Ҷаноза ва баъзе аҳкомеки махсуси занонаст
Дар мақолаи қабли посӯхи саволе дар мавриди намози ҷаноза ва чигӯнагии адои он буд. Албатта он умӯми буд ҳам барои мардон ва занҳо. Мехоҳам дар ин мақола махсус ончи марбут ба занҳост онҳоро баён намоям.Албатта бахши охираш аснофи шаҳидон аст.
Дар баъзе аз масъалаҳои мутаъаллиқ ба майит, барои зан аҳкоми хосе аст, ки ба қарори зер баён мегардад:
1. Дар ҳоле, ки мард ба се порча кафан мешавад, зан бояд ба панҷ порча кафан гардад, ки иборатанд:
а) Курта, ки монанди пироҳан то пои занро мепўшонад;
б) Поҷома, ки қисмати поёнии бадани занро мепўшонад;
в) Химор, ки сари занро мепўшонад;
г) Лифофа, ки ҳамаи бадани занро мепўшонад;
д) Хирқа, ки синаҳои зан ба он баста мешавад ва бояд паҳнии ин хирқа то андозае бошад, ки аз сина то нофи занро бипўшонад;
2. Баъд аз ин ки курта ба зан пўшонда шуд, агар мўйҳояш дароз бошад, онҳоро ба се қисмат тақсим карда, кокул мебофанд ва дар пушташ қарор медиҳанд. Ин амал аз Умми Атия (раз) ривоят шудааст,ки ҳангоми такфинаш духтари он ҳазрат (с)ро чунин карданд.Аммо дар мо одат ҳаст мӯйҳои занҳоро ба ду қисмат карда рӯй синаҳояш мегузоранд санади саҳеҳе надидам.
3. Беҳтар аст, ки кафан аз ҷомаи пахтагин ва ба ранги сафед бошад ва кафан кардани мард аз порчаи абрешимин раво нест. Вале чун пўшидани абрешим барои зан дар ҳолати зиндагиаш раво аст, боке надорад, ки кафани зан аз матоъи абрешимӣ бошад. Вале агар муяссар шавад, матоъи пахтагин беҳтар аст;
4. Дар вақти намоз хондан бар майит, агар мард бошад, эшон муқобили синааш истода ва намоз мехонад. Агар зан бошад, беҳтар аст рў ба байни майит истода ҷанозаашро бихонад;
5. Дар ҳангоми дафн кардан, то вақте ки лаҳад ба хишт баста мешавад, бояд қабри зан бо матоъе парда гирифта шавад.Ин амал барои он аст то мабодо кафан боз нашавад ва мардони бегона ҷасадро бубинанд;
6. Хондани намози ҷаноза бар зан фарз нест, вале агар дар масҷиде, ки ҷаноза хонда мешавад ҳозир бошад, иштирокаш дар намози ҷаноза беҳтар аст;
7. Зан набояд пас аз адои ҷаноза аз қафои тобути мурда ҳаракат кунад ва ҳангоми дафни мурда дар қабристон иштирок намояд;
8. Навҳа ва нола кардан бар мурда ва задан бар сару рўй ва кандани мўй раво нест ва бояд занҳо аз корҳои ғайришаръӣ ба таври ҷиддӣ худдорӣ намоянд. Албатта агар зан гиря намояд ва он бе садо бошад ва дар он суханони ноҷойз гуфта нашавад ин мубоҳ ва раҳмат аст. Аз чунин суханон худори намояд масалан: Пас аз ту ман бояд худкуши намоям,бе ту зиндаги бар ман ҳаром аст,Аллоҳ чаро шавҳар падар бародари маро кушти. Ё таърифу тавсифҳоеки мурда онҳоро накарда ва дурӯғ бошанд.Зеро аз мурда малоик мепурсанд магар чунин буди? Мегӯяд на чунин набудам мавриди азоб қарор мегирад ба сабаби он тавсифоти ҳамсар духтар ва хонаводааш;
9. Набояд зан дар мотами хешовандони худ ва ё дигарон либоси сиёҳ бипўшад;
10. Набояд зан ба ғайр аз шавҳари худ барои шахси дигаре беш аз се рўз дар мотам биншинад. Албатта мотами зани шавҳар мурда то поёни иддааш мебошад. Бояд аз зебо намудан ва рангу ба тартиб даровардани худ худдори намояд;
11. Зан метавонад бар сари қабри падару модар ва дигар хешовандони худ биравад ва ба ҳаққи онҳо дуъо намояд. Вале ҳангоми рафтан ба қабристон, бояд аз пўшидани либосҳои фохир ва фитнаангез ва зеварҳои ғайри оддӣ худдорӣ намояд. Агар хавфи гиря ва садо баланд карданаш бошад рафтанаш ҳаром аст бояд аслан наравад;
12. Зан набояд бар қабр шамъ бияфрўзад ва ё аз қабр ҳоҷат бихоҳад, балки ҳар чизе, ки мехоҳад бояд танҳо аз Худо бихоҳаду бас;
13. Агар зани ҳомила вафот намуд ва табиб ташхис дод, ки тифл зинда мемонад, бояд тифлро аз шиками зан хориҷ намоянд;
14. Агар марди мусалмон бо зане аз аҳли китоб (яҳудӣ ва ё насронӣ) издивоҷ карда буд ва зан дар ҳолати ҳомила вафот намуд, бо назардошти ин, ки тифл мусалмон аст, баъзе аз уламо гуфтаанд, ки чунин зане дар қабристони мусалмонон дафн гардад ва назар бо ин, ки худи зан мусалмон нест, иддаи дигаре мегўянд, ки бояд дар қабристон ғайри мусалмонон дафн гардад. Вале барои берун шудан аз ин ихтилоф, беҳтар аст, ки дар ҷои хосе берун аз ҳар ду қабристон дафн гардад.Ин барои он аст,ки вақте шахси гунаҳкор ва ғайри солеҳе дар қабристони мусалмонон дафн гардад. Ончи бар ӯ мегузарад дар қабр сабаби азияти мурдагони аҳли он қабристон мегардад. Ҳамеша бояд шахс қабристонеки дар он дафн мегардад ва шахсе дар паҳлуяш дар қабр аст аҳамият бидиҳад. Зеро агар шахси хубе набошад аз азияти он ҳамсояааш ба ӯҳам озор мерасад.
15. Зан метавонад ҳангомеки шавҳараш аз дунё мегузарад дар шустан ва кафан кардани шавҳараш иштирок кунад. Метавонад мӯй лабҳояшро кам кунад агар дароз бошанд,метавонад нохунҳояшро гирад агар дароз бошанд. Аммо мӯйи зери бағал ва нофро нагирифтанаш авло аст аз гирифтанаш.
16. Барои онҳоеки ҳангоми вафоти мард ва ё зан қарор доранд. Кушиш кунанд барои он шахсе,ки дар ҳолати қабзи рӯҳ қарор дорад бештар калимаи шаҳодатро бар забон оред. То он шахс он калимаи шаҳодатро бигӯяд ва охирон калимааш аз дунё он бошад.
Дар ниҳояти ин мавзу мехоҳам ба як саволе,ки тақрибан ба ин бахш иртибот дорад онроҳам посӯх бигӯям.
Оё шаҳидон шуста ва кафан карда ва ҷаноза карда мешаванд?
Саволдиҳандаи гиромӣ шаҳидон чанд намуд мешаванд ва ман онҳоро ба се бахш тақсим мекунам то дароз нашавад.
1.) Шаҳидонеки дар маъракаи набард кушта мешаванд онҳоро на шуста мешаванд на кафан карда мешаванд ва на ҷаноза карда мешаванд. Танҳо силоҳашро аз дасташ мегиранд ва ба хок месупоранд онҳоро.
2.) Шаҳидони дигар мисли шикамдард,мубталои бемории вабо,ғарқ шудагон,дар оташ сухтагон,дар замин ҷунби ё зери девор монда ҳангоми вилодат вафот кардаанд ва ё пас аз вилодат дар ҳолати нифос бошад,шахсе барои талаби хунаш кушта шудааст,шахсе барои талаби молу ҳаққаш кушта шудааст,шахсе барои ҳимояти хонаводааш кушта шудааст яъне номусаш шахсе бар асари бемории сил(тебурклёс) вафот намуда.Албатта навъҳои шуҳадо дар аҳодиси гуногӯне омадааст кифоят мекунад баёни ин идда Инҳоро мисли бақия мурдагон шуста кафан мекунанд ва бар онҳо намози ҷаноза хонда мешавад. Танҳо номашон шаҳид аст ин гурӯҳи дуввумро вале аҳкомаш мисли мурдаи одди аст.
3.) Инчунин онҳоеки дар маъракаи набард захми мешаванд ва ба ақибгоҳ интиқол меёбанд. Масалан дар бемористон аз дунё мегузаранд ва ё дар роҳ ба бемористон вафот мекунанд. Инчунин онҳоеки дар асари зулми золимон ба сабаби шиканҷаҳо дар зиндонҳо ва ё ҳар маконеки кушта мешаванд ва мазлуманд. Инҳоҳам шуста кафан карда ва бар онҳо ҷаноза хонда мешавад ва ба хок месупоранд. Мо ҳадисе дорем ,ки онро Имом Бухорӣ риоят кардааст. “Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) шуҳадои Уҳудро ҷаноза накард ва онҳоро нашуст(яъне пас аз шаҳодаташон ва хатми маърака онҳоро ба хок супурд)”
Дар охир суханамро бо ин қавли Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба поён мерасонам.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд:Ҳангомеки дидед ҷанозаро аз ҷойятон бархезед(Ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳ)
Дар лафзи дигар омадааст агар ҷанозаи яҳуди ва насоророҳам бошад? аз ҷойямон хезем. Бале зеро мо барои малойк аз ҷойямон хестаем.