Кӣ «Тоҷик Эйр»-ро қарздор карду кӣ бояд зиндонӣ шавад?

Ислоҳ нет

Рустам Холиқов, раиси пешини ширкати «Тоҷик Эйр» барои талаву тороҷи 50 миллион доллар, муодили беш аз ниммиллиард сомонӣ, муттаҳам мешавад. Муҳокимаи қазияи ҷиноии раиси собиқи ширкати «Тоҷик Эйр» дар оғози моҳи аввали соли ҷорӣ, дар додгоҳи шаҳри Душанбе шуруъ шудааст. Бинобар хабарҳо Рустам Холиқов дар сирқат, баромадан аз ҳадди ваколат, суиистифода аз мақом ва расонидани хисорот ба ин ширкати давлатӣ муҷрим дониста мешавад. Ҳамчуноне гуфтем сухан аз тороҷи 50 млн доллар меравад. Рустам Холиқов моҳи майи соли гузашта дастгир шуда буд ва тавре мебинем тафтишот ҳашт моҳи тамом аъмоли ҷиноии ӯро зеруру кардааст. Аммо савол инҷо аст, ки ин катазани як замон дар канори Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода ин ҳама пулҳоро тоқа хурдааст?  Ва агар ин миқдори бузурги пул -беш аз ниммиллиард сомонӣ ба сирқат бурда шуда бошад, чаро органҳои танобкаш, Прокуратура, Агентии мубориза бо фасод, Палатаи ҳисоб, ВКД, КДАМ то ба ин ҳад расидани ҳаҷми хисорот пай набурданд,  огоҳ нашудаанд? Масалан вақте ҳануз ҳаҷми зарар ё сирқат 10 ё 15 ва бигзор, ки 20 миллион доллар буд, огоҳ нашуданд ва ҷилавгирӣ накарданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Рустам Холиқов на як  бор, балки ду бор дар курсии раиси «Тоҷик Эйр» омада ва бахши аъзами ин хисорот, ончуноне аз айбномаи ӯ бармеояд, дар давраи аввали раҳбарии ӯ расонида шудааст. Ва, чаро бо вуҷуди ин ҳама зарари бузург, яъне дуздии калон, ӯро боз дуввумбора раиси «Тоҷик Эйр» монданд?

  Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Мо, ба ҳиҷ ваҷҳ барои табриаи Рустам Холиқов қалам бар даст нагирифтаем ва барои онки бубинем ин қазия то куҷоҳо кашонида хоҳад шуд ва мақомот онро чи тавр «банду баст» мекунанд, сабр кардем ва сокит мондем ,агарчи ҳанӯз дар авоили тобистони соли гузашта, матлабе, ки дар зер қироат мефармоед, ба дастамон расида буд. Ин матлаб хеле тулонитар аз ончики ҳоло зери даст доред, шуд. Ва дар ҳар ҷое аз он аз расонаҳои интернетӣ ҳам иқтибосҳо оварда шудааст. Чунки дар бораи «Тоҷикайр» ва баҳсу даъвои он дар расонаҳои дохиливу байналмилалӣ зиёд навиштаанд.

  Ончики ҳадс мезадем ва гумон доштем, ба яқин бадал шуд. Рустам Холиқов на танҳо барои «гуноҳон» ва «нафси бад»-и худаш посух медиҳад, балки вай ҳама дуздиву тороҷу   тасарруфу истилоро, ки ҳамроҳ бо Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк»,раиси «Сомон Эйр» ва додарзани Эмомалӣ Раҳамонов ва диктаву дастури бевоситаи вай дар ширкати «Тоҷик Эйр» анҷом дода буд, ба гардан хоҳад гирифт.

 Рустам Холиқов дар ин мурофиа тани труси ( куни луч) хоҳад шуд –тамоми дору мадорашро кашида мегиранд ва ҳукми мусодираи молу амволаш ҳам, албатта, содир хоҳад шуд. Аммо баъид аст бо пардохти тамоми хисороти расида ва зарари расонида ба «Тоҷик Эйр» ҳам дар ин солҳои наздик руи озодиро бубинад. Акнун аз вай ба унвони Спрути авиатсия ва Зараррасони №1 ном бурда истдоаанд.

 Ҳатто кам монда буд Рустам Холиқовро дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонк шарик бисозанд. Аммо, ин айбро бар ӯ назадаанд, вале дар ҷараёни бозрасӣ ӯро на як бору ду бор тарсонида буданд, ки метавонанд ин кушторро бори гардани вай кунанд.

Ин нуктаро мехоҳем махсус таъкид намоем, ки қабл аз Рустам Холиқов ҳам директорони генералии «Тоҷикайр», масалан Хайрулло Раҳимовро ба додгоҳ кашида буданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо «срок»-и гирифтаашонро «матат» накарданд, «досрочно» баромаданд. Чунки онҳо низ аз «одамон»-и Ҳасан Асадуллозода буданд ва ҳам дар дуздӣ ва ҳам дар раҳоии онҳо Ҳасан Асадуллозода нақши калидӣ бозидааст. Ҳамчуноне, ҳоло сарнавишти Рустам Холиқовро ҳам ҳамин Ҳасан Асадуллозода муайян мекунад.

 Ҳануз дар соли 2018 Оҷонси мубориза бо фасод панҷ мудири “Тоҷик Эйр” аз соли 2008 ба ин сӯ: Алимурод Маҳмадалиев, Музаффар Исҳоқов, Фируз Ҳамроев, Рустам Холиқов ва Хайрулло Раҳимовро масъули буҳрони бавуҷудомада дониста буд. Аммо воқеият ин аст ки тамоми моҷарои муфлисшавии «Тоҷик Эйр»дуздиву сирқат ва қарздоршавиҳои он зери сари Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳасан Асадуллозода дар ниҳояти амр муваффақ шуд, ки нақшаи аз бозори авиатсияи кишвар берун рондани «Тоҷикайр»,ки солҳо дар иҷрои он талош мекард, ба иҷро дароварад ва ин бозори бузурги мусофиркашонӣ ва интиқоли молу колоро барои «Сомон Эйр» и Оила монополия кунад.

«Сомон Эйр» соли 2008 вориди бозори ҳавонавардии Тоҷикистон шуд ва ба муҷарради  омадани он «Тоҷик Эйр» ягона ширкати давлатии ҳавопаймоӣ марҳала ба марҳала ва батадриҷ ба ҳошия ронда шуд. Фақат ва фақат барои онки «Сомон Эйр» ҷойи  «Тоҷик Эйр»-ро бигирад чанд нафар аз мудирони кулли «Тоҷик Эйр» дастгир ва доғи судӣ гирифтанд. Як соҳаи муназзам ва мураттаби ба меросмонда аз шуравӣ- авиатсияи Тоҷикистон ба ҳамин осонӣ ва муфт ба дасти Ҳасан Асадуллозода ва «Сомон Эйр»-и вай гузашт. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сафарҳои худ ба дохил ва хориҷи кишварро дигар бо парвозҳои «Сомон Эйр» анҷом медод. Ва, Сомон, номи ин ширкат аз номи писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов гирифта шудааст.

Хуб, ҳоло баргардем ба қазияи Рустам Холиқов, нафаре, ки як замон аз дӯстони наздики Ҳасан Асадуллозода ва аз ҳамсуҳбату ҳамнишинҳои Эмомалӣ Раҳмонов буд. То шуруи мурофиа дар додгоҳ 8 моҳ дар дасти тими Мансур Ғанизода, сардори Раёсати тафтиши ҷиноятҳои махсусан муҳимми Прокуратураи генералии Юсуф Раҳмон, қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов даступо заду даҳҳо миллионро ҳам баргардониду аммо ҳоло бошад тоқаву танҳо дар муқобили «адолати судии Раҳмонов» дар суди шаҳри Душанбе лабу даҳанаш хушку қоқ аст. Инҷо барои онки чаро «Тоҷик Эйр» муфлис шуд аз забони собиқ муовини мудири ин ширкат як мисоли мушаххас меоварам:

Валерий Шарипов собиқ муовини раиси «Тоҷик Эйр» дар чанд соли пеш дар як конфаронси матбуотӣ ба хабарнигорон чунин гуфтааст:

«Бо гузашти ду соли таҷдиди сохтор, ширкати «Тоҷик Эйр» дар назди аксари ин корхонаҳо қарзи калон ҷаъм кард. Ҳамин тариқ, то январи соли 2011 қарзи «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳи Душанбе 27 миллион сомонӣ (6,1 миллион доллар), аз фурудгоҳи Хуҷанд – 14 миллион сомонӣ (3,2 миллион доллар), Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” – 8 миллион сомонӣ (1,8 миллион доллар) буд. миллион).

 Ман ин маблағҳоро қарз намехондам, онҳо қарз нестанд, зеро бо итминон метавонам бигӯям, ки нархномаҳо, бахусус хадамоти фурудгоҳҳо, ҳатто дар муқоиса бо фурудгоҳҳои Русия хеле баланданд. Мо парвозҳои зиёди зиёновар дорем, ки яке аз онҳо Душанбе – Хоруғ аст, ки мо онро иҷро мекунем, ба манфиати давлат кор мекунем, вале бо зиён. Ҳамзамон мо тамоми андозҳои фурудгоҳ ва навигатсияро пардохт мекунем. Чаро мо метавонем ба нафъи давлат кор кунем, аммо дигарон наметавонанд?”, – гуфт баъдан муовини директори генералии “Тоҷик Эйр” Валерий Шарифов.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Шарипов, интиқоли мусофирон тавассути автобус ба ҳавопаймо дар шаҳри Сургут 29 доллар ва дар Душанбе 50 доллар, як ҳавопаймо 11 доллар ва дар Душанбе 70 доллар, парвозу фуруд барои як тонна парвоз арзиш дорад. вазн – 11 доллар ва дар фурудгоҳи Душанбе – 13 доллар. Интиқоли экипаж ба ҳавопаймо дар Сургут 9 доллар, дар Самара 17 доллар, дар Новосибирск 28 доллар ва дар Душанбе 50 доллар аст.

“Интиқоли ду командири экипаж ба ҳавопаймое, ки дар масофаи 800 метр дар масофаи ба истилоҳ “тангемка”-и фурудгоҳи Душанбе ҷойгир аст, 50 доллар арзиш дорад. Тасаввур кунед, ки нархномаҳо чанд маротиба боло мешаванд ва сабаби қарзҳои пайдошуда маҳз ҳамин аст. Ва боз як нуктаи муҳим — аэродром барои як рейс барои хизматрасонии самолёти АН-28 мо фактура мегирем, ки дар он навишта шудааст, ки кори як мошини махсус барои тоза кардани хаммомхо 137,6 доллар арзиш дорад. Аммо дар асл АН-28. ҳаммом надоранд ва дар он ҷо чизе барои коркард нест, аммо барои ин хидмат аз мо пул мегиранд, бинобар ин ман дар ин маврид калимаи “қарз”-ро қабул намекунам”, – қайд кард Валерий Шарифов.

Ширкати сӯзишворӣ ва сӯзишворӣ (ТЗК) барои ширкат мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд овард ва ин мушкилот то имрӯз афзоиш меёбад. Маҷмааи сӯзишворӣ ҳамчун монополист дар таъмини сӯзишвории авиатсионӣ арзиши гаронбаҳои сӯзишвории ҳавопайморо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ – 1200 доллар барои як тонна муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар Қирғизистони ҳамсоя, ки шароити бозор бо Тоҷикистон яксон аст, арзиши як тонна сӯзишвории ҳавопайморо муқаррар мекунад, 800 доллар аст».

Ин ҳама «бозиҳо» аз тарафи дастаи таъйинкардаи Ҳасан Асадуллозода дар раҳбарии ширкати «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешуд ва Рустам Холиқов ҳам дар ин васат истисно набуд. Бар изофа “Топливно-заправочная компания” (ТЗК) ин ширкати Ҳасан Асадуллозода аст ки то ҳамин имрӯз амал мекунад.  

   Зоҳиран Рустам Холиқовро барои хариди самолётҳое ба курсии айбдорӣ нишондаанд, ки нокоромаданд, коршоям нестанд. Сухан аз 25 млн доллари хариди лизингии ду адад самолёт меравад.

Дар айбномае, ки Абдуллоев Зебдулло Фатҳуллоевич, намояндаи ваколатдори ҶСК «Тоҷик Эйр» дар расонаҳо нашр кардааст, дар мавриди ин самолётҳо чунин гуфта мешавад:

 «Дар давраи роҳбарии Халиков Р.И. ду шартномаи дигари лизинги молиявӣ оид ба 2 ҳавопаймои ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва) низ амал мекард. Аз созишномаҳои иҷораи ҳавопаймоҳои Боинг 737-500 LYAWF/ LY-AWG аз ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва) ба ҳолати моҳи ноябри соли 2014 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ин ширкати литвагӣ дар асоси ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс 2 824 000 доллари ШМА, қарздор шудааст.  Дар моҳи ноябри соли 2014 ин ҳалномаи судӣ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе эътироф карда шудааст. Тасдиқи ин санади судӣ оид баҳси мазкур бо ширкати UAB «Skyroad Leasing» дар Душанбе дар давраи роҳбарии Халиков Р.И. амалӣ шудааст.

 Мавриди зикри хос аст, ки тибқи талаботи Созишномаҳо Халиков Р.И. бояд дар охири моҳи сентябр ва моҳи октябри соли 2014 ҳавопаймоҳоро ба соҳибмулк бармегардонд ва ё маблағи боқимондаи қарзро пардохт мекард ва ин 2 ҳавопаймо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд, вале ин корро ӯ иҷро накард. Дар натиҷа, ба қарзи пешина боз қарз аз пардохт накардани маблағи лизингии семоҳа ва арзиши ниҳоии 2 ҳавопаймо, тибқи талаботи Созишномаҳо зиёд гардидааст. Аз ин ҷо, бинобар бозпас нагардонидани ин 2  ҳавопаймо боз маблағи 4 894 000 (4000000 ин арзиши ниҳоии ду ҳавопаймо тибқи Созишномаҳо ва маблағи пардохти лизингии семоҳа 894 000 (3х298 000) доллари ШМА зиёд шуд. Ҷолиби қайд аст, ки дар оянда ин маблағҳо низ дар ҳалномаи  ниҳоии 4 суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз соли 2018 дарҷ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар моҳи ноябри соли 2014, то эътироф кардани 2 824 000 доллари ШМА ҳамчун қарзи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ширкати UAB «Skyroad Leasing» тибқи ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс, дар суратҳисоби ҶСК «Тоҷик Эйр» маблағ вуҷуд дошт ва Халиков Р.И. имконияти пардохт намудани онро дошт. Дар ҳолати пардохт намудани ин қарз дар ҳамон давра ин 2 ҳавопаймо тибқи Созишномаҳо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд ва қарзи Ҷамъият дар соли 2018 ба зиёда аз 23 млн. доллари ШМА намерасид! Аз ин ҷо, оқибати бемасъулиятии Халиков Р.И. ба фаъолияти ояндаи Ҷамъият таъсир расонд ва он дар зиёд шудани қарзи Ҷамъият дар умум ба 23 040 425,54 доллари ШМА дар соли 2018 оварда расонид, зеро ба қарзи пешина (2 824 000 доллари ШМА), баъдан боз қарзи нав (20 216 425, 54 доллари ИМА) зам шуд. Ин кор дар асоси санади ниҳоии судӣ вобаста ба аризаи даъвоии ширкати UAB «Skyroad Leasing» ва ба иҷро расонидани ҳалномаи дуюми суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз 25 апрели соли 2018, №373 нисбати ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба ситонидани маблағи 20,2 млн доллари ИМА ва дигар хароҷотҳо қабул ва амалӣ шудааст»

  Аммо манбаъи Ислоҳ, ки гуфтем, хеле пештар дар бораи моҷарои Рустам Холиқов маълумотҳои зиёдеро дар ихтиёри мо гузошта буд, мегуяд:  «самолётҳоро оварданд, аммо кор нафармуданд ,чунки мебоист парвозҳои «Сомон Эйр» ба онҳо дода мешуд. Ва азбаски Ҳасан Асадуллозода муқобили ин кор буд ин самолетҳо то ҳозир дар ҳамон ҳолат ва дар як гуша партофта шудаанд. Вале иллати корношоямии онҳо ва ба мурғхона бадал шудани онҳо чӣ аст? Қисмҳои эҳтиётии даруни самолётҳоро Азиммамад  Қурбонови як масчоӣ, ки дар «Тоҷикайр» кор мекунад майда-майда вале пурра дуздида дар дигар самолётҳо зада обу лой карданд».

   Мо,мутмаинем, ки дигар қисмҳои  кории ин ҳавопаймоҳоро низ барои «Сомон Эйр» дуздиданд. Ва, дар ҳақиқат ин дуздӣ, агар дар пасаш Ҳасан Асадуллозода набуд, як чунин ҷуръат ва ҷасорат намекард, ки қисмҳои ин ду самолётро бигираду ба дигарҳо бифурӯшад. Чун қисҳои ин ҳавопаймоҳо масалан сузан ва ё таҷҳизоти кучак нестанд, ки кушоиву дар ҷайбат бизанӣ ва аз тарафи дигар бидуни мусоилати «охрана» касе наметавонад ба онҳо наздик бишавад.

Литовсҳо (онҳое, ки бо Рустам Холиқов барои додани самолёт қарордод баста буданд) омаданду диданд, ки самолётҳо дигар короӣ нестанд. Даруни самолётҳоро холӣ кардаанд, қисмҳо (запчаст)-ҳои онҳоро дуздидаанд.

   Дар асл ин самолётҳоро дар давраи роҳбарии Алимаҳмад Маҳмадалиев (аз Данғара) Рустам Холиқов оварда буд. Ин Маҳмадалиев як даҳмарда буд, оварданду дар инҷо монданаш аммо чизеро намефаҳмид, баракс Холиқов «шустряк» буд. Самолётҳоро оварду «Тоҷик Эйр» яъне Тоҷикистон аз Литва 25 миллион доллар қарздор шуд. Инҳо ҳамин Рустам Холиқов ҳам хостанд, ки бо онҳо (литовсҳо)сумро обу лой кунанд, попалам зананд.

  Ҳамаи шогирдҳои Рустам Холиқов дар ширкат дуздҳо буданд, ки ба молу пули ширкат тамоман раҳм намекарданд. Як нафаре буд бо номи Азиз Мурватович аз Дарвоз. Вай асфалт ва дигар ашё барои ширкатро таъмин мекард.

  Нафари дуввум сармуҳосиб Чупонов Ҳусен- аз ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки вай шогирди марҳум Шуҳрат Исматуллоев буд. Ҳусейнро ҳамин Шӯҳрат ширкат оварда ба кор монда аст. Аммо ин Ҳусейн он қадар Холиқовро гуш намекард. Лекин «обу лой»-ро ҳар қадр, ки мехост мекард. Дар фурудгоҳи Душанбе ранги арусакҳо раҳ мегашт.

 Холиқов ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар «Тоҷик Эйр» роҳбар таъин шуда буд. Онҷо мудири молиявӣ Давлатов Маҳмадалиро монда буд, ки одами худаш буд.

  Дар онҷо одаме, ки асосан сумҳоро обу лой мекард Шарипов Акбар буд. Ин одам бисёр дузди калон аст ва то давраҳои раисии Раҳимов Хайрулло дар «Тоҷик Эйр» кор мекард. Мақомот Раҳимов Хайруллоро бурда маҳкам карданд. Гуфт, ки агар номи маро мегирӣ ва агар маро маҳкам мекунанд, аз поят кашида- кашида мебарам. Баъд ин Раҳимов Хайрулло, ки як ҷанбаи «пилус»-а дошт, аз Колхозобод буд, гуфт номи маро бигир.

   Вақте Хайрулло Раҳимов омад ва дар «Тоҷик Эйр» раис шуд, як ҳафта пеш ба номи Тоҷикайр 50 миллион сомонӣ Рустам Холиқов ва Ҳасан Асадуллозода кредит гирифта буданд. Омаданд инро гуфтанд: «хап кун то тема набарояд, ки мо 50 миллион гирифтагием. Собиқ раиси Амонатбонк омад ва худаш гуфт, ки ана ҳаминҷо туро раис монданд, хап куну шин».

Ёдатон бошад дар як ҷаласа Эмомалӣ Раҳмонов ҳам раиси Амонатбонк ва ҳам ҳамин Хайрулло Раҳимов, раиси «Тоҷик Эйр»-ро аз толор пеш кард. Яке аз масъалаҳо ҳамин пул буд.

   Бинобар хабарҳои расида айни замон 19 мошини хориҷии борбар, ки бархеашон рефрежатор доранд ва 27 хонаи Рустам Холиқов дар Душанбеву Ҳисор «арест» карда шудаанд.

Инро ҳам бояд алоҳида зикр намоем, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳам дар дуздиҳои Рустам Холиқов ва раванди муфлис кардани «Тоҷик Эйр» 100% даст дорад. Қоҳир Расулзодаро дар соли 2018 раиси Комиссияи давлатӣ барои ба эътидол даровардани вазъи «Тоҷик Эйр» таъин карда буданд. Вай меомаду дар толори фурудгоҳ машқ мекард.

 Боз Қурбони Алимардон қудои Таҳмина дар фурудгоҳи Хуҷанд низ дар ин корҳо қуш аст. Ва одами Таҳмина аст ва дар дуздиҳои калон-калони низоми авиатсияи  Тоҷикистон яке аз фигурантҳои асосӣ мебошад.

   «Тоҷик Эйр» солҳои тӯлонӣ аз тарафи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ идора ва ғорат мешуд. Маблағҳои дуздидашуда аз ин ширкат кайҳо аз рақами 7сифрдор убур кардааст. Роҳбари гурӯҳ Холиқов Рустам Исуфович аст.  Ӯ, ҳарчанд зикраш дар расонаҳо камтар меравад, яке аз наҳангҳои бузурги кишвар аст. Қудраташ то ҳадест, ки метавонад дар таъини вазири нақлиёт ва ҳамаи мансабҳои ин вазорат дахолат кунад. Ба ин гурӯҳ Ҷураев Сӯҳроб Муқимович, муовини раҳбари Сомон Эйр, Шералӣ Ганҷалзода, вазири собиқи нақлиёт, Исматулло Абдуллозода, мудири фурӯдгоҳи Душанбе, Лоиқ Ашуров, раҳбари “Тоҷикаэронавигатсия” ва ғайра шомиланд.  Аз ин гурӯҳ Ҳасан Асадуллозода пуштибонӣ мекунад. Ӯ на танҳо дар ғорати «Тоҷик Эйр», балки дар муфлиссозии он ҳам манфиатдор буд. Чун бозорро барои ширкати ҳавопаймоии худаш холӣ мекард.

Чанд нуктаро инҷо махсус зикр менамоем, ки «Тоҷик Эйр» маҳз бо саъйю талоши Ҳасан Асадуллозода муфлис гардонида шуд: Баъди ташкили «Сомон Эйр» ҳар касе раиси «Тоҷик Эйр» таъин шуд, ҳатман дастгир ва маҳкум ба зиндон ё бо пардохти маблағҳи бузург озод гардид. Суратҳисобҳои «Тоҷик Эйр» дар «Ориёнбонк»  мебошад ва тамоми амалиёти пулиу молиявии он таҳти контроли Ҳасан Асадуллозода аст ва беиҷзоати Ҳасан Тоҷикайр ҳатто пули худашро истифода ва масраф карда наметавонист. Маводди сухт ба «Тоҷик Эйр»-ширкати хусусии Ҳасан таъмин мекард ва маълум, ки бо чанд баробар бештари қиммат онро мефурухт. Ширкати “ТЗК” дар минтақаи офшори бритониёии Menford Holding LTD сабт шуда, ба Ҳасан Асадуллозода рабт дода мешавад. Ин ширкат сӯзишвориро бо нархе медод, ки 40% аз қиматҳои Қирғизистони ҳамсоя баландтар буд. Фурӯши билет ба таври монополӣ ва бе баргузории тендер ё озмун дар ихтиёри ширкате гузошта шуд, ки аз хоҳарзодаи Ҳасан Асадуллозода ва духтари президент Эмомалӣ Раҳмон — Таҳмина Раҳмонова ва шавҳари ӯ Зарифбек Давлатов аст. «Сомонайр» парвоз ва масирҳои «Тоҷик Эйр»-ро  захватит кард ва «Тоҷик Эйр»-ро аз бозор берун ронд. Тамоми персонали ҳирфаии корӣ ва махсусан летчикҳои «Тоҷик Эйр»-ро «Сомон Эйр» гирифт. Ин ҳама аз илал ва авомиле аст, ки мо аз манобеъи бози интернетӣ гирдоварӣ кардем. Вале ончики дар паси парда аст мо чизе гуфта наметавонем. Ҳамин Суҳроб Ҷураев, ки дар гурӯҳи муташаккили ҷиноии ғоратгари «Тоҷик Эйр»  ба унвони муовини директор зикр мешавад, феълан раиси «Сомон Эйр» шуд. Дар асл ин Суҳроб мутахассис-механики вертолет аст. Вай як маротиба кадом қисми эҳтиётӣ, тобхураки вертолети Раҳмоновро нито-нодуруст васл мекунад. Бояд мепарид ва сарнагун мешуд. Яъне чархбол авария мекард. Хадамоти бехатарӣ ӯро қапид. Аммо Озода Раҳмонова озодаш кард. Озода вайро кришават мекард. Барои онки бо Озода бизнеси запчаст дошт. Инҷо беҳад пули калон давр мехурад. Садҳо, балки миллион миллион доллар. Барои самолетҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ва барои фурудгоҳҳои Душаневу Хуҷанд ва Бохтару Кулоб таҷҳизот меовард. Суҳроб бо Озода поделитса  мекарданд. Аз кор «отстранит» карданд, вале баъди як муддати кутоҳ боз оварданду раисаш монанд. Расонаҳо навишта буданд, ки аксари онҳое, ки ба шикасти “Тоҷик Эйр” кумак карданд, ба ин ё он шева бо соҳиби “Сомон Эйр” Ҳасан Асадуллозода ва атрофиёни ӯ наздикӣ доранд. Барои намуна, Хайрулло Раҳимов қаблан муовини раиси ширкати “Сомон Эйр” буд. Сармуҳосиби ширкат Акбар Шарифов, ки аз номи ду раҳбари “Тоҷик Эйр” амал карда, дар аксари муомилаҳои шубҳабарангез даст доштааст, пас аз оғози тафтишоти “Тоҷик Эйр” аз кор рафт ва ҳоло дар яке аз бахшҳои “Талко” сармуҳосиб аст. Рустам Холиқов 22 июли соли 2014 дубора раиси фурудгоҳи Душанбе таъин шуд. Вай соли 2008 ҳам ба ин мақом таъин шуда буд.  

Дар ин 25миллион доллари хариди самолетҳо  Шералӣ Кабир, вазири саноат ва асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон низ 100 % қуш  аст. Ҳамчунин Акбар Шариф. Ин Акбар Шариф ҳоло шогирди Шералӣ Кабир шудааст. Ва дар Талко, муассисаи зери назорати Ҳасан Асадуллозода кор мекунад.

 Дар як ҷаласа Исмат Абдуллозода, (Исмати дулик, наздиктарин одами Ҳасан Асадуллозода), раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанберо Эмомалӣ Раҳмонов мехезонад ва мепурсад, ки ту киӣ, ки аз Амонатбонк ба номи аэропорт100 миллион қарз мегирӣ? Мегуяд муҳтарам Ҷаноби олӣ, ман нагирифтам, ман имзо мондам, ана ҳамин гирифт сумҳоро ва ба Ҳасан ишора мекунад, ки онҷо шиштагӣ буд. Ин хусурбачадустдор резко дар даҳонаш як мушт зада хап мекунад ва мешинонад. Зуд «тема»-ро тоб медиҳад. Баъди ин бузии Исмат хелеҳо мутмаин буданд, ки кори Исмат тамом, Ҳасан қабрашро меканад, ки не, кор карда истодааст. Чунки Дулик дойний корова аст. (Бинобар баъзе маълумотҳо Исмати Дулик дар ҷойи Комил Мирзоалиев, раис Роҳи оҳан мешудааст) Маҳмадалӣ Давлатов, ки дар «Тоҷик Эйр» сармуҳосиб буд, дар гузашта корманди КРУ буд, ревизориву аудиторӣ кардагӣ аст. Дар асл Холиқов Рустам  тарсончак ҳам буд, чунки дуздӣ бисёр дошт. Ин Маҳмадалӣ Давлатов манбаи даромади асосиаш камбудиҳои Холиқов буд. Меёфту метарсонду шантаж мекарду ҳақашро калонкалон мегирифт.

Аммо ин масъала, гирифтани кредит дар айбномаи Рустам Холиқов ,ки намояндаи ҳуқуқӣ ва ё адвокати ширкати «Тоҷик Эйр» бар муқобили Рустам Холиқов таҳия ва нашр кардааст  ба чунин шакл омадааст: «Халиков Р.И. дар давраи фаъолияти худ ба сифати директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар санаи 04 январи соли 2016 шартномаи қарзиро бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баста, дар 2 марҳила дар умум 50 млн сомонӣ бо 15 фоизи солона қарз гирифтааст. Аз ҳисоби ин маблағҳо ӯ қарзҳои пешинаи Ҷамъиятро пардохт намудааст. Дар оқибат Халиков Р.И. як қарзро пардохт ва қарзи навро дар ҳаҷми зиёда аз 79 млн сомонӣ пайдо намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 2016-2022 роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» қарзи асосиро аз ин шартнома дар ҳаҷми зиёда аз 5 млн сомонӣ пардохт кардааст, вале аз ин шартнома боз фоизи қарзи ҳисобшуда баробар ба 29 356 807 сомонӣ зиёд шудааст. Аз маблағҳои ҳисобшудаи фоизӣ роҳбарияти Ҷамъият 13 712 497 сомонӣ пардохт кардааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 60 484 310 сомонӣ қарздор аст. Ҳамин тавр, аз кирдорҳои Халиков Р.И. (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва аз оқибатҳои бемасъулиятии ӯ, ба ҶСК «Тоҷик Эйр» дар умум зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон расонда шудааст».

Ин ба он маъно аст ки қарзи гирифтаи Ҳасанро ҳам бояд акнун Рустам Холиқов пардохт намояд. Як ҳолати бисёр ҳам тааҷҷубовар ин аст ки агар Рустам Холиқов ин ҳама маблағро ба тороҷ дод, чаро дигарбора ба ин мақом-раиси «Тоҷикайр» таъин шуд ва гузашта аз ин ин дузди ҷайби давлат чи тур боз дар ҳузури Раҳмонов агробизнес боз мекунад? Рустам Холиқовро бори аввал субҳи 4-уми августи соли 2019, пеш аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе дастгир намуданд. Ӯро аз фурудгоҳ ба боздоштгоҳи КДАМ бурданд ва эълон карданд, ки бино бар парвандаи ҷиноии дуздии сармояҳои “Тоҷик Эйр” маҳалли зисташро тарк карда наметавонад. Аммо он вақт Холиқов барои тармими меҳмонхонаи давлатӣ дар Маскав 100 ҳазор доллар ба Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ришва дода бо ҳамин ба озодӣ баргашт. Дар як номаи дастҷамъонаи кормандони “Тоҷик Эйр” унвонии сомонаи Ахбор.ком аз моҳи майи соли 2019 талаб карда мешавад, ки Рустам Холиқов бояд миллионҳо доллари ширкатро баргардонад. Ин расона ҳамчунин аз тасдиқ шудани ӯ ба ҳайси раиси ширкати “Сомон Эйр” хабар дод, вале, зоҳиран, Холиқов дар ин вазифа ба кор сар накард.

18-уми сентябри соли 2020 президент Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор корхонаи Рустам Холиқов “Ситабр-Агро”-ро ифтитоҳ кард. Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, ки Холиқов “ин корхонаро бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат” сохтааст. Ин ширкат замоне ташкил шудааст, ки Рустам Холиқов аз соли 2008 раиси фурудгоҳи Душанбе буд. Соли 2015, замоне ки Холиқов раҳбари “Тоҷик Эйр” буд, дар сомонаи президенти Тоҷикистон аз ӯ ҳамчун мудири ширкати хусусӣ ном бурда шудааст. Дар сафарҳои президент бо вуҷуди он ки Холиқов ду вазифаи давлатӣ дошт, ҳамчун роҳбари ширкати хусусӣ президентро ҳамроҳӣ кардааст.   

 Ҳоло бар муқобили Рустам Холиқов аз Маскав адвокат овардаанд. Ин нафар, ки шаҳрванди Русия аст чи тавр тавонистааст, ки ба унвони адвокат дар мурофиа ширкат варзад? Дар ҳоле, ки дар чандин мурофиаҳо иҷоза барои ҳимоят ва дифоъ барои адвоатҳои берунӣ дода намешуд.

Ва ҷолиб инҷо аст ки аксарияти расонаҳо айбномаи Рустам Холиқовро бо имзои ин адвокат чоп карданд. Аз ҷумла Фараж, Азия плюс ва СССР. Ин ҳама шубаҳовар нест? Ҳоло мепурсед, ки ин адвокат кист?  Ин адвокат Абдуллоев Зебдулло Фатҳуллоевич (Адвокат Абдуллоев Зебдулло Фатхулоевич, регион г. Москва, Московская область, с регистрационным номером 77/5925, работает по адресу: 107140, г. Москва, г. Москва, В. Красносельская, д.10, кор.7а,. Ознакомиться с подробной информацией об адвокате можно на данной странице.)

Ва дар охир аз як мавриди дигари ҳамкории Ҳасан Асадуллозода ва Рустам Холиқов, дурусттараш як амали муштараки ҷиноии ин ду нафар ёдоварӣ мекунем. Ин «маврид» бори дигар исбот мекунад, киҲасан ва Рустам муштаракан амал мекарданд, вале ҳоло акнун бояд Рустам Холиқов ба ин ҳама ҷурму ҷиноёт ҷавоб бидиҳад:

  «Соли 2009 шаҳрванди Эрон Фарзин Қарориён1самолёт пулро аз Германия бо Тоҷикистон равон мекунад. Барои «хранение» дар амбори гумруки фурудгоҳ   ва баъд, ҳар гоҳ, ки вақт ёфт, омада мегирифт. Ин қадар сумро Р.Холиқов мебинад. Ба ҳеҷ кас нагуфта аввал камкам худаш гирифта истифода мекунад. Он вақт Р.Холиқов мудири кулл-директори генералии «Тоҷикайр» буд. Вақте, ки пулҳоро аз ҷойи амборшуда мегиранд 150 миллион кам мебарояд. Ҳасан бо Холиқов гапро якто мекунанд ва пулҳои мондаро ҳам мегиранду бурда дар Ориёнбонк ҷобаҷо мекунанд. Шаҳрванди Эрон Фарзин Қарориён чандин сол аст ки  пулашро гирифта наметонанд. Асноди ин миқдори бузурги долларро Рустам Холиқов шахсан худаш қабул карда аст».  Дар мавриди ин пулҳо ва куҷошуданашон ҳатман дар як нашри ҷудогонае он тақдим менамоем.

Ps: Ҳангоми фарҷоми ин таҳқиқот ба “Ислоҳ” ин маълумот расид,ки онро бояд зикр намоем.

Рахимов Хайруло ҳангоме,ки Раис шуд  “Тоҷик Эйр” ро 33.000.000 миллион сомонӣ карздор кард , агар пурсед чигуна? Чун имзои худашро мисли  печать карда дар дасти директори иқтисодӣ Шарипов Акбар дода  буд . Шарипов Акбар бошад чапу рост  ҳар куҷо барои фоида ба даст овардан “Тоҷик Эйр” ро тору мор мекард.  Шарипов Акбар дар даврахои Мамадалиев собик рохбари “Тоҷик Эйр” главни бухгалтер буд дар даври Ҳамроев ҳам хамин вазифаро дошт.

Хайрулло Раҳимов ба  Шарипов Акбар гуфта буд,ки прокуратура ва ҳар ниҳоди тафтишотие пурсад смело  ҳамаи гуноҳро дар сари ман задан гир. Инҳо  маро маҳкам намекунанд ва медонанд,ки аз пушти ман Ҳасан Асадуллоев истодааст.  

Инчунин Суҳроб Акобиров ки намояндаи “Тоҷик Эйр” дар Москва буд ӯ одами Тахминаву Зарифбек буд.  Билетҳо ҳам аз он Тоҷикистон ва  ҳам аз Русия дар дасти ҳамин мафия буд.

Инро низ бояд биафзоем,ки Шарипов Акбарро дар вақти роҳбарии Раҳимов Хайрулло ба ин вазифаш Алимурод Маҳмадалиев тавсия доду ин бе саводи  Хайруло Раҳимов ҳам  ӯро директори иқтисодӣ монд. Акбар Шарипов бошад ба Алимурод Маҳмадалиев маблағи муайяне доля медод . Акбар Шарипов ҳангомеки  аз долия додан монд. Алимурод Маҳмадалиев омада ҳамаи махинатсияҳои Акбар Шариповро нақл мекунад.  Пас аз ду соли кориаш Раҳимов Хайрулло хашмгин шуда Акбар Шариповро назди худаш даъват мекунаду дар ҳузури Алимурод Маҳмадалиев собиқ устоди Акбар Шарипов зану модаршро дашном мекунад ва мегуяд ки ту падарлаънат “Тоҷик Эйр” ро муфлис карди дар ҳоле,ки ман ба ту боваркарда имзоямро печат карда ду сол дар дасти ту додам. Аммо ин ҳама ғорат ва хиёнат ба “Тоҷик Эйр” боқи монд ва ин ширкатро варшикаста ва муфлис карданд ин афроди бодоварда. Интихоби кадрҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар дар бадтарин ҳолат қарор дорад. Ширкати ватании “Тоҷик Эйр”дар ҳолати нобудӣ қарор дорад.

Дар охир инро кутоҳ мегӯем: «ҳар касе бо ин оила кор кард ҳатман ё фирор кард, ё зиндонӣ шуд ва ё кушта шуд.  Хулоса ҳамкорӣ бо ин оила ҳеҷ гоҳ осудагиро бароятон тазмин нахоҳад кард. Ҳатто шумо домод ҳам бошед ҳатман агар тибқи фармудаи ин оила амал накардед ҳатман капаатон дуди сиёҳ мекунад. Пас қабл аз ҳамкорӣ намудан ва домоду қаробат пайдо кардан бо ин оила садбор не сад ҳазор бор андеша кунед»!

Share This Article