Семейка news №29

Ислоҳ нет

Кони тиллои Фарзона ва бӯстонсарои Сомонро «Ислоҳ» ифшо кард

Маҷаллаи ҷадиди «Семейканюс» аст, ки ин бор ҳам бо хабарҳои «обрнарехта» ва ҷазу доғ ва ҳамин тавр гузоришҳои ифшо ва ошкоркунанда аз зиндагӣ ва фаъолияти аъзои ин «Семейка»-и барои ҳамаамон маълум такмил шудааст, ки феълан дар дастраси якояки шумо дӯстону нодӯстон қарор медиҳем.

Дар хабарҳо аз Азизмои газетхонаку ҳавзи гулмоҳиҳояш, аз Сомону бустонсарояш аз Фарзонаву кони тиллояш, зан, писар ва духтари Раҳмонов-главар «Семейка» дар дараи Ромит мегӯем. Ва шумо хоҳед фаҳмид, ки Раҳмонов-главар «Семейка» чи гуна Ромитро бахшу тақсим карда ба аъзои оилааш додааст ва хоҳед фаҳмид, ки ончики мегӯяд соҳибкорҳо фалон-фалон чизҳо сохтанд ва Раҳмонов рафту ин иншоотҳо, масалан ҳавзҳои моҳӣ ва ё меҳмонхонаро ифтитоҳ кард, дурӯғ ва чашмбандие беш нест. Дар ин шумора дар бораи як ҷияни «весавой»-и Муҳиби бародари Азизмои газетхонак ҳам маълумоте дорем.

  Ин бор низ бародарон Дилшод ва Даврон Ҷӯразодаҳо, рафиқони хуби хуби Рустами Эмомалӣ, қаҳрамони марказии моҳномаамон интихоб шуданд. Аз ин гузориш бохабар мешавед, ки ин ду бародар дар сар чи фикру хиёлҳое доранд ва чаро тиҷоратҳои миллионмиллион долларии худро ба Тошканд кӯч медиҳанд. Ва, иллати мухолифати онҳо бо Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар чист?

  Ва, ҳоло шурӯъ мекунем бо «Ахбор»-и Семейканюс

 Ҳавзҳои моҳии Азизмои газетхонак дар Ромит

 «Моҳи сентябри соли 2020 дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Эмомалӣ Раҳмонов ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ кард».

Тамоми расонаҳои онрӯзаи Тоҷикистон бо зикри ин хабар афзуданд, ки «ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардид.

Дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний)  парвариш карда мешаванд.

Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад».

Бинобар ин хабар  «соли 2020 дар ҳавзҳои мазкур 30 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шуда, соли 2021 бошад, дар нақша аст, ки беш аз 60 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ, ки роҳбариашро соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо Ширкати «Алераква»-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд. Дар вақти сохтмони маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии «Баҳор» зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шуданд. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст».

Дар ҳамин қисмати дараи Ромит дар масоҳати 7 гектар аз тарафи як соҳибкори дигар бо номи Комилҷон Ғаниев, ки аз Муминобод будааст, боз чанд ҳавзи парвариши ин навъҳои моҳӣ сохта шудааст, ки онҳоро ҳам зимни ин сафараш Раҳмонов ифтитоҳ кардааст. ҶДММ-и Комилҷон Ғаниев «Меҳвари Душанбе» ном доштааст.

Ва, аммо воқеият чӣ аст? Дар ҳақиқат ин ду соҳибкор соҳибони аслии ин ҳавзҳои моҳипарварианд?

Чуноне манобеъи огоҳи «Ислоҳ» аз Ромит хабар доданд, ҳам ин соҳибкорҳо ва ҳам ширкатҳои мутазаккираи онҳо ба истилоҳ подставной буда ва ин ҳавзҳо бошад дар асл ба Азизмои газетхонак, зани Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ доштааст. Чунки ин ду соҳибкор ин қадар пулдор набуданд, ки дар як чунин баландӣ ва бо масорифи садҳо миллион сомонӣ даст ба парвариши моҳӣ бизананд. Ин  ҳам дар ҳоле, ки бозори тавлидоти ин ҳавзҳо ҳам аз онҷо хеле дур аст ки наметавонад харҷи худро бипӯшонад.

Манбаъи мо мегӯяд барои сохтмони ин ҳавзҳои моҳипарварӣ, ки соҳиби аслиаш Азизмои газетхонак аст Раҳмонов 90 миллион доллар масраф кардааст.

Ин манбаъ гуфт, ки кор дар инҷо беҳад душвор аст. Ба дараҷае, ки ба кормандон маоши таъйиншуда дода намешавад.

Барои ин ҳавзҳо шуда дар чандин километр роҳҳои куҳистонӣ мумфарш шуда чандин километр хутути интиқоли барқ кашида, чандин адад трансформаторҳо шинонида шуданд, ки ин ҳама масорифро ҳеҷ соҳибкоре бар уҳда намегирад. 

 «Дар онҷо свет проблема не, 24 соат бо барқ таъмин. Аз хати барқе, ки барои кони тиллои «Покруд» овардаанд, барои ин ҳавзҳо ҳам линияи алоҳида кашидаанд. Дар асл онҷо ҷои истироҳати Раҳмонову оилааш ва дигар мақомдорони наздик ба ин семейка аст»

Албатта, ин моҳиҳоро мардум мехаранд, баъзе аз шахсҳо аз инҷо гирифта ба мағозаҳову бозорҳои Душанбеву Бохтар (Қурғонтеппа) ва шаҳри Ваҳдат мебаранд. Аммо гумон аст ки ин ҳавзҳо худкифо ва фоидаовар бошанд. Бо бовари зиёди ин манбаъ харҷу масраф барои ин ҳавзҳо аз ҳисоби давлат гирифтааст ва онҳоро Раҳмонов ба ҳамсараш Азизмои газетхонак сохтааст.

Кони нави тилло дар Ромит. Туҳфаи Раҳмонов ба Фарзона

Манбаъи огоҳи мо ин хабари ҷолибро дар ихтиёри мо гузошт:

«Гапгапи кашфи кони нави тилло дар дараи Ромит ягон шаш-ҳафт моҳ пеш баромад. Кор дар ин кон ҳанӯз оғоз нашудааст. Вале омодагӣ барои баҳрабардорӣ аз он шурӯъ шудааст.  Ба наздики дар тарафи дигари Покрӯд кони дигар баромад. Онро ба духтари хурдиаш тӯҳфа кардааст. Онҷо бояд чанд қишлоқро барои ин кон шуда хезонанд. 15қишлоқ зиёд мехезад. Ин кон дар тарафи  Яфракнима кашф шудааст. Геологҳову археологҳову дигару дигарҳо омада чену чоқ карданд. Чанд вақт онҷо комиссияборон шуд. Асосан мутахасисини хитоӣ, ки дар кони Покруд кор мекунанд дар инҷо барои муайян кардани захираҳои он корҳои иктишофӣ, геологоразведка бурда истодаанд.

Бояд ба наздикӣ корро сар кунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки тамоми отходу отработкаи кони тилои Покруд дар даруни об мерезад ва солҳост, ки оби инҷо дигар ғайриқобили истеъмол шудааст.

Кони Покруд солона бо тона истихроҷ дар дасти хитоиҳост. Аз рӯи маълумоти муқаддамоти захоири кони нав кашфшуда ду баробар бештар аз кони Покруд дар Ромит будааст.

Раҳмонов гуфтааст, ки «Фарзона баъд аз ҷудошавӣ аз шавҳараш беҳаад зиқ буд. Ин конро ба вай ҳадя мекунам».

Ана падару ана ота. Кони марбути халқро ба духтараш тақдим кардааст.

Боз гуфтааст, ки оқибат барои Фарзона ҳам ҷойи кори хуби бо даромади ҳамгуфте пайдо кардам.

Меҳмонхона ё бӯстонсарои Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов дар Ромит

Дар хабарҳое, ки аз ифтитоҳи ҳавзҳои парвариши моҳӣ дар Олучадара навишта шудаанд, ҳамчунин аз ба истифода додани бинои як меҳмонхонаи нав дар инҷо сӯҳбат мешавад.

Дар тавсифи ин бустонсаро гуфта мешавад: «бино аз ду ошёна ва 50 ҷойи қабули меҳмонон иборат буда, бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин мебошад. Меҳмонхона аз ҳисоби даромади софи ширкат дар ин мавзеи дилфиреб бунёд шуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст».

Вале асли кор чӣ аст? Ин меҳмонхона аст ё бустонсаро? Ва он аз тарафи ширкат сохта шудааст ва ё боз ҳам аз ҳисоби пули давлат? Манбаъи мо аз Ромит гуфт, ки ин бӯстонсаро барои Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов сохта шудааст.

 Ва, аммо дар ин бустонсаро-меҳмонхонаи Сомон рӯшод маводи мухталифи мухаддир:-нашъа, банг, ҳашиш, героин, кристал ва ҳар гуна ҳабҳо мефурушанд. Онҷо фақат толибаҳои мактабро мебаранд барои истироҳат ва роҳати худ.

Дар дохили он ягон кас намедарояд. Охранаи сахт дорад. Ин меҳмонхона-бустонсарои Сомон дар Лиҷак, дар лаби дарё воқеъ аст. Ду ҳазор сомонӣ як рӯзаш. Як ҳофизаро бисёр вақт ҳамонҷо мебарандаш, «живая музика» -Осия бону ном дорад. Ва онҷо масташ мекунанду ба саҳна мебароранд. Ин ҳофизаро кадом вақте аз кадом туй, ки маст мебарояд, меқапанд. Баъди он дигар «постоянка»-и ин меҳмонхонаи Сомон шудааст.

«Як вақт, шояд як сол баъди коронавирус буд, ки Сомонро як шаб бо Кемри-2 ГАИҳо қапида буданд. Он вақт рейди вазнин рафта истода буд. ГАИҳо ӯро дар роҳи Ваҳдат-Ромит масту калкот меқапанд. Нашинохтанаш. Кулулааш карданду бо мошин бурданд.

Ана баъд сар шуд. То началник Управления, хуллас як барбарро аз кор пеш карданд, ки  Сомонро хафа кардед. Дар ҳоле, ки мошинаш беномер, худаш маст. Ин ҳодиса дар Тангаӣ, аз чашма онсӯтар руй дода буд ва ҳама шоҳиди ин ҳодиса буданд. Қонун барои ин Семейка ҳеҷ таъсире намекунад ва ин оила фароқонунанд.

Он вақтҳо Сомон бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, ки солҳо пас домоди Раҳмонов шуду боз духтари Раҳмонов, ҳамин Фарзонаи «кандидат наук», муҷаррад, модари танҳо ва ҳоло акнун молики як кони тиллоро сар дод.

Бинобар маълумоти манбаъи мо дар меҳмонхонаи Сомон дурбинҳои мадорбаста-скритий камераҳо насб карда шудааст. Ин камераҳо дар ҳамон утоқҳои ВИПи ин истироҳатгоҳ насб кардашудаанд.Инҷо, чуноне гуфтем, асосан вазирҳову писаронашон ва дигар мансабдорони баландпоя мераванд ва табиист, ки онҳо дарак надоранд, ки съемка мешаванд бо духтарчаҳои ёшёшаки ноболиғ. Камераҳоро гейнерал Шорух Саид, сардори Раёсати милисаи Душанбе ва наздиктарин одами Рустами Эмомалӣ барои компрамат  ҷамъоварӣгузоштааст. Ин корро махсус кардагӣ аст. «Ягон корро мефармояд агар накард бо он наворҳо шантаж мекунад».

Ин бустонсароро барои худи пешво сохтаанд. Раҳмонов онро ба Сомон туҳф кард. Дар онҷо дарахтҳои хориҷӣ оварда шинониданд. Ин бустосаро ду гектар масоҳат дорад. Аз Хушунг боло. Роҳҳоро барои ҳамин дача ё бустонсаро, ҳавзи моҳиҳо ва кони тилло мумфарш карданд.

Мебоист аз Ромит то дарвозаи Ваҳдат роҳ таъмир ва навсозӣ мешуд. Аз мардум солҳову борҳост пул мегиранду мехуранд. Як грейдер як бор ҳамвор мекунаду тамом.

Дар ин бустонсаро-меҳмонхона моҳӣ бизнесашон аст. Мардуме, ки мераванд-катакатҳо, вазирҳову раисҳову генералҳо мехаранду мехуранд. Бори дигар мегӯям, ки ба коргарони ҳавзи моҳӣ пули дуруст намедиҳанд. Боз раисаш ҳақорат мекунад: не зан мемонад, на оча. Ту пул гуфтӣ гуфта. Як пуле медиҳанд барои хурдану намурдани кормандон.

Ҷияни Муҳиб кист?

Мардӣ, ки аз номард бар намеояд, пас баҳри худ шиор мекунад: «номард бошаму зинда бошам»-ро бар худ барчасп зад ва барои як умр.

Мо дар бораи ин шахс қаблан ҳам навишта будем. Дастобрезаки Муҳиби додари  Азизмои газетхонак. Ин касофат Шарифзода Фирдавс, директори литсей касбии техникии ноҳияи Шаҳритус аст: «Мегӯяд, ки «гапзанша ма м****м». Ва Муҳибро тағои худ мегӯяд. Хулас, ҷияни Муҳиб. Тамоми ноҳияро ба дод овардааст. Аз мағозаҳо даромада чизҳои лозимашро мегирад, аммо пул намедиҳад. Мошинҳои касифашро, ки ба фоҳишахона табдил додааст, ба нуқтаҳои мошиншуӣ бурда мешӯяд, инҷо низ пардохт намекунад. Дар мошинаш ҳар рӯзе ҳар гуна занҳо саворанд. Боз катагӣ карда мегӯяд, ки «тағам мега ай литсейют ягон пистачаи хушруша мада биёр, ки хдт дастш нарасонда бошӣ».
Бинои хобгоҳи литсей дигар барои хонандаҳо нест. Онҷо маркази дилхушиву кайфу сафои Шарифзода Фирдавс шудааст. Ба гуфти худаш ҳатто раиси ноҳия аз ӯ метарсад. Чунки ӯро кришааш вазнин аст. Бале, чанд аксе аз Муҳиб дар пеши мошинаш дорад. Шояд гуфтаҳояш дуруст ҳам бошанд. Чунки чанд маротиба мардуми ноҳия аз бетартибиҳову худнамоишдиҳиҳояш ба Прокуратураи генералӣ шикоят карда буданд ва аз прокуратураи вилояти Хатлон омада санҷида ин директори тарбиятгари ба тарбия мӯҳтоҷро чизе нагуфтанд. Чунки кришаи вазнинаш болои сараш ҳаст.

 Боз мегӯяд, «и Шаҳритус барои мо данғарагиҳо Русия аст. Бале, ҳамаи бесаводони Кӯлобу Данғараву Восеъ ҳаминҷо ҷамъ омадаанд. Барои сокинони ин ноҳия кор нест. Маҷбур мешаванд, ки тарки оила намуда ба муҳоҷират бираванд.

Акси дар назди мошини Муҳиб  гирифтааш ҳам ҳаст.

Шарифзода Фирдавс дасти рости Муҳиб аст. Тибқи ҳикояҳои худашу бинобар таърифҳое, ки атрофиёнаш мекунанд вазифаи роҳбари Дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритусро ба рафиқаш гирифта додааст. Чи тавр гирифта додааст? Ҳозир мефаҳмонам. Маблағро рафиқаш ба Шарифзода Фирдавс додааст. Шарифзода бурда ба Муҳиб додааст. Муҳиб ба раиси ноҳияро занг зада фармон додааст, ки лоиҳаи қарорро дар зудтарин фурсат тайёр куну коргари навро қабул намо.

Боз як дӯсти дигарашро ба вазифаи директори муассисаи таълимии литсейи болаёқатҳои ноҳия овардааст. Мегӯяд мудири маорифро ҳам ман овардаам «рафиқи наздикмай, ягон кас гав метона задан, чикоремон форад мекунем давлат да дастмонаи». Прокурори ноҳия ҳамдеҳаам, вай низ аз Кангурт аст мегуяд.

Хулоса, ҳама хешу табору рафиқонашонро ҳаминҷо ҷамъ кардааст. Бародарашро оварда дар литсей ба кор монд. Аниқтараш номашро навиштаасту худаш умуман кор намеояд. Лек маоши давлатро гирифта истодааст.

Бо зердастони шавҳардораш дар робита аст. Хонаи чандин нафарро ба вайронӣ овард. Шавҳарҳо дар Русияву ҳамсарон бо Шарифзода Фирдавс дар ишратанд. Ин девонаро ҳаст ягон нафар, ки ҷамъ карда гирад, то ноҳия аз чунин ифлосҳо тоза шавад?

Хубтараш ҳамин мардуми Кӯлобу Данғарагиҳо ва дигар ноҳияҳои наздики онҷо, ки ин Семейка овардаанд ба ноҳияҳои худ раванд, то мо мардуми ноҳия Шаҳритусу Қубодиён барои худ кор пайдо кунем. Савод надоранд, вале афсус дар ҳар сохторе ин бесаводҳо роҳбаранд. Мо мардуми босавод овораву сарсони мулки рус ҳоҷатхона тоза карда мегардем. Дипломро бошад барои таги сандуқ гирифтаем.

Дилшод ва Даврон Ҷӯразодаҳо, дӯстони Рустами Эмомалӣ дар фикри фирор

Маълумоти нав дар бораи Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯраев, вобаста ба аъмоли ҷиноятӣ, фаъолиятҳо ва ширкатҳояшон ба мисли  F-55 — ширкати букмекерӣ, Fifty five group Tajikistan, Fardo investment global Uzbekistan ва UFC GYM Uzbekistan .Ва низ маълумот дар бораи душмании пинҳонии шахсии Даврон ва Дилшод Ҷӯраевҳо нисбат ба Хуршед Мирзо ва Ҳасан Асадуллозода.

Ширкатҳои Fifty five group Uzbekistan, Fardo investment global ва UFC GYM Uzbekistan, ки ба Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯраев тааллуқ доранд, тавассути намояндаи худ дар Ӯзбекистон-директори генералии ин ширкатҳо Кабир Рустам дар яке аз биноҳои боҳашамати шаҳри Тошканд бо номи PIRAMIT TOWER бино харидаанд.

PIRAMIT TOWER дар шаҳри Тошканд, кӯчаи Бобур 44 ҷойгир буда, аз 48 ошёна иборат аст. Кабир Рустам бо супориши Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев дар ошёнаи сеюми ин бино 2000 метри мураббаъ масоҳатро харидорӣ кардааст. Кабир Рустам ин биноро ба маблағи 5 миллион доллари ИМА харидааст, яъне ҳар як метри мураббаъ 2500 доллар: (2000 м² × 2500 доллар = 5 000 000 доллар).

  Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев ба Кабир Рустам супориш додаанд, ки дар ин бино ду тарабхона ва як толори варзишии UFC GYM таъсис диҳад. Ҳоло Кабир Рустам барои оғози корҳои таъмирӣ дар ду тарабхона ва толори варзишӣ омодагӣ мебинад.

 Пас аз пахши маводи махсусан ахир дар канали YouTube Ислоҳ дар бораи бародарон Ҷӯраевҳо, онҳо сахт ба тарсу таҳлука афтода асабонӣ ва нигарон шудаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба онҳо саволҳо пайдо доранд ва онҳоро барои қонунигардонии маблағҳои ҷиноятӣ ва саркашӣ аз андоз ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ба ҳамин сабаб Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев фавран ба берун бурдани маблағҳои ғораткардаашон аз Тоҷикистон оғоз карданд. Пас аз нашри филми YouTube онҳо ҳамаи муовинон, ёрдамчиён ва хадамоти амнияти худро дар дафтари худ дар Душанбе ҷамъ намуда, ҷустуҷӯи манбаи хуруҷи маълумотро оғоз карданд.

Ҳамчунин ба Кабир Рустам супориши фаврӣ доданд, ки дар маркази шаҳри Тошканд қитъаи замин харад, то сохтмони меҳмонхонаи навро оғоз намоянд. Кабир Рустам зуд дар минтақаи Қушбегии Тошканд қитъаи замини 1 гектариро ба маблағи 4 миллиону 200 ҳазор доллар харид, яъне ҳар як сотих 42 ҳазор доллар. Дилшод, Даврон ва Кабир Рустам мехоҳанд дар кӯтоҳтарин муҳлат сохтмони меҳмонхонаро оғоз кунанд. Тибқи нақша, меҳмонхона 12-ошёна ва дорои 160 ҳуҷра хоҳад буд. Нархи пешакии сохтмони меҳмонхона 18 миллион доллар баровард шудааст. Онҳо мехоҳанд ин меҳмонхонаро дар соли 2026 бунёд кунанд.

Пас аз пахши барномаи видеоии Ислоҳ.ТВ Даврон Ҷӯраев ва Дилшод Ҷӯразода бисёр тарсидаанд ва ҳоло бо ваҳму таҳлука даромада бо амрикоиҳо музокира карда истодаанд. Онҳо мехоҳанд ширкати букмекерии F55 (Formula 55)-ро ба амрикоиҳо бо нархи 400–450 миллион доллар фурӯшанд. Тибқи маълумоти манбаъ аз дафтари бародарон Ҷӯраев, онҳо роҳҳои махфиёнаи таъсиси ширкатҳои офшорӣ дар кишварҳои ғарбиро барои интиқоли сармояҳои ҷиноятии худ баррасӣ доранд.

Чӣ тавре маълум аст, қиморбозӣ аз нашъамандӣ ҳам бадтар аст. Аз сабаби фаъолияти ҷиноятии ширкати букмекерии F55 чандсад нафар дар Тоҷикистон худкушӣ кардаанд, ҳазорон ҷавон қиморбоз шуда тамоми пулу амволи худро аз даст додаанд ва ҳазорҳо оилаи ҷавон аз ҳам пош хӯрдааст.

Тибқи арзёбии пешакӣ, фоидаи софи солонаи F55 тақрибан 55–60 миллион долларро ташкил медиҳад, ки онро аз Тоҷикистон берун бурда, ба ширкатҳои офшории худ мегузаронанд, то дар сурати фирор аз Тоҷикистон дороӣ ва амвол дошта бошанд.

Низоъи байни Дилшод ва Хуршеди Мирзо

 Айни ҳол байни Дилшод Ҷӯразода, Даврон Ҷӯраев ва муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо муноқишаи пинҳонии шадид дар ҷараён аст

Хуршед Мирзо, раиси Агентии навтаъсиси инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон мебошад, ки ширкатҳои букмекерӣ бояд ба он андоз ва маблағҳои иҷтимоӣ пардохт кунанд. Аммо ширкатҳои бародарон Ҷӯраевҳо аз ин пардохтҳо саркашӣ мекунанд. Бародарон Ҷӯраевҳо бо IP-адресҳои қалбакӣ даромадҳои худро пинҳон мекунанд, то система ҳаҷми воқеии маблағҳои дуздидашударо нишон надиҳад.

Ҳамчунин ин ду бародар чанде пеш дар Вашингтон буданд, вақте Эмомалӣ Раҳмонов моҳи ноябр ба Амрико рафта буд. Даврон ва Дилшод ба дӯстону шиносҳояшон мегӯянд, ки онҳо ҳамчун қисми ҳайати президентӣ ҳар вақт ба Президент ва роҳбари Дастгоҳи Президент дастрасӣ доранд ва метавонанд ҳар масъалаеро ҳал кунанд. Зеро Дилшод Ҷӯразода роҳбари ширкати давлатии Тоҷинвест ва Даврон Ҷӯраев президенти ассотсиатсияи TAJMMAF мебошад.

Тавре Шумо дар филми YouTube нишон дода будед, Даврон Ҷӯраев ба кулобиҳо нафрати беандоза дорад ва мехоҳад Ҳасан Асадуллозода ва Хуршед Мирзоро ба низоъи бузург кашад. Маълумоте ҳаст, ки Даврон Ҷӯраев қаблан борҳо кӯшиш карда буд, ки барои Ҳасан Асадуллозода мушкилот ба вуҷуд оварад.

Аз манбаъе дар Русия маълум шуд, ки Даврон Ҷӯраев дар солҳои 2016–2021 дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ кор мекард ва ба махзани маълумоти махфии давлатӣ дастрасӣ дошт.

Соли 2019 ширкати олмонии марбут ба Ҳасан Асадуллозода барои Тоҷикистон тавассути СММ ва Салиби Сурх аз Франкфурт ба воситаи Русия -аэропорти Шереметьево ба Душанбе бор фиристодааст. Вазни бор 4 тонна будааст ва гуфта мешавад, ки маводи аввалия барои доруҳои тиббӣ доштааст.

Даврон Ҷӯраев аз маълумоти хизматӣ истифода бурда, ба мақомоти гумруки Русия хабар додааст, ки ин бор ғайриқонунӣ ва эҳтимолан маҳсулоти асосии маводи мухаддири синтетикӣ мебошад.

Дар натиҷа, гумруки Маскав борро боздошт кардааст,ки дар пай ҷанҷоли дипломатӣ ба вуҷуд омадааст. Ширкати Ҳасан Асадуллозода бо истифода аз робитаҳои сиёсӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо душворӣ мушкилро ҳал кардааст.

Ба фикрам барои Ҳасан Асадуллозода донистани он ки фармоишгари ин мушкил кӣ буд, ҷолиб хоҳад буд.

 Дар гурӯҳи ширкатҳои Fifty five group Tajikistan шахсе ҳаст, ки яке аз одамони калидӣ дар идоракунии бахши молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ тамоми ҷараёнҳои молиявӣ-доллар, евро, сомонӣ, USDT ва Bitcoin- ро идора мекунад. Ҳамчунин интиқоли ғайриқонунии пули нақд ба воситаи ба ном «почтаи афғонӣ» барои гурехтан аз андоз ва комиссияҳои бонкӣ анҷом дода мешавад. Ин шахс Ашуров Рифъат Абдурашидович-ҳамкурси Даврон Ҷӯраев дар Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия будааст.

Ҳамаи паролҳову кодҳо ва калидҳои электронии суратҳисобҳои бонкӣ ва депозитҳои бародарон Ҷӯраев дар дасти Рифъат Ашуров қарор дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон (Амният, Прокуратураи генералӣ, ВКД, Нозироти андоз ва Дастгоҳи Президент) ин маълумотро барои оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Даврон Ҷӯраев ва Дилшод Ҷӯразода истифода хоҳанд кард.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ва инак суоли асосӣ: ин ҳама сарват аз куҷо омад? Кони тилло, бустонсарои чандмиллиондоллара, ҳавзҳои моҳии садҳо миллионсомона, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои офшорӣ, толорҳои UFC GYM дар Тошканд, қиморхонаи F55 ва миллионҳо доллари ба хориҷ бурдашуда-магар ин ҳама аз маоши давлатӣ ҷамъ шудааст? Ё аз ҳисоби ҳамон миллате, ки имрӯз барои як бурда нон дар муҳоҷират сарсон аст?

Мардуми оддӣ дар Тоҷикистон барои пардохти барқ, андоз, иҷора ва як халта орд шабу рӯз азоб мекашанд. Ҷавонони кишвар дар Русия ҳоҷатхона мешӯянд, дар сохтмонҳо мемиранд, дар муҳоҷират таҳқир мешаванд. Аммо дар ҳамин вақт «Семейка» Ромитро байни худ тақсим мекунад: ба яке кони тилло, ба дигаре бустонсарои махфӣ, ба саввумӣ ҳавзҳои моҳӣ ва ба дӯстону шариконашон ширкатҳои миллионӣ.

Фоҷиа танҳо дуздии пул нест. Фоҷиа он аст, ки тамоми давлат ба як корхонаи хусусии як оила табдил шудааст. Роҳҳоро аз ҳисоби давлат барои дачаҳои худ месозанд, барқро барои бизнесҳои хусусии худ мекашанд, заминҳоро мисли мероси падарӣ тақсим мекунанд ва баъд дар телевизион онро «сармоягузории соҳибкорони ватанӣ» ё «шарикони рушд» меноманд.

Ҷӯраевҳо, ки имрӯз худро соҳибони империяҳои букмекерӣ ва молиявӣ нишон медиҳанд, хуб медонанд, ки ин сарват бе пуштибонии «Семейка» як рӯз ҳам пойдор намемонад. Барои ҳамин имрӯз пулҳоро ба Тошканд мебаранд, офшор мекушоянд ва роҳи фирор омода мекунанд. Чунки худи онҳо ҳам мефаҳманд, ки сарвате, ки бар пояи ғорати миллат ва фасод сохта шудааст, рӯзе ба гардани соҳибаш ҳалқа мешавад.

Таърих нишон додааст: ҳеҷ империяи фасод абадӣ нест. На конҳои тилло Фарзонаро наҷот медиҳанд, на бустонсарои Сомон, на миллионҳои F55 ва на дӯстии мансабдорон. Вақте миллат бедор шавад, тамоми ин қасрҳои сохташуда бар ашки мардум ба рамзи нафрат ва шармандагии «Семейка» табдил меёбанд.

То имрӯз ба «Ислоҳ» барои барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» Мақомотҳои гӯногун, раисони ноҳия ва шаҳру вилоятҳо пайваста занг мезананду мегӯянд: «чи мехоҳед, чи хизмат кунем, фақат ин барномаро нашр накунед». Чун дар ин барномаҳо аз дуздиҳо ва ғоратҳои худашон гап меравад. Мехоҳанд дигар ифшогарӣ нашаваду идома диҳанд. Аммо ҷолиб ин аст, ки то имрӯз аз тарафи ҳамин «Семейка» ва ё ягон мансабдори калоне, ки шабу рӯз «пешво, пешво» гуфта мегардад, ягон нафар занг назадааст, ки «барномаи Семейкаро дигар нашр накунед». Баракс, баъзе шахсони дар зинаҳои болоии ҳамин режим буда худ занг мезананду мегӯянд: «агар боз чи маълумот дар бораи ин семейка лозим бошад, медиҳем». Ин беҳтарин далел аст, ки ҳатто дар дохили худи система ҳам аз ин оила хаста шудаанд. Онҳое, ки имрӯз маҷбуран чоплусӣ мекунанду «пешво» мегӯянд, дар асл аз ин семейкаи носерам ба танг омадаанд.
 

Share This Article