ҲИКМАТҲО АНДАР БОБИ ИБОРАИ “ИМКОН НАДОРАД”

Манзур аз ҷамъ овардани ҳикматҳое, ки дар зер сабт мегарданд бад-ин хотир аст, ки барои ҳаёти имрӯзии мо муҳиму судманданд.

ҲИКМАТҲО АНДАР БОБИ ИБОРАИ “ИМКОН НАДОРАД”

Манзур аз ҷамъ овардани ҳикматҳое, ки дар зер сабт мегарданд бад-ин хотир аст, ки барои ҳаёти имрӯзии мо муҳиму судманданд. Ҳикматҳо бештар барои афроде ҳаст, ки ҳар чи бигуйӣ бо ин баҳона мегӯянд: “Имкон надорад” . Хостам барои ин идда ашхос ҳадяе бо овардани ҳикматҳои ибратомўз тақдим намоям, то ҳамеша дар ҳаёт комёб бошанд! Метавонед онҳоро ҳикмат нагўед, аммо ҳикматгуна гӯед.
Ба зиндагӣ бо назари бад набояд нигарист!

-Калимаи имкон надорад аслан дар қомуси луғат вуҷуд надорад.

– Калимаи “мумкин” аз калимаи “имкон надорад” суол кард: ту дар куҷоӣ? Калимаи “имкон надорад” посух дод: дар хоби шахси нотавон.

-Намедонистанд, ки ин кор имкон надорад, аз ин рў онро анҷом доданд.

-Ҳамеша гумон мекарданд, ки имкон надорад, то инки онро анҷом доданд.

– Барои қалбе, ки метапад имкон надораде вуҷуд надорад.

-Ҳеҷ имкон надораде зери офтоб вуҷуд надорад.

– Барои мардони олиҳиммат ҳеҷ имкон надораде вуҷуд надорад.

-Ҳеҷ калимаи имкон надорад вуҷуд надорад, ба ҷуз дар фарҳанги нотавонон.

-Чизе миёни мумкин ва ғайримумкин қарор мегирад, ин иродаи худи шахс мебошад.

-Ба коре, ки аз анҷомаш нотавон гаштӣ ҳаргиз магў, ки имкон надорад.

-Ғаму андӯҳи хоссе вуҷуд надорад ҳамон тавре, ки хушҳолии хоссе вуҷуд надорад.

-Наполёнро пурсиданд: Чӣ тавр бовариро дар қалби сипоҳат ворид намудӣ?
Гуфт: онҳоро ба се бахш тақсим кардам. Нафаре аз онҳо гуфт: наметавонам. Гуфтам: бори дигар худро бисанҷ. Дигаре гуфт: намедонам. Гуфтам: омўз.
Саввумӣ гуфт: имкон надорад: Гуфтам: таҷриба кун!!!

-Ҳамеша кореро, ки имкон надорад анҷом бидеҳ, то амалатро хуб кунӣ.

-Талаб кун коре, ки имкон надорад, то аз он мумкин аст ҳосиле барояд.

-Мумкин аст ба ончи имкон надорад, нарасем, аммо мисли фонусе, ки равшанӣ медиҳад аз ӯ истифода мебарем.

-“Имкон надорад” бохти шахси ҷоҳиле аст, ки назди марди наққоше менишинад, то анҷоми кори наққош фикр мекунад, ки маро дар нақш чунонеки ҳастам, наметавонад нақш бикашад.

-Инсон чунин аст: ҳаргиз қаноъат намекунад ба ҷуз чизе, ки имкон надорад. Дар ҳоле, ки намедонад, ки ин роҳ ӯро ба ҳалокат мерасонад.

-Ҳеҷ чизе дар ҳаёт вуҷуд надорад, ки имкон надошта бошад.

-Табассум корҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва табассум давои дилҳост, инчунин табассум корҳоеро анҷом медиҳад, ки имкон надорад.

-Тариқаи фаҳми тафаккури занҳоро касе наметавонад фаҳмад, зеро ин қоидаест то кунун ҳама бар он якраъйанд. Дар ин масъала баҳс намудан ва таҳлил намудан ғайри имкон аст.

-Пешравӣ бидуни тағйирот имкон надорад. Онҳое, ки наметавонанд ақли худро тағйир диҳанд ҳаргиз наметавонанд чизеро тағйир бидиҳанд.

-Имкон надорад, ки фикр кунем, ки мо зинда ҳастем то он вақте, ки фикр кунем, ки мо рӯзе хоҳем мурд.

– Хангоме, ки амри шахси қавие бар нотавоне амалӣ мегардад, ѓайри мумкин нест

-Кўшиш кун, ончи мехоҳӣ онро амалӣ бисоз, кўшиш кун ончи фикр дорӣ онро татбиқ кун, бино кун ба андешаат мароми накўятро, бишкан бандҳои ончӣ мегўянд, имкон надорад.

-Канор гузор он фикреро, ки рўзе тифл будӣ ва ман падарат будам, имрӯз ту худ падар ё модар шудӣ, ибтидо фикр мекарди имкон надорад ба ин рӯз бирасӣ. Вале расидӣ, пас калимаи имкон надорадро аз сафҳаи ҳаётат ҳазф кун.

-Калимаи имкон надорад барои шоирон ғайри имкон аст танҳо дар қомуси шоирон инро ҳақиқате мегӯянд ва он илҳомест ҳангоми тафаккур рӯи сафҳа меояд.

-Калимаи имкон надорадро аз фарҳанги ҳаётамон ба кулли бояд ҳазф кард. Бар ивазаш калимаи “имкон дорад”-ро дар фикру зеҳн ҷой диҳем ва барои ҳалли ончи озорамон медиҳад (чӣ он дарди нокомиву камиву костӣ бошад ё муваффақ нашудан дар ҳаёт) истифода барем.

-Таваккул вожаи хубест, ки ҳар мусалмон ба он имон дорад, вале инро низ набояд фаромӯш кард, ки таваккули беталош ҳаргиз моро ба мақсад намерасонад. Таваккули воқеъӣ имкон надорадеро намешиносад ва бо он ҳеҷ ошноие надорад, агар он аз сидқ бошад.

– Бароям дардовар нест, ки зиёд дўстат медорам, дардам аз он аст, ки рӯзе то он ҳад бадат бинам, ки то ҳол фикр мекардам имкони чунин бадбинӣ вуҷуд надорад. Дар дўст доштан ва бад дидан ҳам имконҳое вуҷуд дорад, ки онро танҳо ба он рӯз расидан мефаҳмед. Пас, дар дўст доштан ва бад дидан ҳаргиз магў, ки имкон надорад.

-Имкон надорад танҳо дар шуғл ва вазифаи инсонҳост, ки худ тасаввур мекунанд имкони ивази ин пеша ва вазифаи худро надоранд, дар ҳоле ки хуб биандешанд, имкон дорад.
-Бароям гуфт: ту ҳамеша кореро анҷом додан мехоҳӣ, ки он ғайри имкон аст.

-Гуфтам: ин пешаи ман аст, ки мехоҳам кореро анҷом диҳам, ки дигарон аз анҷоми он оҷиз монанд.

-Ҳангоме ки ба мусибате гирифтор мешавӣ фикру равонат дар ҳоли карахт, ғайри қобили қабули фикр ва машваратҳои дигарон мегардад. Дуруст аст, ки дар ин ҳолат имкон надорад ба қарори хубе бирасӣ, аммо роҳи ҳал ин хунсардӣ ва пазируфтани ончи дар зеҳнат омада мебошад. Бо ҳамин хунсардӣ қарори хуберо қабул кун, то бори дигар дучори садамаву мушкилот нагардӣ.

-Гоҳо мардумоне ҳастанд, ки як ҳарфу амали бадеро, ки нисбати онҳо анҷом додаи фаромӯш намекунанд. Фикр мекунанд фаромӯш кардани он имкон надорад. Ту ҳам коре, ки бо онҳо кардаӣ дубора ба хубӣ анҷом бидеҳ ва магў, ки имкон надорад, зеро онон низ хубиятро мепазиранд ва ту онҳоро бо анҷоми амали нек ғофилгир мекунӣ.

-Имонро як қувват ва ҳаммосае ҳаст, ки шахсони беимон фикр мекунанд ин шахс ба ҷодў гирифтор аст (зомби). Агар имон дар дили шахс маъво гирифт ҳар коре, ки шахси беимон фикр мекунад имкон надорад онро шахси боимон бетардид амалӣ мекунад. Инро танҳо муъмини воқеъӣ мефаҳмаду дарк мекунад.

-Ҳаёти имрӯзии мо то бад-он ҷо расида, ки гоҳо имкон надорад миёни дӯсти воқеъӣ ва ҳамнишини оддӣ фарқ гузошт. Вале фарқ гузоштанро шахсе метавонад, ки худ содиқ бошад. Ду нафаре бо ҳам меоянд, ки бо якдигар содиқ нестанд, ҳатман миёнашон ихтилоф эҷод мегардад. Пас, барои пайдо намудани дўсти содиқ нахуст худ содиқ бошед ва онро ғайри имкон надонед.

-Ақл наметарсад магар аз чизе, ки он ғайри маъқул бошад. Иродаи қавӣ аз иборае ба исми имкон надорад наметарсад. Имкон надорад падар ё модар фарзандони худро аз иштибоҳ накардан дар баробари орзӯҳое, ки дар сар мепарваранд ва мехоҳанд дар ҳаёт ба он бирасанд, ҳимоят намояд, пас тағйири орзӯҳои кўдакиатонро танҳо ба фаҳмиши хуб имкон доред тағйир диҳед, агар тавони онро дошта бошед!

-Мо инсонҳо аз таҷрибаи коре, ки он ҷадиду тоза аст, наметарсем, аммо ягона чизе, ки мо метарсем ин аст, ки то кай он идома меёбад ва фикр мекунем, ки он ғайри имкон аст. Агар ин вожаро аз тафаккур ва пиндорамон ҳазф намоем пас аз чанд пешипо хўрдан онро таҳққиқ мекунем.

-Бе шак дар вуҷуду тинати ҳар зане чизе аз вожаи имкон надорад вуҷуд дорад. Инчунин дар тинату вуҷуди ҳар марде нотавоние вуҷуд дорад, аҳмақии ин марду зан дар он аст, ки намехоҳанд онро бисанҷанд.

-Зимистон мераваду баҳор меояд, аммо дар замири инсонҳо нисбати баъзе масоил тангназарӣ ва вожаи “имкон надорад” боқӣ мемонад.

-Имкон надорад шахси оқил ҳамеша умр ба сар барад, чунонеки дигарон гумон мекунанду зиндагӣ мекунанд.

Умед аст аз ин ҳикматҳо истифода хоҳед бурд ва дар фарҷоми он абёти зерро меорам, ки чунин аст:

Пеши кўшиш кўҳи оҳан чун мисоли сўзан аст.
Танбалонро сўзане монанди кӯҳи оҳан аст.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Луқмони Ҳаким ба фарзандаш чунин гуфт: “Эй писараки ман шахси ҳасудро се нишонаё аломат аст.Аввал: Ғайбат мекунад дуст ё шарикашро ҳангомек?

Луқмони Ҳаким ба фарзандаш чунин гуфт: "Эй писараки ман шахси ҳасудро се нишонаё аломат аст.Аввал: Ғайбат мекунад дуст ё шарикашро ҳангомеки дур шуд аз ӯ
Read More

Волии Хуросон ва марди хардор

Мегўянд Осафуддавла рўзе ба иттифоқи ғуломони худ аз яке аз кўчаҳои танги хуросон мегузашт. Дар ин мавқеъ марде чанд сар хари худро пеш андохта буд ва бидуни таваҷҷўҳ ба Осафуддавла пеш меронд ва роҳро барои гузаштани волӣ боз намекард.