Иди Қурбон ҳумоюн бод!

Ислоҳ нет

Иди Қурбон ҳумоюн бод!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Иди Азҳо расму оини Халили Анбар аст,
Иди Фитр дар шариъат суннати Паёмбар аст.

Бародарону хоҳарони аҳли имон! Якояки шуморо бо фаро расидани иди мубораку муқаддаси мусалмонон, иди Азҳо (Қурбон), ки расму оини Иброҳими Халилуллоҳ аст, табрик мегӯям. Иди Қурбон рамзи садоқат, рафоқат, вафо, имон ва муҳаббати бепоён бар Худованди таборак ва таъолост, ки намунаи олии онро Абуланбиё Иброҳим (а) нишон дода, поя гузоштааст. Дар таърихи ислом ин ид аз зумраи муассиртарин таърихҳост, ки далели итоат аз Худовандро баён медорад. Пас месазад таҷлили онро барои ҳар як фарди мусалмони мутамассик ба ин дин таҳният гуфт.

Иди Қурбон гиромӣ бод! Аллоҳ дар ин рӯзи саид тамоми роҳҳои мусалмононро ҳамвор созад ва мисли сипар аз онон ҳифз намояд. Чатри муҳаббаташро ҳама ҷо болои сари мусалмонон қарор бидҳад ва борони раҳматашро дар ҳама ватани мусалмонон биборад ва онро ба бӯстон мубаддал созад. Хуршеди меҳрашро гармбахши рӯзҳои сард бигардонад ва гомҳои родмардони роҳи ҳақро устувор намояд. Рӯзгоратонро аз хубиву хушиҳо пур ва ғаму андӯҳро аз қалбҳоятон дур ва солимии ҷисму рӯҳатонро ато ва саодати ҳар ду дунёро насибатон гардонад, омин.

Аллоҳ ибодатҳои даҳҳаи мубораки Зул-ҳиҷҷаро аз мо пазируфта бошад. Он чи кардем холис барои ризо Ӯ таоло аз мову шумо қабул фармояд. Намояндагони миллату кишвари мо, ки дар Мино қарор доранд ва дирӯз дар Арафот буданду имруз шайтони раҷимро сангборон мекунанд, аз онҳо қабул карда бошад. Ҳар дуое, ки барои некуаҳволӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоди ин миллат кардаанд иҷобат карда бошад. Муҳоҷирини тоҷикро, ки дар ҳар манотиқи дунё дур аз ватан ва наздикони хеш қарор доранд сиҳату солим баргардонад. Ашки ятимони бесарпараст, занони муҳтоҷу ниёзманд, падару модарони ситамдидаву аламдор ва зиндониёни мазлуми ин миллатро марҳаму маъво бахшад.

Миллати мо имрӯзҳо имтиҳони сангинеро аз сар мегузаронад. Ту худ ба ин ҳама бинову шунавоӣ. Ин имтиҳонро барои миллати азияткашидаи тоҷик осон ва бо иззат аз ин имтиҳон комёбаш бигардон. Ҳеҷ тоҷикеро дар ба дар, муҳоҷир, мазлуму ситамдида ва маҳҷур дар гӯшаву канори дунё магзор. Эй Парвардигори оламиён ва эй меҳрубонтарини меҳрубонон, ин дуои ноқиси моро дар ин субҳи муборак аз мо бипазир, омин.
Иди Қурбон барои кулли мусалмонон муборак бод!!!

Share This Article