Оё Малакулмавт, Азроил аст?

Ба унвони ман аз як хонанда саволе омада, ки оё Азроил ин ҳамон малоикаест, ки ҷони зиндаҷонҳоро мегирад? Ва аз ман хоҳиш карда, то ба ин савол бо далел посух бигӯям.

Оё Малакулмавт, Азроил аст?
Ба унвони ман аз як хонанда саволе омада, ки оё Азроил ин ҳамон малоикаест, ки ҷони зиндаҷонҳоро мегирад? Ва аз ман хоҳиш карда, то ба ин савол бо далел посух бигӯям.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, салому дуруд бар паёмбари хаирулбашар Муҳаммад (с) ва аҳли байт ва асҳоби гиромиашон (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) бод.
Сабаб чист, ки дар Қуръони карим малоикае бо номи Азроил наомадааст? Дар ҳоле ки Худованд тамоми масоили муҳим ва заруриро барои уммати хайруланом дар китоби ҷовидонааш зикр кардааст. Аз ин рӯ ибтидо мепардозем ба он оятҳое, ки зикри малакулмавт омадааст, то қадам ба қадам пеш равем.
{الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلائِكَةُ ظَالِمِي أَنفُسِهِمْ ..} ) سورة النحل28
“Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд…” (Сураи Наҳл, ояти 28)

وَالْمَلآئِكَةُ بَاسِطُواْ أَيْدِيهِمْ أَخْرِجُواْ أَنفُسَكُمُ ..} (93) سورة الأنعام.
“ва малоикаҳо бар онҳо даст кушудаанд, ки ҷони хеш берун кунед..” (Сураи Анъом, ояти 93)

قُلْ يَتَوَفَّاكُم مَّلَكُ الْمَوْتِ ..} (11) سورة السجدة.
«Бигӯ, фариштаи марг, ки муваккал (гумошта) бар шумост, шуморо мемиронад..” (Сураи Саҷда, ояти 11)

{الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلآئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلامٌ عَلَيْكُمُ ..} (32) سورة النحل
“Онон, ки чун фариштагонашон поксират бимиронанд, мегӯянд: «Салом бар шумо”! (Сураи Наҳл, ояти 32)
{.. حَتَّى إِذَا جَاءتْهُمْ رُسُلُنَا يَتَوَفَّوْنَهُمْ ..} (37) سورة الأعراف
”.. Он гоҳ, ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд..” (Сураи Аъроф, ояти 37)
Тавре, ки худ шоҳид гардидед дар ин оятҳои Қуръони карим номе аз Азроил зикр нагардидааст?
Дар ҳоле ки дар Қуръон, дар сураи Бақара, ояти 98 номи ду малак зикр гардидааст. Ҷибрил ва Микойил, вале дар ин оят низ номе аз Азроил зикр нагардидааст, пас аз куҷо ин номро гирифтаанд?

Бале, пас аз сайри оёти қуръонӣ меравем ба суроғи масдари дуввуми ислом, ҳадис, то дар он аз ин ном, Азроил чизе метавон пайдо кунем ё худ бо ин ном чизе вуҷуд дорад ё на?
Вақте сайре дар аҳодиси саҳеҳ намудам бо ин ном чизеро пайдо накардам, ки чун ҳуҷҷат ё далел онро дар ин росто ҷой диҳам. Дар сиҳоҳи нӯҳгона дар маҷмуъ 15 ҳадис дар ин маврид пайдо кардам, ки ҷумлаи онҳо “Малакулмавт” зикр кардаанд на Азроил!
Пас, аз куҷо ин ном дар миёни мардум роиҷ ва вирди забонҳо гардид?
Ин ном, яъне Азроилро дар кутуби тафсири Қуръон пайдо намудам, ки баъзе муфассирин истифода намудаанд.
Тафсирҳои машҳуре, ки номи Азроилро дар худ ҷой додаанд .
1. Бағавӣ дар китоби “Маъолиму-т-танзил”-аш дар ҷилди 3, саҳфаи 520 аз Азроил ҳамчун Малакулмавт ном бурдааст.
2. Ибни Атия дар “Муҳаррир-ул-ваҷиз”-аш дар ҷилди 7, саҳфаи 73 номи Азроилро зикр кардааст.
3. Қуртубӣ дар китоби “Ҷомеъ-ул-аҳком-ул-Қуръон” ҷилди 14, саҳфаи 85 Малакулмавтро Азроил зикр намудааст. Инчунин баён дошта, ки Азроил маънояш Абдуллоҳ аст, яъне бандаи Худо.
4. Ҳофиз Ибни Касир дар тафсираш дар ҷилди 6, саҳфаи 361 оварда, ки дар баъзе осор Малакулмавтро Азроил, (ба таври машҳур) ва зикр намудааст, ки Қаттода ва чанд нафари дигар чунин ном бурдаанд.
5. Шавконӣ дар китоби “Фатҳ-ул-қадир” дар ҷилди 4 саҳфаи 250 гуфта, ки Малакулмавт ин Азроил аст.
6. Мановӣ дар китоби “Файз-ул-қадир мегӯяд: “Пас аз инки ёд гаштааст Малакулмавт шинохта шудааст ба инки номаш Азроил аст, вале бо зикри ин ном нуқтаи ниҳоӣ намегузорам, ки малакулмавт ин Азроил аст”.
Инчунин дар баъзе осор аз тобеъин омадааст, ки Малакулмавт ин Азроил аст, чунонеки дар китоби “Алазама”-и Шайх Исфаҳонӣ омадааст ва ин ривоятро бо санадаш аз Ваҳб ибни Мунаббаҳ дар ин китоб дар як чоп саҳфаи 384 ва дар чопи дигар саҳфаи 428 зикр кардааст.
Дар китоби “Таърихи Бидоя ва Ниҳоя” дар ҷилди 1 саҳфаи 106 зикр гардида, ки номи малакулмавт на дар Қуръон ва на дар ҳеҷ кадом аз аҳодиси саҳеҳ зикр нагардидааст, танҳо ба ҷуз баъзе осор.
Ақидаи мазҳаби мо Ҳанафӣ нисбати имон ба Малакулмавт:
اللإيمان بالملائكة الكرام فالإيمان بالملائكة يشمل: الإيمان بهم إجمالاً فيما أجمل ، وتفصيلاً فيما فصل كجبريل وميكائيل وإسرافيل وملك الموت ، ولا وجه لتسميته عزرائيل, وليس لهذا أصل.ونؤمن بصفاتهم الثابتة في القرآن و السنة والأعمال الموكلة إليهم .

“Имон ба малоикаҳои киром; имон ба малоикаҳо шомил ва фарогир аст; имон ба онҳо ба таври иҷмолӣ ончуноне ки дар умуми малоикаҳо аст. Ва имон ба малоикаҳо ба таври ҷудогона ончуноне ки ҷудогона ёд шудаанд, мисли Ҷибрил, Микойил, Исрофил ва Малакулмавт. Ҳеҷ ҳоҷате ва зарурате вуҷуд надорад ба ном гирифтани Азроил (ба ҷои Малакулмавт) ва ин ном ҳеҷ асле надорад. Имон меорем ба сифатҳои онҳо, ки собит шудаанд дар Қуръон ва Суннат ва амалҳое, ки ба онҳо вогузошта шудаанд”.
Барои мукаммал намудани посух бо баёни далоили қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ва сайре дар кутуби тафсир, таърих, баъзе осор ва фарҷоми онро бо ақидаи мазҳаби Ҳанафӣ ба итмом расонидам. Аммо боз ҳам рӯ меорем ба гуфтаҳои уламои муосир, то назари онҳоро дар рочеъ баин масъала бифаҳмем.
Муҳаммад Носируддин Албонӣ (раҳ) дар шарҳе дар ин маврид, ки Малакулмавт оё Азроил аст? Чунин гуфтаанд: “Имон дорем ба онки Малакулмавт муваккал ё вазифадор ба гирифтани ҷони ҷаҳониён аст. Инчунин изофа намудаанд, ки Малакулмавт ин номест, ки дар Қуръон зикр гардидааст. Аммо инки дар миёни мардум ба Азроил маъмул гардидааст ягон асос ва далели шаръие вуҷуд надорад, балки ин аз ақволи Исроилиёт аст”.
Шайх Ибни Усаймин (раҳ) дар ин маврид чунин баён медорад: “Малакулмавт машҳур гаштааст ба онки номаш Азроил аст, вале ин дуруст нест, зеро дар ду сарчашмаи аслии мо Қуръон ва Суннат зикр нашудаанд. Аз ин хотир дуруст нест Малакулмавтро Азроил бигӯем ва ба он имон биорем, зеро дар Қуръони карим Малакулмавт зикр гардидааст ва ба он имон дорем. Азроил номест аз ривоятҳои Исроилиёт гирифташуда. (Фатвои Ибни Усаймин 3\161).
Умед дорам то ҷое ба саволи шумо посухи қаноъаткунанда дода бошам. Валлоҳу аълам биссавоб.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Шаҳодати бардурӯғ ва ҳукми он дар шариъати исломӣ

Масъалае, ки имрӯз зиёд мехонем мешунавем ин шоҳидони дурӯғин ва ё барои шахсеро зиндон кардан шоҳидони сохтаву бофта дуруст намудан аст. Масалан фалон шахс ба иттиҳоми фалон ҷиноят 25 сол равонаи зиндон гашт. Дигари бошад барои он ки чунин гуфт ва ё дар назар буд чунин кунад 15 сол равонаи зиндон гашт. Ин ҳама бо роҳи қонунӣ гуё анҷом мешаванд ва дар ин зиндон шуданҳо шоҳидон нақши муҳимро мебозанд. Дар ҳоле 90% зиндоншавандаҳо аз он ҷинояти сохтаву бофта аслан хабар надоранд. Танҳо барои динаш, ақидааш, назараш ва ё сарвату дороияш, ки нахост онро ба кадом бозӯманду қудратманде диҳаду сар хам кунад. Ин албатта ҳам зулм аст ва ҳам иртиботи қавӣ бо он шоҳидони сохта дорад.