Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон. (дар партави Қуръон ва суннат) (бахши саввум)

Ислоҳ нет

Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон.
(дар партави Қуръон ва суннат)
(бахши саввум)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
7. Анҷом додани он чизе, ки бароят ногузир аст ва адо намудани он бароят хубӣ ба бор меорад.
Ин бахшро мехоҳам бо ҳадисе аз Расули Акрам (с) оғоз намоям. Марде назди Расули Акрам (с) омад ва аз он Ҳазрат (с) хост, то барояш насиҳат кунад ва гуфт: эй Расули Худо (с) маро панд бидеҳ. Он Ҳазрат (с) дар посух гуфт: «Ғазаб накун» ва чанд бор онро барояш такрор кард. Сипас гуфт: « Паҳлавонӣ ва ё бозӯмандӣ дар гуштиннгирӣ нест, балки бозӯманд онест, ки ҳангоми ғазаб худро дошта ва идора карда тавонад.» (ҳадис ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аст).
Бале, ҳаргиз ғазаб роҳи ҳали мушкилот нест ва он инсонро ба оромиш раҳнамуд намекунад, балки онро аз ақл бегона месозад. Чи қадар ҳолатҳои сахтро бо хушӣ дар муқобили бадӣ тағйир медиҳад ва ҳаётро ширину гуворо месозад. Чи қадар зани оқила ва ҳушёри тоҷик шавҳари ғазабнокашро бо лутфу тасалло дилбардорӣ менамояд, ки он садамаи ҳаётии бар сари шавҳараш омадаро аз ёди ӯ бо лутфу меҳрубонӣ фаромӯш месозад. Шояд мардоне низ ҳастанд, ки ҳолати сахти ҳамсарашро бо лутфу меҳрубонӣ ба хурсандӣ мубаддал менамояд.
Ростӣ дар ин масъала бояд хеле таваҷҷӯҳ дошта бошем ва он яке аз калиди муҳими роҳи ҳалли мушкилот аст. Таҷрибаҳои ҳаётӣ ин масъаларо бисёр муҳим қаламдод мекунанд. Худованд дар ин мавзуъ чунин мефармояд:
«Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душман аст, чун дӯст меҳрубони ту гардад.» (Сураи Фуссилат, ояти 34)
Гоҳе инсон фикр мекунад алоқаи миёни ман ва дӯстам бад шуда истодааст ва ё зану шавҳар ва ё дар корхона миёни ҳамкоронатон ё миёни шумо ва раиси корхонаатон ё ҳар муомилае, ки миёни ду шахс вайронӣ ва хушунатро оғоз намудааст. Танҳо дар ин ҳолат ду чиз метавонад онро ба ҳолати аслӣ ва муқаррарӣ ва ё хубӣ баргардонад. Нахуст дар муқобили дуруштӣ нармӣ ва кибрро аз байн бурдан лозим меояд. Ҳар шахс иззат ва обурӯ дорад, вале гоҳо нигоҳ доштани он обурӯ бароят нохушӣ ба бор меовард. Дар умум бояд дар муқобили бадрафторӣ ва муомилаи бад нармрафтор ва хушмуомила буданро тарҷеҳ диҳем ва бешак тағйири муомилаи бадро пас аз муддати кутоҳе метавон мушоҳида намуд. Дуввум: Агар бо ин услуб ҳолат тағйир нахурд ва вазъ мисли қабл боқӣ монд, ҳатман ба ончи ӯ шавқ дорад ва меписандад ҳадя намудани чизеро барояш дар назар гирифт ва метавонӣ бо ин роҳ муносибататро аз нав барқарор намоӣ. Расули Акрам (с) мефармоянд: «Ҳадя намоед ва дӯст гардед.»
Пас ҳар ду роҳ ин шо Аллоҳ дар ин масъала бароятон хеле муфид ва самаранок аст.
8. Гоҳо инсон бо худ мушкили омадаро фикр мекунад ва мебинад, ки ҳеҷ мушкиле нест, вале каме тааммул мебояд.
Мушкилот мухталиф аст, инчунин дилҳо ҳам мутафовит ва ба ҳар навъанд. Қуввати бардошти инсонҳо ҳам мухталиф аст. Бархе аз дилҳо сабркунанда ва бархе қуввати бардошти оддитарин мусиббатро надоранд, ки ин хеле мушкил аст. Барои муолиҷаи ин бояд инсон худро тобовар ва мутобиқ гардонад, зеро дар акси ҳол аз он мусибат дида ба худ садамаи вазнине хоҳад расонд.
Ҳамеша инсон ҳангоми расидани ҳар мусибат бояд бо таваҷҷӯҳи зиёд дар мавриди омадани мусибат бияндешад ва ба фарҷоми ниҳоии он низ бингарад ва фикр кунад, ки ниҳояти ин мусибати омада чӣ аст? Мисли ин ки, агар аз ҳамсараш ҷудо шуд. Яқин дошта бош, ки шавҳари дигаре хоҳӣ кард, ки аз ин шавҳари аввалаат хубтар аст. Мард низ бояд ҳамин тафаккурро дошта бошад, яъне дар барпо сохтани хонадони ҷадид ҳеҷ мушкилеро сари роҳаш қарор надиҳад. Аввалан то ҷои тавон кӯшиш кунад, ки вайрон нагардад, аммо дар сурати баръакс анҷом ёфтани кор фикри зиёд ва ғуссаи беҳӯда ҳеҷ лузуме надорад, зеро обе, ки рехт ҷамъ намудани он ғайри имкон аст. Чун зиндагии ҷадид хуб сурат гирифт инро дар худ меандешӣ ва мегӯи чаро аз аввал ин мушкили омадаро бо худ гарон ҳисобидам дар ҳоле, ки фарҷомаш хеле хуб шуд.
Падар ва ё модарат аз дунё гузаштанд, ин барои фарзанд хеле мушкил аст, аммо фикр кун ту метавонӣ онҳоро аз марг бираҳонӣ, магар ин ба ту иртибот дорад? Ҳаргиз на, пас бояд бидонӣ ки ин кор дер ё наздик бояд мешуд. Аз фикри зиёд кардан, асабатро хурд намудан ва саломатии худро аз даст додан худдорӣ кун ва барояшон дуои хайр кун ва дар ҳаққашон Қуръон бихон ва садақаи ҷорияи аз дастат омадаро анҷом бидеҳ, то барояшон дастгире бошад. Магар ҳақиқат ғайри ин аст? Ҳаргиз на. Агар шахсе, ки мусибат барояш расида андаке фикр кунад дар мушкилоти бар сараш омада ва ниҳояти мушкилотро фикр кунад ба ин натиҷа мерасад, ки бояд ин мешуд ва аз он роҳи гурез набуд, пас чаро бар чизе, ки омаданист ва аз омаданаш хабар аст андӯҳгин мешавӣ. Чунонеки гуфтаанд: «Ҳар чиз аз хурдӣ калон мешавад, магар мусибат, зеро он ҳангоми омаданаш бузург аст ва оҳиста оҳиста хурд мешавад», яъне аз ёд меравад. Хонандаи гиромӣ, ҳамеша дар ин ҳолат, омадани мусибат фарҷомашро бияндеш ҷавобашро хоҳӣ ёфт, пас ғусса махур.
9. Зиёд намудани истиғфор ё омурзиш аз Худованд.
Илтиҷо намудан аз Худованд, талаб намудани кӯмак ва хостани муваффақият дар корҳоят, яке аз бузургтарин сабабҳои озод намудани тангии дил, осуда гардидани хотир ва ҳал намудани мушкилот аст. Яке аз фавоиди мусибат ва мубтало гардидани инсон ба мусибате аз тарафи Худованд ин аст, ки инсонро фурӯтан ва таваллокунанда мегардонад. Яқин дорам, агар шахс ба мусибате гирифтор нашавад ҳеҷ гоҳ пеши Худованд бо зориву тавалло дуо намекунад. Ниҳоятан вақте банда назди Холиқаш дуо ва ниёиш мекунад Худованд дилашро нарм ва аз Холиқияти худ дарак медиҳад, ки эй банда Манам роҳкушои ҳама мушкилотат. Аз ин рӯ гоҳ-гоҳ мушкилоти ба инсон расида фавоиди бузурге дорад, ки худ самараи онро намедонад. Аз ин бахш ҳаминро фаҳмидан мумкин аст, ки гоҳо инсон барои нафси саркашашро гӯшмол кунад ва яқин дорад, ки танҳо ин амал ҳангоми расидани мушкилот ба инсон муяссар мешавад на дар осудахотирӣ ва набудани мушкилот. Чунонеки Расули Акрам (с) дар як ҳадиси гуҳарбораш дар мавриди талаби истиғфор чунин мефармояд:
عن النبي صلى الله عليه وسلم أنه قال:
من لزم الاستغفار جعل الله له من كل هم فرجا ومن كل ضيق مخرجا ورزقه من حيث لا يحتسب
«Шахсе истиғфорро зиёд намояд, Худованд ӯро аз ҳар ғаме кӯшоиш медиҳдиҳад ва аз ҳар тангие берун меорад ва ризқеро барояш мерасонад, ки бидуни ҳисоб аст.»
)Ин ҳадис ба ривояти Ҳоким аст ва дар чанд кутуби ҳадис зикр шудааст.Агарчӣ нисбати санади ин ҳадис баҳсҳое вуҷуд дорад Имом Бухорӣ ин ҳадисро дида вале сукутро ихтиёр намудааст.Аллома Аҳмад Шокир сукути Бухориро истидлол намуда ва истифодаи ин ҳадисро дар масоили Тарғиб ва тарҳиб ҷоиз медонанд зеро шавоҳиди он зиёданд. Сабаби зикри инқадар сухан нисбати ин ҳадис ин буд,ки то баъзе бародарон ҳамаро мегузоранд дар нуқс ва айб коби нагузаранд валлоҳу аълам биссавоб)
Инро низ набояд аз ёд бурд, ки Худованд барои мо умматони ҳазрати Муҳаммад (с) неъмати бузургеро арзонӣ доштааст, ки он бо ҳаракат додани забон (зикр), ки осонтарин амал аст дар бадан миёни ҳама аъзои бадан. Бо ин амал ҳам аҷр мегирем ва ҳам мушкилотамонро Худованд ҳал мекунад, пас чаро бад-ин зикр худро машғул насозем? Худоро шукр, зикр, истиғфор ва ниёиш кунед ва танҳо аз Ӯ бихоҳед, ки калиди ҳама қулфҳои сарбастаи мушкилоти дунё ва охирататон танҳо пеши Ӯст. Пас биштобед, то фурсат доред. Холиқ муайян роҳ муайян, аммо вақти маргамон муайян нест. Худованд ҳамеша бо мост, талаб кунед ва дарёбед.
10. Дуо намудан бо дуоҳое, ки суннатанд.
Расули Акрам (с) мо умматонашро ҳангоме, ки ба мусибат ё мушкиле рӯ ба рӯ мешавем дуоҳоеро таълим додаст, ки тавассути он дуоҳо метавонем мусибатҳоро аз худ дур созем.
«يا حي يا قيوم برحمتك أستغيث»
“Эй ҳамеша зинда,эй ҳамеша пойдор,аз ту ёрӣ меҷӯям”
Ё дар ҳадиси саҳеҳи дигар ҳангоме, ки ба инсон ғам ва ё андӯҳе расад ин дуоро бояд бихонад:

يا حي يا قيوم برحمتك أستغيث أصلح لي شأني كله ولا تكلني إلى نفسي طرفة عين
[رواه النسائي في السنن الكبرى والحاكم والبزار، وحسنه الألباني].
“Эй ҳамеша зинда,эй ҳамеша пойдор,аз ту ёрӣ меҷӯям,ки ҳама корҳоямро дуруст кун ва моро ба андозаи мижа задан ба худамон вонагузор ва ба ҷони худ насупор”(Ҳадис ба ривояти Нисоӣ дар Сунани Кубро ва Ҳоким ва Баззор ва Албонӣ ҳасанаш гуфтааст)
Инчунин дар дуои дигар Расули Акрам (с) барои шахси ғамдору мусибатрасида ва берун омадан аз он чунин мефармояд.
اللهم اني عبدك؛ و ابن عبدك؛ و ابن امتك؛ ناصيتي بيدك؛ ماضِ في حكمكَ؛ عدل في قضاؤكَ؛أسالك بكل اسمِ هو لك سميت به نفسكَ؛ أو أنزلته في كتابك أوعلمته أحداَ من خلقك؛أو استأثرت به في علم الغيبِ عندكَ؛أن تجعلَ القران ربيع قلبي؛ و نور صدري؛وجلاءَ حزني؛وذهابَ همِّي(رواه الإمام أحمد)
“Худовандо,ҳаройина ман бандаи туям,фарзанди бандаи туям,фарзанди канизи туям, пешонии ман ба дасти туст ва ман фармонбардори туям,ҳукми ту бар ман гузарон аст, фармони ту барои ман саршори адл аст. Туро ба ҳамаи номҳое ки дорӣ дархост мекунам, ки худро бо он ном номидаи ё дар китобат фуруд овардаӣ ё онро ба касе аз бандагонат омӯхтаӣ ё онро дар донише нуҳуфта назди худ аз ҳама пӯшида нигаҳ доштаӣ, аз ту дархост мекунам,ки Қуръонро баҳори қалбам ва рӯшании синаам ва аз байн барандаи андӯҳам ва барандаи ғамҳоям гардон!”(Ривояти Имом Аҳмад 1\391 ва онро Албонӣ саҳеҳ номида аст)
Инчунин дар мавриди адои қарз Расули Акрам (с) чунин фармудаанд:
«أللهم إني أعوذ بك من الهم و الحَزنِ والعجزِ والكسلِ؛والبخلِ والجبنِ؛ وضلع الدّينِ وغلبةِ الرجال»
(رواه الإمام مسلم 4\1729)
“Эй бор Худоё, ман аз ғаму андӯҳ ва нотавониву танбалӣ ва аз бахиливу тарсончакӣ ва гаронии қарзу ғолиб омадани мардон ба ту паноҳ мебарам”. (Ривояти Имом Муслим 4\1729)
Инчунин дар мавриди шахсе, ки коре барои ӯ мушкил гардад ва дар анҷоми он оҷиз монад, чунин фармудаанд:
(رواه أبو داود)«الهم لا سهل؛إلاَّ ما جعلته سهلاً و أنتَ تجعل الحزن إذا شئت سهلاً»
“Эй бор Худоё,осоние нест,магар ончи ки ту онро осон кардаӣ ва ту чун бихоҳӣ ғамро осон гардонӣ”. ( Ба ривояти Имом Абӯдовуд аст)
Шоёни зикр аст, ки дуо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат фоида хоҳад овард. Расули Акрам (с) дар ҳадиси дигаре мефармояд:
(صحيح الجامع7564) « فلا يرد القضاءَ إلاَّ الدعاءٌ»
“Қазо рад намегардад магар бо дуо”(Саҳеҳуул ҷомеъ 7564)
Хонандаи гиромӣ намехоҳам ин бахшро тӯлонӣ намоям.Китобеҳаст бо номи “Паноҳгоҳи Мусалмон” ё бо забони руси «Крепость мусульманина» аз ин китоб метавонед ҳама дуоҳои суннатӣ ё он дуоҳоеки Расули акрам (с) онҳоро гӯфта аст бихонед.
Идомаи матлаббахши чаҳорум ҳамеша ба Худованд таваккул намо.

Share This Article