ДАР БАЁНИ ЛАЪНАТИ Ҳалолакунанда ва Ҳалолақарордиҳанда

Ислоҳ нет

ДАР БАЁНИ ЛАЪНАТИ Ҳалолакунанда ва Ҳалолақарордиҳанда

Силсила мақолаҳои лаънат шудагон № 1

Дар мақолаи аввали баёни ҳукми лаънатро намудем. Мехоҳам чанд тоифае,ки Расули акрам (с) онҳоро лаънат кардааст онҳоро пешкаши шумо гардонам то аз ин амалҳо дӯри намоем.

Ибни Масъуд (р) аз ҳазрати Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки расули акрам(с) фармудаанд:

«Лаънат кардаанд расули акрам(с), ҳалолакунанда ва ҳалолақарордиҳандаро».

Ҳалолакунанда:

Мардест, бо зане, ки се талоқ карда шуда аст издивоҷ мекунад барои он, ки пас аз издивоҷ бо ў ва талоқи он, зан метавонад ба шавҳари аввалааш издивоҷ кунад.

Ҳалолақарордиҳанда:

Марде, ки занашро се талоқ додааст. Ин ҷо байнунаи кубро сурат гирифтааст, дар ин сурат ҳалол намешавад ин зан ба шавҳараш, то он даме, ки он зан шавҳари дигаре накунад. Пас дар ин ҳолат шавҳари зан, ки ҳалолақарордиҳанда мебошад, талаби кўмак мекунад ба ҳалолакунанда ва занашро ба ақди никоҳи он медарорад, то ки хилват кунад он мард бо занаш, вале ҳамбистар нашаванд, то ки он зан ба шавҳараш ҳалол шавад ва ўро дубора ба ақди худаш дарорад (албатта ин ҳела буда, никоҳи шавҳари аввалааш дуруст намебошад) ё ин ки ҳалолақарордиҳанда занашро ба ақди ҳалолакунанда медарорад, то ки он мард бо занаш зиндагии заношавҳариро то муддати муайяне, ки он таъин мекунад, анҷом диҳад ва пас талоқаш диҳад, то бо ў дубора ақди никоҳ баста зиндагӣ шўруъ намояд. Ин гуна издивоҷро дини ислом ботил шуморида ва онро наҳй кардааст ва фоъили ин издивоҷро ваъда ба дурӣ аз раҳмати Худо карда ва ин шахс дар ҷаннат дохил намешавад, зеро ҷаннат макони ашхоси покаст (албатта дар хусуси ин издивоҷ аҳодис зиёданд, вале мавзўи мо дигар аст).

Мо худ шоҳиди онем, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба таҳқиқ алоқаи байни мард ва занро дар як низоми хеле хуб даровардааст ва боз онро ба як тафсили хеле хуб баён кардааст.

Дар хусуси марду зан Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

СУХАНИ ХУДО:

«Занон ба манзалаи пўшишанд шуморо (мардонро) ва шумо низ ба ҷои пўшишед эшонро (занонро)».

(Сураи Бақара, ояи 187)

Ва боз дар ҷои дигар ақди издивоҷро ба ҳузури шоҳидон дар миён гузошт:

СУХАНИ ХУДО:

«Гирифтанд занон аз шумо (мардон) аҳди маҳкам (яъне, иҷобу қабул ба ҳузури шоҳидон дар миён омад)».

(Сураи Нисо, ояи 21)

Ва боз амр кард Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мардонро, ки накў созед бо занон муомилаатонро, анис ва ҳамдами онон бошед ва дар сухан гуфтан, бо лутфу меҳрубонӣ сухан бигўед. Ин ҳама суханонро Худованд дар ин оят баён сохт.

СУХАНИ ХУДО:

«Ва зиндагонӣ кунед бо занон, бо як зиндагонии писандида».

(Сураи Нисо, ояи 19)

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мардонро ба ин амр хос гардондааст, зеро Худованд доност ба Зоти худ, аз ин ки фитратан устувории занон дар зиндагонии заношавҳарӣ аз накў будани муомилаи мардон аст. Албатта, ин ҷо як гўшзадест, барои мардон, ки ба кўтоҳтарин халал ё навоқисе аз тарафи занон ҳолати асабии мардон ба ҳам мехўрад ва аз тарафаш дағалие сурат мегирад, ки он мунҷар ба мухолифати амри илоҳӣ мегардад, аз ин ҷиҳат мардонро лозим меояд, ки дар ҳама ҳолат бо занон накў ва бурдбор бошанд.

Ба таҳқиқ, Парвардигор моро амр кардааст ба истифода бурдани тамоми роҳҳоеро, ки мунҷар мешавад ба комёбии хуби зиндагии заношавҳарӣ.

СУХАНИ ХУДО:

«Сулҳ кори беҳтар аст (байни зану шавҳар)».

(Сураи Нисо, ояи 128)

Албатта он озодиҳое, ки дини ислом ба зан қоил аст, дар муқобили ҷинси зан ба мардон низ фарохиҳо ва умуреро, ки хоси онон аст, вогузоштааст, аз ҷумла талоқро, чунон ки Худованд мефармояд.

СУХАНИ ХУДО:

«Талоқ (бозмегаштагӣ) ду бор аст, пас аз он ё нигоҳ доштан аст, ба хушии ахлоқ ё раҳо доштан аст ба хушии ахлоқ».

(Сураи Бақара, ояи 229)

Дини ислом дар миёни зану шавҳар ихтиёр гузоштааст. Агар ошкор шавад, ки ба таҳқиқ зиндагии ин ду, рў ба беҳбудӣ нест ва зиндагии хубро интизор надоранд, дар ин ҳолат метавонад шавҳар талоқ диҳад занашро се талоқ, ба муҷарради ин се талоқ, ҳаром мегардад ин зан бо ин мард, зеро дар байни ин ду ҷудоии бузург ба вуҷуд омадааст. Сипас баъд аз ин ҷудоии бузург (Байнунаи Кубро) ҳаром аст издивоҷ бо ин шавҳари аввалааш, то ки ин зан издивоҷ кунад бо марди дигаре (ҷузъиёти ин издивоҷ, дар боло зикр шуд, аввалан ҳилае вуҷуд надошта бошад). Дуввум ин, ки шавҳари дуввуми зан нияти талоқи занро надошта бошад, вале агар пас аз издивоҷи ин шавҳари дуввуми Худо нахоста, дар зиндагии ин ду халале воқеъ шавад ва агар онҳо ҷудо шаванд, ин зан пас аз ба поён расонидани иддааш (одати моҳиёнааш) метавонад ба шавҳари аввалааш издивоҷ кунад ва инро хотиррасон карданиам, ки дар ин миён низ ягон ҳиллае вуҷуд надошта бошад.

СУХАНИ ХУДО:

«Пас агар талоқ дод (яъне,, бори саввум ё талоқи саввумро), пас ҳаргиз ҳалол намешавад ин зан он мардро, то ки дарояд ба никоҳи шавҳари дигар (яъне,, ў духўл кунад ё ҳамбистар шавад), пас агар талоқ додаш, ин шавҳари дигар, пас гуноҳ нест бар он ҳар ду, дар он ки бозгарданд ба никоҳ бо ҳам, агар бидонанд, ки барпо метавонанд дошт аҳкоми Худоро ва ин ҳудуди Худост, баён мекунад он ҳудудро, барои қавме, ки медонанд».

(Сураи Бақара, ояи 230)

Пас, ин ҷо ҷои хеле таассуфовар аст, вақте ки ҳаром шавад ё ҷудоӣ воқеъ шавад мардро, занаш ва ё дурустараш модари кўдаконаш ва ин ҳангом дил мегудозад аз фироқи онон, ин ҳолат шайтони лаъин ба васвасаи ин марди роҳгумкарда шўруъ мекунад ва рахна дар дил ва имони ў мекунад ва ҳангоме ки ин дуро тасхир мекунад, ин амали шармандаворро ба ў зиннат дода ва ўро водор ба он мекунад, ки мухолифати шаръи илоҳӣ амал карда, ба ин никоҳи нангин розӣ шавад ва огоҳ бош, ки баъд аз анҷом додани ин амали нангин шумо ҳаргиз хонадони худро идора карда наметавонед ва ҳайбати худро дар байни фарзандони худ аз даст дода ва аз тарбияти онҳо оҷиз хоҳед монд. Сабаб чист?

СУХАНИ ХУДО:

«Ва ин аст андозаи Худованд».

(Сураи Бақара, ояи 230)

Пас, эй анҷомдиҳандаи ин амали нангин, оё ту аз дур шудан аз раҳмати Худованд намеҳаросӣ, чунон ки дар ҳадиси боб омадааст:

«Лаънат кардааст Худованд ҳалолакунанда ва ҳалолақарордиҳандаро. Эй марди дасту по гумкарда, пас аз додани талоқ ва пушаймон шудан, боз мехоҳӣ, ки занатро ба никоҳи шахси лаъини фосиқ ва ақлгумкардае дарорӣ ва пас аз хилват кардан ё ҳамхоба шудани онҳо ва онҳо боз аз ҳам ҷудо шаванд ва ту бо он ақди ҷадид барпо кунӣ? Ба дурустӣ, ки ту бояд иззати дини худро фаҳмида ва бо он бе чуну чаро рафтор кунӣ (зеро шараф ва ҳаёти бо саодатро танҳо ба гаравидан ба ин дин хоҳӣ ёфт)».

Ба таҳқиқ ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус хеле бо шиддат сухан гуфта ва мусалмононро аз ин амали нангин наҳй кардааст. Ва он ҳазрат дар ин хусус даҳ ҳадис фармудаанд, ки ҳар яке аз он аҳодис далолат ба лаънат, дурӣ ё безорӣ ва оташро ба касе, ки ин амалро анҷом медиҳад (ҳалолакунанда ва касе, ки занашро ба кироя медиҳад, ҳалолақарордиҳанда) эълон доштааст.

Саҳобагони ҳазрати Муҳаммад (с) тавре буданд, ки барои аз байн бурдани ин никоҳ аз худвокуниши сахт нишон медоданд.

Саҳобагони машҳур шадидан ин амалро манфур мешумориданд.

Аз ҷумла, ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) чунин хитоб доштанд, ки анҷомдиҳандагони ин амалро бояд сангсор кард. Ва инчунин, ҳазрати Алӣ карамалллоҳу ваҷҳаҳу ва ибни Масъуд, Абуҳурайра, Ҷобир, Уқба ва ибни Умар низ онро шадидан манфур шумориданд ва албатта дигар саҳобагон низ бо ин сардафтарони дини ислом ҳамақидаанд ва онро кариҳан манфур мешуморанд.

Ва аҷабо ба ҳоли чунин шавҳар ва аҷабо ба ҳоли чунин падар (ки духтарашро ба ақди чунин беномусе додааст).

Ибни Қайим (р) дар китоби «Эълому-л-муваққиъин» (3/54-58) мефармояд:

Оё ту меписандӣ истоданатро, дар назди дари шахси лаъину беҳаё, ки урён кардааст шармгоҳашро ва бардоштааст парда аз рўи он зан ва дар ҳоле ки ў (ҳалолакунанда) худро чунин вонамуд месозад ва шавҳар ё падари зан (ҳалолақарордиҳандаҳо)-ро мебинӣ, ки фарёдаш мекунад ва мегўянд:

«Мо ба ту ин таъомро (ин занро) пешкаш намекунем, ки ту аз он сер шавӣ, ба таҳқиқ донистӣ ту ва занат дар ҳоле ки мо шоҳид ва ҳозирем ва малоикаҳо, нависандагон ва Парвардигори ҷаҳониён, ки аз доштани зан бениёз ҳастанд. Ва боз дар ин вақт намебинӣ зан ва пайвандонашро, дар ҳолати ризо ё хушҳолӣ, ки аниқтараш ту (ҳалолакунанда) як шахси пасти беҳаёеро мемонӣ, ки киро карда мешавӣ, аз барои анҷоми ин амали нангин. Албатта ин худ як бало ё мусибатаст, вақте ки мо розӣ шудем ҳузури нопокашро, дар назди ин, дар ҳоле ки мардумон эълон медоранд ё ошкор анҷом медиҳанд маросими ақди никоҳро ва дар ҳоле ки ҳастанд онон хушҳол. Ва моён бошем (анҷомдиҳандагони ин амал ҳарду тараф) якдигарро аз он хабар медиҳем, ки ин никоҳро пўшида нигоҳ дорем, ин дарди ғафлатгирро ва анҷом медиҳем ин корро пинҳонӣ».

Оё мехоҳанд ё металабанд мардумон, барои ин ду бо дуъоҳое, ки муборак бигардонад Худованд зиндагонии шуморо ба монанди издивоҷи ду навҷавон? Савганд ба Худо ки ҳаргиз не, балки мегуянд:

«Лаънат кунад Худованд ҳалолакунанда ва ҳалола қарор диҳандаро, лаънати пурра ва фарогир».

Балки бигў, ин марди пасти беҳаёро:

«Оё шунидаӣ сухани Худоро?».

СУХАНИ ХУДО:

«Дигаре аз нишонаҳои далоили қудраташ он аст, ки офарид барои манфиати шумо аз ҷинси шумо занонро, то ором гиред мутаваҷҷиҳ шуда ба сўяшон. Ва пайдо кард дар миёни шумо дўстӣ ва меҳрубонӣ. Албатта дар ин кор далоили қудрати Худои ошкорост барои касоне, ки тафаккур мекунанд».

(Сураи Рум, ояи 21)

Оё шунидаӣ ин сухани Худоро?

СУХАНИ ХУДО:

«Ва никоҳ кунонед занони бешавҳарро аз қавми худ ва хидматгорону ғуломони солиҳу шоистакори худро ва канизони худро агар инҳо камбағал бошанд, бадавлат кунад Худо инҳоро (ба сабаби никоҳ) аз фазлу карами худ. Ва Худо бисёрдиҳандаву доност».

(Сураи Нур, ояи 32)

Оё ўро дар тамоми ин ҳақ аст?

Ё ин ки Худоро ҳақ аст, тасдиқи хабари кардаи расули акрам(с)? Биёед хубаш, ин ки ин шахси пасти беҳаёро бипурсем! Оё лаънат мекунад Худованд ва паёмбараш шахсеро, ки анҷом диҳад як кори мустаҳаберо ё макрўҳеро ё гуноҳи сағиреро? Ё ин ки лаънаташ махсус аст ба касе, ки муртакиб шудааст гуноҳи кабираеро ё он гуноҳе, ки аз он ҳам бузургтар аст? Ба дурустӣ, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфт:

«Ҳар гуноҳе, ки поён ёбад ба лаънат ё ба ғазаб ё ба азоб, пас он гуноҳи кабира аст (яъне,, дар Қуръон ё аҳодиси паёмбар (с)».

Ва аз ў мепурсем:

«Оё буд, дар саҳобагони расули акрам(с) ягон нафар ҳалолакунанда ё ки иқрор кардааст, касе ки онҳо ҳалола кардаанд?»

Бори дигар аз ў мепурсем:

«Аз барои чӣ?»

Амиру-л-мўъминин Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:

«Ман намеёбам ҳалолакунанда ва ҳалолақарордиҳандаро, магар ки сангсор мекунам ҳардуи онҳоро».

Сипас бидон, эй шахси пасти беҳаё, ту ва касе, ки туро ба он водор месозад, ки никоҳи ҳалолакунанда иҷозат нашудааст дар ягон миллати дунё ҳаргиз ва ҳаргиз. Ва накардааст онро касе аз саҳобагони расули акрам(с) ва касе аз онон низ ба ин амал фатво надодааст, пас ту ба он қонунҳои вазъӣ мағрур машав, ки ин навъ никоҳро мувассақ мешуморанд, агарчи онҳо дар варақҳо ва санадҳо омада бошанд. Зарур аст моро, ки қавонини Худо ва шариъати ўро сармашқи ҳаёти худ қарор диҳем, чунон ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони азимушшаъни худ мефармояд.

СУХАНИ ХУДО:

«Эй касоне, ки имон овардаед, дароед бо салом ҳама якҷо».

(Сураи Бақара, ояи 208.

Яъне,, дохил шавед, дар ислом ва итоъат созед ҳама фармонҳои онро, пас дуруст намебошад, ки имон биёрад як шахс ба баъзе аз оятҳои он, тибқи хоҳишоту рағбатҳои шахсиаш, яъне, тибқи баъзе аз оятҳои Қуръон амал кунад ва баъзе дигарро тарк кунад. Барои мусалмоне, ки мехоҳад, ки хонадонашро нигоҳ дорад, зарур мебошад, ки нигоҳ дорад савгандашро.

СУХАНИ ХУДО:

«Ва нигоҳ доред савгандҳои худро аз шикастан.»

(Сураи Моида, ояи 89)

Мусалмонон дар динатон парҳезгор бошед, ки он мояи пирўзии шумо дар дунё мегардад. Ҳамеша ин сухани Худовандро аз ёд набаред, ки мефармояд:

СУХАНИ ХУДО:

«Эй мусалмонон, битарсед аз Худо ва бигўед сухани устувор, то ба салоҳ орад кирдорҳои шуморо ва биёмўрзад барои шумо гуноҳони шуморо ва ҳар кӣ фармон барад Худо ва расули ўро, пас ҳар оина матлабёб шуд ба пирўзии бузург».

(Сураи Аҳзоб, ояи 70-71)

Ва боз дар ҷои дигар фармудааст.

СУХАНИ ХУДО:

«Ва бигўед ба мардумон сухани нек».

(Сураи Бақара, ояи 83)

Бо мо бошед то аз ҳамаи ин тоифа огоҳ гардед.Давом дорад

Share This Article