ҲАҚҚИ ВАЛӢ ДАР НИКОҲ

Ислоҳ нет

ҲАҚҚИ ВАЛӢ ДАР НИКОҲ

Интихоби шавҳар дар никоҳ ҳаққи мусаллами зан аст ва ҳеҷ каси дигаре ҳақ надорад, то барои зан шавҳар интихоб намуда ва бе иҷозаи вай ўро ба шавҳар дода ва сарнавишти зиндагиашро дар ин бора таъйин намояд.

Чанд нукта:
1. Агар зане бо иҷозаи валии амраш издивоҷ намуд, валии амраш дар ду сурат ҳаққи эътироз ва ботил кардани никоҳро дорад:

Аввал: он, ки шавҳари зан дар мақом ва манзалати худ ҳампояи хонаводаи зан набошад ва агар дар мақом ва манзалати худ ҳампоя бо хонаводаи зан буд ва ё мақом ва манзалати болотар аз хонаводаи зан дошт, барои валии амри зан ҳаққи эътирозе боқӣ намемонад;

Дуввум: он, ки маҳри зан камтар аз маҳри мисл, яъне камтар аз маҳри ҳаммонандҳои он зан бошад, ки дар ин сурат валии амри зан ҳақ дорад, то никоҳро ботил намояд. Вале агар маҳри зан монанди ҳаммонандҳояш ва ё беҳтар аз он бошад, барои валии амри зан ҳаққи ботил намудани никоҳ боқӣ намемонад;

2. Гарчи тавре ки гуфтем, ихтиёри шавҳар ва никоҳ кардан ҳаққи худи зан аст, вале беҳтар он аст, ки худи зан шахсан дар ин кор иқдом накунад, балки ҳамдигарфаҳмӣ бо хостгор ва ақди никоҳро аз тариқи яке аз вобастагон, масалан, падар ва ё бародар ,амаки худ анҷом диҳад.

3. Агар валии амри зан иқдом ба никоҳ додани зан менамояд, бояд мувофиқат ва ризояти занро ба таври ҳатмӣ ба даст биёварад.

а) Агар валии амри зан бе иҷозаи зан ўро ба никоҳ дод, ин никоҳ фосид аст, вале агар баъд аз хабардор шудан, зан иҷоза дод, ҳамон никоҳ сиҳат пайдо мекунад;

б) Агар валии амри зан, занро бе иҷоза ва ризояташ ба никоҳ дод, агар зан бо он никоҳ ризоят надиҳад, тавре ки гуфтем, никоҳ фосид аст ва дар ин сурат зан бояд ба хонаи он шавҳар наравад, зеро ин никоҳ фосид буда ва он шахс барояш шавҳар гуфта намешавад;

в) Гарчи барои падар ва падаркалон ҷоиз аст, ки духтар ва ё набераи хурдсоли худро бе иҷозааш ба шавҳар бидиҳад, вале чунин таҷриба собит кардааст, ки дар оянда чунин издивоҷҳо дар бисёре аз ҳолатҳо сабаби норизоиятӣ ва бадбахтии байни зан ва шавҳар ва ҳатто хонаводаҳои онҳо мегардад, иқдом накардан ба чунин коре беҳтар ва ба маслиҳат наздиктар ва балки айни маслиҳат аст ва чӣ беҳтар, ки қозӣ ва ё олими дине бо назардошти мавқеъияти замон ва макон дар ин мавзўъ мудохила намуда ва дар сурати савобдид, аз чунин издивоҷҳое ҷуз дар ҳолатҳои хоссе, ҷилавгирӣ ба амал оварад;

4. Агар духтари хурдсолро дар ҳолати набудани падар ва ё модар калон, шахси дигаре, масалан: бародар, модар ва ё амак ба никоҳ дод, он духтар баъд аз балоғат расидан, ҳақ дорад чунин никоҳро қабул намуда ва ё ботил намояд.

5. Касоне, ки дар боби никоҳ валии амри зан шумурда мешаванд ба тартиб иборатанд: аз писар, набера (ки писар бошад), падар, модаркалон, бародар, бародарзода (ки писар бошад), амак, писари амак, амаки падар баъд аз он фарзандонаш, ки писар бошанд;

6. Агар касе аз онҳое, ки дар боло зикрашон рафт, вуҷуд надоштанд, валии амраш ба тартиб иборатанд: аз модар, духтар, наберае, ки духтари духтар бошад, хоҳар, фарзандони хоҳар, амма, тағоӣ, хола;

7. Агар валии наздиктар вуҷуд дошта бошад, ҳаққи никоҳ додан бо ў аст ва валии дуртар ҳаққи ба никоҳ додани занро надорад. Масалан, агар падари зан вуҷуд дошта бошад, зан ҳақ надорад, то иқдом ба никоҳ додани зан намояд;

8. Агар валии наздиктари зан ғоиб бошад ва хостгори муносиб интизори омаданашро намекашад, ҳаққи валигӣ ба валии баъдӣ мегузарад. Масалан, агар падари зан ба сафар рафта бошад ва хостгори муносиб ва дилхоҳи зан, то омадани вай интизорӣ накашад, бародари зан метавонад бо мувофиқати зан, ўро ба никоҳ бидиҳад ва падари зан баъд аз хабар ёфтан аз никоҳ, ба ҳеҷ рў ҳаққи ботил намудани онро надорад;

9. Агар валии зан монеъи издивоҷи зан бо хостгор муносиб мегардид, зан ҳақ дорад мавзўъро ба қозӣ ё олими мавриди боварии огоҳе ба умури дин расонида ва аз вай бихоҳад, то ўро ба шахси дилхоҳи вай ба никоҳ бидиҳад ва ҳаққи валигӣ аз дигар валиҳои зан соқит мегардад.

ҲАҚҚИ АСОЛАТ ДАР НИКОҲ
Зане, ки оқила ва болиға бошад, метавонад бо вуҷуди валиҳои амраш худаш асолати (мустақил дар фикр) дар маҷлиси ақди никоҳ ҳозир гардида ва ақди никоҳро иҷро намояд. Масалан, дар маҷлиси ақди никоҳ, ки хостгор ва шоҳидон ҳузур доранд, омада ва барои хостгор бигўяд: «ман, фалонӣ духтари фалонӣ, ки оқила ва болиға мебошам, худро ба никоҳи шумо-фалонӣ фарзанди фалонӣ даровардам, ҷониби муқобил бигўяд: «ман, фалонӣ фарзанди фалонӣ, ки оқил ва болиғ мебошам, шумо фалониро ба ҳамсарии худ қабул кардам».

ҲАҚҚИ ВАКОЛАТ ДАР НИКОҲ
Ҳамон тавре ки зан метавонад худаш шахсан ақди никоҳро анҷом диҳад, ҳамчунон метавонад шахси дигареро аз тарафи худ вакил намояд, то ўро ба никоҳ бидиҳад ва ваколат бар ду навъ аст:

а) Ваколати мутлақ,
б) Ваколати муқайяд.

Ваколати мутлақ ба ин тариқ аст, ки зан шахсеро вакили никоҳи худ намояд ва барояш ихтиёроти комил ва пурра ба ҳеҷ шартеро дар мавзўъи издивоҷи худ таъйин накунад, масалан, барои вакили худ бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро ба ҳар касе, ки муносиб бидонед, ба никоҳ бидиҳед», ки дар ин сурат, вакил метавонад ўро барои ҳар касе муносиб бидонад, бидиҳад. Баъд аз никоҳ додан, зан ҳаққи эътироз ва ихтиёри ботил намудани никоҳро надорад, магар дар се ҳолат:

1. Он занро худи вакил ба никоҳи худ дароварда ва ё барои падар ва ё фарзанди худ ба никоҳ дода бошад, ки дар ин сурат, агар зан иҷоза диҳад, ақди никоҳ сиҳат пайдо мекунад ва агар иҷоза надиҳад, сиҳат пайдо намекунад;

2. Он, ки занро ба камтар аз маҳри мислаш ба никоҳ дода бошад;

3. Он, ки занро ба касе ба никоҳ дода бошад, ки аз нигоҳи мақом ва манзалат, ҳампоя ва баробар бо хонаводаи зан набошад. Дар ин ду сурати ахир дурустии ақди никоҳ ба мувофиқати зан ва валиҳои умури зан вогузор мешавад. Агар иҷозат доданд, ақди никоҳ сиҳат пайдо мекунад ва агар иҷоза надоданд, дурустӣ пайдо намекунад.

б) Ваколати муқайяд иборат аз он аст, ки зан шахсеро вакил намуда ва аз вай бихоҳад, то ўро бо шароити муайяне ба никоҳ бидиҳад. Масалан, барои шахсе бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро барои фалонӣ ба никоҳ бидиҳед» ва ё бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро ба шахсе ба никоҳ бидиҳед, ки дорои чунин ва ё чунон сифатҳо бошад. Масалан, донишҷў, ва ё тоҷир, ва ё аз Қўрғонтеппа ва ё аз Душанбе ё ҳар касеки мавриди хоҳишаш бошад» ва ё бигўяд: «Шумо аз тарафи ман вакил ҳастед, то маро ба никоҳ бидиҳед, вале набояд маҳрам аз ҳазор сомонӣ камтар бошад» ва мисли ин чизҳо.

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо вакил бояд ҳамаи он чиро, ки зан гуфтааст, дар ҳангоми ба никоҳ додани вай дар назар дошта ва амалӣ созад ва агар хилофи он кард, ақди никоҳ сиҳат пайдо намекунад, магар он ки мухолифат ба маслиҳати зан бошад. Масалан, агар зан гуфта бошад, маҳрам бояд даҳ ҳазор сомонӣ ё пули роиҷи он давлат бошад ва вакил понздаҳ хазор сомонӣ барояш гирифта бошад, никоҳ бе иҷоза додани зан, дурустӣ пайдо мекунад.
Дар охир инро зикр менамоям,ки никоҳи духтари бокира бидуни иҷозати валиамраш дуруст нест,агар бева бошад боке нест

Share This Article