«Афёраи байналмилалӣ» дар иҷрои “Қаллобдомоди Эмомалӣ”

Ислоҳ нет

чаро Ҷамолиддини домоди Э.Раҳмонов «Имон-интернешинал»-ро аз  хуҷандиҳо гирифта ба хориҷиҳо дод?

Ҳеҷ дуздие пинҳон нахоҳад монд, агарчи онро зирактарин дузд, дузди арсаи  байналмилалӣ Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон барномарезӣ ва ба иҷро дароварда бошад. Ахиран парда аз рӯи боз як «афёраи бонкӣ»-и ин домоди бонкдузди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд. Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, раиси Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ ва домоди Эмомалӣ Раҳмонов ин бор бо як «комбинтасияи чандсамта» ва «махинацияи бесобиқа»  «Имон интернешинал»– як ташкилоти қарзии муваффақ дар шимоли Тоҷикистонро барои манофеи гурӯҳии худ ба «хоҷаҳои хориҷӣ»-иаш фурӯхт. Ҷамолиддин Нуралиев, ин бонкдузди кишвар  ҳамроҳ бо  шарикони хориҷии худ ин ташкилоти қарзиро аз моликони асосии он- сокинони вилояти Суғд бо роҳи зӯрӣ ва таҳдид ба ҳабсу зиндон  кашида гирифта ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (ЕBRD) ва як  шаҳрванди хориҷӣ дод. Ва, ҳамин тавр моликони асосии он -сокинони Тоҷикистон -аз саҳмия ва ҳақи роҳбарӣ дар ин ташкилоти қарзӣ маҳрум шуданд.

Аммо дар ин бора як каме поинтар ботафсил суҳбат мекунем. Ҳоло аз чанд мавриде дигари мушобеҳ, яъне «афёраҳои бонкӣ» дар Тоҷикистон мегӯем, ки Эмомалӣ Раҳмонов солҳо пеш анҷом дода ва барои идомаи ҳамин тарзу тариқаи кор Ҷамолиддини домодашро масъул ва маъмур гузоштааст. Чунки дигар ба хидмати афроде мисли Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистон ниёз надорад. Ин тазкирҳо барои он аст,ки миллат фаромӯш накунанд ҷиноятҳои ин оиларо ва дар пешорӯяшон ҷилвагар бошад.

Сандуқи байналмилалии пул ва грантҳои он ва обулой кардани 800у чанд миллион доллар.

Баҳси ҳукумати Тоҷикистон  бо Сандуқи байналмилалии пул бар сари ҳудуди як миллиард доллар қарзҳои ин муассисаи байналмилалии молиявӣ дар авохири солҳои 90 ва ибтидои 2000 як шармандагии бузурге  буд, ки дасти дуздии Эмомалӣ Раҳмонов ва Муродалӣ Алимардоновро рӯ кард. Ин миқдори бузурги маблағ барои  давлати Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши фақр  ва дар чанд «транш» дода шуда буд. Аммо баъди чанде маълум шуд, ки ин ҳама  маблағи бузург аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Муродалӣ Алимардонов, ки он замон раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд дуздида шудааст. Аудите, ки тавассути Сандуқи байналмилалии пул барои харҷи ин пул ва шаффофияти масрафи он доир кард, ошкор намуд, ки Раҳмонов ва Алимардонов танҳо бо «санадсозӣ» ин ҳама пулро аз они худ кардаанд. Ширкати «Коттон-инвест», фючеристони арсаи пахтаву сармоягузорӣ ба воҳидҳои кишоварзӣ ва ҳамин тавр бунёди боғоту ангурзорҳову фермаҳои говҳои шведиву олмониву ҳолландӣ, рамаҳои  гусфанд аз ҳисоби ин пулҳо ташкил карда ва ҳазорҳо нафарро соҳиби ҷойи корӣ намудаву ва бо ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ҳамагӣ дуруғи бузургеанду дар рӯи коғаз. Бале, ин ҳама чизҳо буданд, аммо на ба андозаи 800у анд миллион доллар. Аудит дурӯғҳоро яке пайи дигаре  ошкор кард.

Сандуқи байналмилалии пул ултиматум гузошт, ки бояд маблағи ғайримақсаднок истифодакардаашро давлати Тоҷикистон баргардонад. Ҳамчунин ин муассисаи молиявӣ аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даст кашид. Бонки миллии Тоҷикистон  дар замони Шариф Раҳимзода муаззаф шуд, ки ин пулҳо бо изофаи 47 миллион доллар баҳраро давра ба давра бозгардонд. Ва, ҳамин тавр ҳам шуд. Тоҷикистон ин ҳама пулҳои бо ғоратбурдаи Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳисоби бюҷети мамлакат баргардонд. Вале ҳоло ,чуноне аҳли Тоҷикистон медонад он ҳама фермаву боғу токзору аспҳову рамаҳову говҳову дигару дигар то чойхонаи «Харбуза»– дар Ҳисорро Эмомалӣ Раҳмонов аз Алимардон заду гирифт. Ва, худи Алимардон мисли ашёи муҳлати масрафаш анҷомшуда «утилизатсия» шуд. Воқеан ҳам ин як афёраи бузурги бонкӣ буд, ки Раҳмонов бар ивази шармандазосии давлати Тоҷикистон анҷом дод ва соҳиби садҳо миллион доллар  шуд.

Дигар аз «афёраҳои бонкӣ» ин мункир шудани 2.5 миллирад еврои Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ аст. Ин моҷаро ҳам хеле тулонист. Занҷонӣ пулҳои вазорати нафти Эронро бо давр задан аз таҳримоти Амрико тавассути Тоҷикистон кашониданӣ буд. Ба маҳзи гузаронидани  ин пул вай дар Тоҷикистон беш аз 200 миллион сармоягузорӣ кард. Дар ин миён пулҳову бриллиантҳои ба Азизамо туҳфа кардаи ӯ беҳисоб аст. Мешавад гуфт, ки  сармоягузории Занҷонӣ навъи дигари ришват буд. Автовокзалро обод кард, садҳо адад автобуси мусофирбари гаронарзиш овард. Бонки нав бо бинои нав сохт-«Конт-бонк». Яъне ҳам сармоягузорӣ ва ҳам корофаринӣ кард. Аммо вақте кораш дар Эрон ба додгоҳ кашид Тоҷикистон аз вуҷуди ин миқдори бузурги пул мункир шуд. Ҳамин тавр дар як мижа задан Раҳмонов 2.5 миллиард евроро соҳиб шуд.

Саввум «афёраи» бонкии Раҳмонов дақиқан бо воситаи Ҷамолиддин Нуралиеви домодаш анҷом дода шуд. Тоҷпромбонк, Соҳибкорбонк, Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонкро ба таври сунъӣ ва комилан ноҷавонмардона аз майдон берун кард. Ин бонкҳоро ба хотири онки бонкҳои аъзои оилаи Раҳмонов ва аз ҷумла «Спитаменбонк»-и худи Ҷамолиддин бемалол ва бидуни кадом рақобат дар кишвар фаъолият намоянд, аз байн бурд.

Мусалламан Ҷамолиддин ин корҳоро бе маслиҳати Эмомалӣ Раҳмонов ҳаргиз иҷро карда наметавонад. Вай бо дили пур  ва бидуни ҳеҷ тарсе аз қонун ва ҷавобгарӣ чунин ҷинояти бузургро анҷом дод. Чун на касе ӯро мепурсад ва на аз касе бим дорад. Раҳмонов ба хотири манфиатҳои оилавӣ  ҳама чизро мефурӯшад. Вогузории замин ба Хитой танҳо кори сиёсӣ ва рафъи мушкил дар равобит набуд. Инҷо низ Раҳмонов на камтар аз миллиард доллар гирифта сипас имзо карда буд. Ба Чин имтиёзҳо дод. Ҳоло 90% конҳои тиллои Тоҷикистонро хитоиҳо дар ихтиёр доранд. Аз ҳар кадоме аз ин конҳо ҳам миллионҳо доллар ришват гирифтааст. Хуб, ин масъалаи дигар аст.

Гап дар инҷо аст ки Ҷамлоддин Нуралиев, ин  мутахассиси арсаи байналмилалӣ дар бонкдорӣ на як бору ду бор манофеи миллат ва мардумро ба савдо мезанад, доду ситад мекунад.

«Золотая корона»-ро барои он берун кард, ки ингор террористҳоро сармоягузорӣ кардааст ва азбаски 80% интиқоли пул таалуқ ба ӯ дорад барои истиқлоли молияи Тоҷикистон хатарнок аст. Чунин тафсир дода буд Ҷамолиддин вақте маркази ягонаи таҳвил ва интиқоли пулро дар Бонки миллӣ роҳандозӣ кард. Ин ҳам як «афёра»-и дигари бонкӣ аст, ки дар пушти он миллионҳо даромади Ҷамолиддин  меистад ва ҳадафи асосӣ аз ин «навгонӣ» ҳам ҳамин буд.

 ” Яке дигар аз амалиётҳои бонкии Ҷамолиддин Нуралиев фурӯши евробондҳо-авроқи гаронарзиш  барои Роғун буд, ки тавассути биржаи Люксембург дар соли 2017 -2018 ба маблағи 500.миллион доллар фурӯхта шуд. Ин 500 миллиони  ҷалбшуда ба бунёди Роғун тӯли 10 сол  850 миллион доллар шуда бармегардад. Шак надошта бошем ,ки инҷо кадом махинацияҳое вуҷуд дорад, ки  миллионҳо доллар аз ин пул ба ҳисобҳои оффшории Ҷамолиддин ва падари аруси вай рафтааст.”

Коршиносон ва таҳлилгарон дар ин авохир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ бахусус Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва тараққиётро  ношаффоф ва олуда бо найранг мешуморанд. Феълан Бонки осиёии рушд, танҳо муассисаи байналмилалии молиявӣ аст ки садҳо миллион доллар ба Тоҷикистон қарз ва баробар ба он қарзи бебозгашт додааст. Аксарияти грантҳои ин бонкро дар Тоҷикистон ширкатҳое обулой мекунанд, ки мутааллиқ ба оилаи Раҳмонованд. Мо барои онки матлаб ба дарозо накашад танҳо аз яке аз ин мавридҳо ном мебарем. 120 миллион доллар зиёдтар кумаки бебозгашт (яъне дигар намегирад, туҳфа ҳам гуем хато намешавад)-и Бонки осиёии рушдро барои насби «счетчик»-ҳои барқ «Авестогрупп»-и Рустами Эмомалӣ гирифтааст. Мушаххас аст, ки ин пулҳо ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов ва аъзои оилаи вай ворез мешаванд. Дар пушти ин ҳама «афераҳои бонкӣ» «аферисти байналмилалӣ» Ҷамолиддин Нуралиев меистад. Агар ба истилоҳи худашон гуем “Қаллоби байналмилалӣ”

ИМОН ИНТЕРНЕШИНАЛ 

Хуб, ҳоло баргардем ба «Имон-интернешинал». Ин ташкилоти қарздиҳӣ, ки соли 1999 дар Хуҷанд маркази вилояти Суғд тавассути Гулбаҳор Маҳкамова ташкил шуда  тӯли солҳо тавонист, ки ҷойи пойи худро дар арсаи бонкии кишвар мустаҳкам намояд. Ҳамин тариқ дар 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои худро боз кард ва як муассисаи муҳимми сармоягузорӣ шуд. Қиссаи аз дасти ин хонум гирифтани корхонааш тулонист. Вале мухтасаран ин аст, ки дар соли 2018 Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки иллати барканории раиси «Эсхата» (ин ҳам бонки хуҷандиҳо ва дар Хуҷанд буд) ва «Имон интернешинал» ин аст ки он мусоидат кардаанд, ки террористҳо ва қочоқчиёни маводди мухаддир аз онҳо барои таҳвили миллионҳо доллар истифода намоянд. То ҳамин имрӯз дигар маълум нашуд, ки ин террористҳо киҳо буданд ва аслан ин иттиҳом воқеият ва ё дурӯғ?

Аммо ҳоло маълум шуд, ки як ташкилоте бо номи «Сохтмон» тавассути «Имон -интернешинал» беш аз 60 млн, долларро тули панҷ моҳ ба Чин ва Ҳонгконг таҳвил додааст. Дар бораи ин ташкилот на роҳбарони пешини «Имон -интернешинал»,на феълии он ва на Ҷамолиддин Нуралиев ба саволи OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта посух надодаанд. Агар ин ташкилот, ташкилоте буд, ки марбут ба Гулбаҳор Маҳкамова, муассисси ин ташкилоти хурди қарзиву амонатӣ мебуд, кайҳо онро эълон мекарданд. Ва, аз тарафи дигар бо он малака ва таҷрибаву дониш дар гумон аст ки хонум Маҳкамова иҷозат бидиҳад, ки ин миқдор маблағи бузургро як ташкилоти машкук ва ношинохта тавассути бонки ӯ ба хориҷа интиқол диҳад. Ба эҳтимоли зиёд ин «ташкилот» яъне «Сохтмон» мутааллиқи  оилаи  Раҳмонов ва  ё шарикони Ҷамолиддин Нуралиев аст. Ҳоло акнун ин «перевод» маълум мешавад, ки «комбинатсияи чандсамта» будааст. Аз як сӯ пулҳоро ба суратҳисоби даркорӣ гузарониданд, аз тарафи дигар барои хонум Маҳкамова «камбудӣ ва ҷурм» сохтанд ва муҳимтар аз ҳама заминаи барканории Маҳкамова ва фурӯши бастаи саҳмияҳоро фароҳам карданд. (тафсилоти бештареро дар ин маврид дар Радиои Озодӣ бихонед)

Ва,ахиран ҳамин тавр ҳам шуд. Тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта  «ширкати Mikro Kapital” , Бонки аврупоиии таҷдид ва тараққиёт 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳоми асосии он — Фонди хурди қарздиҳии “Имон” буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд. Дар натиҷаи ин додугирифт, Фонди хурди қарздиҳии “Имон”, ки ба Гулбаҳор Маҳкамова соҳибкори тоҷики зодаи Хуҷанд тааллуқ дошт, аз соҳибмулкии “Imon International” маҳрум гашта, ширкати “Mikro Kapital” бо 42,7 дарсади саҳмияҳо ҳамчун саҳмдори асосӣ назорати “Imon International”-ро ба даст гирифт. “Mikro Kapital” ширкатест, ки дар Люксембург сабти ном шуда, раиси он, Винчензо Трани, соҳибкори итолиёист, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад.»

Нуктаи таассуфбор  дар ин «афёраи бонкӣ» ин аст ки  Гулбаҳор Маҳкамова наметавонад асли моҷароро ошкоро бигӯяд, чун дигар дар дасти Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳукми «гаравгон» аст. Аммо маълум шудааст, ки ӯро маҷбур ба фурӯш кардаанд ва ҳатто нархи саҳомро чандин баробар пойин овардаанд ва нафаре, ки  ин ҳамаро созмондеҳӣ кардааст Ҷамолиддин Нуралиев аст. Гуфта шудааст, ки Ҷамолиддин Нуралиев Винчензо Трани, соҳибкори итолиёӣ, раиси ширкати “Mikro Kapital” ошнои дерина будааст ва ҳамватани худ ва ташкилоти ҳамватани худро ба зӯр гирифта ба ӯ додааст.

OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта  дар пажӯҳиши худ ба ин тарафи масъала,ки ба истилоҳ пулшӯӣ дар «Имон-интернешинал»  яъне интиқоли ҳамон 60 миллион доллар ба воистаи Винчензо Транӣ бармало шудааст:

Инро Винчензо Транӣ, як соҳибкори итолиёии муқими Маскав, ки робитаҳои васеи сиёсӣ дорад, роҳбарӣ мекард. Транӣ дар аввал кӯшид, ки саҳмияҳои муассисони маҳаллии Имонро бо нархи арзон харидорӣ кунад. Вақте онҳо рад карданд, ӯ як маъракаи хашини бадномсозиро ташкил карда, дар фаъолияти ташкилот камбудиҳои ҷиддиро ба миён овард, то саҳомони маҳалиро канор занад. Вай дар симои Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди президент, як шарики омода ва тавоноро пайдо кард. Ҳангоме ки Транӣ аз паи харидани саҳмияҳои Имон буд, Бонки Миллӣ, ки дер боз бо муассисони “Имон интернешнл” душманӣ дошт, фишорро афзоиш дод, то оне ки муассисон розӣ шуданд, саҳмияҳои худро фурӯшанд.

Албатта Бонки аврупоии таҷдид ва тараққиёт низ, бо ин вуҷуд ки худро дар ин муомилаи номардона ва ин ғасби рейдерӣ муқассир намеҳисобад,маълум аст,ки бо ин ва ё василае бо Ҷамолиддин Нуралиев забон як кардагӣ аст.

Дар ин қисмати поёнӣ як иқтибоси дигар аз пажӯҳиши OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфтаро меоварем ва ҳама пардаҳо аз рӯи «афёра»и дузди сатҳи байналмилалӣ ошкор мешавад: «Моҳи июн, пас аз шаш моҳи харидани саҳмияи аввалини , Транӣ ба Душанбе сафар кард ва бо домоди президент Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллӣ вохурӣ дошт. Дар ин мулоқот бинобар гуфтаҳо ва санадҳое, ки хабарнигорон диданд, Транӣ барои харидани бастаи калони саҳмияҳои “Имон” ҳавасмандӣ зоҳир мекунад. Нуралиев, ки зидди ташкилот баромад мекард, гуфтаст, Бонки Миллӣ Mikro Kapital-ро ҷиҳати ба даст овардани бастаи калидии саҳмияҳои “Имон интернешнл” дастгирӣ хоҳад кард. Дар охир Транӣ ба дигар саҳмдорон тавсия дод, ки Фонд бояд биравад».

(Муомилаи иҷборӣ бар сари фурӯши саҳмияҳои «Имон» моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуда буд.

ОCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар хулосаи ин пажӯҳишаш ба ин натиҷа расидааст, ки «Талошҳои хориҷиён барои зери даст даровардани ин ташкилот аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, ки муовини раиси он домоди президенти кишвар аст».

Ба навиштаи OCCRP тасарруфи “Имон интернешнл” ва зери роҳбарии Винчензо Транӣ гузаштани ташкилот тасодуфӣ нест. Чунки  ин соҳибкори итолиёӣ соҳиби чанд фонди сармоягузорӣ дар Люксембург аст ва робитаҳои қавӣ бо муассисаҳои молиявӣ дорад.

Шояд аз ҷумла дар биржаи Люксембург,ки евробондҳои Тоҷикистон барои Роғунро маҳз дар онҷо ба фурӯш гузошта буданд ва ҳоло ният доранд, ки боз ба миқдори 1 миллиард доллари дигар ҳамчунин евробондҳоро бо кафолати ҳукумати Тоҷикистон ва Роғун барои аврупоиҳо ба фурӯш бигзоранд?

Share This Article