Рӯза дар чанд сатр
(бахши аввал)
Таърифи савм (рўза)
Маънои савм дар луғат, мутлақан аз ягон чиз боз истоданро мегўянд. Масалан вақте ягон шахс аз таъом хўрдан ва сухан кардан боз истад ва сухан нагўяду таъом нахўрад, ин шахсро дар назди аҳли луғат соим (рўзадор) мегўянд. Аммо маънояш дар шариъати Ислом ва дар назди фуқаҳои шаръ ин аст: – Савм (рўза) бозистодан аст аз хўрдану ошомидан ва аз дигар талаззузот дар тўли як рўзи комил – яъне, аз баромадани фаҷри содиқ то ғуруби офтоб бо шартҳое, ки дар оянда зикрашон менамоем.
Мазҳаби Ҳанафӣ ва Ҳанбалӣ(раҳ) бар ин таъриф иттифоқ доранд, аммо мазҳаби Моликӣ ва Шофиъӣ(раҳ) дар охири ин таърифот ниятро фарз дониста қайд кардаанд.
Нияти рўза дар мазҳаби Ҳанафӣ ва Ҳанбалӣ(раҳ) аз рукни савм (рўза) нест, аз ин хотир ният дар таърифи назди ин ду Имоми бузург дохил намешавад, лекин ногуфта намонад, ки нияти савм(рўза) дар назди пайравони ин ду мазҳаб, Ҳанафӣ ва Ҳанбалӣ(раҳ) шарти лозимист, ки бе ният савмаш (рўзааш) бекор мебошад. Ин ҷо дар таърифи савм, фарқияти байни мазҳаби Ҳанафӣ ва Ҳанбалӣ(раҳ) ва Моликӣ ва Шофиъӣ(раҳ) фалсафаи фиқҳӣ мебошад, яъне, фарқ дар лафз асту бас, ки инро соҳибилмон хуб дарк мекунанд.
Тақсимоти Рӯза
Дар тақсимоти савм (рўза) байни мазҳабҳо ихтилоф аст. Аввал ин, ки мазҳаби Моликӣ ва Шофиъӣ ва Ҳанбалӣ (раҳ) бар ин қавл иттифоқ доранд, ки савм (рўза) чаҳор қисм мебошад:
Якумаш рўзаи фарз:
– Монанди рўзаи моҳи рамазон дар ҳоли адо бошад ё дар ҳоли қазо.
Дуввумаш рўзаи Суннат аст.
Сеюмаш рўзаи ҳаром аст.
Чорумаш рўзаи макрўҳ аст.
Аммо дар мазҳаби Имом Абуҳанифа(раҳ), савм (рўза) ба якчанд қисм тақсим мешавад ва онро аз ду назар баён менамоем.
Назари гурўҳи аввал, ки савм (рўза) дар назди эшон ҳашт қисм мебошад:
Аввал:
– Рўзаи фарзӣ, ки фарзи муаян бошад, монанди рўзаи моҳи рамазон аз рўи адо дар вақташ.
Дуввум:
– Рўзаи фарзӣ, ки фарзи ғайри муаян бошад, монанди рўзаи моҳи рамазон аз рўи қазо дар ғайри вақташ.
Масалан шахсеро, ки рўзаи моҳи рамазон комилан ё баъзеаш аз ў фавт шавад, бар ў лозим нест, ки дар вақти хос ё дар вақти муаян қазояшро бидорад.
Рўзаи каффорот низ инчунин аст, чунки ин ҳам фарзи муаян нест.
Сеюм:
– Рўзаи воҷиби муаян, монанди назри муаян.
Чорум:
– Рўзаи воҷиби ғайри муаян, монанди назри мутлақ.
Панҷум:
– Рўзаи нафл.
Шашум:
– Рўзаи маснун, яъне суннат.
Ҳафтум:
– Рўзаи мустаҳаб.
Ҳаштум:
– Рўзаи макрўҳи танзиҳӣ ва таҳримӣ.
Назари гурўҳи дуввум, ки савм (рўза) дар назди эшон ҳафт қисм мебошад, чунин аст.
Аввал:
– Фарзи муаян ва он ҳамонест, ки вақти хос дошта бошад, монанди рўзаи моҳи рамазон аз рўи адо ва рўзаи назри муаян.
Дуввум:
– Фарзи ғайри муаян ва он ҳамонест, ки вақти хос надошта бошад, монанди рўзаи моҳи рамазон аз рўи қазо ва рўзаи назри ғайри муаян.
Севвум:
– Воҷиб ва ин рўзаи нафл аст, ки дар он шурўъ карда сипас қатъаш мекунад.
Масалан шахсе мехоҳад, ки рўзи панҷшанберо рўза гирад ва феълан ҳам дар он шурўъ кард, пас бар ў воҷиб аст, ки ба итмом бирасонад, зеро агар рўзаи он рўзро ифтор кунад гирифтори исму ҷурм (гуноҳ) мешавад ва бар ў воҷиб аст қазо доштанаш.
Ва ҳамчунин ҳукм дорад рўзаи эътикофи ғайри манзўр, чунки ин низ воҷиб аст.
Чаҳорум:
– Рўзаи ҳаром.
Панҷум:
– Рўзаи маснун, яъне суннат.
Шашум:
– Рўзаи нафл.
Ҳафтум:
– Рўзаи макрўҳ.
Ҳоло бошад мо барои хонандагони азизамон баёни рўзаҳои зикршударо ба тартиб баён хоҳем кард.
Қисми якум – рўзаи фарз:
– Чуноне, ки гуфта шуд, рўзаи фарзӣ, ин рўзаи моҳи шарифи рамазон мебошад дар вақташ, яъне дар моҳи шарифи рамазон ва ҳукмаш бошад фарз аст.
Далелаш аз Қуръон чунинаст, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:
« یا أیها الذین ءامنوا كتب عليكم الصيام كما كتب على الذين من قبلكم لعلكم تتقون »
«Эй касоне, ки имон овардаед лозим карда шуд бар шумо рўзадоштан, чунончи лозим карда шуд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, то бошад, ки парҳезгорӣ кунед ».
(Сураи Бақара, ояти 183)
Ва дар ҷои дигар Худованди бузург мефармояд:
« شهر رمضان الذي أنزل فيه القرأن هدى للناس و بينات من الهدى و الفرقان
فمن شهد منكم الشهر فليصمه »
«Моҳи рамазон он аст, ки фуруд оварда шуд дар вай Қурон, роҳнамой барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва аз ҷудо кардани ҳақ ва ботил, пас ҳар ки дарёбад аз шумо он моҳро пас албатта рўза дорад онро».
(Сураи Бақара, ояти 185)
Ва ҳадиси Паёмбари акрам(с) чунин аст, ки мефармояд:
« بنی الاسلام على خمس: شهادة أن لا اله الا الله و أن محمدا رسول الله، و اقام الصلاة،
و ايتاء الزكاة، و صوم رمضان ، و حج البيت » رواه البخاري، و مسلم
«Пайдоишу бунёди Ислом бар панҷ чиз аст.
Якум:
– Шаҳодат додан бар ин, ки нест илоҳе ба ҷуз Аллоҳ таъоло ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст.
Дуюум:
– Барпой доштани намоз аст.
Сеюум:
– Адо кардани закот аст.
Чаҳорум:
– Рўза доштани моҳи рамазон аст.
Панҷум:
– Ҳаҷ кардани байтуллоҳ аст барои шахси дорову қодир».
(ривояти имом Бухорӣ ва Муслим).
Ва инчунин дар дигар ҳадис омадааст, ки мефармоянд:
و في حديث طلحة بن عبيد الله : « أن رجلا سأل النبي عليه السلام فقال يا رسول الله . أخبرني عما فرض الله علي من الصيام ؟ قال: « شهر رمضان» قال : هل علي غيره ؟
قال : « لا. الا أن تطوع » .
«Ва дар ҳадиси Талҳа писари Убайдуллоҳ(раз) омадааст, ки марде Паёмбари акрам(с)-ро суол карда гуфт:
– Эй Расули Худо(с) хабар деҳ маро аз он чизе, ки Аллоҳ таъоло бар ман аз рўза доштан фарз гардонидааст. Паёмбари акрам(с) фармуданд:
– Рўза доштани моҳи рамазон.
Сипас вай мард гуфт:
– Оё бар ман ғайри ин ҳаст?
Расули Худо(с) фармуданд:
– Не, магар ин, ки рўзаи нафлӣ».
Давом дорад бо мо бошед!