Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№383

Ислоҳ нет

Кулоб, Ваҳдат ва Нуробод. Ин бор аз ҳамин шаҳр ва ноҳияҳои кишварамон номаҳои шуморо, ки дар навбат буданд, барои барнома омода ва инак пешкаши шумо намудем.

Муаллифони номаҳо аз Ваҳдат ва Нуробод қабл аз ин ҳам борҳо барои мо навишта буданд.

Муаллифи ромитии мо (Ваҳдат) мегӯяд, ки кофтукови «номанавис» ба «Ислоҳ» брои мақомоти ин шаҳр ба масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ, муҳим ва асосӣ бадал шудааст. Як нафар аз кормандони милиса гуфтааст, ки сардори милисаи Ваҳдат ба зердастонаш гуфтааст, ки ҳарчи зудтр биёбед, дар байни мардум овоза андозед, ки барои ёфтани нафари ба «Ислоҳ»  менавистагӣ ҷоизаи пулӣ дода мешавад.

Нависандаи нома аз Нуробод мегӯяд, ки Сиёвуши амниятӣ амалан раиси ноҳияи Нуробод аст. Ҳатто ба масъалаи кумак барои онҳо, ки хонаҳояшон барои ҳавзи Роғун зери об меравад, шарик мешавад ва аз онҳо, ки замин ва участка мегиранд доля мегирад.

Аз Кулоб, аз Офтоблиқо низ муаллифи ҳамешагии мо навиштааст. Вай дар бораи мушкилоти деҳа ва шаҳрашон мегӯяд. Номи чанде аз бузҳоро ҳам ошкор кардааст.

        Ваҳдат (Ромит ) 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!  Ифшои вазъияти ҳавзҳои моҳии Азизмои газетхонак ба воситаи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мақомотро дар шаҳри Ваҳдат девона кардааст. Як хеши дурамон, ки дар ШВКД-Ваҳдат кор мекунад, гуфт ҳар рӯз дар ҷаласаи пагоҳирӯзии шуъбаи милиса саволи аввали сардори милиса ҳамин аст ки ягон нафар подозрителнийро ёфтед ё не?

Чунки бинобар маълумотҳо Азизмои газетхонак аз чунин ранг гирифтани кор, яъне нашру пахши маълумот дар бораи ҳавзҳои моҳиҳояш ва махсусан касал шудани онҳо ва беҳад хафа шудааст ва супориш додааст, ки нависандаро зуд пайдо кунанд. Барои ҳамин ҳозир дар отдели милисаи Ваҳдат масъалаи рақами як ёфтани муаллифи номаҳо ба «Ислоҳ»  аст. Ман, муаллифи ин номаҳо ҳам дар Русияам ва ҳам дар худи Ромит. Ба мақомоти Тоҷикистон гуфтаниам, ки боз наравед ягон камбағалро номанавис муаррифӣ кунеду ҷинояткораш гӯед.

Шумо аз баҳри кофтукови «нависанда» бароед. Ёфта наметавонед. Вай дар онҷо нест. Ягон беимони худобехабарат ин корро накунад. Касеро ҳам бурдед, боз видео яъне маълумотҳои Ромит дар «Ислоҳ» мебарояд. Ку, бубинем, ягон кор аз дастатон меояд ё не.

1 Рустами гункак 

2 Озодаи қил 

3 Бачаи Сабзӣ-Шорух шодигул 

4 СС-и махуф 

5 Рамазон Раҳимзодаи буқача

6 Ҳабибулло Воҳидзода. Ин корро накунед. Нафари бегуноҳеро бурда зиндон накунед. Ин ҳамаро ман навишта истодаам. Хабарнигори махсус (собкорр)-и «Ислоҳ»  дар Ваҳдат.

Одили Ромити кист? 

 Одили ромитӣ тағои зани Хушбахти бачаи Рустами Давлатмурод аст. Одил бе хона буд, бо зани Наврузи хайрулбашар қапиданаш. Одил аз ҳамон қишлоқи Пойнов хона ва замин харид, ними пулашро дод нимаш қарз буд. 

Пулро дода натавонист. Зани Одили ромитӣ як бадроҳа буд. Бояд чи хеле кунад хонаро, ҳавлиро бе пул гирад. Бачаашро худаш кушт, мактаб хон буд, аммо бори Ҳабиб карданд. Аввал бачаашро кушт ва баъд дар дор кашид. Ӯро ба суд доданду хонаро бе пул гирифтанд. Зани Одили ромитиро кормандони буқача метозанд. Ҳама ин вазъиятро медонад.  

Лекин намедонам, ки Одили ромитӣ медонад, ки бачаашро занаш кушт. Он бечораи Ҳабиб не пул гирифт даже мондагии хонааш, ҳавлиашро фурухт. 

Одили ромитӣ мардумро бо протсент қарз медод, бачаҳои ҷавонро. Боз ҳамон пулро ҳамроҳашон беваву қартабозӣ мерафт. Беномусиву беимонӣ аз ин намегузарад.

Лекин намедонам кори Одили ромитиро кӣ ҳал кард? Мумкин парени занаш ҳал кард, ё ягон одами дигар.     

Хуллас, ҳамин кор шуд.

 Аммо дар бораи ҳавзҳои гулмоҳиҳои Азизмои газетхонак ҳаминро бояд бигӯям, ки ҳаррӯз коргарҳоро пурсида истодаанд, ки кӣ маълумотҳоро роҳӣ кард?

 Муҳтарам Азизмоҳи газетхонак хафа шудааст, дастур додааст, ки биёбед.

Ва маълумоти дигар. Дар кони тилои Пакруд ҳар бегаҳ барои хитоиҳо арус мебаранд, ҳатто духтарони аз 18 сола поин ва толибаҳои мактабхонро. Боз  аз кадом интерант ҳам духтарҳоро мебаранд.

              Нуробод 

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Боз аз ноҳия Нуробод менависам. Дар ҷамоатҳои Нуробод ҳама дар даводави замин тақсимкунӣ. Раисони ҷамоатҳо ва қишлоқҳои зери об мондаи Роғун одамоне, ки таға доранду пул доранд одамҳои камбағалро аз руйхати ҷамоат аз руйхати замин тақсимкунӣ хат мезананд. Одамоне, ки ба раисони ҷамотҳо пул медиҳанд номашонро менависанд. Ин кори амният аст. Мебинад руйхати ҷамоатро, ки кадом одам камбағал ё ҳеҷ шинос надорад аз руйхат хат мезананд. Вақте шикоят мекунӣ гапро тоб дода бо туҳмату буҳтон шантаж карда мегӯяд, ки «ту хоинӣ, ки гап мезанӣ ё шмоҳоро махсус Муҳаммадиқбол ёд додааст, ки гап занед».

Дар ин кори ҷамоат Сиёвуш ва дигар ҳамкораш Беҳрузи тегирмичи, ки машғуланд, одамеро хизмат нарафта бошад, заминаш намедиҳанд.

Агар хоҳӣ пулро ба Беҳрузи тегирмичигӣ медиҳӣ вай ба Сиёвуши амният медиҳад, баъд номатро дар китоби  замин тақсимкунӣ менависанд. Раиси ноҳияи мо муҳтарам Солеҳзода Фатҳуддин аз қафои шикори кабк ва картошкачинӣ мебошад. Раисони ҷамоатҳо ва Сиёвуши амният аз мардуми Нуробод пул гирифта бояд ба наздики замин тақсим кунанд. Дар ду ҷой замин ҷудо карда шудааст: Файзобод ва райони нав. Агар Файзобод хоҳӣ пули бисёртар медиҳӣ, агар райони нав 5 ҳазор сомонӣ. Агар надиҳӣ пул номат нест. Ҳозир ҳамакораи Нуробод Сиёвуш шудааст. Тавба. Амният ба тақсимоти замин чи кор дорад?

 Раиси ҷангал агар аз ҷангал ҳезум карданӣ бошӣ бояд аз Сиёвуш иҷозат гирӣ, агар маъракаи туй дошта бошӣ аз Сиёвуш иҷозат бояд гирӣ. Раиси танзим шудааст ин Сиёвуш. Сиёвуш худашро дар райони куҳна раиси ноҳия кардааст. Ҳама чиро аз Сиёвуш иҷозат бояд гирӣ. Хатиб бояд бо иҷозати Сиёвуш амри маъруф кунад. Агар ҷамоат рави Сиёвуш ҳамонҷо бошад, кабинет дорад, бояд баланд гап назанӣ. Агар риш дошта бошиву чашмаш афтад вой бар ҳолат. Аз риш ва аз тоқӣ нафрат дорад.

  Сиёвуш тарафи як одам гуфтааст Ҳайдарро Муҳаммадиқбол ва «Ислоҳ»  аз вазифа гирифтанд. (Ҳайдар амниятии пешина  буд). Боз гуфтааст, ки Ҳайдарро ман гирифтам:- бисёри бад масҷидҳоро кушод, нафоридма, дарав ба боло гуфтам, масалаша диданд». Ҳозир Ҳайдар замбурпарварӣ дорад.

Раиси ноҳия Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин дар маҷлисаш гуфтааст, ки «чи гапай ин қадар Нуробод дар «Ислоҳ»? Мара ай боло занг задан гуфтан Нуробод звездай Номаҳо аз ноҳияҳо шудаст. Медонам ҳамаш дуруғ лекин пешгирӣ кунед. Тарафи 6-ой отдел ва амнияти райони нав гуфтааст, ки «масалашро бинед, бисёр бад гузаронд. Аз даруни амният ҳаст ё 6 отдел кобед».

Эй, Солеҳзода Фатҳуддин мо дар наздики худат ҳастем. Солеҳзода ҳар номае навиштам дуруғ нест. Порагирӣ давом дорад. Духтурҳо пули назначенийро 30 сомонӣ карданд. Як печате, ки дар коғази барои кудакҳои синфи якум мезананд- 30 сомонӣ. Боз кадомаш дуруғ?

  Шафоатова Зарина ҳамон корашро карда истодааст, Қосимов Иброҳим ҳамон хел пора гирифта гашта истодааст. Як кудаке, ки дасташро ҳалол мекунад (дар қонуни хатна бе пул аст) аммо Қосимов Иброҳим 700 сомонӣ мегирад? Магар ҳамин гапҳо дуруғ аст? Мо ҳамаро гуфтем. Ту бошӣ мегуӣ дуруғ аст. Гапат дар Сиёвуши амният намегузарад. Ту фақат гапатро ба тарафи бечораи модарат мезанӣ, тарафи модарат дод мезанӣ. Ин хел накун Солеҳзода. Модаратро ҳурмат кун, насиҳатҳои бачаи амакатро гуш кун- Суҳбатро, Хушнудро ҳам гуш кун. Хушнуди хешатон мегуяд, ки ин хоинҳо бе коранд, аз дасташон ҳиҷ чиз намеояд. Аммо дониста бош, ки  навиштаҳо ҳамааш дар таърих мемонад. Мардуми Нуробод ҳамааш тамошо мекунанд, аммо аз тарси амният ва 6-ой отдел хомушанд.

 Домулло як рӯз як писар дар пеши бозори райони куҳна тилфонашро тарафи Сиёвуши амният мегардонад. Он бача бо як хешаш дар видеовизов гап зада истода будааст. Сиёвуши амният фарёдаш мекунаду мегуяд ту маро сурат мегирӣ ва ба«Ислоҳ» мепартоӣ? Писар мегуяд, ки ман бо як хешамон гап зада истодаам. Тавба ин Сиёвуш дар хобаш «Ислоҳ»-ро мебинад, кадоме сурати маро ба «Ислоҳ»  напартояд гуфта метарсад.

Э,раиси ноҳия –Солеҳзода- як бор ба мардуми Яхак таваҷҷуҳ кун. Бечораҳо пулашонро оби Сурхоб зад. Мардуми Яхак аз муҳоҷирон ва халқ пул пурсида гаштаанд. Мемурӣ саҳми худатро расонӣ, аз ҳисоби бюҷети ноҳия маблағ ҷудо намоӣ?

  Охир то кай муҳоҷирон пул партоянд? Ту Солеҳзода Фатҳуддин ба Рустами Эмомалӣ нома навис, гуй кумак кунад, мардуми Яхакро. Аз мардуми камбағал пул талбида истодааст, барои онки пул (купурук)-и Яхакро рост кунад. Ҳукумати Нуробод мурдааст, ки аз мардуми камбағал металабед.

 Дар Нуробод фақат рейди тилфонкобӣ ва рейди риш рафта истодааст, тамом.  Зулми амният, зулми 6 –ой отдел, порагирӣ давом дорад. Лекин аз ҳамаи ин пора гириву ришвахорӣ раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин дарак дорад, аммо пешгирӣ намекунад, ман ҳайрон мемонам. Майлаш аз амният метарсӣ Солеҳзода Фатҳуддин аз 6 –ой отдел метарсӣ Солеҳзода Фатҳуддин аз духтурҳо, аз раисони ҷамоат ва аз раиси шуғли аҳолӣ аз кумитаи замин, аз андоз метарсӣ, гапат намегузарад. Дар ҷоят Саидраҳмони бачаи тағоиятро мон ё Хушнуди хешатонро мон, ки вазифаро иҷро кунад ё вазифаро бисупор.

Ба номи Аллоҳ қасам ягон кина ягон бахилӣ надорам. Мехоҳам ранги раиси пешин Зиёрати Саъдулло бошӣ. Порагирро медид «ҷошда» аз вазифа мегирифт ва он порагир дигар дар вазифа кор карда наметавонист. Ту бошӣ порагирҳоро аз вазифа мегириву дигар вазифаи болотар мемонӣ. Ту аҷоиб раиси ноҳияӣ. Ин чи ҳол аст дар Нуробод. Аз рӯзе, ту раиси ноҳия шудӣ, порагирӣ ба авҷи аъло расид.

Барои онҳо муҳоҷирони корӣ не пули муҳоҷирони корӣ даркор аст. Вақте аз Русия меоянд дррав Сиёвуши амнияӣ фарёдашон мекунад:

 «Канӣ тилфонат, ку «Ислоҳ»  тамошо кардаӣ ё Гуруҳи 24 тамошо кардаӣ: 6-ой отдел ҳам ҳамин хел. Аз раисони маҳала мепурсанд, ки аз Русия омадаӣ номерҳояшро роҳӣ кун. Баъд занг мезананд: «ту расияда будӣ, риш доштӣ, «Ислоҳ»  тамошо мекардӣ» ва агар гап гардонӣ хоини милат вале агар акаҷон гуиву муомила кунӣ 3000 сомонӣ медиҳӣ ҷавоб. Ин кори 6 отдели Нуробод. Баъди он Сиёвуш фарёд мекунад ва айнан ҳамин хел пул меканад. Кисаат холӣ мешавад, боз Русия меоӣ.

Солеҳзода Фатҳуддин, раиси ноҳия Нуробод ҳарруз ба ҳамин роҳҳо мегузарӣ, мемурӣ асфалт кунӣ. То ба кай пули муҳочирон металабӣ? Бечораҳои ин ғарибон дар Русия ҳол надоранд, бозТоҷикистон меоянд, амният фишор меорад, 6-ой отдел фишор меорад. Пулашон ба инҳо беҳад даркору лекин дар азоб бечораҳо. Ман худам моҳи май омадам аз Русия, 6 -отдел фарёд кард ту «Ислоҳ» тамошо мекунӣ? Гуфтам намешиносам. Хулласи гап якчи додему халос шудем.

Боз бузичаҳои Сиёвуш мефурушанд, ки аз Русия одами нав омадааст. Ва Сиёвуш даъват карда телефонро проверка мекунад.

Солеҳзода Фатҳуддин талбандагиро бас кун, аз бюҷети ноҳия роҳи райони куҳнаро обод кун. Мардуми Яхакро як бор хабар намегирӣ, мардуми райони куҳнаро писанд намекунӣ. Бевазанҳоро замин ваъда кардаӣ, аммо то ҳоло ягон хабар нест. Як бевазан гуфт як сол мешавад Солеҳзода Фатҳуддин ваъдаамон кард, ки заминатон медиҳам лекин ягон касро замин надоданд. Дида мебароем гуфта тамом фиреб карда гаштааст. Ба гуфти шофиёраш баъди раиси ноҳия боз вазир мешидай ин Солеҳзода. Гуё  Рустам ваъдааш кардааст. Солеҳзода бевазанҳоро фреб кардӣ. Писароне, ки хизмат равон кардӣ, гуфтӣ замин медиҳам фиребшон кардӣ, ин қадар дуруғ мегуӣ. Боз худатро намозхон мегирӣ. Ҳайфи падару модаре, ки туро тарбия карданд. Ту модари худатро аҳамият намедиҳӣ, модарони дигар касро аз куҷо ҳурмат мекунӣ? Мардуми Нурободро ин қадар фиреб накун Солеҳзодаи картошка.

Картошка дар Душанбе 4 сомонӣ, дар Нуробод 6 сомонӣ. Солеҳзода ин чи кори кардгиат аст? Картошкаҳоро ба Рустам роҳӣ кардӣ?

  Домулло, илтимос нашр кунед!

Ин ҳама дарди дили мардуми Нуробод аст.

              Кулоб

Ассалому алайкум ба тамоми халқи тоҷик, салом именно ба акаи Муҳаммадиқбол. Аллоҳ ҷазои хайраш бидиҳад. Ман аз деҳаи Офтоблиқо шаҳри Кулоб. Ман аз ҳаминҷо, аз ҳамин деҳа истода мушкилоти деҳар гуфта истодаам. Як қисмаш бартараф мешавад, қисми дигараш ҳамн тавр дар ҷояш истодагӣ. Аз он ҷумла ман сар мекунам аз Набиев Ҷамшед. Мо чандин маротиба дар бораи ин шахс навишта будем. Ин шахс, ҳар гоҳ, ки номаш мебарояд ба гуфтаи худаш меравад пулро медиҳад боз аз об хушк мебарояд. Боз меояд худашро таъриф мекунад. Боз меояд дар пеши бачаҳо, дар круг мешинад, мегӯяд, ки кадоме аз ҳамин қишлоқ маро навишта истодааст, ман фалону беҳмадонаш мекунам.

 Мо моҳона аз суми свет  зиёдтар суми об месупорем. Оби мо, ки кадом хайрхоҳе ёрдам кард-закоти молашро дар ин деҳа сарф карда обро кашида оварда дар дари ҳар хона муҳайё кард. Аммо ин Ҷамшеди водоканал суиистифода карда онро ба баланси водоканал гузаронд.

Мо дар тобистон беҳад азоби беобиро мекашем. Ҳамаи халқро об намерасад. Як соат, ду  дар як сутка, баъзан як рӯз, ду рӯз об намешавад. Халқи деҳа пул ҷамъ карда дополнителний шланг кашида истодааст. Беш аз 8-10 000 сомонӣ халқи деҳа пул ҷамъ карда чуқурии барои ин шлангро канда истодааст. Ҷамшед танҳо шланг харид. Бояд ҳамаи расход:- чуқурӣ шлангу дигарашро водоканал кунад. Суистифода мекунад аммо сумро дар ҷеб мекунад. Чуқуриро халқ канд.

  Аз ҳар мушкилоте, ки аз ин деҳа мо гап мезанем Ҷамшед мебарад пулро месупорад, ҷонашро халос мекунад. Барои онки пул ҳаст, система хоб мекунад.

Дар бораи шогирди Ҷамшед Мулло Олим гап зада будем, ки суми зиёдатӣ мечинад. Мулло Олим «агар сад бошад, сӣ сум бте туғриш мекунам, 50 сум бте туғриш мекунам, ай 50, 30 сум 20 чект мекунад мондагиашродар кисааш мезанад. Ҳозир дар хонаи худм омадак биё ягон сум метем туғрӣ мекунем меравад, э и хелае, э бе биё ягон сум мекунем мегаву камаш мекунем мегаву неки  ҳозир ай ақибум одамай»

Олим кам-кам метарсад. Лекин ҳатман корашро карда истодааст. Ҳоло ҳам кору борашро карда истодааст. Олимро ҳозир ҳам картаашро проверка карда истодаанд. Коррупсия картаашро проверка карда истодааст

Коррупсионерҳои Тоҷикистон ба ҳамаатон мерасонам, ки Олим бисёр вақт дар картааш мегузаронд, ҳозр бошад наличи гирифта истодааст. Наличи доказат нест. Халқро бисёр истифода бурда истодааст. Як вақтҳо Муллоолимро давлний зада буд, мазааш набуд. Дар ҷояш дигар шахс мебаромад. Чи хеле, ки дар вақти дигар шахс баромадан дар ҷои Мулло олим оби мо камтарак мешуд. Дар Мулло Олим 100-150 мешуд, дар ин шахс  50-60 сомонӣ мешавад. Барои онки Муллоолим пешакӣ меояд, учетчикҳои оби мо дар берун аст онҳоро ҳуй карда худаш ҳама контролро мекунад, баъд хонаро фарёд мекунад. Вай тоб медиҳад, чи коре мекунад, Худо медонаду худаш медонад.

Дар бораи Шарифи раиси маҳалла. Шариф ҳам беҳад қасами зиёд хурда истодааст. Дар пеши худам қасам хӯрда истодааст, ки ман фалонбеҳмадон мекунам, одамҳое,к и мана менависанд дар «Ислоҳ».

Шариф бародар худат дар пеши бачаҳо қасам хурдӣ, ман ҳамаатонро ака гуфта гап мезанам, лекин падаронатон ҳамсину соли мананд. Ба ҳамин хотир бародар қасам нахур, дашном накун, лучши ислоҳ кун худатро. Чи кору боре ҳаст худатонро ислоҳ кунед.

Дар бораи духтари Ҳақназар Ғоиб— директори мактаб, чандин маротиба навишта будем, ки пули моҳона, пули ремонти мактаб, пули рӯзнома, пули журнал, пули китоб, пули ҳамаи чи пули парда, пули обуна, ки вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки ягон пули иловагӣ дар мактаб супоридан мумкин нест, қатъиян манъ, бе ғайр аз пули дарси иловагӣ. Аммо муаллима Ғоибова то ҳозира пули моҳона аз он ҷумла сари ҳар талабае 50 -60 сомонӣ пули ремонти мактаб ҷамъ кард. Ҳамин сол сари ҳар як талаба, дар мактаб 800 талаба зиёд аст.

Дар бораи бузҳои деҳа гап мезанам. Буз дар деҳа беҳад бисёр шудааст. Аз одам дида буз бисёр аст. Ҳамаи таксиҳои мо бузанд. Ман инҷо се-чор фоизи бузҳоро руихат кардам. Ҳамаатонро нагуфтам. Барои онки ислоҳ шавед. Ман аз тани шумо шарм мкунам

Дар инҷо хонумҳо буз, бисёр занҳо, духтарҳо, келинҳо студенткаҳо буз шудаанд. Аз мардҳо дида занҳо бузи болаёқатанд

Бародарҳо, одамҳоеро, ки номашонро мегирам аз онҳо эҳтиёт шавед. Онҳо бузҳои ботаҷрибаанд:

Саидҷамол бачаи Авғон, Алиев Фирӯз, Алиев Хуршед, Алиев Хисрав-се бародар. Шоҳназари таксӣ. Аммо падаараш чени мо инсони хуб аст.

Раҷабалӣ,  Алибобо, Парвиз Умаров, Намоз Бедилов, Ҳабибулло, Мирзо бачаи Абдурасул, Наҷибулло, Озар набераи Ҳақназар Ғоиб, Бедилов Нур, Абубакр писари Рамазони магазинчӣ, Зебуниссо бо духтаронаш  Гулрухсор ва Беназир, Баҳодури Сайла Неъмати Казаков бо писараш Шоҳ, Ҷалилов Қудрат, Зиёвуддин, Наврузи милиса, беҳад бузи маккор, Фируз бачаи Бегаҳмади раҳматӣ. Навруз бачаи Бегаҳмад, Тофиқ, Файзиддин бачаи Мирзомурод, Ризо, Шараф, ҳоҷӣ Баротиразвал, падараш инсони хуб аст, Суҳайлӣ, Зинг, набераи Қурбон ва Ёралӣ, Ҳусниддин, бачаи мулло Зайндидин, Саидҷони таксӣ, Туйчӣ таксӣ, Музаффари Бозоралӣ, Анвари Ятим, Гопали Ятим, ду бародар, БедиловАслӣ, НабиевХуршед, Набиев Ҷамшед, Набиев Рустам-се бародар Самандари бонкир, Суҳроби бачаи Юсуф.

Ин як руихати хурди бузҳои деҳаи мо аст. Ман назоратродавом медиҳам. Ман ҳаррӯз дар ҳаминҷоям. Ҳар рӯз бйни халқи худам мегардам, агар ислоҳ нашаванд духтарҳои студент келинҳои шавҳардор, ки беҳад бисёранд, занҳои наберадор, мусафедҳоро номашонро нагирифтам. Аммо дар оянда ислоҳ нашавед номҳоятонро ба «Ислоҳ» мефиристам.

Дар деҳаи мо 5-6 точкае ҳаст, ки халқ ҷамъ мешавад, халқи бекор ва дар бораи шумо ва «Ислоҳ» гап мезананд. Беҳад аз шумо бародар Муҳаммадиқбол миннатдоранд. Дар ҳақи ҳамон шахси ба шумо ҳамин номаро нависонда беҳад раҳмат гуфтанд, ки ҳақиқатҳоро мерасонад. Худам дар байни ҳамонҳоям гуш карда, гуш карда баъд ана ба шумо мегӯям, ки раҳмат ҳам шуморо ҳам мани қаламбадастро гуфтанд.

Дар пеши магазини Рамазон меистанд,ҳамааш мегӯянд, ки ҳақиқат. Вале бузҳо ҳалаҳала мекунанд, ки агар одамҳо сар кунанду бандаи холисе қуш шавад баъд дар қапқон биғалтад. Ба ҳамон хотир бародарҳо дар ин хел кругҳо эҳтиёт кунед. Дар байни ин кругҳо, ки дар пеши магазини Шодӣ меистанд, дар Хирман меистанду қартаву қиморбозӣ мекунанд, дар ҳамон боло, дар пеши магазини муаллими Давлат меистанд, дар пеши магазини Орзу меистанд, дар лави канал пеши Садик меистанд, дар лаби канал пеши хонаи шоир Ҳақназар Ғоиб меистанд, дар пеши хонаи мулло Шамсидин меисатнд, дар пеши хонаи як бузи дигар Неъмати Казаков меистанд. Хуллас дар ҳамон кругҳо аввал ҳама раҳмат мегӯянд, ки « ина резултат шудестай» вале дар бйни онҳо бузҳо ҳастанд.

Аксарияти ин бузҳо беҳуҷҷати ронандагӣ мошин меронанду мегардонанд. Чунки удостворенияи нештатникӣ доранд. Бештари таксистҳо ҳуҷҷат надоранд.

Туйчи надорад, Шоҳназар надорад, боқимондааш ҳам надорад. Барои онки инҳо ба милисаҳо бузӣ мекунанд, милисаҳо инҳоро ҳимоят мекунанд.

Ва, як маълумоти дигарро аз қавли як муаллим мерасонам. Ин муаллим гуфт, ки махинатсияҳои мактабро медонам. Дар ҳоли ҳозир мактаб бояд ошхона дошта бошад ва аз синфи 1 то 4 -ро хурок диҳад аз ҳисоби давлат. Аммо намедиҳанд. Пуле, ки ҷудо мешавад барои хурок директори мактаб Ҳақназарова Шамсия духтари Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб покиза он маблағро медуздад. Ҳатман аз натиҷаи нома ба «Ислоҳ» менависам ва боз огоҳ мекунам чи гап шуд. Ин ҳама маълумоте додам куҷош дурӯғ аст? Ҳамааш воқеъияти ҳол аст. Мардуми Офтоблиқо шумо ҳам чизе мебинен нависен ин деҳаи ман нест , аз шумо ҳам ҳаст!

Share This Article