Оё Подоши неки бадист ?
(қисса,ҳикмат,панду андарз то охир хонед )
Ривоят аст,ки марде машғули хурдани хурок бо ҳамсараш буд ва дар болои дастархони онҳо ду мурғ буд.Ин ҳангом талбандае дари хонаи онҳоро куфт то ба ў чизе дода шавад.Соҳибхона чун дарро кушод талбандаеро дид ва беист онро суханони носазо гуфт ва ўро ронд аз дари хонааш ва ба ў чизе надод.Ҳамсари ин мард кори шавҳарашро маҳкум намуд вале он асаре накард барои шавҳараш.
Рўзҳо ва солҳо гузаштанд ва мард нодор гардид ва аз нодори ҳамсарашро талоқ дод.Ҳамсари мард шавҳар кард ва тибқи одат ин зан бо шавҳари дуввумаш суфраро андохта ва дар болои он ду мурғ буд ва мехостанд ба хурдан шуруъ намоянд,ки талбандае дари хони онҳоро куфт ва талаби хурок намуд.Ин ҳангом шавҳари зан ба ба хонумаш гуфт як мурғро бурда ба он талбанда бидеҳ ва ҳамсараш низ он як мурғро ба он талбанда дод вале вақте ба сари суфра баргашт гиря мекард. Шавҳар аз ҳамсараш пурсид оё мешиноси ин талбандаро? зан ҷавоб дод бале шавҳари авали ман буд.Мард ин ҳангом дар посухи ҳамсараш чунин гуфт оё маро мешиноси? Ман он талбандаи якуми будам,ки ба ман шумо чизе надодед.
Инчунин қиссаи воқеъии дигаре дар ин маврид аст,ки дар Искотландия марди деҳқоне буд,ки бо дастранҷи худ ризқу рўзии хонаводаи худро мебурд рўзе саргарми кор дар замини худ буд ва садои гиряи кудакеро шунид,ки талаби наҷот мекард.Мард дарҳол корашро канор гузошт ва ба тарафи он садо шитофт ва дид,ки кудаке дар дохили ғоре афтодааст ва талаби кумак дорад.Дарҳол марди деҳқон он кудакро аз он ғор берун овард дар ҳолеки наздик буд дар он ботлоқ ҳалок мегашт.
Рўзи дуввум деҳқон дар хонааш нишаста буд ва садои мошинеро шунид,ки дар назди хонаи ў истода аст вақтоки аз хонааш берун шуд як мошини гаронқимате,ки он замон яке аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуд истодааст.Соҳиби мошин аз мошинаш фаромада ва пеши деҳқон омад ва худро муъаррифи намуд,ки ман падари он писарбачае,ки дирўз шумо писари маро аз марг наҷот додед ҳастам.
Мард барои ташаккур намудан аз амали ин деҳқон ба наздаш омада буд.Ногаҳон ҳангоми суҳбати деҳқон ва он мард писари деҳқон аз хона берун омад ва мард пурсид оё ин писари шумо аст деҳқон гуфт бале ин писари ман аст. Мард ба деҳқон мегуяд мехоҳам бо шумо дар як масъала ҳамкори намоям агар шумо рози бошед ? Деҳқон гуфт бале бифармоед он чї аст мард гуфт мехоҳам барои он амале,ки шумо барои наҷоти писари манн анҷом додед манн писари шуморо мисли писари худам,ки таълим мебинад дар мактаби хуб онҷо бихононам ва ҳама масорифи таҳсилашро бипардозам.Деҳқон бо ин пешниҳод рози мешавад ва писари деҳқон мисли он писари марди сармоядор дар якҷо дарс мехонанд то инки мактаби миёнаро тамом ва писари деҳқон ба донишгоҳи тибби дохил мегардад ва онро бо муваффақият хатм менамоянд.Он донишгоҳ бахши бемористони машҳури Англя «Сонтмори» буд.
Хонандаи гироми оё медони он деҳқонбача ки шуд? Кашф кунандаи Пенсилин Александр Фелменҷ табиби машҳури дунё гашт.
Хонандаи гироми қиссаи мо ба охир нарасидааст балке нукоти муҳимаш мондааст.Пас аз гузашти солҳо писари он марде,ки ин деҳқонбачаро тарбия ва парвариш намуд ба бемории руда мубтало гашт,ки табибони дигар аз табобаташ оҷиз монданд ва бо дасти ин тарбия намудааш Александр Фелменҷ писарашро табобат менамояд ва бемории ў сабаби ихтироъ ва кашфи Пенсилин мегардад,ки нафақад сабаби шифои писари он марди сарватманд мегардад балке аз он кашфиёт тамоми дунё истифода мекунанд ва барои ҳамагон таъсир бахш ва дармон кунанд аст.
Оё медони Хонандаи гироми он марди сарватманд,ки буд? Рондулф Черчел сарвазири Англя,ки тибқи нависандагони он замон мардуми Англяро ҳангоми ҷанги ҷаҳонии дуввум аз нобуди ва валангоршудан, сабаби наҷот гашт.Писари ў ки деҳқон дар хурди ўро аз ҳалокат ва писараш аз бемори табоат намуд ў Винстон Черчел буд.Метавонед дар бораи ин шахсиятҳои зикр намуда бихонед вале ҳадафи ман аз овардани ин қисса ва сарнавишт ин ибрат гирифтан аз амали хубии мо ва шумо аст. Хонандаи гироми амали неки ҳаргиз фаромўш намегардад балке ҳамеша он побарҷост агар гоҳе мебинем, ки хубиҳои намудаи моро инсонҳо фаромуш намоянд вале онро ҳаргиз Худованд холиқи инсоният фаромуш нахоҳад кард.Аз ин хотир накуй бояд кунем ба оне,ки мешиносем ва оне,ки намешиносем.
Паёмбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад(с) дар ин маврид чи сухани зебое гуфтааст:
«Накуи намоед ба оне,ки сазовори некист ва инчунин накўйи намоед бар оне,ки сазовори неки нест.Агар расид некии шумо ба соҳибаш ва эҳтиёҷмандаш пас чи хубе.Вале агар хуби ва накўйи шумо ба ниёзмандаш нарасид пас (андўҳгин мабош) зеро худи ту ниёзманди ба он»
Ҳамеша неки ва эҳсон дилҳоро нарм хонаводаҳоро саодатманд ва мардумро ба улфат ва нарми мерасонад.Муҳаббатро дар миёни ҳама ақшори ҷомеа ривоҷ ва равнақ медиҳад,ки он сабаби бақои миллат ва давлат мегардад.
Мафҳуми неки дар ҷомеаи мо ислоҳот мехоҳад
Дар пиндори бисёре аз мо ва шумо як чиз ҳамеша мечархад,ки оё ин некие,ки ман ба ин шахс менамоям оё он лоиқи он некии ман ҳаст ё не? Агар он шахси мавриди ниёзро бо пиндори худ лоиқ бидонем ба он неки менамоем ва агар онро лоиқи он надонем ба он неки наменамоем.Ин фикрро бояд мо ҳаргиз накунем зеро шахси карим ва тақдим кунандаи эҳсон ва неки бояд онро чунон бо сидқ ва лутф анҷом бидиҳад,ки шахси мавриди ниёзаш худро паст дар назадаш наҳисобад ин ҳангом мо накўие анҷом додем,ки он мавриди писанди Холиқамон қарор мегирад.
Ҳангоме,ки он некии мо мавриди писанди Худовандамон қарор гирфт ин ҳангом мо комёб хоҳем гашт.Агар мо дар ивази некиамон хуби ва некиро мунтазир бошем пас он некии мо ба ғаразе анҷом гирифтааст,ки дар ҳолати пас нагирифтани он душмани ва бадбиниро дар дилҳои мо ва шумо ба бор меоварад.Аз ин неки карда накарданаш авло ва хубтар аст.
Бояд ҳар некии мо танҳо барои ризои Холиқамон бошад агар онро мо дарёфтем дилҳои халқ дар дасти било тамсили Ўст онро ҳатман дархоҳем ёфт.Беҳатарин шеваи неки намуданро барои мо дини исломи азиз таълим додаст,ки он интизор надоштан аз оне,ки ба ў неки намудаи зеро ин ахлоқи паёмбарамон ва саҳобагони гиромии ў (с) буд,ки бо ин амалашон тамоми курраи заминро тасхир намуданд.Агар онҳо эҳсон ва некиашонро аз мардум интизор мебуданд ба ин намуд тасхири дилҳо мушарраф ва комёб намегаштанд.
Дар миёни мардуми мо мақоле аст,ки мегуянд: Ту хуби куну дар дарё андоз ки эзидат диҳад дар биёбон боз.Бале ин мафҳуми хело васеъ дорад яъне мо ва шуморо ба ин бурда мерасонад,ки ба оне,ки неки карди аз ў некиро дар интизор набош ва онро фаромўш кун ва дар ивази ин некият Худованд ба ту аз як ҷое иваз медиҳад,ки ту ҳаргиз дар интизораш набуди.Агар натиҷаашро дар дунё наёфти хушҳол бош зеро онро Худованд ба ту дар рўзи қиёмат ҳатман ато хоҳад намуд,ки дар он рўз ба он аз имрўз карда зиёдтар ниёз дори.
Чи хуб гуфтааст Абдуллоҳ ибни Аббос (р) «Накуйи беҳтарини киштҳо ва беҳтарини маъданҳост»
Боз гуфтаанд: «Туро ҳаргиз ба фикр водор насозад носипосии шахсе,ки ба ў неки менамои.Зеро ҳатман ў хоҳад фаҳмид ҳангоме,ки рўзе касе бар ў носипоси менамояд»
Боз гуфтаанд: «Шахсе тухми неки мекорад ҳатман ҳангоми дарав ҳосилашро хоҳад гирифт.Шахсе тухми бади мекорад ҳатаман ҳосилаш табарест,ки ду дами тези дорад»
Бузургмеҳр чунин гуфтааст: «Беҳтарин рўзи ҳаёти инсон он рўзест,ки дармондаеро дастгири менамояд ва шукр миёни ў ва он дар монда замонатаст барои рўзе.Аммо беҳтирини некиҳо озод намудани шахси асир ва зиндонист,ки аз озоди маҳрум аст»
Зайд ибни Алӣ (р) чунин гуфтааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз неки нест ҳангомеки савобаш ба ту мерасад.Вале на ҳама ононе,ки ба он рағбат ва хоҳиш доранд ба он мерасанд.На ҳама ононе,ки ба он қодиранд ба худ онро иҷозат медиҳанд.Ҳангоме,ки якҷоя шуд Рағбату хоҳиш ва қудрату, иҷозат ин ҳангом пурра мегардад саодату хушбахти барои талаб кунанда ва атокунанда»
Муҳаллаб мегуяд: «Ман дар тааҷҷубам аз барои ононе,ки мехаранд мулкҳо ва маконҳоро бо молҳояшон.Вале намехаранд озодагонро бо накўиҳояшон»
Боз мегуяд: «Барои озодагон қимате нест магар накўи пас накўи кун озодагонро ва онҳоро аз худ намо»
Арасту фаласуфи маъруфи юунони ба Искандар чунин менависад: «Аз худ менамои мардумро бо накўйи ҳангомеки накўйи намуди ба онҳо соҳиби муҳаббати онҳо хоҳи гашт.Ҳамеша накўйиро ба онҳо дареғ надор бақои ҳукмат(ҳукуматдориат) идома хоҳад ёфт.Бароят неки аз бади хубтар аст агарчи ба он қодири.Инро ҳаргиз фаромўш накун агар ту накўйи намои мардум барои ту омодаи ҷон додан хоҳанд буд.Барои ту ин беҳтар аст аз ҷисмҳои муҷаҳҳази лашкарат дилҳои мардумро ба даст ор то лашкаратро ба кор набари.Инро ҳаргиз аз ёд набар ки мардум ба кардаи ту ҳамеша менигаранд на ба ваъдаи ту зеро бисёр ваъдаҳоест,ки амали намешаванд вале бисёр амалҳоест,ки бидуни ваъда амали хоҳанд шуд ва ту дар дили онҳо хоҳи буд»
Дар охир мехоҳам мақоларо бо ин қисса ба охир расонам.Рўзе Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафи ,ки маъруф ба Ҳаҷҷоҷи золим аст дар наҳр шино мекард ва ногаҳон дар об фурў рафт ва чун марде дар назди наҳр мегузашт дид,ки марде ғарқ шуда истодааст дарҳол ба наҳр худро андохт ва Ҳаҷҷоҷро наҷот дод ва берун овард Ҳаҷҷоҷ чун худро дар берун дид гуфт: Ҳар талабе,ки дори бикун онро ҳатман иҷро хоҳам кард мард,ки ўро намешинохт гуфт ту ки ҳасти,ки ҳама талаботи маро бароварда метавони Гуфт ман Ҳаҷҷоҷ ҳастам мард гуфт туро қасам медиҳам ба Худо,ки ин хости маро иҷро кун Ҳаҷҷоҷ гуфт бигу : Он мард гуфт Савганд ёд кун,ки ба касе нагуй,ки ман туро аз ғарқ шудан наҷот додам Ҳаҷҷоҷ гуфт тамом мард гуфт бале.
Бале хонандаи гироми мо танҳо ҷомеаи худро метавонем бо неки бунёд намоем.Дар он амният ва муҳаббатро густариш диҳем.Зеро бади осон аст вале оқибаташ вазмин аст.Умедаст аз ин мақола баҳрае бурда бошед ва ин баҳравар гаштани шумо хонандаи гироми хушбахтии мост.Бо камоли эҳтиром