“АКАДЕМИК”-ро МЕШИНОСЕД?

Ислоҳ нет

Сорбон Аслонов дар хонаводаи як шахсияти пурмоҷарои Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҳоло дар факултети математикаи Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба сифати муаллим кор мекунанд, аммо муаллими ҳаққимардумхӯр. Барои ин кораш пештар ба дасти муфаттишон афтода ному сураташро дар телевизион нишон дода буданд. Баъди ин воқеа дар зодгоҳаш – деҳаи номдори Яхч бо номи “академик” машҳур шуд. Вале медонед, барои такроран нишон надодани ин навор дар телевизион падараш то куҷоҳо рафт? Аввал ба назди мушовири олиаш Абдуқодир Талбаков омад. Ӯ ваъда дод, ки ҳар кори аз дасташ омадаро мекунад, вай ба роҳбарони идораҳои телевизион занг зад. Вале ба Аслонови калони маслиҳат дод, ки агар ягон каси дигар ҳам бошад, ёрӣ пурсидан лозим аст. Аслонови калонӣ як замоне ҳунарманди маъруф Давлатманд Холовро дар тӯйи писараш ба Яхч оварда, бо ӯ ҷӯра шуда буд. Ҳоло мехост барои дифоъи “обрӯи академик” аз ҳимати ҳунарманд истифода барад. Ӯ дар пайи ёфтани Давлтаманд Холов афтод, вале ҳунарманд дар  зодгоҳаш деҳаи Доғистони ноҳияи Ш. Шоҳин буд. Падари “бечора” ночор ҳамон шаб ба деҳаи Доғистон рафт. Ҳунармандро ёфт ва дарди дилашро гуфт. Сипас аз “ҳимат”-и ин пуштбибонон буд, ё аз таъсири касони дигар, ки ин наворро дубора пахш накарданд. Вале Талбаков бо дӯстонаш ба Яхч рафта дар хонаи падари “академик” меҳмонии дакаданг гузаронданд.

Манбаи донишомӯзӣ ва пешрафти Сорбонбой дар ҳамин пайроҳаҳои Абдуқодир Талбаков ҷойгиранд. Аз рӯзи аввали ба Душанбе омаданаш чун саги тозӣ дар рикоби Абдуқодир Талбаков медавад. Ҷаноби Абдуқодир ҳар ҷое биравад, Сорбон шиму костюми ӯро аз ақибаш бардошта мегардад. Ҳангоми пушидани шиму костюм, Талбаков шиму костюми куҳнаашро ба дасти Сорбоншо медиҳад ва ӯ шиму костюмро ба ҷои шиму костюми меҳмонӣ ба халта гузошта, онро сари китф то мошин меорад.

Аммо чаро Сорбони “академик” дар пайроҳаи пурхору хас ва махуфи Талбаков афтодааст? Ин қиссаи дигар аст.

Падараш

Мирзомуддин Аслонов – номи ҳуҷҷатиаш, номи оммавиаш – Муҳаббат. Як одами хароби рангзарди нимҷон, дарунаш пур аз заҳру зуқум, иғвогар, шӯрангез, мансабталош, бадният, бадгумон, хабаркаш, зӯргӯ, пастфитрат – гӯё Худованд ҳама сифатҳои пасти инсониро ба ӯ додааст. Мегӯянд, ки ҳангоми таҳсил дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи педагогии Тоҷикистон, як устод барои бесаводиаш зачёткаашро аз ошёнаи чорум ба замин партофта буд. Вале ҳоло аз худаш бузургтарин “донишманди минтақа, файласуф ва таърихдон” метарошад. Дунё аҷиб аст. Баъди пенсия баромадан ҳоло ӯ ҷомаи зоҳидӣ пӯшида дар кунҷи масҷиди Яхч намоз мегузорад.

Ҷаноби Аслонов то соли гузашта лаганбардор (корманди маркази матбуот)-и ҳукумати Дарбанд (Нуробод) буд. Пеш аз он мудири шуъбаи танзим ва шуъбаҳои дигари ҳамин ҳукумат буд. Ҳангоми дар шӯъбаи танзим кор карданаш, мардуми ноҳияро ба дод оварда буд, ҳатто ҳамдеҳаҳояш аз ӯ безор шуда буданд.

Вале дар ҳама давраи дар ҳукумат кор карданаш акаи Муҳаббат вазифаи аслиаш – чоплусиро ба дараҷаи аъло ва ҳатто аз он болотар бароварда буд. Мисоле ҳаст. Боре Президент Э. Раҳмон ба Дарбанд омад. Акаи Муҳаббат, ки ҳамеша микрафонори ин ноҳия буд, дар тавсифи ӯ он қадар қисса хонд, ки Раҳмон ба халосгар зор шуд. Президент дам ба дам мегуфт: “Бас аст, муаллим!” Ҳоло ин ибора дар байни мардум хеле машҳур аст. Ҳар касеро бо муболиға таъриф кунанд, дигарон мегӯянд: “Бас аст, муаллим!” Ин ҳамон баҳо ба Аслонови калонӣ аст.

Ба ёд доред, дар ҳамон суханронӣ аз шиддати ҳаяҷон микрофон дар дасти акаи Муҳаббат меларзид. Мегуфт, ки ҷаноби Президент, вақте шумо дар Иҷлосия 16-уми Шурои Олӣ дар Хуҷанди бостонӣ сухан мегуфтед, сари ман ба осмон мерасид. Вале дурӯғ мегуфт. Чунки ҳамон рӯзҳо акаи Муҳаббат ҳамроҳи дигар аъзои гурӯҳи худмуҳофизат дар сангари деҳаи Бедиҳо, бар зидди армияи Раҳмонов меистод. Барои ин амалҳояш аз тарафи каллабурони “Фронти халқӣ” ҷазои гӯшношунид гирифта, баъд ба хизмати онҳо даромад.

Раисшавии акаи Муҳаббат.

Вақте нуфузи неруҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва водии Рашт васеъ шуд, Аслонов писари калониаш Зафарро ба сафи ин неруҳо, ки он вақт муҷоҳидин меномиданд, ворид кард. Зафар бо автомати Калашников дар Яхч, водии Рашт ва ҳатто ноҳияҳои атроф ба тегискунии мардум пардохт. Дигар ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки рост ба рӯи ӯ ва ҳамяроқонаш нигоҳ кунад. Зафар ва ҳамроҳонаш ба тороҷгарии мардум сар карданд, вале на дар Яхч. Онҳо дар минтақаи Роғун ва Файзобод чанд хонаро тороҷ ва соҳибонашонро ба замин ғалтондаанд. Калонсолон ин воқеаҳоро хуб медонанд. Ҳамин тариқ Зафар-герой ба қумандони номдори минтақа Эшони Дароз наздик шуд. Барои Мирзомуддин Аслонов, ки ҳоли вазнине дошт, шароити қулай фаро расид. Ӯ ҳар ҳафта бо туҳфаву подош ба хонаи эшон меомад. Эшони Дароз ба ҳама ҳокимони ноҳияи Дарбанд (ҳоло Нуробод) супориш дод, ки Аслоновро раиси ҷамоати водии Яхч таъйин кунанд. Лаҷоми ҳукумати ин минтақа ба дасташ афтод. Дигар касе аз бинӣ боло гап зада наметавонист. Пулу моли мардуми корафтода, тақдири обу замини он ба дасти акаи Муҳаббат афтод. Аввалин коре ки кард, як дараи калони Яхчро бо замину обаш бо истифода аз раисиаш ғайриқонунӣ ҳуҷҷат карда ба ихтиёри худ гирифт. То ҳол намемонад, ки ягон кас аз он дара гузар кунад ё обу хоки он ҷоро истифода барад. Раиси нав ҳамаи онҳоро моли худ эълон карда буд ва обро дар поёни заминаш ба дара сар медод, то ягон кас онро истифода бурда натавонад. Ҳоло ҳам ҳамин хел аст. Сипас дар заминҳои корами Яхч барои писарону духтаронаш замини хонаҷо гирифт, замини корхонаи мошинтаъмиркунӣ гирифт. Дар як минтақаи Яхч 7 хонаҷогаҳро якҷоя аз худ кардааст, ки то ҳол касе ба он дастдарозӣ карда наметавонад. Зеро соҳиби он коргари ҳукумати ноҳия буд ва ҳоло ҳам дар органҳои сиёсиву низомии он шиносҳо дорад.

Зафар номурод шуд

Дертар замони сулҳ расид. Акаи Муҳаббат зуд ба Ҳизби Демократи Тоҷикистон даромада, ба пуштибонии раиси онвақтаи ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба ҳукумати ноҳия ва мардум фармонравоияшро давом медод. Ҳаттоб бо номи обод кардани мактабҳо аз Искандаров ва дигар фармондеҳони тарафи оппозитсия ёрдампулиҳо мегирифт. Ин замон Аслонов аз вазифаи раисӣ рафта буд. Бинобарин  фарзанди калониаш Зафарро мунодии сулҳ, ҳунарманди бузург ва ҳатто мисли худаш философи минтақа муаррифӣ мекард ва онро ба ҷои худаш таёр мекард. Мехост ба воситаи ёрии органҳо ӯро дар ҳукумати ноҳия ба кор ворид кунад. Вале дар як рӯзи танги зимистони қаҳратун Худованд риштаи ҳаёти ӯро канда кард. Зафар зери тарма монд. Тарма ҷисмашро ба ҷое овард, ки дар он ҷо нақши хиёнати ӯ то ҳол намоён буд. Зафари “муҷоҳид” дар ҳамон нуқта ду нафар бечораро аз деҳаи Сариҷӯ мурданивор автоматшап карда ба замин хобонда буд. Яке аз онҳо Раҳим то ҳол зинда аст (умраш дароз бод), он рӯз аз рӯи хок бо алам ба Зафар муроҷиат мекард: “мо тарафдори шумоем, дигар назан, ака”. Раҳим аз ҳавли ҷон “ака” мегуфт, дар ҳоле ки Зафар ҳамсоли фарзандони ӯ буд. Баъди марги Зафар, акаи Муҳаббат як шаб рафта аз мардуми Сариҷӯ узр пурсид ва хоҳиш кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

Пас аз ин воқеаҳо М. Аслонов дар ҳукумати ноҳия ба кор даромад ва аз Ҳизби демократ баромада, ба Ҳизби халқӣ-демократӣ даромад. Дар ин мартаба биҷилаш бисёртар хезиш мекард. Чунки ӯ якбора баъзе “супоришои дигар”-ро ҳам иҷро мекард.

Пуштибони нав

Боре ба Яхч чанд нафар зиёии пойтахт омад, ки дар байнашон Абдуқодир Талбаков буд. Ситораи ӯ ба Аслонов хеле маъқул шуд. Ҳар ду унс гирифтанд. Он вақт Талбаков директори телевизиони пойтахт буд, ки ин барои Аслонов хеле қулай афтод. Вале ба зудӣ Талбаковро барои гуноҳҳои гуногун, аз ҷумла қайсариву худхоҳӣ, пулситониву фитнагариаш аз системаи радио ва телевизион пеш карданд. Вале дӯстии ҳарду фитнагар то ҳол давом дорад. Чанде пеш (ду сол пеш) Талбаков ба назди раиси ҳукумати Нуробод рафта, бо фитнаву дуруғ барои Аслонов аз минтақаҳои зериобмонии обанбори Роғун барои боғкорӣ замин гирифт. Баъд ба назди боғкори номӣ Мирзошо Акобиров ба Ғарм рафта, ӯро бо садҳо бех ниҳол ба Яхч оварданд ва дар замини ғайриқонунӣ боғ сохтанд. Ҳоло Аслонов ҳар касеро ба он ҷо бурда шинос ва меҳмондорӣ мекунад. Аммо Абдуқодир Талбаков бо дӯстонаш тез-тез ба ин боғи муаллақ меояд.

Дар Тоҷикистон одат шудааст, ки агар ту намояндаи ҳукумат бошӣ, ҳар номаъқулӣ кунӣ, касе туро чизе намегӯяд, баракс мардумро метарсонанд, ки ба ту кордор нашаванд.

Пас аз шиносоӣ бо саргузашти ин хонавода, одам ба хулосае меояд, ки гоҳе дар миёни гиру дори зиндагӣ як одами бесар чӣ қадар бадиҳои калон карда метавонад. Аслонов мардуми деҳаро бад мебинад. Номи онҳоро дар назди ҳокимони ноҳия, ки худи онҳо низ ба ин мардум хушбин нестанд, яхчиёнро бадному паст мезанад. Барои ҳамин ҳокимони ноҳия мардуми деҳаи номдори ноҳия – Яхчро бад мебинанд. Дар ин кор ҳиссаи Аслонов аз ҳама зиёд аст. Ӯ одами бешараф корҳои бади зиёд дорад. Ҳар касе вайро таърифу тавсиф накунад, ба ӯ душман мешавад. Барои ҳамин Аслонов бо ҳама зиёиёни Яхч, ки ҳатто дар Тоҷикистон маъруфанду дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, бо ҳар кадомаш ҷудогона ҷангу хархаша кардааст. Ҳатто дар ҳаққи шоираи номдор Гулрухсор ҳамеша бадгӯӣ мекунад. Боре ҳангоми раисиаш дар назди мардум бо шоира ҷангу ҷанҷол карда буд. Бо мардуми деҳа бо ҳар кадомаш ҷудогона бо бачаҳояш даст ба гиребон шудааст. Дар ҳама иғвогариҳояш бачаҳояшро баҳузур истифода мебарад ва мардумро метароснад, ки бачаҳояшро ба сарашон равон мекунад. Ҳатто ин корро чанд бор кардааст, бачаҳояшро барои ҷанг ба сари мардуми Яхч ба шаҳрҳои Росия равон кардааст.

Ҳамин тавр Мирзомуддин Аслонов дар як давраи муайян ба ному эътибори мардуми номдори Яхч иснод овардааст. Дар ҳар ҷамъомаде ӯ бошад, ҷанҷолу хархаша мебардорад. Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, ки акаи Муҳаббат як эшелони бақуввати дигар аз ҳисоби бачаҳояш барои саргаронии яхчиён тайёр кардааст, ки дар сари онҳо ҳамин “акдемик” Сорбон Аслонов меистад. Ҳоло ин академик дар зери пари Абдуқодир Талбаков ба дашному ҳақорати намояндагони мухолифони хориҷӣ пардохта дигаронро маҷбур мекунад, ки мисли ӯ дар шабакаҳо нависанд. 

Ps: Хонандаи гиромӣ ин нома зиёда аз як сол пеш ба “Ислоҳ” расида буд вале ман омодааш карда будам вале вақти нашри онро надоштам. Чун масруфи корҳои ҷиддитари дигаре будем. Аммо хонанда бояд инро дарк кунад,ки номаро хело шахси бо савод ва фареҳхтае навиштаву аз дарду ранҷҳои Яхчу яхчиён навиштааст. Бори дигар мегуям ҳама ончи дар нома омадааст бар мегардад ба муаллифи ин нома ва “Ислоҳ” ҳеҷ дахолате ва тасарруфе дар ин нома надорад. Ҳатто номи сармақола ва ҳарферо дар ин нома тағйир ҳам надодааст.      

Share This Article