмам, ки ҳамин нарх қонунӣ аст ё инки худашон муқаррар кардаанд. Хонагиҳои он бародар дар Душанбеву модараш дар Қабодиён. Аз Қабодиён меояд тюрма барои мулоқоти писараш. Тюрма худаш Душанбе- сити доштааст. Ба ҳамон ҳамёни ин бонк ин пулро мегузаронидаанд. Ё инки агар ба он бародар сум лозим шавад, ба хонагиҳо, хешу табораш мегуфтаст, ки ба ҳамин ҳамён кашелок сум парто, ки барои мисол ман бо  телефон гап занам.

Рости гап намедонам ҳамаи ин корҳо легалний, қонунианд ё чӣ?

Вале аз Мансур Умаров, сардори зиндонҳои Тоҷикистон пурсиданиам, ки ин нархи якунимҳазор сомонӣ барои як свиданкаро аз куҷо ёфтӣ? Инсофу имон дорӣ? Наход барои ду соати сӯҳбат якуним ҳазор бигирӣ?

                                 Рашт 

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Худо кунад, ки ҳама вақт сиҳату саломат бошед.
Дар бораи Сайидаҳмад Маҳмадҷонов дар барномаи              «Номаи маро алоҳида нашр кунед»№24 ҳар чизе гуфтед ростанд. Вале мутмаинам ҳоло аз 100%, 1%-ро гуфтед. Ин бадбахти беимонро баҳузур таҳқиқу кофтукоб кунед, хеле ҷиноятҳои ваҳшиёнаи зиёд содир кардагӣ аст. Ин дар вақташ ҳамроҳ бо Шарифи калабур буданд. Вай ҳам аз Навдии Ғарм буд. Дар кӯҳу пушта буданд. Духтарҳои хонаро мерафтанд меоварданд,таҷовуз мекарданд ҳамроҳ бо Шарифи калабур ва калаҳояшонро мебуриданд. Инҳо як ҷинояткори қотилу даҳшатафкани беномуси беимонанд. Ин дар ҳамон вақташ ҳам аз тарафи ҳукумат буд, ҳамроҳ бо Шоҳ. Инҳо марионетка буданд. Ҳаминҳо Алии бедакиро фанд карда куштанд, чандин ҷавонмардҳоро бе гуноҳ зиндон карданд. Барномаатон беҳтарин буд дилам тар шуд аз ошкор шудани ин чеҳраҳои даҳшатафкан.

Ва ҳоло як маълумот мувассақ аз як бародар. Ба гуфтаи он бародар як сарбоз аз қисми ҳарбиии Камаров баромадааст. Бояд хонаашон мерафтааст. Дар ҳамии Ғарм ин тарафтар Сари пул мегӯянд, донишгоҳ. Дар пеши донишгоҳ дискотека ҳаст. Дар главний дорога. Дискотека «Субҳи Рашт» ном дорад. Ин қисми ҳарбӣ дар ҳамонҷо аст. Хуллас ин сарбоз меояд ҷавоб мегирад аз дискотека пиён мебарояд. Бачаи Саидаҳмад Маҳмадҷонов бо мошин бо суръати баланд омада истода будаасту, мезанадаш. Сарбоз дар ҷойи садама якмарг мешавад, мемурад. Аммо ҳамаро ором карданд. Сарбозро хапу хомуш роҳӣ мекунанд ба хонаашон. Аммо бачаи Саидаҳмад Маҳмадҷонов дар озодӣ зада гаштааст.

Устод, агар як кам таҳқиқ намоӣ дар бораи ин Саидаҳмад Маҳмадҷонов хеле гапҳо мебарояд. Ин ҷинояти зиёд содир кардагӣ аст. Мардони калонсоли Ғарм медонанд, бояд бинависанд. Худо кунад шоҳидони ҳодиса маълумотҳои ҷиноятии ин даҳшатафканонро менависанду бо худ ба гур намебаранд.

                                  Бохтар

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин боз ҳам ман ҳамон бародари қиёматии шумо ҳастам аз Бохтар.

  Салом ба модари азизу меҳрубонам. Модарҷон ба номи худои покам дар дилам як орузу дорам. Чуноне, ки ҳар бор аз ғарибӣ меомадам дастони модарамро  бусида бо руям мемолидам, ҳамин орузуро дорам аз худованди таъоло, ки дастони шуморо ҳам бибӯсам. Баъд ҷонамро бигирад, дигар ҳеҷ орузу надорам, модарҷон.  Дуъогу бош дар ҳақи фарзанди беморат.

   Бародари азиз меравем сари масъала. Рӯзи 13 уми май намози хуфтанро хондам. Валлоҳӣ ин дурӯғ нест, дар ҳақат аз сидқи дил дуъо кардам. Аз Худованд талаб кардам, ки ин бародари маро пируз гардон ва хоб кардам. Хоб дидам, ки дар хона дар сари дастархон бо модарам, падарам ва бародаронам, ки шумо аз дар даромадӣ. Якҷоя шишта ҳамроҳ чой мехурдем. Модарам шуморо пурсид, ки чи хел? Пируз шудӣ, ки омадӣ? Шумо гуфтед, ки ин шайтони лаъинро зиндон кардам ва баъд омадам.

  Худоё, ин хоби ман таҳаққуқ пайдо кунад ва ин золим зиндон шавад, омин.

Хулосаи гап бародар, ман такси кор мекардам, маро заказ доданд аз Вахш то бозори ҳоҷӣ Шариф дар Қурғонтеппа. Як муйсафед бо занаш. Ин мӯсафед ҳоҷӣ будааст. Ба роҳ баромадем. Муйсафед гапро сар карда гуфт, ки дар ҳамсоя қишлоқи мо як раиси қишлоқро қапиданд.

Ман телефонро бароварда запс кардам, ки аз ёдам набарояд. Пурсидам чи ном дорад? Гуфт номаш Илёс. Гуфтам, ки ному насабашро пурра гуед. Гуфт, ки вай раиси қишлақи Сабзавот, аз бригадаи 2 Раупов Илёс, падараш Имод ном дорад.Муддати 6 сол мешавад,ки раиси қишлоқ аст.Аз мардум пул мегирад. Мегуяд,ки документи хона мекунам. Пулро гирифта бо кормандони ҷамоатҳо кайф карда хӯрда мегардад. Ба камияш 20 нафарро фанду фиреб карда мегаштааст. Чор сол пеш дар деҳаашон помош додаанд: равған, биринҷ, нахуд. Хулоса ҳар намуд маводи ғизоӣ. Аммо ин ҳама ҳақи мардуми камбағалро  фурухта хурда гаштааст. Аз байн чанд моҳ мегузарад. Аз амният фарёдаш мекунанду мегуянд,ки ҳақи мо куҷо шуд? Ҳақи моро бидеҳ. 50 ба 50 буд.

  бародар дуздро қарақчӣ зад мегуянд. Ин ҷавоб мегӯяд, ки пулро ман хурдам. Пул надорам. Қариб 50 ҳазор сомонӣ мешудааст, ки 25 ҳазораш доляи амниятиҳо будааст.

Хулоса пулро надодааст ва ӯро бурда мурданак заданд. Бародари ин Илёси ҳаромхур пеш аз ҷанг раис будааст. Ин муйсафед беҳад таърифаш кард. Гуфт инсони беҳтарин буд. Ӯро дар ҷанг куштанд. Вале мурдаи ӯро наёфтанд, куҷо шуд, касе намедонад.

Падарашро ҳам кушта бо баданаш санг баста ба дарё партофтанд, ки болои об нахезад. Як додари  хуб дошт, ки ҳамон вақтҳо аз аскарӣ меояд. Вайро дар вақти ҷанг бо пулемёт зада баданашро тика тика карда буданд.

Вақте ин Илёси ҳаромхур дар моҳи шарифи рамазон ба даст меафтад, коррупсия инро меқапад ва делояшро бурда ба суд медиҳанд, суд вайро 27 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунад. Вай имрӯзу пагоҳ карда пули ҷаримаро намедиҳад. 

Аз байн 2 ҳафта мегузарад. Ин раиси ҳақи мардумхурро дар моҳи шарифи рамазон бурда маҳкам мекунанд.

Хулоса аз ҷамоатҳо масҷид ба масҷид гашта пул ҷамъ карда доданд ва баъд аз як моҳ вайро бароварданд.Касоне,ки пул дод барои раҳоии ин харомхур занашро, духтарашро ҳақорат карда гуфтанд,ки ҳақи равғану биринҷи моро хурдӣ, ин 100 сомони дигарам заҳри танат шавад.

 Ин муйсафед як чизи аҷиб гуфт. Падараш Имод ном доштааст, ҳамоне, ки кушта сангро бо сим дар миёнаш баста дар дарё партофтанд. Замини совхоз дар поёни замини хонааш будааст. Ҳар шаб як метр аз замини совхоз медаровардааст.  Шишашро тарафи замини совхоз тела мекардааст ва ба ҳамин усул қариб 30 сотихи замини совхозро аз худ кард. Баъд фаҳмиданд, ки ин бобои Имод замини совхозро тарафи хонаш медаровардааст. Сипас нишона монданд. Дигар натавонист, ки дуздӣ кунад. Ҳамон замине, ки падари Илёс аз совхоз дуздида буд, ин муйсафед қасам хурд, ки қариб 70 ё ки 80 сотиҳ ҳаст. Баъдтар Илёс нимашро ба мардум фурухт. 

 Падар дузди совхоз, писар порахури давлат. (Ин қисмати қиссаи муйсафед дар «Номаҳо аз ноҳияҳо №353» омада буд чун намехонанд танҳо навор мебинанд фикр кардааст ин навиштаашонро нашр накардаем.)

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Иззат Амонро барои 280 сомонӣ тӯҳмат карда бераҳмона чанд сол доданд. Аммо ана ин хел ҳаромхурҳо як моҳ мешишанд, боз дар озодӣ мегарданд.

Ба бародари азизам Муҳаммад Тағоев гуфтаниам, ки хабари реҳлати модари азизатро шунидам, бисёр зиқ шудам. Аллоҳ дар боғҳои биҳишт макону манзилаш бидиҳад барои як чунин шермардро ба дунё овардан. Он модар модари шумо тоқа набуд, модари ҳамаи мо муборизон буд. Ин шо Аллоҳ барои як тори муи модари ману шумо ҷавоб хоҳанд дод. Бародар дар ҳақи модар дуъо кардам,аз дилу ҷон хатми Қуръон бахшидам.

  Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад, 

  Агар сузад шабе сузад,шаби дигар намесузад.

Ҳатман, ки дар қафои Раҳмонов  месузад.   

Дар охир гуфтаниам бародар, ки валлоҳӣ ягон гапи ман бофта нест. Чизе гуфтам ҳақиқат буд. Худованд шуморо нигаҳбон бошад, бародари азизам.

                                  Варшава

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам сиҳату саломат ҳастед.  Аз яке аз шаҳрҳои Аврупо ба Шумо навишта истодаам. Ростӣ, худи ҳозир шумораи  навбатии «Номаи маро алоҳида нашр кунед»-№48- ро дар Ютюб дидам, дар бораи «Зери таҷовуз қарор додани ноболиғи 13 солаи рус аз ҷониби ҷавонони тоҷик». Хостам фикру ақидаи хешро оиди ҳамин масъала каме ҳам бошад, иброз намоям.

Чи хеле ба ҳамагон маълум аст Эмомалӣ Раҳмонов 34 сол аст дар сари қудрат ҳаст ва ӯ барои некуаҳволии мардум коре ҳам намекунад. Кори ӯ ва аҳлу байташ ғундории молу сарват ва ғорати ошкорои халқи мазлуми тоҷик ҳаст. Яке аз масъалаҳои доғи рӯзе, ки давлату ҳукумати моро бояд ба ташвиш ораду аз пайи ҳалли он гардад албатта, ки муҳоҷират ҳаст.

Падару модари ҳар яке мо мардуми тоҷик бо таваллуди фарзанд аввал хурсанд гашта, баъдан зиқ мешаванд. Барои чи ғамгин? Барои он ки намедонанд, ки ояндаи насли онҳо чи мешавад. Писарашон пас аз хатми мактаби миёна маҷбур ё ба хондан рӯ меорад ё ба муҳоҷират. Барои чӣ иҷборӣ ба таҳсил? Чунки каме ҳам бошад аз сафарбар шудан ба артиш раҳо мегардад.

Ғамгин барои духтаронашон барои он мешаванд, ки пас аз ба шавҳар доданашон, домодашон маҷбур мешавад пас аз муддате хонаашро тарк кунаду аз пайи ризқу рӯзӣ боз ба муҳоҷират рӯ орад.

Муҳоҷират аз рӯи сатҳи зиндагии паст ва набуди ҷойи кор. Шахсан худам бо як орзуи калон ба таҳсил рӯ овадам ва ба умеди ояндаи нек соҳибмаълумот ва соҳибдиплом гаштам. Аммо сад афсӯс, ки ҳамаи ин солҳои таҳсилам бефоида шуд. Чунки баъди хатми мактаби олӣ соҳиби ҷойи кор нашудам. Ба ҳар куҷое мерафтам аввал макони таваллуд ва ба ҷайбам нигоҳ мекарданд.  

Яке аз хиёнатҳои бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба халқи тоҷик кард,ин таъмин накардани зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳоло онки  мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зиндагии арзанда дар моддаи 1 ва боби дуюм, махсусан моддаи 31, инъикос ёфтааст.

Моддаи 1: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 31: Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки барои худ ва оилааш сатҳи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дошта бошад. Ин моддаҳо асоси ҳуқуқии кафолати зиндагии шоиста ва шароити иҷтимоиро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Дар асл муҳоҷирати кунунии халқи тоҷикро наметавон муҳоҷират номид. Чунки ҳангоми дар муҳоҷират будан  ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар қисман ё ин ки умуман риоя карда намешавад.

 Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи шаҳрвандони бурунмарзӣ дар моддаи 16 муқаррар карда шудааст.

Дар ин модда омадааст:

 Моддаи 16: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар берун аз марзи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.»

Инчунин, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 11), мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷа ҳимоя кунанд.

Ба иззати нафси касе намехоҳам расам, аммо мо ба муҳоҷират не ба ғуломӣ меравем.

 Муҳоҷирати меҳнатӣ ин худ пурра мусибат аст, чунки он дар бештари маврид мушкилоти нав ба навро ба бор меорад. Аз ҷумла:

— Дур шудани волидон чи падар чи модар аз фарзандон.

— Тарбияи нодуруст гирифтани фарзандон

— бероҳа гаштани фарзандон аз ҳисоби муҳоҷирати волидонашон

— аз байн рафтани қувваи кории волидон ва хастагии равонӣ.

— вайроншавии оилаҳо.

   Аксар маврид мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қисме  занон ба набуди мардонашон тоқат накарда, ба хиёнат даст мезананд. Бо ин гуфтаҳо аксар мардум шояд розӣ нашаванд, вале ин ҳақиқати талх аст.

 Инҳо танҳо аз шумори каме аз зиёнҳои муҳоҷират ба ҳисоб мераванд.

   Дар аксар маврид падару модарон( на ҳама ) ба писарони худ таъкид мекунанд, ки то маблағи калон кор накунӣ бар нагард. Албатта, онҳоро фаҳмидан мумкин, лекин дар ин маврид ҷавонон, хусусан мардон аз ҳисоби дер оиладор шудан, дар муҳоҷират даст ба амалҳои номатлуб, алалхусус ба зинокорӣ мезананд. Медонам ин суханони ман сахт аст, вале ҳақиқати талхи имрӯза ҳамин аст.

Бар мегардем ба моддаи 1.

   Дар ин шароите, ки ту эй калаварами Эмомалӣ  бо ҳукумати худкомаи хеш фароҳам овардаӣ чӣ гуна мо инкишофи озодона карда метавонем? Мисоли оддӣ. Ҳангоми як тиҷорати хурд кушодан аз чанд тараф омада соҳибкори бечораро нафастанг мекунед.

 Ту ва оилаи касифат ҷавонони ин миллати бузургро ҳамчун гови ҷушо кардаӣ.  То он даме, ки қувва дар ҷисму ҷонамон ҳаст водор месозӣ, ки ба ғуломӣ рафта, ба мисли хар кор кунем. Ҳатто аз ҳисоби интиқоли маблағҳои бо арақи ҷабинамон ту фоизи хешро мегирӣ.

Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, аз дурии падару модар, аз ҳамин муҳоҷират хаста шудам. Мехоҳам ба ватан баргардаму ба мисли инсон зиндагӣ кунам.

Муроҷиати ман ба ин беимони беинсофи каладам. Бирав аз сари қудрат, 99%  мардум аз ту ва аз ҳаромзодаҳоят хаста шудем. То ба кай мо барои шумоҳо кор кунем, то ба кай мо дар ғуломӣ умр ба сар барем, ҳам руҳан ҳам ҷисман хаста шудем. Бинобар ин ба диктатураи хеш хотима бахш.

Share This Article