Агар шуморо миёни ҷаннат ва намоз гузоранд кадоминро ихтиёр мекунед?

Ислоҳ нет

Агар шуморо миёни ҷаннат ва намоз гузоранд кадоминро ихтиёр мекунед?

Ҳасани Басрӣ (раҳ) тобеъини маъруфи қуруни муфазалларо пурсиданд: Агар бароятон миёни ду ракаъат намоз ва дохил шудани ҷаннат ихтиёр гузоранд, нахуст кадоминро ихтиёр мекунед?
Ҳасани Басарӣ (раҳ) чунин гӯфтанд: Ман аввал ду ракаъат намозро ихтиёр мекунам.Барои онки дар гузоридани ду ракаъат намоз ризо ва хушнуд созии Парвардигорам нуҳуфта аст.Аммо дар дохил шудани ҷаннат ризо ва хушнудсозии нафсам ё худам аст.Пас барои бандаи бо адаб ризояту хушнудсозии Парвардигорашро бадаст овардан афзал аст,аз ризо ва хушнуд созии худаш.
Эй Аллоҳ кумакамон кун,то ба ин пешвоёну собиқини динамон пайравӣ намоем омин.

Share This Article