«Семейка»-ро кӣ идора мекунад: Рустам, генералҳо ё Кремл?
Шумораи нави моҳномаи «Семейканюс»-ро зери даст доред. Муаллифони мо аз дохили ватан ва хориҷа маводҳои мавриди ниёзи ин нашри маҷаллаамонро аз манобеъи гуногун дастрас карданд. Бо саъю талоши ҳайати эҷодӣ маҷаллаи рақами 32 тадвину таҳия ва инак тақдими шумо гардид. Ин бор низ хабару маълумотҳое, ки дар ҷое дигар пайдо нахоҳед кард, шуморо интизор аст.
Дар қисмати дигари маҷалла, ки ба «қаҳрамон»-и Семейка марбут аст ин навбат коре кардаем, ки то ба имрӯз накарда будем. Ва тафовути асосии нашри ин навбати маҷалла ҳам ин аст ки барои бори аввал дар бораи як нафар аз домодҳои ғайрирасмии ин Оила матлаб чоп мекунад. Ин «яке аз шумори беҳисоби домодҳои ғайрирасмӣ, кисту чи кора аст» қаҳрамони марказии қарор гирифт.
Шуруъ мекунем аз ахбори «Семейка»
Вазъи сиҳати Сомони Эмомалӣ бад шудааст?
Бинобар иттиллои як манбаъи наздик ба оилаи Раҳмонов вазъи сиҳатии Сомони Эмомалӣ рӯ ба вахомат ниҳодааст. Сомон, писари дуввуми Раҳмонов, ки бар асари истеъмоли маводи гуногуни мукаййифа мудом дар ҳолати сархушӣ қарор дорад, дар ин авохир пурра ба таблетка гузаштааст.
Ин манбаъи мо мегӯяд, баъди нашри маҷаллаи пешинаи «Семейка», ки дар бораи Сомон ҳам сӯҳбат шуда буд, Рустам ӯро сахт таҳти назорат гирифта ва беш аз ин дар яке аз бустонсароҳояш бурда назарбанд кардааст. Айни замон Сомон дар ҳабси хонагӣ қарор дошта ва барои табобати ӯ аз Қирғизистон як наркологи маъруф даъват шудааст.
Ин манбаъ гуфт, ки Рустам баъди нашри қаблии Семейка бо Сомон хеле баҳсу даъво карда гуфтааст, ки истеъмоли мухаддароти кимиёвии сахтаъсирро қатъ кунад.
Барои посбонии Сомон чанде аз афсарони машқдида аз дастаи «Шоҳин»-и Шоҳрухро муҳофиз гузоштанд ва онҳо ба Сомон иҷозаи хуруҷ аз муҳавватаи ин бустонсароро намедиҳанд ва Сомон бояд аз назарҳо пинҳонӣ табобат бигирад.
Фақат Исмоил 1111 хоҳад дошт
Чандест, ки кормандони БДА-ГАИи мамлакат тамоми рақамҳо, номерҳои чаҳорто якро аз мошинҳо канда истодаанд. Чунки бо ин рақам Исмоили пингвин, набераи Раҳмонов мегашт.
Бинобар хабарҳои расида вақтҳои ахир дӯстони Исмоили пингвин ҳам дар пайравӣ аз «босс»-и худ бо рақами 1111 мегаштагӣ шуданд ва бо насби ин номер дигар касеро ба эътибор нагирифтанд-на светофору на ГАИро.
Ин ҳолатро Рустам шунида Исмоилро наздаш фарёд карда панду насиҳату танбеҳ додааст, ки ин чи аҳвол аст? Исмоил қабул кардааст, ки иштибоҳ кардааст, ки ҷилави дӯстонашро нагирифтааст.
Рустам фармон додаст, ба ҷуз аз мошинҳои Исмоил ҳар мошине бо 1111 мегардад манъ ва рақамашро канда бигиранд. Ва ҳамин тавр ба ҷуз рақами мошини Исмоил дигар ҳама 1111 -ро канда гирифтанд.
Фарзона Ромит шамолдиҳӣ омад?
Фарзона, духтари кенҷагии Эмомалӣ Раҳмонов, арӯси собиқи Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният,модари танҳо, муҷаррад, сардори яке аз Раёстҳои вазорати тандурустӣ, номзади улуми тиб 5 август бо як эскорти бузург (корвони мошин) -30 мошини беномери Тойота Прадо аз дарвозаи Ромит ворид шуда ба тарафи дачаи Архур рафтанд. Як ГАИшник, ки аз ҳаводорони ашадии «Ислоҳ» аст бо дашному ҳақоратҳои дастабиринҷӣ ба суроғаи беваи Сафари Юсуф Раҳмон гуфт он шаб тамоман хоб надоштем. Аз соати ду дар ҳамин роҳ қариб ҳама гаишникҳову милисаҳо ва амниятиҳо бедор будем. Аз соати 5уним дар светофори Тангаӣ мошинҳоро якнима кардем. Мошини маҳшар дутарафа ҷамъ шуд. Гуфтанд, ки Рустами Эмомалӣ меомадааст. Аммо маълум шуд, ки духтари хурдиаш Архур шамолдиҳӣ омадааст. Соатҳои 6-и саҳар омад. Дар Архур ҷойи дамгирӣ доранд. Оби сарди бомаза дорад. Онҷо гулмоҳии дарёии хушру дорад.
Барои мардум иҷозат нест, ки он тараф равӣ. Аз зона отдихашон боло кони тилло, аз вай боло тамоман намедароӣ. Зона отдихи худашон аст. Инҳо аз оби дарё намехуранд. Отделно насосҳои калон аз даруни чанд кӯҳ об овардагианд. Моҳии дарёиро ҳам оварда дар ҳавз сар додагианд-гулмоҳӣ. Аз Покруд боло об хунук мешавад. Он тараф фароӣ дараи Варзоб мешавад. Роҳ то Покруд росту ружд аст. Аз Покруд боло бояд роҳ мешуд. Аз Покруд боло кони сурма ҳам ҳаст, ки ҳанӯз дастнахӯрда аст.
Ин шояд он ҳарфи даҳани мардум бошад. Он конеро, ки гуфтем дар Яфрак ошкор карданд, кони тилло,ки Раҳмонов ба Фарзона подарка кард, гуё 50 ба 50 бо муғулҳо ба созиш расидаанд. Чанде пеш Раҳмонов ба Муғулистон рафта буд, шояд онҷо гапашон пухта бошад.
Азизмои газетхонак Ромитро тасарруф мекунад
Баъд аз онки қадами ин оила ба Ромити нозанин расид, дигар инҳо қадам ба қадам куҳу пуштаву дараву чашмаву …хуллас, ҳама ҷои онро тасарруф ва тасоҳуб карда истодаанд.
Азизмои газетхонак, ки 7 духтару 2 бачааш балои ҷони Тоҷикистон шудаанд, заминҳои Ромитро «ай я лав» кашида гирифта истодааст.
Хуршед, ҷияни Хурсанд Мирзоева,собиқ раиси ҷамоат ва дугонаи Озода Раҳмон магазин дошт. Ин магазинро Азизмо тасарруф кард. Чи чизе муқобилат карданӣ мешавад Хуршед, ки меоянду лагадшапаш мекунанду чанд танга дар дасташ медиҳанду тамом.
Онҷоро Азизмои газетхона «рибажар»-ресторани моҳипазӣ кард. Ҳар бегоҳ аз поён масту аласт мераванд онҷо сарфи шом мекунанд. Гуфтем, ки ҷои ин Фарел-номи моҳипазхонаи Азизмо мағозаи Хуршеди бачаи Хол, бародари Хурсанд Мирзоева, раиси собиқи ҷамоат буд. Инҷоро газетхонак гирифт.
Дар шафати ин боз як магазини дигар буд, магазини кали Барис мегуфтанд. Дар параи ин магазинҳо як замини калону васеъ ҳам буд, ки соҳиби он ҳоҷӣ Баҳриддин буд. Ҳоҷӣ Баҳриддин аз хешованди Хайровҳо аст. Ҳоҷӣ Баҳриддин нақша дошт, ки дар ин замин корхонаи пахтазанак ва пиларам мекунад. Аммо Азизмо ҳамаи ин мавзеъ ду магазин ва заминҳои ҳоҷӣ Баҳриддинро пурра гирифт ва чуноне гуфтем моҳипазхона ташкил кард. Бе ягон дирам. Дар болои дарё пул рост кард, ки мустақим ба моҳихонааш меравад. Пештар круговой буд, ҳоло прямой кард. Азизмо куҷоеро хоҳад мегирад.
Заминҳои стадион буд аз дарё он тараф, ки якуним километр аз моҳихонаи Азизмо фосила дорад. Он ҷоро,ки дар лаби дарё воқеъ аст Асалбек гирифта буд, бо пули калон. Дар 200 ҳазор доллар давру бари онро девор бардошта буд. Оноҷро ҳам Азизмо кашиду гирифт. Дар лаби дарёи онҷо имконияти ташкили боз 200 ҳавзи моҳӣ вуҷуд дошт ва асосан Асалбек бо ҳамин ният замини он стадионро харида буд, ки Азизмо онро ҳам аз дасташ зада гирифт. Ягон тинаш ҳам надод.
Каме болотар мавзеъе аст ки онҷоро Ғулуғознок мегӯянд. Онҷо хеле замин аст. Мардум аз онҷо ҳезуму алаф меоварданд. Вале ҳозир тамоман мумкин нест. Моҳихонаи Азизмо ва рамаи молаш инҷоро ҳам гирифт. Падари Шоҳасан (Шоҳасан собиқ имоми масҷиди марказии Ромит) даҳмардаи онҳост. Ҳатто ба ҳамин даҳмарда дигар гап зада намешавад. Чанд вақт пеш мардум молашро бурдааст ҳамон су: «онаи шумора бу**ом, и шахсӣ аст, и замин замини шахсияй, бгрдоне молтон гуфта мардумро даҳмарда намондаст, ки бичаронанд.
Буқача ва ҷияни буқача дар Ромит чи кор мекунанд?
Як қисми мамнуъгоҳи Ромитро ҷияни вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзодаи буқача гирифтааст. Онро пештар майдони Шаҳидон мегуфтанд, баъдан ба қабристони Шаҳидон табдили ном кард. Ҷияни буқача на танҳо қабристон, заминҳои мардумро ҳам гирифт. Дар як навори рӯзномнигори ҷасур Далери Имомалӣ, ки дар зиндон аст, ёдатон бошад як нафар гуфт буд, ки наворгирӣ дар инҷо мумкин нест. Ин домоди Ҳамоиддин буд, ки он вақт мардумро барои шикоят аз ин рафтори буқача тиёқшап карда буд. Ҷияни буқача писари апааш аст. Дар навори Далери Эмомлӣ онҷоро минтақаи резервӣ гуфт буданд, аммо онро ҷияни буқача гирифта будааст.
Буқача ва қасри Қайсар
Худи Рамазон Раҳимзодаи буқача дар Қайсар ба 10 миллион доллар як истироҳатгоҳе рост кардааст. Иссиқкулу Минералние води дар пеши он чизе нестанд. Онҷо камкам дамгирӣ меравад. Қайсар аз деҳаи Хушон ва қишлоқи Девдара болотар ҷойгир шуда аст. Дар танаи як кӯҳ Шаршара ҳаст, онҷоро Қайсар мегӯянд. 5 гектар замин зиёд дорад. Ҳар як дарахтҳое овардагӣ, ки дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Дар чандин ҳазор доллар: аз Италия, аз Полша, аз Голландия, аз Туркия аз хеле кишварҳо. Ин истироҳатгоҳи шахсии генерал Рамазон Раҳимзодаи буқача аст.
Вақте ҳамон тарафҳо меравад онҷоро мебинаду маъқулаш мешавад. Дар муддати ду сол дар онҷо ин истироҳагоҳро сохту гирифт. Дар пештоқи дарвозааш истироҳатгоҳ навиштагианд. Баландии деворҳояш чор метр, паҳни деворҳо якуним. Сангҳои ороиширо аз Ашт оварда буданд. Дутарафа шкатур ва фасад задагӣ. Дар даруни он ягон 10 бустонсарои калон, бассейн, парилка, сохтаанд, ҳавзҳои гулмоҳии дарёӣ сар додагӣ. Аз Ромит 13-14 километр фосила дорад. Аз Ромит то Хушон 7 километр. Ягон нафар аз охранааш аз тарафи Ромит нест. Акнун медонен буқача читари истироҳат мекунад ва меҳмонҳояш киҳо ҳастанд?.
Рақобат барои тақарруб бо Рустам
Рақобат барои наздикӣ бо Рустам дар байни худиҳо дар ҳоли авҷгирӣ аст. Хусумат ва мунозеъаҳои баҷоӣ байни Амриддин Нақшов ва Шамсулло сахт шуда истодааст. Амриддин гуфтааст, ки «ма Шамсуллора кати Зоир ҳардуша дар я қопча клук када ме**м.
Ба наздикӣ дар як маърака шогирдони Амриддин Нақшов шогирдони Шамсуллоро чуноне задане мекунанд, ки бархеаш чанд ҳафта дар бемористон хоб мекунанд. Ягон мақомот наздик шуда наметавонад.
Аз як тараф Амриддин, бачаи холаи Рустаму ҷияни Азизмо аз дигар тараф домодҳои Раҳмонову Азизмо. Амриддин ҳамон шумораи яроқ, ки дар барнома гуфтед аз 2000 то 3000 дона автомати амрикоиву русиро ба Шугнов даровард ва дар кони тиллои Шугнов пинҳон кард. Инро Собири шогирди Амриддин гуфтааст. Амриддин гуфтааст надоел кардагианд, дар бади ҷон задагианд ин шавҳарҳову бойфрендҳои духтарҳои холаам. «И паат ҳамаи и гапзан. Исмоилша гу. Паати нимқадаи нимтиқ намедона чи хел хдша дар **ояҳои Рустам шака. Ҳаромӣ ай бизнесмено доля мегирифтай. Ранги ҳаромиҳай паат».
Тарси Ҳасани Ориёнбонк аз корхои кардагиш
Ҳасани Ориёнбонк сахт талхакаф аст. Ҳама шоҳидем, ки то нарафт Эрону ***ояҳои Бобакро набусид, ором нашуд. Аҷоибаш он аст ки Ҳасани Ориёнбонк соли охир аз фарзандон ва наздикони нафарони номдори собиқ оппозитсия, метарсад. Чи тавре, ки Зафар Назаров, писари генерал Абдулло Назар дар як маъракааш гуфтааст: «ма ба Ҳасан саволои бисёр дорм… Отаи ма вақтшда ҳамаи порученияҳои Ҳасана иҷро мекард. Вақте ки дар вилояти Суғд буд, ҳамаи бизнесора барои Ҳасан тайёр карда дод. Наркотикам бе проблема мерафт. Вақте ки отаи мара дар Бадахшон мондан, бад фаҳмидем, ки корои Ҳасан бдаст. Ҳасан отаи мара уча перевод мекна, ки командирои помирӣ намемондан наркотика. Барои Ҳасан ранги кислород и направления даркор буд. Хай корша кард, монд отаи мара. И хукуматам нақшақш буд, ки ягонта ай 30-фоизаҳо намона бояд. Отаи ма ира медонисту ҳама вақт эҳтиёт мекард. Барои чи рузе, ки отаи мара окружения кардан, отаи ма ба Ҳасан занг мезана Ҳасан ҷавоб намета. Барои чи шофири отаи ма Далер Зайниддинов катиш нарафт Бадахшон? Бади отаи мара куштан Ҳасан дарав шофири отаи мара Далера шогирди хдш кард. Чиба мара ягон бор намепурса, ки кор мекнм да ягон ҷо ё не? Як бор додарма через Далери шофири отам, ки ҳозир шогирди Ҳасанай, фарёд карду аҳволпурсӣ кард, тамом. Э,гап бисерай. Хай оли чош меомадагист», гуфтаст Зафар Назаров. Зафар Назаров дар прокуратураи Вилоятии Суғд оид ба назорати милиса кор ҳам кардагӣ аст. Албатта фармони вазифаро пас аз кушташудани падараш тақрибан ду сол пас гирифта буд. Дар кругаш чанд гапу хабарҳои дигар ҳам ҳаст,ки ҳатман аз онҳо ҳам мегуем. Зафар шикорчии хубе ҳам ҳаст ва барои шикор дар Қирғизистон ҳам сарҳадро гузашта буду боздошт ҳам шуда асту ду рӯз ҳам боздошт мешавад.
Гуловҳо ва рақобатҳои зери буриё
Диловар Гулов, бародаршавҳари Парвина Раҳмонова, зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб, келини Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон вақтҳои охир кампайдо шудааст.
Ба гуфтае Диловарро сахт предупреждение кардаанд, ки «як тина кун шин». Гуё Рустами Эмомалӣ через одамҳои Шорух сахт предупреждат кардааст.
Шорух намехоҳад, ки касе аз авлод номдор шавад. Шорух гуфтааст кадомеаш, ки баланд гап зад, ё дар ягон ҷо путат кард, сразу «мада расонен, ма Рустамда мегум, ки обу рута пеш ай президентшавит фалон хешт резондестай. Рустам ҳамики гапи президентшавира шнава, сразу алов мегира».
Шорух ҳам солҳост бо Рустам аст, любой кнопкаи Рустамро медонад. Шорух сахт Диловари Гуловро дар пеши Рустам сияҳ кардааст. Диловар Гулов инро дарак дорад. Диловар чанд рӯз пеш гуфтааст, ки «и петушарара ма сахт наказат мекнм. И кункашоли Шорух я рихай, ҳаромӣ тоқа намегарда, ки ягон ҷо да ма катиш один на один гап занм ҳаёта фаҳмонмша. Як шав дар домои ипадром қариб дарёвш кадм, ки паат тоқа набдай. Чор -панҷ питухакош писталето задагӣ катиш будан. Неки кадом рузе ҳастай ма ура меёвум».
Роҳбари Душанбе-сити «проблемний» мешавад?
Шуҳрат Солиев, роҳбари бонки Душанбе- сити солхои охир Рустами Эмомалиро бе вазелин тир зада истодааст. Тибқи маълумоти Аъзам Юлдошев, ки ҳамзамон хеши Шуҳрат Солиев мебошад, Шуҳрат кайҳо аз таҳти идораи Авесто -групп ва Рустами Эмомалӣ баромада, тамоми корҳоро бе согласованияи Рустаму Авесто групп мекунад.
Дилшод, ки дасти рости Шуҳрат Солиев мебошад ва дар Хуҷанд қарор дорад, тамоми схемаҳои чёрный бухгалтерияи Душанбе -сити ва Шуҳратро пеш мебарад. Аз ин маблағҳо ва рақамҳо касе огоҳ нест. Илова бар ин ин Дилшод мебоист муовини аввали худи Шуҳрат дар Душанбе- сити мешуд, аммо аз чи бошад, ки ин тавр нашуд. Дилшод ғайри бурдани чёрный бухгалтерия, маблағҳои калонро аз Русия қабул ва тоза кардаву биткоин карда равон мекунад. Инро касе бохабар нест.
Додоҷон дар бонки «Доро»,-ки ба Душанбе- сити тааллуқ дорад, ҳамчун исполнительный директор кор мекунад. Додоҷон тамоми фармонҳои Шуҳрат Солиевро иҷро мекунад. Шуҳрат Солиев через фирмаҳои однодневка маблағҳои калонро аз Душанбе Сити ба бонки Доро интиқол дода баъдан онҳоро ё обналичка мекунад ё инки боз биткоин. Шуҳрат Солиев маълумотҳои дурӯғ ва рақамҳои пастро дар отчетҳояш ба Авесто групп ва Рустам нишон дода, фоизҳо ва маблағҳои калонро пинҳон мекунад.
Пештар Шуҳрат Солиев хуб кор мекарду бе хиёнат, аммо солҳои охир бошад, фақат ҷамъ карда истодааст. Ҳатто он ба ном хакерский атакаҳоеро, ки чанд вақт пештар болои Душанбе-сити шуда буданд Шуҳрат ба воситаи дигар шогирдаш, ки Хусрав ном дорад ва роҳбари Ҷура –таксӣ аст, ташкил карда буд. Хусрав беҳад қаллоби гузаро ва сахт баднафс аст. Хусрав клиентҳои хориҷиро барои через Душанбе сити отмывание денег кардан меёбад. Тамоми системаҳои Душанбе-сити барои корҳои шахсии Шуҳрат Солиев кор карда истодаанд. Дар се соли охир Шуҳрат Солиев Рустами Эмомалӣ ва Авесто группро ба маблаги 13 миллион доллар фиреб додааст. Ҳол онки он маблағҳое, ки ҳақ аз ҳисоби отмывание денег буданд, беҳисоб. Шуҳрат Солиев бояд то Истиқлолият 6 миллион доллари дигар аз Тоҷикистон барорад. Ҳозир Додоҷон барои ин сахт кушиш дорад, ки кори Шуҳратро буд кунад.
«Аҷоиб. И Рустами Эмомалӣ на самом деле тупой будаст. Слишком тупой, гуфтааст Азам Юлдошеви хеши Шуҳрат Солиев. Шуҳрт Солиев дар ҳақиқат ба ягон кас подчинятся кардан намехоҳад.
Сафиалло Девонаев, яке аз домодҳои ғайрирасмӣ?
Генерал-майори милитсия Сафиалло Азизуллозода (Девонаев), ҳамоҳангсози миллии ислоҳот дар пулиси Тоҷистон аз милисаҳои баландмақом ва бособиқа дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Аммо бинобар маълумоти манобеъи мо бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ миёнаи хуб надорад. Корашон фақат ҷангу ҷангҷол аст. Ва Сафиалло вазири дохилиро признават намекардааст. Ба дасту ихтиёри Рамазон Раҳимзода буд, кайҳо як шата дар дари куни Сафиалло Азизулло мезаду «гуд бай» мегуфт. Аммо Сафиалло на он фигура ва кадре аст ки дасти Рамазон Раҳимзода ба гиребонаш бирасад, ҳатто худи «наҷотбахши сайёра ва Асосгузори Тоҷикистон» Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҷуръат намекунад, ки ӯро роҳату осон ва просто так «янима» кунад. Даркор шавад Сафиалло «на прямой» гап мезанад ва дар «қабулгоҳ» мунтазир ҳам намеистад.
Хуб, Сафиалло кист?
Сафиалло Азизуллозода , Девонаев Сафиалло Азизуллоевич ( 9 июни 1962 дар Булёни поёни Данғара таваллуд шудааст. Мактаби миёна ва донишгоҳро хатм мекунад. Дорои ду таҳсилоти олӣ: соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2001 Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро хатм намуда ва ихтисосҳои иқтисоддон ва ҳуқуқшиносро соҳиб гаштааст. Фаъолияти меҳнатиро баъди хатми Донишгоҳ аз вазифаи иқтисодчии Комбинати хизмати майишии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз намуда, солҳои 1984-1990 дар вазифаҳои мудири сектор, котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Фархор ва инструктори ЛКСМ-и Тоҷикистон фаъолият кардааст. Яъне чанд муддат ба кори комсомол-ташкилоти комунистони ҷавон ,ба корҳои сиёсӣ ҷалб мешавад.
Аз моҳи июни соли 1990 то моҳи январи соли 2011 дар вазифаҳои мухталифи ҳайати роҳбарикунандаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз ҷумла сардори милиса дар чанд шаҳру навоҳии кишвар.
Солҳои 2005-2008 намояндаи ВКД Тоҷикитсон дар Бюрои ҳамоҳангии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва ҷароими дигари СНГ дар шаҳри Маскав.
Аз соли 2008 то 2011 сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон. Аз 21 январи соли 2011 бо фармони президент сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки ин ниҳод тоза таъсис дод мешавад, таъин карда мешавад. Боз бармегардад ба ВКД ва сардори УБОП-Раёсати мубориза алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва баъди чанд соли ифои вазифа дар ин мақом сардори РМВК-Раёсати минтақаии вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт таъин мешавад. Дар шарҳи ҳолаш 5 фарзанд гуфта шудааст. Инки барои Озода ҳам ягонто дорад чизе гуфтан намешавад. Вақте Сафиалло Азизуллозода , он вақт Девонаев, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохилии Тоҷикистон буд «дар июли сол 2014 гуфта буд, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон 5 ҳолати амалиёти террористӣ пешгирӣ карда шуд. Девонаев гуфта буд, ки аз рӯи ин панҷ ҳолат 8 нафар боздошт шуданд, ки ҳадафи таркондани корхонаи алюминиюми Тоҷикистон-“ТАЛКО”, ҳукумати шаҳри Душанбе, ВКД ва додситонии шаҳрро доштаанд. Ин нафарони боздоштшуда ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, феълан тафтишоти парванда алайҳи онҳо идома дорад».
Аммо, ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст ҳиҷ касе аз ин вазорат нагуфт, ки ин нафарон, ки қасди анҷоми амалҳои террористӣ доштанд, киҳо буданду закази киро иҷро мекарданд?
«Домод-генерале», ки Раҳмонов аз ӯ метарсад
Ҳоло, ки ба шарҳи ҳоли Сафиалло Азизуллозода ошно шудед, пай бурдед, ки Сафиалло Азизуллозода дар он вазифаҳои мақомоти дохилӣ, ки ҳатман «як пояш дар Маскав аст» бештар кор кардааст. Ба таъйиди манобеъи мо ин вазифа ва мақомҳо, ки Сафиалло кор кардааст, беҷиҳат ба вай дода нашудааст ва гуфта мешавад таҳти таъсири Маскав будааст. Дар воқеъ Сафиалло Азизуллозода дар хеле аз постҳои муҳимми ин вазорат кор кардааст. Сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар ВКД, сардори Раёсати мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва сардори Раёсати минтақаӣ дар Рашт ҳам кор кардааст.
Ва, ҳоло ҳам ин генерал- майор ҳамоҳангсози миллии ислоҳот дар сохтори милисаи Тоҷикистон аст ки бештар бо берунаҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.
Сафиалло Азизуллозода писарамӯи генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон мебошад. Яъне аз клани ба истилоҳ вазндори Тоҷикистон.
Акнун паҳлуи дигари шарҳи ҳоли ин генералро бихонед.
Духтари сеюми СС. Ятимов, раиси КДАМ дар дасти бачаи Сафиаллоҳ аст. Инҳо Сафиалло ва Саймумин ҷуз онки қудоянд боз чи хеле хешутаборӣ ҳам доранд. Чун ҳарду ҳам Тоҷик нестанд.
Як духтари Сафиалло Азизуллозода арӯси калонии Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон мебошад. Ин домоди Сафиалло Азизуллозода Файзулло Бобохонов ном дошт, прокурори Ҳисор буд, писари калонии Бобоҷон Бобохонов. Ба даст афтод, суд шуд, чанд сол шишт ва баромад. Бачаи Бобохоновро дар авлоди Сафиалло Азизуллозода «аҷина» лақаб додагианд. Махсусан Зайнуллову Шарбатуллои бародарони Сафиалло Азизуллозода ӯро ҳамин тавр ном мегирифтаанд.
Зани худи Сафиалло Азизуллозода бошад ба марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва аз хешовандони Эмомалӣ Раҳмонов буда яъне дақиқтараш холабача аст. Барои ҳамин духтари дуввуми Сафиалло Азизуллозодаро ба Акбар доданд. Духтари дуюми Сафиалло Азизуллозода дар дасти Акбар аст. Акбари Асадулло, раиси ширкати истеҳсоли сементи Хуаксин ва аз рафиқони наздики Рустами Эмомалӣ.
Бубинед нуфӯзро, ки бо СС.Ятимов раиси КДАМ, Бобоҷон Бобохонов прокурори генералии собиқ, Асадулло Ғуломов муовини сарвазир ва … қудо шудан ин худаш яке аз аломатҳои нуфӯзӣ маҳсуб мешавад…
Тибқи маълумоти манобеъи мо, ки аз ҷараёноти пушти саҳна огоҳии зиёд дорад Сафиалло Азизуллозода яке аз омилони нуфузӣ, ба забони халқӣ бигӯем ҷосусҳои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон аст. Тамоми хабару маълумотҳоро бурда мерасонад. Ин манбаъ мегӯяд, ки Раҳмонов хеле вақт аст ки мехост СС. Ятимовро бигирад вале ба маҳзи фишори одамони Сафиалло Азизуллозода дар Маскав ин кор сурат нагирифта истодааст. Тамоми материалҳое, ки КДАМ, СС.Ятимов ҷамъ мекунад, аз ҷумла компроматҳои бисёр ҷиддӣ барои оилаи Раҳмонов тавассути Сафиалло Азизуллозода ба Маскав но чакондаву норезонида пурра расонида мешавад.
Регулятори омилони нуфузии Кремлин дар Тоҷикистон қаблан Шералӣ Хайруллоев буд, ҳоло ин масъулият ба дӯши Сафиалло Азизуллозода гузошта шудааст. Ин манбаъи мо тазаккур медиҳад, ки ҳамин Акбари Асадуллозода, раиси Хуаксинсемент, ки дар «круги Рустам» аст, низ ҷосуси Русия аст ва пуштибону муттакои асосии он маҳз Сафиалло Азизуллозодаи хусураш мебошад.
Бинобар маълумотҳо ҳамон навори видеоӣ, ки Шорух Саид чанд духтари украиниро мекушад дар дасти Сафиалло буд, ки онро ба идораҳои дахлдори Русия расонидааст.
Гуфта мешавад, ки тамоми авлоди Раҳмонов аз Сафиалло Азизуллозода сахт метарсанд.
Шералӣ Хайруллоев, писарамак ва протежеи Сафиалло Азизуллозода солҳо одам ва ҷосуси Русия дар ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҳар чизе Русия мегуфт, онро иҷро мекард. Раҳмоновро зиёд гӯш намекард. Ӯро аз давраи шӯравӣ тайёр карда будаанд.
Дар шуълавар шудани ҷанги шаҳрвандӣ ва аланга додани он Шералӣ Хайруллоев нақши калон дорад. Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон плани Русия буд ва Шералӣ Хайруллоев аз иҷрогарони асосии он аст. Ҳозир дар нафақа аст. Беш аз бист сол дар ҳукумати Раҳмонов вазири мудофиа ва боз чандин сол мушовири давлатӣ дар умури амният ва дифоъ буд. Раҳмонов то ва баъди Шералӣ Хайруллоевро ба нафақа гусел намудан як чунин мушовири давлатӣ дар умури амният надошт. Ин вазифаро барои Шералӣ Хайруллоев бо фишор ва таъкиди Кремлин ташкил карда буд.
Маҳз Шералӣ Хайруллоев ҷанги ҳукумат дар соли 2012 дар Бадахшон ва инчунин дар бархурди ҳукумат дар дараи Камаробро ташкил карда буд. Ин ҳама барномаи русҳо буд. Раҳмонов то ҳоло аз оилаи Шералӣ Хайруллоев-Девонаевҳо метарсад.
Аммо Шералӣ Хайруллоев тоҷикҳоро бад мебинад, ҳақорат мекунад. Чунки инҳо тоҷик нестанд. Инҳо худашонро турк мегиранд. Мегӯянд мо туркем.
Дар давоми кори Шералӣ Хайруллоев дар вазорати мудофиа ягон генерали тоҷик набуд. Мумкин як- ду нафар бошад. Дар ин муддат зиёда аз сад нафар афсар, ки дар Русия хонданд, хешу табор ва аз авлоди Шералӣ Хайруллоеванд. Набераҳову бачаҳову ҷиянҳояшон ҳама дар Русия хондаанд. Бачаҳои хоҳару апаҳо, бачаҳои Сафиаллоҳу Зайнулло, Амрулло ва Шарбатулло, бародарони Сафиалло Азизуллозода аз тарафи вазорати дифои Тоҷикистон дар Русия хондагианд.
Инҳо барои Тоҷикистон барои садсолаҳо план доранд ва ин планҳоро Русия мекашад. Ин авлод через хадамоти ҷосусии Русия кор кардаанду кор мекунанд.
Инҳо ҳамаашон шаҳрванди Русианд. Соли 2000 Сафиалло Азизуллозодаро худи сафири Русия шаҳрвандӣ дод. Шералӣ Хайрулло ҳам шаҳрвандии Русияро дорад ва аз Русия нафақаи калон ҳам мегирад. Барои Шералӣ Хайруллоев дар Одинсовои Маскав русҳо як бустонсаро-дачаи бо тамоми шароит ва як квартира дар Брилёво туҳфа кардагианд.
Раҳмонов инҳоро ҳеҷ кор карда наметавонад. Агарчи маълумоти пурра ва мувассақ дорад, ки инҳо чи касонеанд. Баракс Шарбатуллои бародари Сафиалло Азизуллозода дар чандин навоҳии ҷануби Тоҷикистон аз ҷумла Вахш ва Восеъ раис буд.
Манбаъи мо мегӯяд, ки Сафиалло Азизуллозода тавассути кадоме аз генералҳои вазорати мудофиаи Русия бо Сергей Кириенко, муовини маъмурияти Раёсати ҷумҳурии Русия ва аз афроди наздик ва таъсиргузори В.Путин ошноӣ ва рафтуомад дорад.
Ин шиносоии Сафиалло Азизуллозода бо Сергей Кириенко баъди ба қудрат омадани Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев дар Қирғизистон тақвият ёфт. Кириенко ҳар ду моҳ пас Иссиқкул истироҳат меояд. Дар ҷараёни ин сафарҳо Сафиалло Азизуллозода ҳам, ки аз қабл бо Қамчибек Тошиев, собиқ раиси КДАМи Қирғизистон ошно буд, бештар бо ҳам наздик мешаванд. Сафиалло Азизуллозода яке аз мафиозҳои калони Тоҷикистон аст. Вай қисмате аз транзити маводи мухаддири Афғонистонро контрол мекунад. Сафиалло Азизуллозода бо ҳамдастии Қамчибек Тошиев қисмате аз перевозкаву контроли наркотики Афғонистон дар марзро аз дасти оилаи Раҳмонов гирифтааст. Ба ин кор дар Тоҷикистон чанд гурӯҳи наздики Оила ва асосан Зоир Соҳибови мундуқи домоди калонии Раҳмонов машғул аст. Ҷойи тайники маводи мухаддири Сафиалло Азизуллозода Хабаровский кладбиша будааст. Як нафар аз курйерҳои Зоир Соҳибовро дар Алтайский край чанд вақт пеш қапиданд, ки баъдтар маълум мешавад, кори дасти Сафиалло Азизуллозода будааст.
Ва, ҳоло акнун биёем бар сари «домоди ғайрирасмӣ» будани Сафиалло Азизуллозода. Манбаъи мо мегӯяд, ки Сафиалло Азизуллозода яке аз муқаррибони наздики Озода Раҳмонова, сардори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст: «Инҳо чанд сол шуд ҳамин хеланд. Аз ин кор, то ҷое медонам, Раҳмонов бохабар аст. Аммо, мисли онки розӣ аст. Чизе намегӯяд. Худи Раҳмонов солҳои пеш бо духтари Шералӣ Хайруллоев Диана «роман» дошт ва фарзанд ҳам дорад Диана аз Эмомалӣ Раҳмонов ва барои ҳамин Диана дар сохторҳои низомии СНГ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад».
Ва нуктаи охир. Дар шарҳи ҳоли Сафиалло Азизуллозода дар баъзе аз расонаҳои русӣ ӯро «таджикский государственный деятель» ҳам муаррифӣ мекунанд. Акнун диққат диҳед,ки ин клани Девонаевҳо ё ҳамин Сафиалло Азизуллозода чи қадар шахсияти нуфузӣ дар системаи низомӣ дар кишвар аст. Мефаҳмед чи қадар ин система зери назорати Кремлин қарор дорад?
Пасгуфтори Ислоҳ: давлат дар дасти кист?
Ба як нуктаи бисёр муҳим диққат диҳед: нуфуз танҳо бо рутбаи генералӣ, вазифаи давлатӣ ё шумораи муҳофизон муайян намешавад. Яке аз нишонаҳои асосии нуфуз дар низомҳои хонаводагӣ — шабакаи қудоӣ ва хешутаборӣ бо соҳибони мансабҳои калидӣ аст.
Тибқи маълумоти манбаъҳои мо, хонаводаи Сафиалло Азизуллозода бо доираҳои Саймумин Ятимов — раиси КДАМ, Бобоҷон Бобохонов — прокурори генералии собиқ, Асадулло Ғуломов — муовини аввали пешини сарвазир, Шералӣ Хайруллоев — вазири собиқи мудофиа ва дигар намояндагони бонуфузи низом робитаҳои қудоӣ ва хонаводагӣ барқарор кардааст.
Бубинед, ин дигар як хешутабории одӣ нест. Вақте як хонавода ҳамзамон ба ҳалқаҳои амниятӣ, додситонӣ, ҳукумат ва сохторҳои низомӣ роҳ меёбад, он ба шабакаи мустақили қудрат табдил мешавад. Чунин шабака метавонад дар таъйини кадрҳо, ҳифзи манфиатҳои гурӯҳӣ, пешгирӣ аз бозпурсӣ ва безарар кардани рақибон нақши ҷиддӣ дошта бошад.
Саволи асосӣ ҳамин аст: Сафиалло Азизуллозода ба воситаи ин қудоиҳо соҳибнуфуз шуд ё маҳз ба сабаби нуфузаш ҳама мехостанд бо ӯ қудо шаванд?
Дар ҳар ду ҳолат натиҷа як аст: мо бо як генерали маъмулӣ рӯ ба рӯ нестем. Сухан аз шахсе меравад, ки риштаҳои хонаводагии ӯ ба чанд сутуни муҳими низом пайваст мешаванд. Тибқи маълумоти манбаъҳои мо дар бораи робитаҳои ӯ бо доираҳои нуфӯзии Русия ин хело нуктаи муҳим аст. Ин шабака танҳо дохилӣ нест…
Дар ин сурат масъала дигар танҳо сарнавишти як генерал ё як «домоди ғайрирасмӣ» нест. Масъала ин аст, ки тасмимҳои муҳими Тоҷикистон дар куҷо ва аз ҷониби кӣ гирифта мешаванд? Дар Душанбе — аз тарафи мақомоти расмӣ? Дар дохили ҳалқаҳои қудоӣ ва авлодӣ? Ё бо назардошти ирода ва манфиатҳои Кремл?
Солҳо боз сохторҳои муҳими амниятӣ ва низомии Тоҷикистон бо Русия робитаи амиқ доранд. Аммо робита бо вобастагӣ як чиз нест. Бо вуҷуди ин, маҷмӯи робитаҳои хонаводагӣ, ҳифзи мутақобили мансабдорон ва иддаоҳо дар бораи пуштибонии Маскав саволи бисёр ҷиддиро ба миён мегузорад:
Оё Тоҷикистонро ниҳодҳои давлатӣ идора мекунанд, ё шабакаҳое, ки як нӯги онҳо дар Душанбе ва нӯги дигарашон дар Кремл аст?
Агар як генерал тавонад бо раҳбарони амният, додситонӣ, ҳукумат ва низомиён пайванди хонаводагӣ барқарор кунад, аз барканорӣ эмин бимонад ва ҳатто доираи ҳоким аз ӯ ҳисоб барад, пас ӯ танҳо як мансабдор нест — ӯ метавонад маркази алоҳидаи нуфуз бошад.
Пас, «Семейка»-ро дар асл кӣ идора мекунад: Рустам, генералҳои қудошуда ё Кремл?
Мо ҳукми ниҳоӣ содир намекунем. Аммо ин риштаҳоро бояд як ба як пайгирӣ кард, зеро маҳз дар паси чунин қудоиҳо, таъйинотҳо ва ҳимоятҳои пинҳонӣ симои воқеии қудрат намоён мешавад. Ислоҳ ин қазияро сахт дунбол мекунад , то сари нахро пайдо ва ба миллат бозгӯ намояд…
