Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Ҳафт нафар аст, ки дар рӯзи Қиёмат дар зери сояи арши илоҳӣ қарор мегиранд ва аз гармои тоқатфарсои он рӯз дар амон мемонанд.
- Ҳоким ва пешвои адолаткор,имрӯзҳо чунин ҳокимонро бо заррабин ҷӯемҳам пайдо намегарданд.Аксари мутлақи ҳокимони имрӯзии олам золим ва диктатору ваҳшатафканонанд.
- Ҷавоне, ки ҷавонии худро дар ибодати Худованд сипарӣ кардааст.Ҷавонони имрӯзии мо ончунон ғарқи зарқу барқи дунё гаштаанд,ки ибодат чӣ аст намедонанд.Барои ин падару модаронро мебояд фарзандони худро тарбияи накӯ кунанд.Ибодати Аллоҳ на танҳо ба худи фарзанд сӯдманд ва наҷоти ӯ дар дунё ва охират аст.Худотарсӣ ва ибодати фарзанд,ки самараи ҳаёти падару модар аст нафъаш ба волидайн, ҳам дар дунё ва қабр ва охират, бидуни шакку тардиде мерасад.
- Марде, ки қалбаш вобаста ба масҷид аст вақте, ки аз масҷид хориҷ мешавад, интизор мекашад, то вақти намози дигар фаро расад ва боз ба масҷид баргардад. (Муъмин дар масҷид монанди моҳии дар об эҳсоси оромиш кунад, аммо инсони мунофиқ дар масҷид монанди парандаеаст, дар қафас, талош мекунад аз қафас озод шавад. Пас, муъмин дар масҷид оромиш пайдо мекунад ва дӯст дорад, ки дар масҷид бошад ва мунофиқ, агар ҳам ба муқтазои замон ба масҷид меояд ҳарчӣ зудтар мехоҳад аз масҷид хориҷ шавад ва масҷид барояш монанди зиндон аст).
- Ду нафаре, ки ба хотири Худованд бо ҳам дӯст шуданд ва ба хотири Худованд аз ҳам ҷудо шуданд
- Ҷавоне, ки зани зебо ва соҳибмансабе ӯро ба фаҳшо даъват кунад ва ӯ дар ҷавобаш мегӯяд ман аз Худованд метарсам ва гирифтори чунин амали зишт намешавад.
- Фарде, ки хайру садақа мекунад мехоҳад касе аз ин амали хайри ӯ нафаҳмад ва ё огоҳ нагардад.Ончунон,ки бо дасти росташ бидиҳад ва дасти чапаш аз он огоҳ набошад,ки чӣ чизе садақа намудааст.Яъне садақааш хос ба хотири Аллоҳ бошад,на барои риё ва худнамоӣ.
- Шахсе, ки дар хилват ё танҳогӣ зикру ёди Худовандро мекунад ва аз чашмонаш ашкҳо ҷорӣ мешаванд.
Инҳо ҳафт нафаре ҳастанд, ки дар рӯзи Қиёмат дар зери сояи арши Худованд қарор мегиранд. Он рӯзе аст, ки хуршед наздик ба замин қарор мегирад, рӯзе, ки инсонҳоро ҳама монанди масту сархуш ҳастанд, аммо онҳо маст нестанд, ин ҳолат, ки ба онҳо рух медиҳад ба хотири шиддати азоби Илоҳӣ ва тарсу ваҳшате, ки дар миёни маҳшар вуҷуд дорад.
«Битарсед аз он рӯзе, ки ҳеҷ инсоне наметавонад барои шахси дигар коре анҷом диҳад рӯзе, ки ҳеҷ инсоне… гирифта намешавад, ки дар азоби ӯ тахфиф пайдо шавад, рӯзе, ки шафоати ҳеҷ инсоне бидуни изни Илоҳӣ пазируфта намешавад. Ду чиз дар дунё барои шумо инсонҳо судманд аст дар охират барояон суде надоранд,: Яке дороӣ ва сарват, ки мушкилоти инсонро дар зиндагӣ метавонад ҳал кунад ва дигаре фарзандон аст, ки метавонад дар ҳама ҳолат бо шумо ҳамроҳӣ намоянд».
Худованд мефармояд: «Ин ду чизе, ки барои шумо инсонҳо судманд буданд дар он рӯз суде барои шумо нахоҳанд дошт. Танҳо касоне наҷот меёбанд, бо қалби пок аз ширку нифоқ, кина, риё ва ҳама сифати разила дур бошанд.
Худовандмефармояд: «Рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад. Ва аз модарашу падараш. Ва аз зану фарзандаш. Ҳаркасро дар он рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад. Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд, хандонанду шодонанд. Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд, дар сиёҳӣ фурӯрафтаанд. Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон)».
(Сураи Абаса, оёти 34-42)
Он рӯзе аст, ки ҳеҷ чизе ба дарди инсон намерасад танҳо аъмолашон. «Аз пайи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил, ҳамаро ба он бозхост кунанд».
(Сураи Исро, ояти 36)
Худованд мефармояд: «Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то аъмолашонро ба онҳо (Худо) бинамоёнад. Пас, ҳаркас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад. Ва ҳаркас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад».
(Сураи Зилзол, оёти 6-8)
Бале фарзанд дар он рӯз аз падару модари худ мегурезад,то ҳасанае аз ӯ нахоҳанд.Аммо фарзандоне дар дунё солеҳу солеҳа тарбият намудаем метавоанд сабаб ва мояи сарбаландии падару модар дар назди ҳама халоиқ гарданд.Масалан агар фарзанд ҳофизи Қуръон бошад,барои падару модари ин фарзанд тоҷи Илоҳӣ ва либоси зебое пушонида мешаваду ба он падару модар мақомҳои волое интизор аст.
Дар он рӯз вақте, ки тобиши гармои хуршед чандин баробари дунё мешавад,ки ҳоло барои мо ва шумо қобили муқоиса нест, ҳар инсоне ба андозаи гуноҳе, ки дар дунё кардааст зери арш дар ҷӯш аст. Баъзеҳо то буҷулакҳои пойҳо, баъзеҳо то зонӯ, баъзеҳо то миён, баъзеҳо то гардан, баъзеи дигар сар то қадамашон дар арақҳои бадани худ меҷӯшанду ғутаваранд. Дар он рӯз Худованди Мутаол ин ҳафт нафарро дар зери сояи арши хеш қарор медиҳад ва аз он гармои тоқатфарсои он рӯз наҷот медиҳад.Аллоҳ моро аз чанд тоифаи ин ҳафтгона бигардонад,то аз ҳавл ва ваҳшати он рӯзи вахим бираҳонаду наҷотамон бидиҳад омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин