ҲАНГОМЕ, КИ ИН ОЯТ НОЗИЛ ГАРДИД ШАЙТОН ГИРЁН ШУД.
Раҳмати Аллоҳ зиёду беҳисоб, аст набояд мусалмон аз раҳмати Аллоҳ ноумед бошад.
Баъзе аз мардмумонро мебинем, ки мегўянд: Ман бандаи гунаҳкорам ва то ин дам хато кардаму ончи Аллоҳ ва паёбараш фармуда буд анҷом надодам, оё маро Аллоҳ мебахшад?
Ин афкори ғалат сабаб мегардад, ки тавба намекунанд ва боз бар он гуноҳони худ идома медиҳанд бад-ин гумон, ки онҳоро Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло намебахшад.
Бале, ин ноумедии инсон аз раҳмату мағфирати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло муҳимтарин чизест, ки шайтон онро мехоҳад, то банда тавба накунад ва бар он ҳолати ғарқи гуноҳон боқӣ бимонаду шайтон баранда бошад ва банда нокому ноумед аз раҳмату мағфирати Илоҳӣ.
Хонандаи азиз, оё медонӣ, ки вақте ин оят нозил гардид шайтон гирён шуд?
( وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَنْ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَى مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ){آل عمران:135}
Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳҳои хеш омурзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад? Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафишуранд. (Сураи Оли Имрон, ояти 135).
Оё медонед, ки ноумедӣ дар дини ислом мамнуъ аст?
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар сураи муборакаи Юсуф мефармояд:
(وَلَا تَيْئَسُوا مِنْ رَوْحِ اللهِ إِنَّهُ لَا يَيْئَسُ مِنْ رَوْحِ اللهِ إِلَّا القَوْمُ الكَافِرُونَ){يوسف:87}
“.. ва аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд (Сураи Юсуф, ояти 87).
Хонандаи гиромӣ, медонӣ, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло саркашу муҷриме аз бани Исроилро пас аз анҷоми ҷурмҳои бузургаш бахшид. Ва оё медонӣ барои чӣ? Барои об додани як саге, ки аз ташнагӣ забонашро бароварда, бемадор шуда буд. Ин марди саркашу гунаҳкор дид саге дар саҳро ташна аст. Мўзаҳояшро баровард ва ба чоҳ танобе баст ва барои ин саги ташна об дод. Ин амалаш дарёи раҳмати Илоҳиро ба ҷўш овард ва ҳама гуноҳони ӯро аз байн бурд.
Оё медонед ,ки шайтон ҳангоме, ки тавба кардани мусалмонеро бинад дар чи ҳолате қарор мегирад? Ончунон ғамгин мегардад, ки ҳеҷ ҳадду андоза надорад. Пас, ҳамеша бояд шайтони лаъинро дар ҳолати бад қарор дод. Пайваста истиғфор гўем ва аз амали хатое, ки анҷом додаем тавба кунем ва бар он тавбаамон содиқ бошем.
Оё медонед Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз он муҳаббате, ки ба мағфират ва бахшиш ё тавбакунандагон дорад на танҳо гуноҳони моро мебахшаду моро афв мекунад, балки он
гуноҳони анҷомдодаамонро вақте тавбаи содиқона кардем ва аз сидқ дар маҳзараш қарор гирифтем онҳоро ба некўиҳо ва ҳасанот табдил медиҳад..
Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло дар сураи муборакаи Фурқон мефармояд:
( وَالَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ اللهِ إِلَهًا آَخَرَ وَلَا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللهُ إِلَّا بِالحَقِّ وَلَا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا . يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً . إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً) {الفرقان:68ـ 70}
Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азобаш дар рӯзи Қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд, ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо бадал мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст! (Сураи Фурќон, оёти 68-70).
نصح علي بن أبي طالب من سأله عمن و قع في ذنب فقال: يستغفر الله ويتوب. قال: فإن عاد؟ قال: يتوب…قال حتى متى؟ قال: حتى يكون الشيطان هو المحسور.
Алӣ ибни Абутолиб (раз)-ро шахсе пурсид: Агар шахсе гуноҳеро анҷом дод чӣ кор бояд кунад?
Алӣ ибни Абутолиб (раз) гуфтанд: Тавба бояд кунад.
Мард гуфт: Агар боз он гуноҳро анҷом диҳад?
Алӣ ибни Абутолиб (раз) гуфтанд: Боз ҳам тавба кунад.
Мард гуфт: Охир то ба кай тавба кунад ?
Алӣ ибни Абутолиб (раз) гуфтанд:То он вақте, ки шайтон аз васвасаш ба он гуноҳ хаста шавад, то он вақт бояд тавба кунад.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармудаанд:
“Ҳангоме, ки даст ба гуноҳе задӣ, пас онро ба (амали) накӯе табдил бидеҳ”.
Зеро амали неке, ки анҷом додӣ пас аз он гуноҳ ҳатман амали бади анҷомдодаатро нобуд месозад.
Аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хоҳони бахшиши гуноҳонамонро дорем. Дар ин рӯзҳои муборак ҳама гуноҳони моро ба накўи иваз намояд. Ӯ ба ин қодир ва тавоност.