Аллоҳ ризқро дар навад оят

Ислоҳ нет

Аллоҳ  ризқро дар навад оят бар бандагонаш замонат додааст

Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯяд: Ман дар навад оёти Қуръонӣ хондам,ки Аллоҳ ризқро бар бандагонаш муқаддар ва замонат додааст.

Вале дар як оят хондам: الشَّيْطَانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُم بِالْفَحْشَاءِ

 

“Шайтон шуморо аз бенавоӣ  метарсонад  ва ба корҳои зишт вомедорад”( Сураи Бақара,ояти 268)

Мо шак кардем дар навад қавли содиқ ва ваъдаи содиқонаи Аллоҳ,ки барои бандагонаш намудааст. Аммо аз пайи дасисаҳои шайтон ва роҳнамудоти ӯ ё ончӣ дар мо шакро эҷод мекунад бештар муътақид ҳастем.

Абдуллоҳ ибни Масъуд(раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд,ки фармуданд: “Аллоҳ тақсим намудааст миёни шумо ахлоқатонро,чунонеки тақсим намудааст миёни шумо ризқу рӯзиятонро.Аллоҳ медиҳад дунёро,ба шахсонеки дӯсташон медорад ва ё дӯсташон намедорад.Вале намедиҳад динашро магар ба шахсеки дӯсташ дорад.Пас Аллоҳ ба шахсе динашро дод,ба таҳқиқ дӯсташ доштааст.Савганд ба он зотеки ҷони ман дар қабзаи Ӯст,мусалмон намебошад банда,то инки солим нигоҳ надорад дилашро ва забонашро.Мӯъмин намебошад,то инки эмин набошад ҳамсояаш аз зулм ва фиребаш..(ҳадиси марфуъ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд(раз) ба ривояти Имом Аҳмад.Мухтасари тафсири Ибни Касир)

Умед дорам навад ваъдаи содиқи Аллоҳро тарҷеҳ медиҳем.Ончӣ шайтон ба он моро даъват мекунад ва шакку тардиде дар дилҳои мо эҷод мекунад дӯрӣ менамоем.

Share This Article