Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №373

Ислоҳ нет

Аз Исфара, Волгоград ва Хоруғ ин навбат номаҳои хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» дар барнома ҷой гирифтанд.

Муаллифи мо аз Исфара дар номааш аз фасоди ахлоқи ҷомеа, бахусус аз арақхӯрии занҳо изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст. Дар ин нома аз чанд мавриде зикр мешавад, ки занҳои тоҷик дар ҳолати мастӣ одам куштаанд.

Хабарнигори ҷамъиятии мо аз Волгоград ин бор як мақолаеро аз сомонаи «Ҷумҳурият» интихоб кардааст, ки дар ин навишта масъалаи одоби муоширати таксистҳои пойтахт ба баррасӣ гирифта шудааст. Муаллифи ин матлаб як ҳолати конкретиро овардааст, ки ронандаи Ҷӯра таксӣ бисёр ҳам дағалу дурушт бо худи вай бархурд кардааст.

 Номае, ки аз Хоруғ омадааст дар бораи марги Алишер Мирзонабот, корномаи пур аз хиёнати вай ба мардуми Помир ва муносибати Раҳмонов ба афроде мисли Мирзонабот, ки бо вуҷуди изҳори вафои сагона  дар ҷанозааш иштирок накард, суҳбат мекунад.

                      Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худо кунад, ки ҳамеша дар роҳи муборизаи ҳақ бар ботил ҳамин гуна устувор ва собит бошед.

 Рости гап чандин вақт шуд, ки ба сабаби гирифториҳои зиндагӣ бароятон навишта натавонистам.

Чанд рӯзи пеш дар фесбук як моҷарои як ҳодисаи нангинеро хондам. Як зани 34 сола як марди 61 соларо дар ҳолати мастӣ бо корди ошхона зада куштааст. Ин ҳодиса дар Душанбе рӯй додааст. Ба навиштаи «Азия плюс» кормандони шӯъбаи дуввуми милисаи ноҳияи Фирдавсии Душанбе «дар гармогармӣ  ҷинояти одамкушӣ»-ро ошкор ва шаҳрванд Шарофати Ҷамолиддин соли таваллудаш 1992 –ро дастгир кардаанд.

 Бинбар ин навишта «Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурда бо марҳум Иноятов А, сокини 61 солаи шаҳри Душанбе муносибати маҳрамона дошта, шаби 13 июни соли 2026 дар манзили иҷоравии худ воқеъ  дар кучаи Назрибеков ба истеъмоли нушокиҳои спиртӣ машғул шудаанд». Дар хабар омадааст, ки байнашон муноқиша сар мезанад ва ин зан бо истифода аз корди ошхонагӣ ба узвҳои гуногуни бадани марҳум зарба зада «бо як бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст». Милиса ин кушторро дар ҳақиқат дуруст «куштори бераҳмона» таъбир кардааст»

Бародар Муҳаммадиқбол ин хабар ҳоло мағзи сарамро раҳо накарда буд, ки боз хабари дигарро хондам, ки дар он ҳам як хонум бародари худро дар ҳолати мастӣ зада мекушад.

  Ин ҳодиса 12 июн дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ рӯй медиҳад.

  Мунира Андаеваи 30 сола бародараш Равшани 35 соларо дар ҳолати мастӣ бо болғаи резинӣ аввал зада беҳуш мекунад ва сипас ба саҳни ҳавли кашола карда бароварда бо сементблок зада мекушад.

Навори оперативии ин ҳодисаро, ки милиса нашр кард, дидам. Ин зан мегӯяд, ки бо модару (тасаввур кунед бо модар)-у бародараш арақ мехурдаанд, ки гапаш бо бародараш мегурезад. Мегӯяд, ки аввал бародараш пиёлаи арақро ба тарафаш мепартояд ва ин духтар ҷароҳат мебардорад ва сипас бо болға ва баъд бо хишти сементӣ зада ӯро мекушад.

Чанд вақт пештар, ду  сол буд ба назарам як зани дигари маст, ки бо марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон алоқаи маҳрамона доштааст «аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, охиронро бо таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ду маротиба ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст».

Бародар Муҳаммадиқбол!

Маро тарзи рафтору одоби духтарҳои тоҷик бисёр ҳам  ба андеша мебарад. Чаро занҳои тоҷик дар як муддати кутоҳ тағйир карданд. Тамоман дигар шуданд.

Зани тоҷик арақхӯр, зани тоҷик нашъаманд, зани тоҷик майзада. Зани тоҷик арақ хӯрда маст шуда мардро зада кушт.Охир, магар ин ҳама фоҷиаи миллат нест?

Ман чи гуфтаниам? Гуфтаниам, кимайзадаву майхора шудани зани тоҷик  фоҷеа барои миллат аст. Чунин ҳолат ва тамоюл, дар ҳеҷ даврони пешин вуҷуд надошт. Дар замони собиқ шӯравӣ ҳам буд, аммо андаки занон майхора буданд. Бовар кунед, ки дар кӯчаҳои шаҳрҳо  духтарҳоро дар ҳолати мастӣ мебинем ва вақте сухан гуфтани онҳоро мешунавем, шарми кас меояд, ки то ин ҳад қимату шарафи худро ба замин задаанд». Ҳамаи ин  аз чи далолат мекунад?Аввал ин аст ки дар фуруши машрубот контрол нест. Дигар инки занҳои тоҷик, ки муҳоҷирати корӣ мераванд, аз онҷо ингуна одатҳои зиштро ёд мегиранд. Ҳатто модарҳо аз майнӯшиву беҷогардии духтаронашон ба мақомот шикоят мекунанд.

Аммо сабаби асосии ин ҳама бадбахтӣ сиёсати динзудоӣ ва исломбадбинии Раҳмонов аст.

Вақте тарси аз Худо кушта ва берун аз қалби инсон ва бахусус зан мешавад, ба як нафари беимон, нобовар ва бевиҷдон ва ба як ҳаюлло табдил мешавад. Дар он дискотекаҳо маълум аст ки вазъу ҳол чи гуна аст.  

 Раҳмонов мехоҳад ҳамаи занҳо мисли Озода, мисли Тахмина, мисли Парвина ва мисли дигар духтарҳои худи вай бошанд. Занҳоро аз ислом дур кард, аз рафтан ба масҷид манъ кард, дар хона таълими динӣ гирифтанро манъ кард, сатрашонро аз сарашон гирифт, баракс онҳоро ба дискотекаву дигар корҳои зишт савқ дод. Хуллас, коре кард, ки ба чунин рӯзҳо гирифтор шудем. Дар Исфара чанд нафар аз ҳоҷиҳоро, ки чойхонаи ҳалолу покиза доштанд маҷбур карданд, ки арақ фурӯшанд. Дар деҳаҳои дурдаст дискотека кушода ахлоқу одоб ва урфу одатҳои миллиро несту маҳв карда истодаанд. Вақте зан арақхӯру нашъаманд мешавад, вақте зан дискотека ба дискотека мегардад вай чи фарзанде тарбия мекунад. Ин Раҳмонов бар решаи генофонди миллат табар зада истодааст.

Дар ҳамон хабаре, ки сайти Азия плюс чоп кардааст, дар зери он як нафар хонанда чунин коммент навишта аст ки ҳақ асту рост.

«Тавба кардам ин занҳо девона шудаанд ё дигар кор надоранд, ки имӯз пас ба паси якдигар ба ҷиноятҳои мудҳиш даст зада истодаанд.

Шароб нанӯшида заҳра нӯшед баъзе занҳои беҳаё!

Номи зани тоҷикро паст мезанед…Беҳтар мешуд саргарм аз паи дарёфти нони ҳалол ва тарбияи фрзандон мешудед»

          Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин боз ҳам ман ҳастам, ки аз Волгоград бароятон менависам. Чанд муддат, ки нанавиштам барои он буд, ки дар ватан, Тоҷикистони азизамон будам. Аёдати хешу табор рафта будам.

Ҳоло боз баргаштам ба мулки рус. Ин бор аз «Ҷумҳурият» бароятон як матлабро интихоб намудам, ки воқеан ҳам дар як масъалаи дар назари аввал на он қадар муҳим, аммо бисёр ҳам актуалӣ ва ҷиддӣ навишта шудааст. Дар бораи одобу муносибати таксиҳои Душанбе. Ин навишта таҳти унвони «“JURA”. ТАКСИ ДАР НУФУЗИ РӮЗАФЗУНИ ПОЙТАХТ БОЯД САҲМГУЗОР БОШАД, НА БАРЪАКС!» аз 30 июн 2026, дар сомонаи ин нашрия дарҷ шудааст, ки ба қалами  Моҳира Сангмаҳмадзода, корманди худи ин газета тааллуқ дорад.

Ин навишта барои он таваҷҷуҳи маро ҷалб намуд, ки худам ҳам бо мушкилоти муносибати дағалонаи таксисте дар Душанбе дучор шудам. Мақола як каме муфассал аст, барои ҳамин ман ҷойҳои лозимиашро инҷо иқтибос меоварам:

  «Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои рӯзмарра пайваста шикоятҳои шаҳрвандон, бахусус аз фаъолияти ронандагони ширкати мусофиркашонии «Ҷура», ба мушоҳида мерасанд. Аз муносибати дағалона то риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ ва саркашӣ аз иҷрои талаботи одии муштариён – ҳамаи ин ба мавзуи доимии баҳсу нигаронии ҷомеа табдил ёфтааст.
Таассуфовар он аст, ки имрӯзҳо, вақте мусофир бо ронандаи бофарҳанг ва хушмуомила дучор меояд, шод мешавад, гӯё бо воқеаи нодире рӯ ба рӯ гардида бошад. Ҳол он ки чунин муносибат бояд меъёр бошад, на бозёфт.

Рӯзе, ҳангоми нисфирӯзӣ, ба такси (рақами давлатиаш 8274ТТ09) нишастам. Ҳаво хеле гарм буд. Дар дохили мошин на танҳо кондитсионер фаъол набуд, балки ҳаво аз бӯи арақ ва нос вазнину тоқатфарсо менамуд. Бо эҳтиром аз ронанда хоҳиш кардам, ки кондитсионерро фаъол кунад. Ӯ ҷавоб дод: «Ман бо кондитсионер кор карда наметавонам, ба саломатиям  зарар дорад».
Азбаски нишастан дар дохили мошин душвор буд, бори дигар хоҳиш кардам. Ин дафъа ронанда бо оҳанги эътирозомез гуфт: «Ту дар ресторан шиштаӣ, ки кондитсионер талаб мекунӣ?».
Дар ҷараёни ин гуфтугӯ ронанда дар даҳонаш нос, ҳангоми сухан гуфтан қатраҳои оби даҳонаш ба ҳаво пош мехӯрданд. Вақте хоҳиш кардам, ки аввал носро туф карда, баъд суҳбат кунад, ҷавобаш боз ҳам дағалтар шуд: «На кондитсионер мемонам, на носамро туф мекунам. Агар маъқул набошад, аз мошинам фаро».
Ман ҳамчун муштарӣ танҳо талаботи муқаррариро талаб кардам, на чизи зиёдатӣ ва на хизматрасонии дараҷаи олӣ. Аммо чунин муносибат нишон медиҳад, ки ронандагон ҳанӯз дарк накардаанд: онҳо ба муштарӣ хизмат мерасонанд, на баръакс.
Чаро мусофире, ки барои хизматрасонӣ маблағ пардохт мекунад, бояд чунин муносибатро таҳаммул намояд? Оё ронанда ҳақ дорад, ки муштариро худсарона таҳқир кунад?»

То инки дар бораи ончики бо худи ман руй дод ҳарфе бизанам,гуфтаниам, ки бубинед, ки ронанда бо муштарӣ ва он ҳам як зан чи гуна муносибат кардааст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки ба маҳзи пули ҳамин муштарӣ ин таксист касби рӯзӣ мекунад. Иллати чунин бехудӣ ва бадахлоқии ин таксист дар он аст ки муштариҳои дигар ба кори вай эрод нагирифтаанд ва вай аз сари худ рафтааст.

Ин ҳодиса бо худи ман ҳам руй дод. Вақте аз таксии Ҷура поин мешудам ва аз бағоҷи вай борҳоям «хариди бозорро»  мегирифтам бисёр ҳам дағалона гап зад. Маро мегуяд, ки э, ака зуд бигиршон. Вақтум нестай. Я ту нестӣ. Ма боз клиент бояд барум. Мара падару модар ва бачаҳом дар Кулоб пул ждат дорун. Чи иқа ранги рус кашолуш медиҳӣ»?

Таксист бо ман чунин гап зад. Маълум буд, ки хамбидагӣ, одоби муошират ва шаҳрро ёд нагирифтааст. Дар ҳоле, ки ман се сомонӣ бақияро нагирифта будам».

Ва ҳоло давоми иқтибосҳо аз он матлаб:

«Мутаассифона, масъала танҳо ба рафтори дур аз одоб ва этикаи хизматрасонӣ маҳдуд намешавад. Мушкил, ҳамчунин, дар набудани назорати муассир, омӯзиши касбӣ ва татбиқи стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ мебошад.
Дар ин замина, саволҳои мантиқӣ ба миён меоянд: оё барои ронандагон қоидаҳои ҳатмии хизматрасонӣ вуҷуд доранд? Оё онҳо омӯзиши фарҳанги муошират мегузаранд? Оё шикоятҳои шаҳрвандон баррасӣ мешаванд? Ва оё барои муносибати дағалона ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Агар чунин механизмҳо самаранок фаъолият мекарданд, эҳтимол шумораи шикоятҳо ба ин дараҷа зиёд намешуд ва ширкати «Ҷура» низ метавонист дар байни аҳолӣ эътимоди бештар ба даст оварад».


Ман ба унвони як тоҷике, ки солҳои зиёдест дар муҳоҷират қарор дорам ва худам ҳам дар Волгоград чанд муддат таксӣ задаам, ба ин пешниҳодҳо саддарсад розиам. Ва пешниҳоди дигари муаллиф, ки мегӯяд «фаъолияти ронандаи такси аз баҳогузории муштариён вобаста аст. Агар мусофирон пайваста аз кори ӯ норозӣ бошанд, ширкат ҳамкориро қатъ мекунад. Аз ҳамин сабаб, ронандагон манфиатдоранд, ки бо муштариён муносибати эҳтиромона дошта бошанд. Татбиқи чунин таҷриба дар кишвари мо низ метавонад натиҷаҳои мусбат диҳад.
Ҳамзамон, барои беҳтар намудани вазъ, андешидани тадбирҳои зерин зарур ба назар мерасад: якум, таҳияи Кодекси ягонаи хизматрасонӣ барои ҳамаи ронандагон; дуюм, манъи қатъии истифодаи нос, сигор ва дигар одатҳои зиддибеҳдоштӣ ҳангоми хизматрасонӣ; сеюм, ҷорӣ намудани низоми муассири қабул ва назорати шикоятҳои шаҳрвандон; чорум, омӯзиши ҳатмии одоби муошират ва хизматрасонӣ; панҷум, баҳогузории фаъолияти ронандагон аз ҷониби мусофирон; шашум, ҳавасмандгардонии ронандагони намунавӣ ва татбиқи чораҳои интизомӣ нисбат ба ронандагоне, ки талаботи хизматрасониро риоя намекунанд; ҳафтум, тақвияти назорати мақомоти дахлдор аз болои сифати хизматрасонии такси»,бояд чунин механизмҳо ҷорӣ кард шаванд

Ҳозир, чуноне мушоҳида кардам ҳамарӯза садҳои ҷаҳонгардй сайёҳи хориҷӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Агар онҳо бо чунин муносибат ва муоширати таксиҳо мувоҷеҳ шаванд на фақат дигар намеоянд, балки дигрҳоро ҳам ташвиқ мекунанд, ки ба Тоҷикистон наоянд.

Барои ҳамин зарару зиёни чунин таксиҳо фақат маънавӣ нест,моддӣ ҳам ҳаст.

                      Хоруғ

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Хоруғ ин номаро мефиристам. Хабар доред, ки ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баъди ду ҳафта ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо ва 30-юми июн дар Рӯшон дафн карданд.   

Бародар, дар бораи иллати марги Мирзонабот –автоаварияи вай дар Хоруғ овозаҳо зиёд аст. Ман дар ҳамин бора ва умуман дар бораи Алишер Мирзонабот навиштаниам.

Ман аввал дар бораи як нафаре, ки эҳтимол меравад дар ҷойи Мирзонабот оваранд, яъне дар бораи Суризода Носир Мурод мехоҳам ду ҷумла гап занам. Ин ҳам мисли Мирзонабот як лаганбардору шестеркаи Раҳмонов ва ҳукумати вай аст, балки бадтар аз вай аст. Суризода Носир Мурод  4 июни соли 1982 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Аз моҳи январи соли 2024 то ҳол дар мансаби Раиси ноҳияи Хуросон кор мекунад.

Дар автобиографияи Суризода, ки чоп шуд, бисёр гапҳои дурӯғ навиштаанд. Ба назарам автобиографияи касеро бо автобиографияи Суризода перепутат кардаанд.

Якум ин аст ки вай дар ҳақиқат босавод ва начитанний аст, аммо чор забонро намедонад. Вай русиро дуруст намедонад, аз куҷо боз чор забон?

Суризодаро Алишер Мирзонабот раиси Хуросон монд. Барои онки Мирзонабот бо Суризода ҷураи наздики наздик буданд. Мирзонабот ҳар ҳафта меомад ба хонаи инҳо ва ташкилихурӣ мерафтанд. Суризодаро  Мирзонабот аз Хоруғ гурезонд.

Носирро дар хонааш вақте аз кор омад, бачаҳо сахт латукуб карданд.

 Бачаҳои Хоруғ ӯро ҳаминқадар заданд, ки қариб мекуштанаш. Носир Суризода аз кор мебиёяд, дар ванна ё дар куҷои дигар будаст, ки дар знг мезанад. Занаш дарро нигаҳ нокарда боз мекунад. Бачаҳо медароянду таги мушту лагад мегиранд, мезананд. Занаш милисаҳоро фарёд мекунад. Кам монда будааст, ки бимирад.Чунки Суризода дар ҳамон ҷанги 2021 бачаҳоро бисёр ғам дод, фурӯхт.

Баъди ин ҳодиса Мирзонаботу Носир ҳамаи бачаҳои он кучаро тюрма карданд. Ин медонист, ки як рӯз, не як рӯз, як шаб не як шаб луқмаи хом мешавад. Чунки ин дар интервюҳояш гуфт, ки бачаҳои Помир террористанд, экстремистанд.

Суризода дар қишлоқҳо ҳам бачаҳоро мешинохт. Ҳар рӯз бачаҳоро амният мегирифт, фарёд мекарданд, пакой надоданд.

Ҳар вақте туй мешуд Суризода сразу милисаҳоро ройӣ мекунад ба хонаи туйдор ва штрафашон мекунад. Ё ки ягон кас арақ мехурд, ё ягон камтар гап мешавад дар қишлоқ сраза амниятиҳо меоянд. Хуллас, беҳад ғам дод.

Суризода дар Хоруғ ҳамаро мешиносад чунки онҷо хондааст. Махсусан бачаҳои варзишкор ва соҳиби мақому гапи худро мешиносад.

Хешу таборҳои Суризода, масалан акаву додаронаш ва хоҳаронаш дар Русияанд.

 Як вақт Суризодаро занг зада гуфтаанд, ки туро як шаб не як шаб бо семяат  чораатонро мебинем. Ин гурехт. Инро Мирзонабот аз инҷо гурезонд.

Баъд, бачаҳо ӯро гуфтанд куҷое гурезӣ нагурезӣ ҳукмат содир шудагӣ приговорот баромадагӣ.

Инро як додараш дар Москва буд, апаи калониаш дар Владимирский област хона дорад бо кудаку шавҳараш дар Русия зиндагӣ мекунад. Бачаҳо гуфтанд, ки масалаи додаратро мебинем ягон рӯз.

Ин як Мирзонаботи дигар аст. Инҳо чор акаву додаранд. Суризода дар армия хизмат кардагӣ нест. Танҳо додари хурдиашон дар хизмат буду тамом -Ғуломҷон.

Носир даже дари военний частро дидагӣ нест.

Ними хешу табори худаш аз ҷумла Ораз Вазирбеки голубоглази хоруғиро ҳамин фурухт. Модари Ораз ва падари Носир сахт хеши наздик-холабачанд. Падари Носир ҳозир мурдаи рӯи ҷо аст.Ҷасади зинда, мурдаи ба қабр нобурда. Панҷум моҳ аст ки рӯи ҷо, бо нафаси сунъӣ, бо кислород. Маскав пеши духтаронаш буд, вазнин шуд бурданаш.

 Ҳар дафъа касал ё мурда дар байни мардум шавад, сум ҷамъ мекунему роҳӣ мекунем. Барои вай касе сум ҷамъ накард. Ягон инсон аз қишлоқ ин корро накард.

Носир барои падараш пул надод вале дар Душанбе хона харид.

 Ва, акнун меоем ба сари Алишер Мирзонабот. Дар таърихи Помир ягон раиси он мисли Мирзонабот (мардум ӯро Мирзогавно мегуфтанд) ба мардуми худаш хиёнат накардааст.

Вақте хабари ба Панҷ афтодани мошинаш расид хешонаш ҷамъ шуда гуфтанд, ки мо ҷасадро мекобем, мардум ҳам ҳамроҳамон мекобад. Вале ҳеҷ кас нарафт. Чунки вай тарафи халқ набуд. Вай гумоштаи ҳукумат буд, ҳукумате, ки аз рӯзи аввали омаданаш то ҳоло мардуми моро кушта истодааст. Вақте дар ҳукумат фаҳмиданд, ки мардум намеравад, гуфтанд, ки наковед, наравед, одамҳои махсус ҳастанд, кофта истодаанд. Аммо ин барои он буд, ки диданд халқ намеравад.

Алишер Мирзонабот кореро ба Раҳмонов ва ҳукумати вай кард, ки дар соли 1992 Раҳмонов барои русҳо ва узбекҳо карда буд. Тамоми элитаи илми тоҷик рӯ ба фирор овард: Қаноат, Гулрухсор, Бозор Собир, Лоиқ. Боевикҳои сарвайрони Фронти халқӣ Гулрухсорро куштанӣ шуданд. Бозор Собирро Раҳмонов тюрма кард. Нисфи халқ ба Афғонистон гурехт, нисфаш дар чор тарафи олам. Мирзонабот ҳам анйи ин хиёнатро ба помириҳо кард. Помириҳоро кушт, султа ва ҳокимияти Фронти халқиро баъди сӣ сол, ки мо помириҳо ба гардан нагирифта будем, болои мо бо зур ҷорӣ кард. Роҳро барои ҳукумати Раҳмонов барои ғасбу истилои Помир ва шикастани ирода ва муқовимату истодагарии мардум ҳамин Мирзонабот ҳамвор кард. Ҳозир нисфи мардуми Помир овораву гуреза даҳҳо нафар куштаву садҳо тан дар зиндонҳои Раҳмонованд. Ана ҳамин аст натиҷаи хиёнати Мирзонабот. Раҳмонов худаш эътироф кард, ки безараргардонии помириҳоро, яъне куштори онҳоро худаш шахсан фармон додааст. Маҳз ана ҳамин Мирзонабот буд, ки  туфангу камону шамшеру корди қабилаи Раҳмоновро бо хуни помириҳо сероб кард. Хулоса, ки Алишер Мирзонабот халқи худашро фурӯхт. Вай аз нақшаҳои Раҳмонов на фақат бохабар буд, балки дар саркӯбу қатли мардуми худаш бо аҷнабиҳои Раҳмонов ҳамдаст ва шарик шуд. Ин нақшаҳо ҳнӯз дар давраи Ёдгор Файз кашида шуд буданд, аммо Ёдгор Файз ба унвони як помирии асил пеши роҳи онро гирифт, нагузошт.

Ҳоло акнун ин овозҳо ҳм ҳст, ки дар Душанбе барои Мирзонабот вазифаи баландтар ҷойи Ятимовро доданӣ будаанд. Барои ҳамин гуё, ки одамҳои СС.Ятимов мошини ӯро тир задаанд. Ман, рости гап, намедонам, ки ин гап воқеият дорад ё не. Вале инки Мирзонабот барои Раҳмонов аз саг ҳам вафодортар буд, инаш воқеият аст.

Чизи дигар ин аст ки ронандаи Мирзонабот то се моҳи пеш дигар кас буд. Се моҳ пеш ронандаи мошини хидматии Алишер Мирзонабот корро қатъ кард. Он ронанда ҷиянаш буд. Сино, ронандаи Мирзонабот, ки дар ин садама кушта гардид, ронандаи професионал буд ва ин роҳро, ки гуё  аз беэҳтиёти ба сутун бархӯрдааст, мисли панҷ-панҷааш медонист ва имкон надошт, ки дар як ҷои шикаст ва хавфнок суръати мошинро афзуда бошад.

Ростӣ гап аз ин ҳодисаи омада ба сари Мирзонабот хеле аз мардуми Бадахшон изҳори хушҳолӣ ва қаноат карданд. Инро бояд дарк кард.

Очаи Саъдоншо (мушовири Мирзонабот, ки ҳамроҳаш ғарқ шуд) гиря дорад, ки «ин падарлаънат бачаи маро ҳам ҳамроҳаш бурд». Бечора ҳолу аҳволаш беҳад бад аст. Дар Шохдара зиндагӣ мекунад. Воқеиятро пинҳон доштанд ва гуфтанд, ки як мошини военний омадаву гуё лоб на лоб зад ва ин мошин ғалтидааст дар дарё

Ин бечора бовар кардаст.

 Ва дар охир чи гуфтаниам? Бубинед, ки дар ҷанозаи Алишери Мирзонабот, ки раиси вилояти калонтарин, муовини раиси Маҷлиси миллӣ ва аз содиқтаринҳои Раҳмонов буд ҳеҷ яке аз Раҳмонов наомад. Ҳадди ақал Рустам наомад, дар ҳоле, ки Мирзонабот муовини аввали Рустам буд.

Раҳмонов инно лиллоҳ нагуфт, як дақиқа хомуш истод. Гуё ягон ғайридин, ғайримусулмон мурда бошад. Раҳмонов барои ҷанозаи Алии Хоманаӣ Эрон рафта тавонист, аммо Хоруғ наомад. Дар ҳоле, ки Мирзонабот барояш хизматеро кард, ки сӣ сол худаш натавониста буд. Путин дар маросими дафни Сергей Иванов, вазири он ҳам пешини ҳукуматаш иштирок кард ва тамоми расми ҷанозаро иҷро кард. Бо пайвандони Иванов шахсан изҳори ҳамдардӣ ва таслият кард. Ана ин аст посухи Раҳмонов ба нафари ғайриоилааш. Алишер Мирзонабот барои Раҳмонов як материал буд, ки расход шуд, тамом. Аз ҳаминҷо буд, ки мардуми Помир дар ҷанозаи Мирзонабот наомаданд.Ҷанозаи Мамадбоқирро ёд доред? Дар хонаҳо одам намонд. Ҳарчи пиру ҷавону марду зан, наварусу домод духтару кампир, кӯдакҳо аз паси тобуташ баромаданд. Аммо инҷо ин тавр набуд. Сарбозу милисаву чанд нафар мансабдор, Мисли тобутҳои замони Ковид гуронида шуд Алишер Мирзонаботи навкари Раҳмонов.

Share This Article