Ба падари бузургворам.
Эй падарчони азизам ту маро бо сад ноз парваронди. Агарчи шахси сармоя доре буди дар замони хурд солии мо. Бо услуби олиеки танхо дар ту он буд моро парвариш намуди.Умеди он дошти, ки дар пирон соли бароят соябоне гардем. То давлати пири бирониву дар халкаи хафт писар худро давлатмандтарин шахс бихисоби. Афсус бароят коре карда наметавонаму харчи кунам онро ночиз мешуморам. Эй киблагохи азизам маро бубахш, зеро ту дарвозаи бози бихишти мани. Эй киблагохам вакте торхои сафеди ришатро мебинаму садои туро мешунавам. Ашк гулугирам мекунад, намедонам чи бароят бигуям то аз ман рози боши! Падарчонам маро бубахш, ки ончи мехостам то хар субх саратро бибусам аз хона берун шавам. Шом дохили хона шаваму дар сухбатат бишинам дилам аз сухбатат оромиш биёбад. Хуб ёд дорам мегуфти писарам: хамеша хар кореро огоз намуди то охир онро расон.
Вакте корхои илмиро огоз намудам ва ба чоп расидани китобхоро диди чашмонатро пушиди ва чунин гуфти: Алхамдулиллох, ки ончи орзу доштам кариб ба орзуям расидам.
Гуфтам чи орзуе доштед?
Гуфти: Он миёни ман ва Холики ман аст туро ба он коре набошад.
Падарчонам ончунон дилам бароят танг шудааст хангоми навиштани ин сатрхо худро ором наметавонам бикунам. Аз даргохи Илохи дар ин соатхои ичобати дуъо умри дароз ва хайри дунё ва охиратро бароятон хохонам омин.
Дар охир бо ин ояти Куръони суханамро ба поён мерасонам:
“..Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар».
Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, Ӯ тавбакунандагонро меомурзад.
(Сураи Исро, оятхои 24,25)