Арабистони Саъудӣ барои парвоз тавассути фазояш ба Исроили ишғолгар иҷоза дод

Ислоҳ нет

Ширкати ҳавопаймоии  Air India ҷиҳати истифода аз фазои Арабистони Саъудӣ барои парвоз байни шаҳри Делии Нави Ҳиндустон ва Тел-авиви Исроили ишғолгар аз ҳукумати Саъудӣ иҷоза ба даст овардааст.

Тавре хабаргузории  ap.org рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ додааст, ин иқдом мамнуъияти чандинсолаи парвоз ба Исроил тавассути фазои Арабистони Саъудиро аз байн хоҳад бурд.

Як рӯз пеш аз ин, рӯзи сешанбе Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири Исроили ишғолгар ҳини сӯҳбаташ бо хабарнигорон дар Вашингтон гуфта буд, ки Арабистони Саъудӣ розӣ шудааст, то ширкати ҳавопаймоии Air India  тавассути фазои ин кишвар аз Ҳиндустон ба Исроил ва аз Исроил ба Ҳиндустон парвоз кунад. Аммо ҳамон рӯз намояндаи ширкати Air India аз ин қарордод изҳори бехабарӣ карда буд.

Ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ расонаҳои хабарии Исроили ишғолгар иттилоъ дода буданд, ки Арабистони Саъудӣ   ба ширкати ҳавопаймоии Air India барои парвоз тавассути фазояш иҷоза додааст. Тибқи расонаҳои исроилӣ ин хати парвоз масрафи сухтро кам намуда, сабаб мешавад, ки нархи чиптаҳо низ поён равад.

Аммо нияти кушодани ин хати парвозро, пеш аз ҳама Нарендра Моди, Сарвазири Ҳиндустон ҳини сафараш ба Исроил, моҳи июли соли гузашта эълон карда буд.

Моҳи январи соли ҷорӣ Бинёмин Нетаняҳу изҳор намуда буд, ки агар хати парвоз аз Делии Нав ба фурӯдгоҳи Бен-Гуриони Исроил сурат гирад, ду соати парвоз ихтисор шуда, дар натиҷа масрафи сухт барои ҳавопаймо низ кам мегардад. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ низ поён равад.

Правин Бхатнагар, намояндаи ширкати ҳавопаймоии Air India гуфтааст, ки парвоз аз Делии Нав ба Тел-Авив ҳар ҳафта се маротиба сурат хоҳад гирифт ва аввалин парвоз санаи 22 март ба нақша гирифта шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ин иқдом нишонгари нуфузи Нарендри Моди, Сарвазири Ҳиндустон дар  минтақа мебошад. Ӯ аз Каронаи ғарбии ишғолшуда, санаи 10 феврали соли ҷорӣ дидан карда буд. Соли гузашта, Нарендри Моди ба Исроил бо сафари расмӣ ташриф овард, ки дар таърихи  Ҳиндустон аввалин сафари сарвазираш ба ин кишвар буд.

Аммо аз ҷониби дигар ин иқдом нишонгари сайқал ёфтани муносибати Арабистони Саъудӣ бо Исроил мебошад. Пеш аз ҳама сайқал ёфтани муносибатҳои дипломатии Саъудӣ ва Исроилро ба Муҳаммад бин Салмон, шоҳзодаи ҷавон ва худхоҳи  Саъудӣ нисбат медиҳанд.

Фаъолони сиёсии Фаластин бар ин назаранд, ки пеш аз ҳама, сабаби асосии ишғоли заминҳои Фаластин ва аз ҳисоби заминҳои фаластинӣ таъсис ёфтани кишвари сунъие бо номи Исроил, муносибатҳои хиёнаткоронаи ҳукумати Саъудӣ бо яҳудиён будааст ва иҷозаи парвоз ба Исроил тавассути фазои Арабистони Саъудӣ низ давоми ҳамон хиёнатҳост.

 

Share This Article