Рӯзҳои охир дар мавриди андозаи санги сари қабр, ки аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон муъайян шудааст, ба нишонии сомонаи Ислоҳ даҳҳо паём бо талаби рушанӣ андохтан дар ин бора ворид шуд. Намехоҳам пешгуфтори тӯлоние нависам. Мегузарам ба баёни ҳукми шариъати ислом ва фуқаҳои мазҳаби Ҳанафӣ ва уламои боризи уммат.
Алҳамдулиллоҳ ва салому дуруд нисор бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва хонадони пок ва асҳоби гиромии эшон бод.
Аломатгузории қабр ва ҳукми он
Ибни Обидин фақеҳи маъруфи мазҳаби Аҳноф дар “Ҳошия” мегӯяд: “Агарчӣ ин амалро гузаштагон кардаанд, аммо навиштан дар санги сари қабр феъли бад дониста шуда, наҳй гардидааст.
Ҳоким ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар мамнӯъ будани навиштан дар санги сари қабр истинбот намудааст, аз чанд тариқ ҳам барои ин суханаш истидлол оварда, чунин гуфтааст: Албатта ончи дар ин масъала далел меоваранд, ки аз машриқ то мағриб сари қабри ҳама уламо дар сангҳо навишта шудааст. Ин амалро гузаштагон аз гузаштагони худ пазируфтаанд. Далели худро аз амали Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) меоранд. Ҳангоме, ки Усмон ибни Мазъун (раз) вафот намуд, сари қабраш санги бузргҳаҷмеро оварда гузоштанд ва дар овардани он санг паёмбар худашон ҳам кумак намуданду чунин гуфтанд:
وقال : أتعلم بها قبر أخي ، وأدفن إليه من مات من أهلي ” ( أبو داود 3206 )
“Қабри бародарамро аз ҳамин санг мешиносам ва ҳар шахсе аз хонаводаам вафот кунад наздаш дафн мекунам ” (ҳадис ба ривояти Абудовуд)
Агар навиштан барои шинохтани қабр бошад, дар ин боке нест. Бале инҷо агар дар шинохти соҳиби қабр ниёзе ба он дошта бошанд дар ин масала иҷмоъи амалӣ вуҷуд дорад ва иҷозат аст, танҳо дар як ҷумла бошад на бештар аз он. Аммо навиштани оёте аз Қуръони карим, ҳадисе, шеъре, ҳикмате, мадҳияе дар санги сари қабр макруҳ аст. (حاشية ابن عابدين (1/601-602-Ҳошияи Ибни Обидин)
في المحيط فقال : إن احتيج إلى الكتابة حتى لا يذهب الأثر ولا يمتهن به جازت ، أما الكتابة من غير عذر فلا
Соҳиби китоби Алмуҳитул Бурҳонӣ фи фиқҳи Нуъмонӣ дар ин масъала чунин мегӯяд: “Агар зарурате барои навиштан вуҷуд дошта бошад, то ин ки нишона ё аломат аз байн наравад ҷоиз аст. Инчунин набояд он санг махсус сохта шавад. Аммо навиштани бидуни зарурат ҷоиз нест”
قال العيني: ” وكره أبو يوسف أن يكتب عليه وفي قاضي خان ولا بأس بكتابة شئ أو بوضع الأحجار ليكون علامة وفي المحيط ولا بأس بالكتابة عند العذر “
Абу Муҳаммад Бадруддини Айнии Ҳанафӣ соҳиби китоби Албаноя фи шарҳил Ҳидоя мегӯяд: Имом Абуюсуф шогирди Имом Абуҳанифа (раҳ)навиштан дар санги қабрро макруҳ мешуморад. Аммо назди Қозихон, фақеҳи дигари мазҳаби Ҳанафӣ навиштани чизе дар санги қабр ё гузоштани сангҳо, то ин ки нишонае бошад, боке надорад. Дар китоби Муҳит, мазҳаби Ҳанафӣ омадааст: Навиштан ба санги мазор агар узре вуҷуд дошта бошад, боке надорад.
(العيني- البناية (3/303)
Хонандаи гиромӣ!
Дар ин масала, дар се мазҳаби Аҳли Суннат ва ҷамоъат – Моликӣ, Шофеъӣ, Ҳанбалӣ навиштан дар санги қабрро макрӯҳи мутлақ гуфтаанд.
Намехоҳам ин мақоларо тулонӣ намоям, вагарна ҳама ақволи имомони ин се мазҳабро меовардам, ки ҳамаашон навиштан ба санги мазорро макрӯҳ ва бидъат дониста, зиннат додан ва мояи тафохур қарор додани қабрро манъ намудаанд.
Як Фақеҳи мазҳаби Шофеъӣ ба номи Асабкӣ мегӯяд, агар мондани санг ба мазор ва навиштан ба он барои шинохтани қабр бошад, боке надорад вале набояд он санг махсус сохта шавад. Агар ба ин қавл таваҷҷӯҳ кунем, дақиқан мисли қавли Аҳноф аст. Танҳо дар мазҳаби Имом Абуҳанифа чуноне, ки дар боло хондед ҷоизии навиштан дар санги қабр танҳо дар ҳоли зарурат аст. Аммо сохтани махсуси санг ваба он навиштаҷот дарҷ кардану ба он маблағ сарф карданро уламои мазҳаби ҳанафӣ кареҳ донистаанд.
Бинобар, агар қабр дар маконе бошад, ки барои шинохти қабр мушкилие вуҷуд надошта бошад, аслан аломате ё санге набояд гузошт.
Аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам )дар ҳадиси саҳеҳе чунин омадааст:
( نهى النبي صلى الله عليه وسلم أن يجصص القبر وأن يقعد عليه وأن يبنى عليه وأن يكتب عليه ) …
“Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) гачкории қабрро, нишастан бар онро ва бино ё сохтмони боргоҳ дар болои қабр ва навиштан дар онро манъ кардааст”
وقال الحنفيّة : يحرم لو للزّينة
Имом Абуҳанифа(раҳ) дар ин маврид мефармояд: Бино кардан болои қабр агар барои зиннат бошад, ҳаром аст. Ҳамчунин дарҷ намудани акс ба санги мазор ва ё тарошидани ҳайкали шахси фавтида, ҳарчанд бузургтарин инсон бошад ҳам, ҳароми мутлақ аст.
Дар охир ҳаминро мегӯям, ки ҳатто гузоштани хишти пухта дар лаҳад макрӯҳ аст ва бархе уламои аҳли суннат комилан онро мазмум ва нораво мегӯянд. Қабрҳои гузаштагони худамонро набояд сементкорӣ кунем, дар болояшон биное насозем. Рехтани борон ва вазидани шамол бар қабр сабаби омӯрзиши соҳиби қабр мегардад. Бо гузоштани як аломате, ки он шахсияти ӯро муаян кунад кофӣ аст. Аслан аз навиштаҳо ва сементпеч кардани қабрҳо ҷиддан худорӣ бояд кунем.
Ногуфта намонад, ки сангҳое, ки дар сари қабрҳо мардуми мо мегузоранд, ончунон хилофи сареҳ ва ошкор бо шариъати ислом дорад, ки ба Аллоҳ паноҳ мебарам. Дар сангҳо аксҳои он мурдаҳо, мадҳияҳо ва суханони ширки ошкор дар баъзеаш дарҷ ёфта аст. Ин шева бо Яҳуду Насоро монандии комил дорад ва аз ин амалҳо комилан мусалмонони кишвар худдорӣ намоянд.
Мурда бо санги сари қабраш ҳеҷ бо иззат намешавад ва аз азоби қабр наҷот намеёбад. Барои ободии дохили қабр амал бояд кард.
Дар кишвар зиндаҳо бештар ниёз ба кӯмак доранд. Беҳтар мебуд, ба ҷои он санги гароне, ки дар сари қабри майит мегузоред, зиндаҳои ниёзманди пайвандонатонро дастгирӣ кунед.
Аслан, агар ҳамин амал қонунан мамнуъ гардад ва ё ақалан ҳаҷмаш то андозаи 30х30 муайян шавад, кофист.
Аз ин лиҳоз иқдоми Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистонро дар бораи ба тартиб даровардани санги мазор қисман ҳам бошад, дастгирӣ мекунам.
Валлоҳу аъламу биссавоб.
Муҳаммадиқболи Садриддин