Ҳангомеки моро дашном ва ё сухани носазое гуфтанд чӣ кор бояд кунем?
Мо қарибки ҳеҷ рӯзе нест дар ҳаётамон сухане нашунавем,ки он моро ба ғазаб наоварад.Метавонад он сухан аз тариқи ВАО бошад,чат,телефон,смс ва ё аз ҳамсар, бародар, хоҳар, падар,модар,фарзанд,рафиқ ва ё бегонае бошад.
Ҳагомеки чунин суханони захми збону озор диҳанда мешунавем,қалбҳои мо аз шунидани он озурда мегарданд.Агар ончӣ шунидем дар баробари он сукут кунем ва гӯяндаи ин суханро бубахшем.Ин аз (узурги ва бурдбори ва ҳалмии мо шаҳодат медиҳад вале на ҳама ин корро карда метавонанд.
Чӣ гӯна аз ин суханон худро ҳимоят кунем?
Муҳим чӣ гӯна дилҳо ва равонӣ худро аз чунин озорҳо солим нигоҳ дорем,то ба мо бемориҳое амсоли бадбинӣ,кина,ҳасад,бемориҳои равонӣ ва ҷисмӣ мубтало нагардем?
Қуръони карим дар чунин ҳолатҳо дар се маврид хело возеҳ онро баён намудааст вале аксари мо ба онҳо аҳамият намедиҳем.
1.) Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло дар Сураи муборакаи Ҳиҷр мефармояд:
وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدْرُكَ بِمَا يَقُولُونَ فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَكُن مِّنَ السَّاجِدِينَ)
97. Ва медонем, ки ту аз гуфторашон дилтанг мешавӣ (ва аз истеҳзо, таҳқир ва алфози ширколудашон дилат ба дард меояд).
98. Пас, ба поки ёд кун Парвардигоратро (ҳангоми ҳуҷуми ғаму андӯҳ) ва аз (зумраи) саҷдакунандагон (ва намозгузорон) бош!
(Сураи Ҳиҷр,оятҳои 97,98)
2.) Инчунин дар Сураи Тоҳо мефармояд:
فَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا ۖ وَمِنْ آنَاءِ اللَّيْلِ فَسَبِّحْ وَأَطْرَافَ النَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرْضَىٰ
130. Барои он чӣ мегӯянд, бо сабр бош ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ҳамд ёд кун. Ва дар соати шаб ва аввалу охири рӯз тасбеҳ гӯй. Шояд хушнуд гардӣ.
(Сураи Тоҳо,ояти 130)
3.) Инчунин дар Сураи Қоф дар ин маврид мефармояд:
فَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ الْغُرُوبِ39 وَمِنَ اللَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَأَدْبَارَ السُّجُودِ40
39.Дар баробари он чӣ мегӯянд, пойдорӣ кун ва дар ситоиши Парвардигорат пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби он тасбеҳ гӯй.
40.Ва низ дар порае аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй.
(Cураи Қоф,ояти 39,40)
Пас хонандаи гиромӣ оятҳои болоро агар хуб бо диққат хонда бошед Аллоҳ ба Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) хитоб намудааст,ки ҳангомеки чунин суханони озор диҳандаро мешунавӣ “Тасбеҳ” бигӯ.
Пас аз калима “Яқуқлуна” мегӯянд “Тасбеҳ”,ки зикри Аллоҳ аст амр шудааст.Инчунин ба саҷда кардан дар баробари он калимот дар дили шаб,то дилат пок гардад аз он заҳри забон ва суханони бади онҳо.
Аз оятҳои боло бароямон возеҳу ошкор гардид, ҳангомеки ба шумо сухани баду озордиҳандае гӯфта мешавад. Муҳимтарин амалеки дили инсон солим мемонад ин тасбеҳ ва зикр намудани Аллоҳ будааст Албатта тасбеҳ натанҳо ҳимоят ва солим мондани дилро бабор меоварад. Тасбеҳ ва зикр намудан таъсири хубе барои ризоят ва оромишӣ қалби инсон дорад.Чунонеки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Сураи муборакаи Раъд дар ин маврид мефармояд:
“Онон, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбанд!” (Сураи Раъд,ояти 28)
Бо итминони комил ҳангомеки бо мо суханони дағал ва хашину носазое мегӯянд бояд дар ҳол “Астағфилуллоҳ” “Субҳоналлоҳ” “Ло ҳавла ва ло қуввата илло бил Лоҳ” “Аллоҳу акбар”ро истифода намоем.Дорои мусаффотарин дилҳо ва синаҳои поку бе олоиш мегардем. Биёед бисанҷем ва асари онро дар ҳаёти худ эҳсос намоем.
Мақоларо бо ин сухани Аллоҳ ба поён мерасонам:
وَعِبَادُ الرَّحْمَٰنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا
Бандагони Худои Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимат сухан гӯянд.(Сураи Фурқон,ояти 63)
Аллоҳ мо ва шуморо аз ҷумлаи зикр кунандагони даргоҳаш бигардонад.Ҳама онҳоеки моро бо суханони нохушояндашон меранҷонанд посухамон тасбеҳу зикри Аллоҳ ва Салом бошад омин.