Агар “Пешво” ба наврӯз арҷ мегузошт М.Ҳайитро афв мекард

Ислоҳ нет

 

 

     Изҳороти муштараки 9 созмони ҷаҳонии ҳоми ҳуқуқи башар барои раҳоии М. Ҳайит- муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки Ӯзбакистон ва Туркманистон, ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон садҳо тан аз зиндониёни худро бахшида ба иди Наврӯз озод карданд.

 

Ду раисҷумҳури туркнажод

 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов,раиси ҷумҳурии Туркманистон беш аз 2300 нафар аз зиндониёнашро бо қабули қонуни афв озод кард.

 Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон низ барои ҳамин ҷашн бо судури як фармон  44 нафар аз зиндониҳои ин кишварро  мавриди бахшиш қарор дод.

….Афв ва бахшиш аз сунат ва таомули дерин дар давлатдорӣ аст.Руасои давлатҳо, он хоҳ амир, хоҳ султон ва ё хоҳ шоҳу хоқон аз қадимулайём ин ойини башардӯстонаро эҳтиром гузошта ва ҳар аз гоҳе ба иҷро гузоштаанд. Руасое, ки дар мурооти ин ойин таваҷҷуҳ ва иродаи бештар зоҳир кардаанд, ба унвони одил, адолатпеша, раиятпарвар ва хайрхоҳи мардум машҳур шудаанд. Роҳбарони давлатҳо, бо иҷрои ин ойин ҳам дилёбӣ мекунанд, чун ба хонаводаҳо суруру шодмонӣ эҳдо мекунанд, ва ҳам савоб ва аҷр дарёфт хоҳанд кард.Раҳоии як зиндонӣ хеле аз амалҳои шоиста маҳсуб мешавад. Раисони одил талош мекунанд, ки дил дарбиёбанд ва шарики ғами мардум бошанд ,аммо онҳое, ки ҷоҳилу худбину худкомаанд, баракс  боиси ранҷу озори табааи худ мешаванд….

 

Агар ӯ ориёӣ мебуд?

 

Агарчӣ хуб медонем,ки “пешво” ба ҳеҷ дини осмоние имон надорад,инро бо мадрак ва далоил мегӯям,ақалан чунонеки иддао мекунад “ӯ ориёӣ аст” бо ин иддиои худаш вафо мекард ва дар баробари рақси имшабааш дар ипподроми пойтахт талаби СММ ва ахиран ин нуҳ созмонро ба ҷой меовард бовар мекардем ӯ ориёӣ аст.Аммо ин иддаояшҳам дурӯғе беш нест ва ӯ ориёӣ нест.Дар ҳоле ду раисҷумҳури ҳамсояи туркзабонамон аз ҷаноби “пешво” орёитар ба назар мерасанд.Ба ду идҳои мусалмонон аслан таваҷҷуҳе намекунед ба ҷуз  паёмҳои пулҷамъкунӣ.Ҳар куҷо бӯйи пул ба машомаш расад онҷо сару каллаш пайдо мегардад ҷаноби раиси ҲАШТПОро.Онҷоеки афву бахшиш ва пойдорӣ ва сулҳу субот бошад қавоқҳояшро мегиронаду сиёсат карда мегуяд: “ аммо ман намегузорам,то намоиш диҳанд” Дар ҳоле чизе намонд,то намоиш надиҳанд,бозҳам дурӯғ мегуяд.

 

 Ҳолати вахим ва дарди ҷонкоҳи зиндонии бегуноҳ

 

   Муҳаммадалӣ Ҳайит, аз фаъолони сиёсӣ ва аз журналистони машҳури тоҷик, ки шиканҷа ва шаллоқи зиндонбонҳо тану рӯҳашро озурдааст, ногузир шудааст, ба хонумаш ташреҳи ҳол кунад. Бо он шинохте, ки аз Муҳаммадалӣ Ҳайит дорам, ӯ мисли санг тобовар ва сахткӯш аст ва на ҳар таъсире ночиз ӯро аз тавозун хориҷ мекунад, вале(худованд барояш сабру шикебоӣ диҳад) ин бор воқиан ҷонаш ба дард омада ва кадом як ояндаи шумеро ҳис кардааст. Ва маҷбур шудааст, забони ҳол бикшояд. Инки ӯ ба кадом кудето шарик бошад, ин як дурӯғи маҳз аст. Муҳаммадалӣ ҳам таҷрибаи ҷанги Афғонистон ва ҳам таҷрибаи муқовимати солҳои ҷанги бародаркушро пушти сар карда як шахсияти хеле огоҳу варзида ва коркушта мебошад. Агар ки ӯ шарики Ҳоҷӣ Ҳалим буд, чаро мунтазир мемонд, ки оянду бигиранду зиндонаш кунанд. Чаҳор самти марз боз аст, фирор мекард. Аммо ӯ, ва, на танҳо ӯ, боқии наҳзатиҳои бо ҷурми шарикӣ дар ин табаддулоти дурӯғин, ки ҳоло дар зиндонанд, аз ин моҷаро хабаре ҳам надоштанд. Мисли рӯзҳои муқаррарӣ   ба сар мебурданд, ғофил аз онки барояшон доми бало густардаанд.

  Хуб, ин ҳама ҳарфи гузашта аст. Феълан талаб ва тақзои созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аст, ки ӯро ҳарчи зудтар ва бидуни қайду шарт ӯро озод  кунанд. Созмони Милали Муттаҳид  ҳам бори дигар президент Раҳмонро  мавриди озмоиш қарор додааст. То чи ҳад ӯ   конвенсиюн ва қавонини байналмилалиро, ки эътироф кардааст, эҳтиром мегузорад. Қаблан дар чанд мавриди мушобеҳе аз ҷумла тақозои раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини ҲДТ, Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва аз аъзои пешин кобинаи давлати ҷаноби Раҳмон, Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи тоҷик пушт гардонд ва сарфи назар карда буд.

 

Оё афв бар зарари “пешво” ва ҳукумати ӯ аст?

 

  Барои Раҳмон ва мушовирини ӯ, ангор озодсозии рақибон ва фаъолони сиёсии мухолиф як навъ бохт пиндошта мешавад. Аммо ин бардошт комилан ғалат аст. Барои Раҳмон имзои хати бароти Муҳаммадалии Ҳайит кадом ақибнишинӣ  нахоҳад буд. Баракс ӯ ба унвони як роҳбари демократик ва пойбанди қонун талаби СММро иҷро мекунад. Ва бо як чунин иқдом барои обрӯ ва нуфузи худ ва давлати Тоҷикистон рейтинги болое ба даст меоварад. Чун ӯ ҳама кинаву кудуратро канор гузошт ва барои рақибонаш озодӣ дод. Ва аҳроми фишореро чун таҳримҳои эҳтимолӣ, ки имкон дорад барои ӯ, суратҳисобҳои офшории ӯ ва бастагонаш ҷорӣ бишавад,масоили раводиди онҳоро ба кишварҳои ғарбӣ, ки имкони дучори мушкил шудан дорад, аз дасти мухолифини худ  берун меоварад. Зеро танҳо ӯ ба унвони раиси давлат  чунин салоҳият ва чунин имтиёз дорад. Ва ин баёнгари он хоҳад буд, ки кадом тарсу ҳаросе аз рақибонаш надорад ва бо онки онҳоро раҳо кард кадом  хатаре барои ӯ ва ҳокимияташ пеш намеояд. Ва ӯ дилу гурдаи пур дорад. Аммо агар ки ҳамчунин иқдоме накард, ин бад-он маъно хоҳад буд, ки хафв дорад, бим мекунад.

 

Оё “пешво” зиндонии сиёсиеро бахшидааст?

 

 Дар Тоҷикистони замони Раҳмон чанд навбат қонуни афв татбиқ шудааст, ки даҳҳо ҳазорро шароити дубораи зиндагӣ дар озодиро фароҳам кардааст. Вале, мутаассифона ин қавонин тавре таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба зиндониёни сиёсие чун Зайд Сайид ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров  дахле накардаанд. Танҳо як навбат, дар соли 2011 аз мӯҳлати 23 соли зиндони Искандаров 2 сол кам гардид.Дар ҳоле, ки аз соли 2005 бад-ин сӯ, инак 14 сол ва бо замми он ду соли коҳишёфта 16 сол аст, ки Искандаров нишастааст. Дар аксарияти мамолики дунё нафаре, ки ин ҳама сол аз мӯҳлати  зиндонашро пушти милаи зиндон гузаронд, озод мешавад, чун аз нисф бештари мӯҳлати ҷазоро бигзаронд. Ҳамин тавр қонуни афви соли 2016 шомили ҳоли на Б.Ёров, на З.Саидов ва на М.Ҳайит шуд. Аммо қабул ва татбиқи қонуни афв(амнистия) кори президент ва парлумон аст. Вале бахшиш( помилование)-и ин ё он нафар дар салоҳияти танҳо раиси ҷумҳурӣ аст. Дар Тоҷикистон ,то ба ҳол ёд надорем, ки президент Раҳмон тӯли 27 соли раҳбарӣ касеро бахшида бошад. Чунин ҳиммат ва ҷасорат аз ӯ сар назадаст.  

 

Бахшишҳои президенти Узбекистон

 

Аммо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон  давоми ду соли кор бори саввум аст, ки фармони бахшиши зиндониҳои содир мекунад. Бахшидани ҳарифи сиёсӣ ва рақиб кори сахт мардона аст.Ва, ҳамвора давлатро аз роҳи зӯрӣ ва бо шамшери ҳамоил идора кардан кори дурусте нест. Бубинед, дар ҳамин бахшиши ахири ҷаноби Мирзиёев аз 44 нафари ба озодӣ баромада 23 нафар аз аъзои созмонҳои мамнуъа дар ин кишвар ва ду тани онҳо афроди болотар аз синни 60. Шавкат Мизиёев бо ин васила қудрати сиёсиро, иқтидори давлатро барои оромиву рифоҳ ва осудагӣ ва амният кор мефармояд, аммо, мутаассифона қудрат дар кишвари мо ҳамвора боиси эҷоди нооромиву ноамнӣ шудааст. Одамрабоӣ, зиндонсозӣ ва ҳатто қатл ва куштори рақибони сиёсӣ. Шавкат Мирзиёев  2ҳазору700 касро дар  соли 2017, дар арафаи Иди Рамазони соли 2018, 226 ва дар рӯзи истиқлолияти давлатӣ 261 зиндониро бахшида ба муносибати 26 солагии қабули Қонуни асосии кишвараш 136 зиндониро бахшид  ва аз зиндонҳо озод кард.  Дар миёни ин афрод  сиёсатмадорони мухолиф,имомхатибони собиқ, муллоҳо, аъзои созмон ва аҳзоби сиёсие, ки фаъолияташон дар ин кишвар мамнӯъ аст, низ ҳастанд. Барои мисол Муҳаммад Солеҳ, нависанда ва рақиби И. Каримов дар интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурии  ин кишвар, ки солҳо дар таъбид ба сар мебурд аз сӯи муҳтарам Мирзиёев мавриди бахшиш қарор гирифт.

  Ҳоло агар аз ин ривол ҷаноби Раҳмон кор гирад, чи хоҳад шуд? Ҳеҷ чи. Барои худ обрӯ касб мекунад ва фараҳу шодмонӣ ба хонадони чунин афрод меоварад.

Вале ҳоло ҳатто ҳамин қонуни афв, ки то соли 2016 ҳар ду сол таҳия ва татбиқ мешуд, ин навбат се сол мешавад, ки ба фаромушӣ супорида шудааст. Шояд дар ҳамин соли ҷорӣ бахшида ба 25 солагии қабули Қонуни асосӣ ин санади муҳим қабул бишавад. Чун то ҷое иттилоъ мерасад шумораи зиндониҳо ба маротиб зиёд шуда ҳабсхонаҳо тангӣ мекунанд.

 

Бо ин ҳол боздошт ва нигаҳдории Муҳаммадалӣ Ҳайит, дар тавқифгоҳи тафтишотӣ, хилофи ҳато қонунҳои ҷории худи Тоҷикистон аст. Дар ҳоле, ки аз ҳукми зиндони ӯ се сол сипарӣ шудааст нигаҳдории ӯ дар СИЗО ғайриқонунист ва ӯ бояд ба зиндон мунтақил шавад. 

 

 Аз онки додгоҳ барои ӯ ҳабси якумрӣ додааст, ин умедворӣ, ки қонуни афв шомили ҳоли ӯ хоҳад шуд,ғалат хоҳад буд. Аммо агар ки Раҳмон тақозои СММ ва созмонҳои байналмилии ҳомии ҳуқуқро сарфи назар накунад, додгоҳ дигарбора ҳукуми ӯро баррасӣ карда шароити раҳоии ӯро фароҳам мекунад ва ё инки худи Президент метавонад ӯро бубахшад(помиловат).

 

Дар мавриди иқдомоти охири роҳбари ПМТ ва дидору мулоқотҳои ӯ дар кишвари Холланд бо мақомоти ин кишвар.Инчунин ирсоли корномаи сиёҳи Эмомалӣ Раҳмон ва кобинаи ӯ ба Трибунали Гаага натоиҷи вахимеро барои ин режим ба бор меоварад ва ояндаи Мелошевич ҷаноби “пешво” ва пасвоҳоро интизор аст.Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ гуфтаанд…

 

 

 

 

 

Share This Article