«Афёра» по Пировский

Ислоҳ нет

   Тоҷиддин Пиров, раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» чи гуна меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-ро дигарбора аз они худ кард?

 Солҳо мешавад, ки дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон фаъолият мекунам. Пештар дар вазорати молия кор мекардам. Ҳозир дар яке аз бонкҳои хусусӣ, ки аз они яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмонов буд, кор мекунам. Барои он «буд» гуфтам, ки ин бонкро солҳо пеш Тоҷиддин Пиров, раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» харида буд. Ин бонк «Бонки рушди Тоҷикистон» ном дорад.

Ман инҷо мехоҳам, ки  парда аз руи баъзе аз сиру асрори ҳамин Тоҷиддин Пиров бардорам. Рости гап дар бораи ин шахс шумо дар «Ислоҳ» матолиби хубу хонданӣ ва муҳиммаш воқеӣ чоп намуда будед.

Кутоҳи гап инҷо аст ки агарчи «Тоҷиксодиротбонк»-ро муфлис эълон карданд, аммо ин бонк амалан пул дошт ва тамоми моликияташ ҳифз шудааст ва пулҳои он феълан тавассути «Бонки рушди Тоҷикистон» дар гардиш аст. Аммо ҳазорҳо- ҳазор муштариёни бонки «Тоҷиксодиротбонк», ки бархеаш садҳо ҳазор доллар пасандозҳои худро дар ин бонк гузошта буд, то ҳоло гирифта натавониста истодааст. Медонед чаро? Чунки дар боло пораи калон гирифтанду дасти мардумро аз гиребони Пиров дур карданд. ПировТоҷиддин бо Тахминаи Раҳмонова –Клеопатра бисёр ҳам робитаи хуб дорад ва тавассути он миллионҳоро ба худи Раҳмонов доду ҳоло ҷонашро харид. Аммо на фақат ҷонашро харид, балки ҳоло молу моликияти гуё барои бозгардони пасандозҳои мардум аз тарафи давлат мусодира ва ба фуруш гузошташударо худаш харидааст.

Меҳмонхонаи «Тоҷикистон», бинои марказии «Тоҷиксодиротбонк»,биноҳои ин бонк дар навоҳии кишвар, чанд адад биноҳои баландошёна дар Данғараро, ки маблағи онҳо аз 100 миллион ҳам меафзояд дубора дар музояда худи Тоҷиддин Пирзода, аммо ба номҳои хешу табораш харида аст.

  Инро бояд  ёдовар шавам, ки ҳукумат барои пас додани пулҳои пасандози муштариҳои «Тоҷиксодиротбонк» амволи онро мусодира карда ва фурӯши онро тариқи музояда дар биржа гузошт. Ва он вақт дар матбуот хабарҳо нашр шуд, ки «Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон» ҳафт бинои 9-ошёнаи сохтмонаш нотамомро дар ноҳияи Данғара ба музояда гузошт. Нархи ибтидоии биноҳо тақрибан 119 миллион сомонӣ таъйин шудааст. Масоҳати хонаҳо ҳудуди 29 ҳазор метри мураббаъ буда, дар бештар аз ду гектар замин ҷойгиранд. Ба ҳисоби миёна арзиши ҳар метри мураббаъ дар ин биноҳои сохтмонашон нотамом 4 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин пеш ҳамин кумита гуфта буд, ки дафтари асосии “Тоҷиксодиротбонк” дар Душанбе ба маблағи беш аз 125 миллион сомонӣ ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон”  ба маблағи беш аз 225 миллион сомонӣ ҳанӯз  харидор наёфтаанд. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад. Баъд ба ин нукта таваҷҷуҳ кунед, ки музояда дар биржаро пушида баргузор карданд ва нархро поин фароварданд. Ҳисобот медиҳанд, ки касе нахарид. Сипас барои онки харидор худашон ҳастанд нархи дастрасро мемонанд. Дар газета эълон доданд. Чор маротиба эълонро нашру бознашр карданд, аммо нархро баланд монданд, касе нахарид. Маълум буд, ки ин ҳамааш схема ва афёраҳои худи Тоҷиддин Пиров аст. Пиров, бисёр шахси муғамбир аст. Вай хуб медонад, ки онҳо гушнаанд, бо ин корҳо омухта шудаанд, як -ду сумашон медиҳад, бо ҳамин тамом. Давлатӣ карданд нархро, яъне баланд карданд, барои ҳамин касе нахарид. Аммо, ҳатто агар пулдорҳо ҳам ҳастанд, аз харидорӣ карданд метарсанд. Чунки аз як тараф Пиров данғарагӣ аст аз тарафи дигар молу пули худро бо хариди ин гуна моликиятҳои гаронарзиш намоён карда худро даступо баста дар чанголи Раҳмонов ва одамони вай намепартоянд.

Дигарбора комиссия  карда нархро поин оварданд. Пиров пешакӣ медонад, ки дар 50 миллион сомонӣ худаш бемалол мехарад. Вай ҳам бо пулу пора комиссияи нархгузорӣ аз Кумитаи сармоягузориро харид. Он вақт Саъдӣ Қодирзода раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Вай ҷияни Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Зарина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, муовини Ҳасан Асадуллозода, зани писари Бег Сабур аст. Бег Сабур шогирди Диловари фархорӣ. Диловар Муҳиддинови фархорӣ яке аз бузургтарин наркобизнесҳои Тоҷикистон аст ки дар Маскав зиндагӣ мекунад. Тоҷиддин Пиров бо Диловар ранги акаву додаранд. Пиров ба Диловар Муҳиддинов  подхалимӣ мекунад. Бародари Диловарро, агарчи аз уҳдаи кор намебарояд, чанд навбат ва дар чанд филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк» раис монда буд. Ёқуб ном дорад. Аз ҷумла дар километри 9уми Душанбе. Пиров шиферзаводашро ба ҳамин бародари Дидовар фурухта буд. Инро бояд махсус зикр намоем, ки Тоҷиддин Пиров, ҳануз солҳое, ки боевикҳо аз ҷумла Суҳроб Қосим ҳокимият меронданд бо тиҷорати героин машғул буд.

(Дар мавриди баъзе муъомилоте миёни Диловар Муҳиддинов ва Тоҷиддин Пирову Бег Сабур вуҷуд дорад дар дигар бахшҳо муфассал менависем)

 Аммо бо вуҷуди ин вақте эълони фуруши охирро дар газета чоп намуданд, нагузоштанд, ки онро дар дуконҳои фуруши рӯзномаҳо тақсим намоянд. Тамоми шумораҳои чопшударо дар худи чопхона мехаранд. То дигарҳо аз эълон бохабар шуда дар музояда ширкат накунанд ва харидор нашаванд. Ҳамаашро хариданд, дар дасти касе расидагӣ нест. Ва дар ҳамон сана меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ба фуруш меравад. Молоткаро мезананд дар биржа. Аммо ин ҷаласа тамоман дуруғин ва сохта аст. Чанд нафар харидорӣ ҷаълиро ҳам ташкил мекунанд, ки онҳо ҳам одамони худи Тоҷиддин Пиров буданд. Хуллас ҳамаи харидорҳо фалшивий ва тамоми ҷараёноти ин музояда сохтакорона буд.

 Ба ин тартиб Тоҷиддин Пиров, раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» меҳмонхони «Тоҷикистон» дар маркази Душанберо харид. Бале, дуруст ҳамон «Тоҷикистон»-е,ки дар шумори амволи мусодира ва таракакардаи «Тоҷиксодиротбонк» аз тарафи ҳукумати кишвар буд ва мебоист маблағи аз фуруши он ба дастомада ба пардохти қарзҳои муштариёни ин бонки муфлисшуда харҷ мегардид. Де-факто Пиров бо як афёраи камназир меҳмонхонаи пешини худашро боз худаш харидорӣ кард. Саволи асосӣ ин аст ки агар Пиров ба миллионҳо сомонӣ тавони харидории ин меҳмонхонаро дошта бошад, пас,чаро пулҳои муштариёни овораву сарсону саргардонашро барнамегардонад? Ва боз саволи дигар ин аст ки магар Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ин тақаллубу тахаллуфро намебинад ва ё дар ин табаҳкориву чопидану балъиданҳо шарик аст?  

Айни замон Пиров як домоди акааш Шералиев Асадулло Миралиевичро раиси ин меҳмонхона мондааст. Ин одам пештар ҳам директори ин меҳмонхона буд. Аммо ҳоло мисле, ки Пиров ҳозир банкрот -муфлис як хона дораду тамом.

Агар дар ин афёра мақомоти ҳукумати Раҳмонов «қуш» набошанд, чи гуна Тоҷиддин Пиров, ки аз мардум садҳо миллион сомонӣ (чорсад миллион қарздор аст ин биноҳоро  харидорӣ мекунад?

Ҳоло акнун савол ин аст ки  Пиров пул дорад, чаро пули муштариҳоро намедиҳад, чаро мақомот ӯро намепурсанд? Маълум аст ки аз муштариҳо сари тарсу бим надорад. Аммо аз ҳукумат чи? Магар Раҳмонов ин ҳамаро намебинад? Мебинад.Хеле хуб ҳам мебинад. Пас чаро ҷилавгирӣ намекунад? Чунки шарик аст. Дар ин дуздиву ғорат шарик аст. Ҳамин бар фарзе 12 миллион доллар ҳудуди150 миллион сомонӣ маблағи шояд панҷ ҳазор муштариҳои «Тоҷиксодиротбонк» аст. Пули барои рузи сиёҳ барои рузи мабодо мондаи мардум. Дақиқан Пиров ҳиссае аз ин пулҳоро ба худи Раҳмонов дод. Ва, Раҳмонов қазияи Пиров ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро дар «контрол»-и худ гирифт ва ҳеҷ мақому мақомоте ҳам наметавонад коре бикунад, агарчи ними Тоҷикистонро Пиров фиреб кардаву пулҳояшонро пас намедиҳад.

Яъне ин ба он маъно аст ки ҳам ҳукуматашон ва ҳам тиҷораташон аз шуру чаповулу дуздиву ғорат ташкил шудааст.

Тоҷиддин Пировро дар қазияи Рустам Холиқов, раиси пешини «Тоҷикайр»,ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, кашида буданд. Чунки инҳо бо ҳамон самолёти Боинги Пиров, ки дар Эрон ба иҷора дода шудааст, ё кадом масъалаи дигаре чи проблемае доштанд.

Инҷо намехоҳам аз ҳаёти хилвати Пиров ва зану духтари вай суҳбат кунам. Ҳоло онҳо дар Дубай ҳастанд. Аммо аз мақолаи баъдӣ,ки қарор аст бинависам як ҷумларо меоварам:  

Суҳроб Муҳаммадӣ домоди генерал Зоиров дар раёсати кредити «Тоҷиксодиротбонк» кор мекард. Вай бо зани касе «қуш» буд, ба даст меафтад, мурданивор мезананд. Як вақт гап-гап буд, ки бо зани Пиров муносибат дорад. Пиров барои ҳамин уро бад медид. Чанд вақт хонаи Пиров намерафт. Аммо як вақтҳо 24 соат ронандаи янга –зани Пиров буд».

 Ҳушдори ман ба Тоҷиддин Пиров ин аст ки агар маблағи муштариҳоро барнагардонад дар ин боб ҳам муфассал ҳикоят хоҳам кард.

Аммо як чизро ногуфта наметавонам.Тоҷиддин Пиров пул дорад, аммо пасандозҳои мардумро додан намехоҳад. Маҳз ҳамин пулҳои муштариҳои «Тоҷиксодиротбонк» аст, ки «Бонки рушди Тоҷикистон», ки дар соли 2021 бо 42 миллион сомонӣ зиён ҷамъбаст карда буд, аллакай дар соли 2022 бо даромади 2,4 миллион корро идома дод.

Ps: Дар қазияи Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков ё Раҳматов хело навиштаҳои зиёде омадааст,ки бояд онҳоро ҷудо созему яке паси дигар тақдим намоем. Ҳатман ба номаҳо расидаги хоҳем кард. Ҳоло се нома дар мавриди Диловар Муҳиддинов расидааст,ки хело сиру пиёзҳоро ошкор мекунад. Интизори матолиби ояндаи “Ислоҳ” бошед!

Share This Article