ВКД-и қаллоб, Чоркуҳи дар мотам, нақшаи махуфи СС ва Қамчибек дар ҳодисаҳои охир

Ислоҳ нет

Ҷамъоварии кӯмаку  хайрияҳои мардумӣ барои хонаводаи осебдида ва бозмондаҳои қурбониҳои ҷанги тоҷику  қирғиз, ки аз ҷониби шуморе аз фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон оғоз шуда буд, дар пайи таҳдиду фишори вазорати корҳои дохилӣ  қатъ гардид. Вазорати дохила таҳдид кард, ки ба ҳисоби бозшуда барои зарардидаҳо ҳеҷ кас маблағ интиқол надиҳад, зеро онҳо «қаллобонанд», ва агар ҳар касе ёрӣ расониданист, ба суратҳисобе, ки ахиран ин вазорат боз кард, бигзаронад.

Таҳдиду фишори ин мақоми қудратии Тоҷикистон болои фаъолони ҷомеаи мадании кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки низомиёни қирғиз дигарбора марказ ва ё дарғоти тақсимоти оби мавсум ба «Головной»-ро ғасб карданд. Ва, мақомоти ин кишвар, аз ҷумла раиси КДАМ-и Қирғизистон эълон кард, ки барои Ворух ҳеҷ гуна роҳеро боз намекунанд. Яъне тамоми ҷангу хунрезӣ барои Тоҷикистон беҳуда будааст ва бар замми ин тоҷик ва Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун мутаҷовиз муаррифӣ шуд.

Ин тарзи бархӯрди мақомоти Тоҷикистон як бори дигар исбот кард, ки Раҳмонов ва дору дастаи вай хонашери майдонғарибанд ва танҳо болои мардуми худ зӯру фишору даъво мекунанд.

Кофар ҳамаро ба кеши худ мебинад

Тибқи иттиллои Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва масъули ҷамъоварии ин хайрияҳо дар як муддати кӯтоҳ чи аз дохил ва чи аз хориҷа бахусус Русия ва Амрико тоҷикони дастбахайр, ки барои ёрӣ ба зарардидаҳои ин ҷанг омода буданд кӯмак расонанд, хеле зиёд ба ӯ муроҷиат кардаанд. Вале баъди ин фишору таҳдиди вазорати дохилӣ Раҷаби Мирзо аз қатъи  ҳисоб ва умуман ҷамъоварии кӯмакҳо хабар дод. Раҷаби Мирзо гуфт, ки ҳар касе кӯмак кардааст метавонад маблағашро бозпас бигирад вале агар то охири моҳ натавонист вай ин пулҳоро ба ҳисоби вазорати дохила ворез мекунад. Бо эълони чунин ҳарфҳо ҷаноби Мирзо таъйид ва тасбит кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар як тини ин кӯмакҳо муҳтоҷ нест ва ин вазорати дохилаву афроди вай  ба шумули Рамазон Раҳимзодаанд, ки тамаъҷӯӣ мекунанду қаллобанд.

Воқиан ҳам ин ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва шахсиятҳои муътабаре назири Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд, ки хостанд барои қурбониҳо ва зарардидаҳои Исфара кумак расонанд. Бидуни шак, ин як ташаббуси башардӯстона буд, ки бо хулуси ният ва аз барои Аллоҳ  рӯйи даст гирифта шуда буд. Вале агар барои мисол ба падари Нусратулло Набиев,сарбози шаҳидшудаи чоркӯҳӣ 1миллион доллар диҳем ҳам, дигар писари шаҳидшудаи ӯро баргардонида намешавад. Аммо дар ҳар сурат як зарра ҳам бошад таскин меёбад ва дилдорӣ мебинад, ки дар чунин мусибати бар сараш омада ӯро танҳо нагузоштанд. Аслан ин корро бояд ҳамон замоне, ки ҷасади ӯро мешустанд (ва на танҳо ҷасади ӯро) Эмомалӣ раҳмонову ҳамин вазорати дохилӣ ва ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эълон мекарданд, ки фалон миқдор пул кумак карда шуд. Албатта аз ҳисоби давлат!

Вале агар як майда дилашон ба ин мардум месӯхт, як зарра инсофу виҷдони инсонӣ медоштанд, як зарра номусу шарафу ҳиммати Сарлашкар буданро медошт, ки ба назари баъзеҳо Алибоби дирӯза феълан табдил ба Сарлашкар шудааст, худаш ҷудо, Маҳмадзоиру Фирӯзаву Исмоил ҷудо, Ҷамолиддину Озода ҷудо, Зарифбеку Таҳмина ҷудо, Шамсуллову Ашрафу Рамзу Рухшонаву Парвинаву Зарина ҷудо-ҷудо метавонистанд ҳар кадоме 100-200.000 долларӣ ба ин хонаводаҳо кумак кунанд. Рустаму Авестогруппаш метавонист миллион кумак кунад. Худи ҳамин СС.Ятимову Рамазон Раҳимзода ҳам метавонистанд. Аммо инҳо кумак намекунанд, балки чашми тамаъу   носерами онҳо ба ҳамин чор тангаи ҷамъоваришудаи мардум ҳам дӯхта мешавад. Онҳо ҳамаро мисли худ қаллобу кисабур мепиндоранд.

 Нусратуллоҳ Набиев кист?

Ҳоло чаро аз Нусратулло Набиев, аскари шаҳидшудаи чоркӯҳӣ дар ин ҷо махсус таъкид ва тазаккур кардам? Чун қисса ва саргузашти сахтеро вай ва падари ҷигарсӯхтааш доранд, ки дар зер ҳикоят мекунам;

Нусратуллоҳ Набиев, истиқоматкунандаи маҳаллаи Сомониёни (Майский)-и ҷамоати деҳоти Чоркуҳ 6 моҳ пеш зери фишори шадиди сардори шӯъбаи амнияти Чоркӯҳ  Қурбонов  ба хизмати аскарӣ бурда шуд. Мо қаблан ҳам гуфта будем, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо мардуми Исфара бахусус Чоркӯҳу Ворух як танаффури ботинӣ ва як уқдаи усулӣ дорад, чун ин мардум бештар ҷонибдор ва тарафдори ҲНИТ ҳастанд. Аз ин ҷо аст ки барои мисол  дар калонтарин ноҳияи Тоҷикистон Рӯдакӣ як шӯъбаи амният бошад дар Исфара дуто аст. Ҳамин тавр шӯъбаи умури дохила ҳам. Зеро аз ин мардум дилпур нест ва эҳсоси хатар мекунад. Гап дар инҷо аст  ки Қурбонови сардори шӯъбаи амният падари Нусратуллоҳро гаравгон гирифту  бардурӯғ ваъда дод, ки писараш хизмати аскариро дар худи қисми низомии воқеъ дар Чоркӯҳ мегузаронад. Аммо дар ваъдааш наистод.Ҷавонро ба дигар ноҳия равон карданд. Падараш бошад ночор шуд барои онки писарашро дар воҳиди ҳарбии Чоркӯҳ бозгардонад аз як бонк пул қарз гирифта ба ин ришвахорҳои қаллоб дод. Ҳамин ӯро овард. Аз куҷо медонист,ки сарнавишташ чи рақам мехурад.

Нусратуллоҳ дар Чоркӯҳ адои хизмат мекард, ҳанӯз ҷавон буд. Баъдаз хатми мактаби миёна ба хизмат ҷалб шуда буд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун, Нусратуллоҳ дар ҷанги хунини марз аз тири снайпери қирғизҳо кушта шуд. Маросими дафнаш дар хонаи амакаш, ки дар маркази Чоркӯҳ аст, гузаронида шуд. Падари ин шаҳид, ки то ҷон дошт талош кард ба пои фарзандаш хоре нахалад, писарашро аз даст дод. Вазъияти хонааш маълум нест ва боз аз бонк як дунё қарздор шуд.

Оё ин номардиву ноадолатӣ нест ? Оё Рустаме,ки 1 рӯз ҳам дар артиш хизмат нокарда генерал шуд, аз  тири душман кушта мегардид Раҳмонов чи кор мекард?  Раҳмонов ва мансабдорони дигар ҳамаатон як бор худатонро ба ҷойи ин падар гузоред! Тасаввур кунед ҳоло дар кадом ҳол аст ин падар? Аммо боз тоқат  ва сабр мекунад, чунки мард аст. Мисли шумо номарду золим нест. Хуб медонад, ки ҳамаи мо ҳам рӯзе мемирем, саволу ҷавоб дорем.

Аммо мусибати мардуми шаҳиддодаи Чоркӯҳ ва Ворух бо ҳамин хатм намешавад. Таҳқиру тавҳин ва муносибати даррандавори Раҳмонову ҳукумати ӯ бо ин мардум боз дар инҷо ошкор шуд, ки ҳамаи кушташудаҳои ин ҷангро ба беморхона бурда тамоми аъзои дарунии онҳоро гирифтанд. Аксарияти онҳо аз сар, пешонӣ, чашм ва гардан тир хӯрда кушта шудаанд, ки маълум аст снайпер задааст, аммо дилу ҷигару шушу гурдаву хулса тамоми даруни онҳоро гирифтанд. Ба аҷсоди ин шаҳидҳо таҳқиру тавҳин карданд. Ҳатто ба як нафари ғайримутахассис ҳам маълум шуд, ки аз ноҳия сар тир хӯрда кушта шудааст, ҷасади ӯро чоку пораву шикофтан ва аъзои дохилии онҳоро гирифтан чӣ маъно дорад? Чанд табибе, ки ин амалро анҷом додаанд гуфтаанд, ки онҳоро водор намуданд. Вагарна зарурат надошт,ки як чунин таҳқир ба ҷасади як мусалмон раво дида шавад. Баъди онки ин аҷсоди дӯхташуда бо риштаҳои ғафсро шустанду ба хок супориданд, як бори дигар барои мардум маълум шуд, ки ҳукумати болои сарашон аз ҳеҷ разолату қабоҳат рӯ намегардонад. Чунки дар ҳамаҷо овоза шуд, ки аъзои гирифтаи бадани онҳоро ҳамчун «запчаст» мефурӯхтаанд.

                           Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад

Мусибате, ки болои мардуми Ворух ва бахусус Чоркӯҳ омадро ба ҷуз аз худи ин мардум ва хонаводаҳое, ки қурбонӣ доданду манзлилу молу мулкашонро аз даст доданд, эҳсос карда наметавонад. Мо ва шумо дуруст аст  ки ҳамдардӣ мекунем, таслият мегӯем ва аз дастамон омад, як сум ним сум ёрӣ медиҳем. Чун мо инсон ҳастем ва дар ин ҳолатҳо набоядам бетараф бошем. Ҳамон кореро, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ-инсонҳои боғайрату боимон бо роҳбарии Раҷаби Мирзо доштанд, анҷом медоданд. Аммо бубинд, ки дар чунин рӯзҳои фоҷиавӣ ва мусибатбор  ҳукумат сӯиистифода карда пул кор карда истодааст. Ҳоло онҳо аз мардум пул ҷамъ мекунанд. Дар Чоркӯҳу Ворух бо супориши ҳукумат имомхатибҳо дар масҷидҳо пул ҷамъоварӣ карда истодаанд. Кормандони ҳукумат ва ҷамоатҳо соҳибкорону тоҷиронро маҷбур карда истодаанд, ки пул диҳанд. Дар шаҳрҳои Русия бошад ба диаспораҳо дастур додаанд. Аз ҷумла исфарагиҳоро маҷбур карда истодаанд, ки ба зарардидаҳо пул диҳанд. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки барои гӯиё кушодани роҳи Исфара-Ворух аз муҳоҷирони исфарагӣ пул ҷамъ карда буданд.

Ҳоло агар бипурсед, ки ин пулҳо барои чӣ аст  мегӯянд,ки ин пулҳо барои зарардидаҳо ва қисман барои хӯрду хуроки сарбозону афсарҳо. Дар ягон ҷои дунё чунин нашудааст ва набудааст, ки ғизои қисмҳои ҳарбӣ ба дӯши мардум гузошта шавад. Ба дӯши мардуми  Чоркуҳу Ворух ва бояд онҳоро се вақт бо ғизои гарм таъмин намоянд. Мардуме, ки худаш бо мусибат ва фоҷеа мубтало шудааст, мардуме, ки дар муҳосираи қарор дорад. Мардуми инҷо ҳам мисли бақия аҳолии Тоҷикистон аст ва тамоми зиндагониаш аз Русия ва муҳоҷирати корӣ вобаста аст. Соли гузашта бар асари коронавирус Русия рафта натавонистанд. Ҳамагӣ бепуланд.

Вале ин бори аввал нест. Солҳост, ки мардуми Чоркуҳу Ворух дар ҳар муноқишаҳо шиками низомиёнро сер мекунанд. Чаро касе намепурсад, ки пули ба ин воҳидҳои низомӣ аз бюҷети мамлакат  пешбинишуда ба куҷо меравад?

Ҳатто аз худи ин мардуми мусибатзада пул ҷамъ намуда-бар болои мурда сад чӯб- аз номи Эмомалӣ Раҳмонов тақсим карда истодаанд. Э,шарматон бод, шумо барин давлатдорҳоро. Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти суғд ваъда дод, ки дар як моҳ хонаҳои харобшударо рост мекунад. Аммо аз ӯ на пай ҳасту на ҳайдар.

Куштору ҷанги амдӣ?

Феълан ному насаби 20 нафар аз сарбозу аскар ва афроди мулкӣ маълум шуд,ки дар ҷанги рӯзҳои 28-29 апрел дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд. Дар ҷониби қирғиз ҳам шумори кушташудаҳо аз 30 нафар зиёд гуфта мешавад. Шумори онҳое, ки дар инҷо захмӣ ва ҷароҳат бардоштанд аз садҳо нафар гузаштааст.

Як нафар аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як нақли боварнакардание кард. Вай гуфт,ки агарчи ҳоло ҳарду тараф ба айбу иттиҳоми якдигарӣ машғуланд вале ҳам СС.Ятимов ва ҳам Қ.Тошиев дар ин ҷангу хунрезӣ нақшаи аз қабл омода ва тарҳрезикардаи худро амалӣ карданд. Барои онҳо муҳим буд,ки афроде,ки хунгарманд ва метавонанд дар ҳолатҳои инқилобӣ ва таҳаввул барои ҳукуматҳои ҳардуҷониб мушкил офаранд дар инҷо ё куштанд ва ё захмӣ намуданд. Масъулони ду тараф ин корро дониста ва огоҳона анҷом доданд. Бо ин васила аз чунин афроди саркашу нотарс халос хӯрда ва бақои ҳукумат ва курсии худро таъмин намуданд. Онҳоеро ба куштан доданд, ки метавонистанд мардумро аз қафои худ баранд. Ин шартномаи миёни СС.Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар мавриди мардуми ғайри низомии ҳарду кишвар буд. Низомиҳое кушта шуданд онҳо ҳангоми ифои вазифаҳояшон буд ва он як чизи одди ва муқаррарист. Хуб диққат диҳед,ки барои бақои курсӣ ба чӣ ҷиноятҳо даст мезананд.

Аммо як нафари огоҳ аз авзои Чоркӯҳ гуфт, ки милиса ва амнияти ҷамоати Чоркӯҳ ҷони аҳолиро ба лаб овардааст. Онҳо ягон ҷинояткорро пайдо намекунанд.Чунки ҳамаи ин ҷиноят ва дуздиву қаллобиҳоро худи онҳо анҷом медиҳанд. Ҳама дузду ҷинояткорони дигарро худашон «кришават» мекунанд. Дар ҷангу муноқишаҳои марз низ аз ҳама охирҳо мешаванду боз аз сафи оқиб меистанд. Бо телефонҳояшон сабт карда баъд аз адои муноқиша як-як ба кабинетҳояшон даъват мекунанд. Агар дар соати гуфтаашон ҳозир нашудӣ «статияат» вазнинтар хохад шуд ва маблағат бештар аз даст хоҳад рафт. Барои кормандони амният  ва милисаи Чоркӯҳ як манбаи даромади муфт аст. Аз дигар ҷо пул дода “перевод” гирифта инҷо ба кор меоянд.

Махсусан аз мардуми намозгузор, ки аксари мардуманд ва аз руҳониҳо пул меситонанд. Ҳамчунин аз соҳибкорҳо ва тоҷирон бо ҳар баҳона, ҳатто «подстава» карда пул мекананад.

Шахсан ман худ шоҳид ҳастам,  корманде, ки нав меояд мебинӣ наскиҳояш даридагӣ, дере нагузашта мебинӣ бо мошиниТойота ва ё мерседес мегардад.

Ҳодисаи хунини охир бори дигар нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати хонавадгиву маҳаллии вай бо Исфара ва Воруху Чоркӯҳ назару мавқеи дигар доранд. Раҳмонов аз ин мардум бадаш меояд. Вай дар симои мардуми инҷо душманони эҳтимолии худро мебинад. Ҳатто гардани балони газиаш ёрӣ надод, ки ба мардум таъзия ва ҳамдардӣ баён кунад, чи расад ба инки ёрӣ бидиҳад. Ёриҳои мардумро ҳам бо  баҳонаи бебунёд қатъ кард. Ман бовар дора, ки агар ин мусибат ба сари мардуми маҳалли ӯ рух медод мардум ҷудо ва ҳукумату тоҷирҳоро ҷудо маҷбур мекард, ки кумак кунанд.

Баъди ин ҳама қурбониву ҷангу хунрезӣ  пеши мардуми Чоркӯҳу Ворух наомад. Баракс ҳоло қирғизҳо ҳам роҳи Ворухро бастаанд ва ҳам маркази тақсими оби «Головной»-ро гирифта мисли онки аз они худашон бошад таъмир карда истодаанд. Аммо Раҳмонову вазирони мисли худаш носерами вай дар фикри ҳамон чор тангае ҳастанд, ки мардум зарра -зарра ҷамъоварӣ кардан мехост. Онро ҳам гирифтанд….

Share This Article