Мактуби кушода аз номи як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ба “Ислоҳ”
Пеш аз ҳама салом ба Ислоҳ. Мо боварӣ дорем, ки ин мактуби мо ба дасти шумо мерасад. Умед аз Худо дорем, ки шумо ҳатман онро чоп менамоед, агар, чуноне, ки доимо такрор менамоед, ҳақиқатҷуву ҳақиқатгӯ ва дар роҳи ҳақ ҳастед. Мо, олимон ба шумо як савол дорем. Барои чи шумо доимо танқиду гапҳои “боасос”-ро нисбати Пешвои Миллат ва намояндагони ҳукумати ҳозира чоп мекунеду мактуби мо, ки дар он ҳақиқати хол инъикос ёфтааст ба чоп намедиҳед? Шумо ҳатман фақат танкиду сарзанишро чоп мекунед?
Мо як гурӯҳ олимон, зиёиёни Тоҷикистон баъзе мақолаҳои шуморо хонда, нисбати ноҳақиву беадолатиҳо, нисбати баъзе шахсони муътабари ҷамъият, ки онҳоро на фақат халқ ҳатто Пешвои Миллат эҳтиром мекунанд, туҳмату буҳтонҳоро насанҷида ба чоп мебароред. Маҷбур шудем бори аввал ба шумо мактуби дастаҷамъона навишта, кутоҳакак нисбати баъзе аз корҳову хизматҳои ба ватани азизамон кардаи ин шахси ба мо ғамхору муътабар нақл намоем. Бовар кунед агар мо ҳамаи кору фаъолият ва заҳматҳои кашидаи ин ҷавонмарди асилро нисбати ватани азизамон ва ободонии баъзе ноҳияҳо нақл намоем, мумкин аст рӯзҳо ва ҳафтаҳо рӯйи сафҳа оварданашон кам бошад.
Асли мақсади мо дар ин нома ба “Ислоҳ”
Биёед сари мақсад мегузарем. Дар якчанд мақолаҳои шумо нисбати Шералӣ Кабир (Кабиров Шералишо Олимович ) гапҳои бардуруғ ва туҳматҳо дида мешавад. Шералишо Кабиров ҳамчун ҷавонмард фахри миллат аст. Давраҳои ҷавонӣ ва то шуруъ намудани ҳамкорӣ ба Ҳасан Асадуллозода, Шералишо Кабиров ба соҳибкорӣ машғул буд ва хеле муваффақ ҳам буд. Бо баъзе ҷумҳуриҳои аврупоӣ бизнесҳои маҳсулотҳои консервагӣ кор мекард, аз Дубай мошинҳои зиёд ворид мекард, дар вақти ниҳоят мушкил барои Тоҷикистон пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба таъминоти хурока минтақаҳои сарҳадии ноҳияи Дарвозу як қисми ноҳияҳои Бадахшонро дар души худ дошт, ки амнияти ватани мо аз тарафи Афғонистонро таъмин менамуд. Овозаи ин ҷавонмард ба тезӣ байни мардуми Тоҷикистон паҳн гашт ва Ҳасан Асадуллозода ӯро ба тими худ, ҳамчун муовини аввал бо тамоми ваколатҳояш ба кор даъват намуд. Аз рӯйи маълумоти мо вақте ки ” Ориёнбонк”-ро саҳмиядори асосиаш идора карда натавониста ба душвориҳо бархурд ва хулосаи фурӯшро намуд, маҳз Шералишо Олимович Ҳасан Асадуллозода маҷбур ва розӣ намуд, ки бонкро аз саҳмиядори асосӣ бихарад, то ин ки бонкро аз муфлисшавӣ халос намуда, муштариҳояшро ба давлату давлатдорӣ ва ба сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ дилгарм намояд.
“Ҳасан Асадуллозода ба ӯ бовар намуда ” Ориёнбонк”-ро харид,ва ҳоло бошад бо шарофат ва кордонии Шералишо Кабиров ин бонк яке аз калонтарин бонкҳо дар Тоҷикистон ва фоиданоктарин бонк шудааст. Умуман ширкатҳои ташкил намудаи Шералишо Олимович машҳури ҷаҳон гаштаанд, ба мисли “Ориёнбонк”, “Сомон-Эйр”, “Талко”, “Талко Голд”, “Талко кабель”, “Талко Ресурс”, “Талко Кемикал”, “Талко Флюорит”,”Сомон Суғд”, “Сомон-Сохтмон”,”Сомон-Суғурта”, “Сомон -Лизинг” ва даҳҳо дигар ширкатҳо, ки имрӯзҳо ҳазорҳо нафар ҷавонон соҳиби кори доимӣ ҳастанд. Шералишо Кабиров бо якчанд забонҳои хориҷӣ озодона суҳбат менамояд ва доимо дар гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷии худ озодона бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳатто чинӣ суҳбат мекунад, ки барои сохибкори миқёси ҷаҳонӣ дошта мувофиқ мебошад.”
Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ӯ барои ободии ватан, барои тинҷиву осудагии мардум дар тими Пешвои Миллат яке аз нафарони наздик, содиқ ва ватандӯст камари ҳиммат баста хизмат карда истодааст. Ҷаноби Олӣ хизматҳои олими ҷавони ободкору зиракро қадр намуда, якчанд сол пеш аъзои ҳукумат, вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон таъин намуданд. То ба вазифаи вазирӣ, Шералишо Олимович дар дигар нақшаҳои муҳими стратегии Тоҷикистон фаъолият намуда худро ҳамчун беҳтарин мутахассиси замонавӣ нишон дод, ҳоло бошад якумин шуда дар Тоҷикистон “центр интелектуалный собственность” -ро бо олимони ҷавон дар назди вазорат ташкил намуд, ки дар ояндаи наздик ба пешравиҳои назаррас комёб мегардад. Як фарзанди оддӣ аз куҳистон омада бо меҳнату дониши худ ба ин мансабҳо расидааст, ки як гурӯҳ бадбинҳову кутоҳандешагон, бахилӣ намуда дар ҳаққи ӯ туҳматҳо ва суханҳои носазо менависанд, то ин ки обруй ва эътибори ӯро назди Пешвои Миллат ва дар назди халқ коҳиш бидиҳанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ онҳо намерасанд, чи тавре дар қадим мегуфтанд, ” тилло дар таи хоку лой ҳам ҷило медиҳад”. Пешвои Миллат мисли як фарзанди худ ӯро дӯст медоранд ва ӯро боз ҳам тарбият карда истодаанд.
“Кабиров Шералишо Олимович яке аз докторҳои илм ва олими ҷавон ҳам ҳаст, ки мавзуъи хеле муҳимеро ба шароити имрӯзаи пешрафти ҷамъият бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ” (дар мисоли КВД «Талко-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст. Қаблан ҳам ӯ соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуда буданд.
Муҳимтарин корномаи Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон пас аз истиқлол,то имрӯз
Шералишо Олимович то таъин шудан ба мақоми вазир, барои ободии ватан бо дастгирии Пешвои Миллат ду чойхонаи калон, як корхонаи кабельбарории замонавӣ бо итолявиҳо, якчанд корхонаҳои азим дар ноҳияи Ёвон ва якчанд корхонаҳои саноатии дигар дар ноҳияҳои ҷумҳуриамон аз ҳисоби “Талко” сохта ба истифода дода буд. Аз солҳои 2004 сар карда роҳбарии бузургтарин корхонаи саноатӣ ва стратегии Тоҷикистон, заводи алюминибарории Турсунзодаро роҳбарӣ намуда, ҳаҷми истеҳсолоти алюминияро аз давраи Шуравӣ зиёдтар афзоиш дода, заводи алюминии тоҷикро дар дунё машҳур сохт, даҳҳо ҳазор одамонро ба ҷои корҳои доимӣ таъмин намуд, маошҳоро якчанд маротиба боло бардошт, тамоми мактабу боғчаҳои бачагонаро аз нав ба кор дароварда таъмирҳои замонавӣ намуд, миллиардҳо доллар инвестицияҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб намуда ворид сохт, ба мисоли Русали Русия, Глинкори Швецария, Гидроалюминий Норвегия, компании Нобели Сингапур ва дигар ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ва то охир обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, то имрӯз ҳамкориҳои дуҷонибаро давом дода истодааст. Новобаста аз санкцияҳои давлатҳои аврупоӣ нисбати баъзе мамлакатҳое, ки Тоҷикистон молҳои худро ҳамчун транзит аз ҳудуди онҳо меовард, бе ягон мамониат ба шарофати Кабиров Шералишо борҳои лозима ба Тоҷикистон воридот ва содирот шуда истодаанд. Яъне логистикаро хеле хуб ба роҳ монда аст. Масалан, замоне, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон хеле сард буданду масъалаҳои транзитӣ ашёи хом ё маҳсулоти тайёр бисёртари вақт байни ҳукуматҳои ду давлат ҳал намешуданд, вале Шералишо Кабиров масъалаи таъминот ва фурӯши маҳсулоти алюминиро маҳз бо Узбекистон бо алоқаҳои ғайрирасмии худ ҳал намуда буд ва бе ягон мамониатҳову мушкилиҳо қатораҳо рафта меомаданд, ҳамаи ин заҳматҳо аз таҷрибаи кории хуб доштан ва истеъдоди баланд доштани ин ҷавонмард огоҳи волое медихад. Лекин новобаста аз ин, проблемаҳо вуҷуд доранд ва бо навбат ҳал шуда истодаанд. Ӯ тавонистааст бо як методи аҷоиби замонавӣ дар заводи алюминий тоҷик сарфи қувваи электрикиро 2-3 маротиба кам намуда ба мардуми Тоҷикистон барқро фаровон намояд. .
Аз баски корхона бо гази Узбекистон кору фаьолият мекарду вақтхои охир бо сабаби байни ду давлат проблемаҳои сиёсӣ пайдо шудан ва қатъ гардидани робитаҳои иқтисодӣ, Шералишо Олимович дар ҳолати ниҳоят вазнин барои корхонаи бузургтарини ҷумҳурӣ ва барои бекор намондани мардум, илму малакаи худро моҳирона истифода бурда корхонаро аз сузишвории газ ба аншишт- санги ватанӣ гузаронид, аз як тараф мардуми зиёдеро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар кони нав кушодаи ангишт соҳиби корҳои доимӣ намуд, аз тарафи дигар қиммати арзиши аслии маҳсулоти алюминиро хеле поён овард, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ рақобат карда тавонист ва садҳо корхонаҳои дигари дар ҷумҳурӣ буда аз ӯ ибрат гирифта корхонаҳои худро ба сузишвории ангиштсанг гузарониданд. Ҳамин тавр мисолҳои ободкориву созандагии ӯ хеле зиёдан. Агар дар Тоҷикистон 5-6 нафар мисли Шералишо Олимович дар гирди Пешвои Миллат мебуданд, Тоҷикистон боз ҳам ободтару зеботар мегашт.
Беҳтарин ташаббускор ва ватандӯсти асил
“Боз як мисоли равшан аз фаъолиятҳои Шералишо Кабировро қайд накарда наметавонем, тахминан аз солхои 2006 сар намуда дар гирди як ширкати навтаъсис бо номи “Сомон -Суғд” зиёда аз 200-250 корхонаву бозорҳо ва иншоотҳои тамоман аз фаъолият мондаи вилояти Суғдро ҷамъ намуда, ба онҳо барои беҳтар намудани фаъолият қарзҳои имтиёзноки “Ориёнбонк”-ро пешкаш ва таъмин намуд, беҳтарин мутахассисонро аз Душанбе ба ин корхонаҳо роҳбар таъин намуда, дар вақтҳои кутоҳтарин ин корхонаҳо ба фаъолияти мунтазами доимӣ корҳои худро шуруъ намуда, ҳазорҳо одамон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гаштанд ва даҳҳо миллион сомонӣ ба бюджети ватани азизамон маблағҳо то имрӯз аз ин корхонаҳо супорида шуда истодаанд.”
“Вақте ки буҳрони иқтисодӣ тамоми дунёро фаро гирифта буд ва ҳамаи истеҳсолот ва маҳсулотҳои онҳо бозори худро гум карда буданд, Шералишо Олимович тавонист бо як тариқи нав, схемаи толлинги корҳои заводи калонтарини ҷумҳурӣ алюминийро бо ширкатҳои калонтарини дунё ба кор монад ва бо сари баланд ин буҳрони иқтисодиро паси сар намояд.”
Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат, ҳар сол мисли як авлиё, падарворона пешгуӣ ва насиҳатҳо мекунанд, ки ҳатман захираҳои хурокворӣ ва сузишвориҳои худро беҳтар намоед, ки дар олам шароити озуқаворӣ ва сузишворӣ ташвишовар мебошад. Яке аз аввалинҳо шуда Кабиров Шералишо ба даъвату насиҳатҳои Пешвои Миллат вокунишҳо нишон медиҳад. Дар мавриди таъмини орду равған, як сохибкореро бо номи Қаюмов Аҳмад Ҷалолович пайдо намуда ба ӯ чи тавр ба миқдорҳои калон бо орду равғани нисбатан арзон таъмин намудани халқи тоҷикро дастур дода, барои пеш бурдани соҳибкорӣ маблағҳои имтиёзнок ёрӣ расонид, ва дар муддати кутоҳ Аҳмад Қаюмовро аз як соҳибкори оддии миёнаҳол ба монополисти бозори Тоҷикистон мубаддал гардонид, ки имрӯзҳо Қаюмов Аҳмад ба даҳҳо миллион доллари қарзҳои имтиёзноки “Ориёнбонк” гардишҳо карда истодааст. Ҳоло бошад бо дастуру супоришҳои Шералишо Олимович ин соҳибкор доимо дар сафари Русияву Қазоқистон оиди таъминот ва қарордодҳои нави маводҳои хурокворӣ бо муваффақият амал карда истодааст. Ана ин аст яке аз сабабҳои асосии боло нарафтани нархи орд, шакар ва равған дар Тоҷикистон. Мисли Қаюмов Аҳмад, дар гирди Шералишо Олимович боз раиси ” Кумитаи захираҳои давлатии”-Точикистон Ахмедов Нурмаҳмад Атоевич, ки асосан таъминоти гушту тухм, шакару орд ва як қисм равғанро таъмин менамояд, раиси “Тоҷикматлубот” муҳтарам Идиев Ҳусейн, бошад асосан ёрдамчи Кабиров Шералишо оиди гузаронидани ҷашнҳову сохтумонҳои иншоотҳои давлатиро ба уҳда доранд. Аммо шумо дар мавриди Идиев Ҳусайн чандин мақолаҳо нашр намудед,ки мо ҳайронем? Бо таъминоти сузишвории самолётҳо аз Туркманистону Қазоқистон бародарон Файзулло ва Нурулло Саидовҳо машғул ҳастанд, ки ҳар яке аз онҳо ягон соҳаи ба онҳо бовар кардаи Кабиров Шералишоро пеш мебаранд.
“Барои идора намудани ин қадар ҳаҷми калони кори ақлу дониши ниҳоят калон зарур аст, ки уро Худо ба Кабиров Шералишо додааст.”
Аз рӯзи аввали таъин шудани Ҳасан Асадуллозода ба роҳбари биржа ва баъдан роҳбари “Ориёнбонк” ҳамаи корҳоро бо пуррагӣ Кабиров Шералишо то таъин шудан ба ҳайси вазир ба пеш мебурд ва ба муваффақиятҳои калон хам муваффақ гардид. Ҳасан Асадуллозода аз як тараф бо супоришҳои Пешвои Миллат бисёр масруф буд, аз тарафи дигар маҳорат ва ақлу дониш ва зиракии Шералишо Кабиров ӯро ба ҳайрат оварда буд, ба ҳамин хотир ба Кабиров 100% боварӣ дошт ва ҳамаи масьулиятҳоро ба души ӯ гузошта буд. Ҳасан Асадуллозода дар хақиқат хато накард, кадом лоиҳаеро ба ӯ бовар мекард, ҳатман дар вақташ иҷро бо сифати хуб ва дар оянда даромади хуб ба итмом мерасид. Даҳҳо корхонаҳои хурду калон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон ба садҳо миллион доллар сохта ба истифода дода шуданд, маҳз бо сардории ҳамин марди накукору накуном. Як чанд боғҳои истироҳатии калон бо гулҳову дарахтони аз кишварҳои Аврупо оварда, дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Дарвозу Турсунзода қомати худро афрохта дарҳои худро ба мардуми тоҷик кушоданд. Агар бигуем, ки муаллифи парчамҳои баландтарин дар ҷаҳонро сохта, боло бардоштан дар маркази пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳуриамон маҳз иқдоми ҳамин ҷавонмарди ба Пешвои Миллат содиқу ғамхор аст, хато намекунем.
Созанда ва меъмори навини Дарвоз пас аз истиқлолияти кишвар
Сохтумони чойхонаҳои калонтарин дар Осиёи Миёна, кушодани якчанд марказҳои илмиву тадқиқотӣ низ яке аз иқдомҳои ӯ мебошад. Фақат як назар афканем ба ноҳияи Дарвоз, он ҷо чи қадар иншоотҳои замонавӣ ба мисоли бинои боҳашамати “Хонаи Модар”, майдони футболбозии бо номи “Арена Корона”, меҳмонхонаи панҷситораи “Палас Корона” ва якчанд беҳтарин биноҳои истироҳатии баландошёна, кучаҳои марказӣ пурра мумфарш, корхонаи истеҳсоли плиткаҳои мрамоӣи, бустонсарой бо номи “Чор баҳор” барои қабули Ҷаноби Олӣ ва меҳмонҳои баландпоя ва ғайраҳо сохта шудааст. Шаҳраки Қалъаи Хумро ба яке аз шаҳрҳои зеботарини аврупоӣ табдил додааст. Ҳамаи ин иншоотҳои дар боло зикр шударо маҳз аз ҳисоби худ ҳамчун зодаи ин диёр маблағгузорӣ намудааст.
Маҳз Шералишо Олимович дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, шаҳреро ба номи Корона пайдо намуд, ки мувофиқи гуфтаҳои олимони Фаронса, Олмон, Британияи Кабир, Русия ва Эрон зиёда аз 6000 сол пештар дар ҳудуди зиёда аз 100 га замин вуҷуд доштааст. Ҳоло олимонро аз давлатҳои пешрафта ба ин шаҳрак ҷалб намуда, тадқиқотҳо оиди пайдоиши ин шаҳр корҳои илмӣ бурда истодаанд ва маблағгузориҳояшро Кабиров Шералишо аз ҳисоби худ ташкил намудааст.
“Агар дар ҳукумати имрӯза як қисми каме аз вазирону раисон аз таҷрибаҳои Кабиров Шералишо истифода мебурданд, Тоҷикистони азизи мо боз ҳам сарсабзтар ва ободтар мегашт. Худ, ки ҷавони зебову қоматафрӯхта мебошад, аз ӯ фақат некӣ ва хизмат ба миллату давлат боқӣ мемонад.”
Пешвои Миллат аз корҳои ободкориву меҳмоннавозиҳои Кабиров Шералишо якчанд борҳо дар ҷаласаҳои ҳукумат қайд карда гузаштаанд ва ба дигарон ҳамчун намунаи ибрат ҳам мисолҳо овардаанд. Ба хотири ин қадар ободкору ватандӯст ва содиқона хизмат намудан ба Пешвои Миллат, мо бояд мисли Кабиров Шералишо барин кадрхоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, нисбаташ гапҳои беасосро аввал санҷида баъд рӯйи коғаз биёварем. Аз шумо хоҳиш ва талаб менамоем ин мактуби сарҷамъонаи моро ҳатман нашр намоед, то мо донем “Ислоҳ” ҳақиқатро чоп мекунад.
Бо эҳтиром як гурӯҳ зиёиёни тоҷик:
Акбаршо Одилзода,
Муҳаммади Раҳмониён.
Рустамшо Бузургзода.
Хилватшоҳи Одинашо.
Қодири Каримзод.
Раҳмоналӣ Асозода.
Гулбибии Сайрамшо,
Ҷамъ 22 имзо…
Ps: Ҳаводорони арҷманди «Ислоҳ»!Мо, ба унвони як расона барои ҳамчунин муаллифон ҳам минбар медиҳем ва навиштаашонро, ончуноне ҳам мебинед бидуни тасарруфе мунташир кардем. Аммо, мову шумо хуб медонем, ки воқеият чӣ аст. Ба ҳар сурат мехоҳем, ки шумо низ назари худро бинависед ва агар дар баробари ин «асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон» ҳарфҳои гуфтание доред, бифармоед. Танҳо бо далел ва фактҳо нависеду фиристед,то онҳоро низ нашр намоем.