Асрорзода.У.С : “Ма Тоҷикистона идора мекунм, вазири маорифа ма мондум”

Ислоҳ нет

 Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад ва ин навиштаи мо роҷеъ ба паҳлуҳои пур аз ҷинояти фаъолияти ӯст. Мо якчанд нафар ҷабрдидаҳо аз рӯи Асрорзода Убайдулло Саттор ба Шумо мактуб пешниҳод мекунем, чунки моро ҷонамонро ба лаб овардааст, ба куҷо шикоят кунем намедонем. Асрорзода Убайдулло ягона шахсе ҳаст, ки тамоми масъалаҳои тағироти кадрӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи ин шахс анҷом дода мешавад. Асрорзода Убайдулло дар ҳар нишасте, ки байни дӯстон доранд такрор ба такрор мегуяд:

“кадом вазифа форат ма мемонум… ман дар Ҳукумат голос дорум лойа ҷам ку мара гу куҷот мефора тамом, корут ҳалай, вазири маорифа ма мондум чизе ма гуюм ҳамон мешавад. Асадулло Раҳмон ай гапи ма дар соҳаи маориф и тараф у тараф намеравад. Гапм лезваҳаи, бдонен ҳамина шуд!”

Дар ҳақикат ҳамин хел ҳам ҳаст. Асрорзода Убайдулло Саттор худи ҳозир зиёда аз 11 муассисаҳои таълимие, ки дар Тоҷикистони азиз фаъолият мекунанд, идора мекунад

Масалан:

  • Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
  • Донишкадаи куҳӣ- металургии Тоҷикистон ба номаш ректор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ мебошад.
  • Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар н.Сарбанди собиқ ва Левканати ҳозира.
  • Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд .
  • Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
  • Коллеҷи куҳи металурги ба номи С. Юсупова таҳти назорати Асрорзода Убайдулло мебошад.
  • Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе. Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе низ таҳти назорати Асрорзода Убайдулло қарор дорад. Бародари Убайдулло Асроров Абдулло Асроров директори коллеҷ мебошад. Абдулло Асроров бо фармони Вазири маориф нав таъин шудааст, савод умуман надорад, нақшаи таълим куҷо, ҳатто як гузориш ба номи Вазир навишта наметавонад. Агар бовар накунед, комиссия ташкил кунед, санҷед ҳамааш маълум мешавад. Мошини бародарон Асрорзодаҳо ҳама медонанд, ки аз 1 миллиони зиёдтар арзиш доранд, ин қадар маблағ аз куҷо???  Хонаи дар назди Сафорати Амрико ки арзишаш 3 миллион сомонӣ харидори шудааст, ки ба Асрорзода Абудулло тааллуқ дорад, ин қадар мабалағ аз куҷо???Оё бо ин маош чунин мошину хонаву дар харидорӣ кардан мумкин аст?.
  • Литсейи дузандагии шаҳри Душанбе.
  • Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе директораш дӯст, бародар, кашелок, ба одамизода ҳарчи наздик бошад ҳамон гӯед ҳам метавонед Холматов Рустам мебошад. Холматов Рустам як фармони хориҷро бе иҷозати Асрорзода Убайдулло имзо карда наметавонад.
  • Дар литсейи нақлиёт, ки додараш Асрорзода Абдулло роҳбар буд  ва Абдулло директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таъин шуд ва ба ҷои он як ҷияни дигараш таъин шуд, яъне додари Хурсанд, ки айни ҳол муовини Икромзода дар Агентии назорат дар соҳаи мориф кор ва фаъолият мекунад мебошад.

Убайдулло Асрорзода дар тамоми ҷойҳои даромаднок ҷиянҳои худро таъин карду гузошт. Як сол пеш як ҷиянаш бо номи Комрон, ки бо 4000 сомонӣ аз тарафи коррупсия коллеҷи Информатика ва техникаи шаҳри Душанбе боздошт шуда буд, ягон кор нашуд ва то ҳол кор ва фаъолият дорад.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар тамоми ҷойҳои “ключовой” одамҳои хударо таъин кардааст.

Муовини ректор оид ба таълим Раҳимов Мирзоҳид Абувоҳидович мебошад, ки тамоми корҳое, ки бо воситаи пул ҳал мешавад, ӯ ҳаллу фасл ва обу лой мекунад. Декани шуъбаи фосилавии Донишгоҳ Раҳимов Обидҷон аст. Аммо Раҳимов Обидҷон ба номаш декан аст, тамоми корҳоро холабачааш Носиров Убайдулло ҳамноми ректори марбута мебошад, мебарад.

Носиров Убайдулло дар Донишгоҳи давлатии молия кор мекард, бо ҳама сар ба сар мешуд чун медонист, ки холабачаш Убайдулло Асроров дастгирӣ мекунад. Дар давраи ректории Хайрзода. Ш. озод гашт ва айни ҳол дар шуъбаи фосилавӣ пулҷамкунӣ ва ҳама кор бо воситаи ин шахс мегузарад. Дар вақти ректории Қурбонзода Маҳмадалии Раҳмат, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон фаъолият мекард, холабачаи дигараш- Хушнудро  декани шуъбаи фосилавӣ таъин намуд, ки ягон савод надорад, корҳояшро Буриев Беҳруз ном шахс пеш мебарад.

  • Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе директораш шогирди наздикаш мебошад, ки нав таъин шуд.

Аз Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки шуморо Президенти Ҷумҳурӣ бовар карда мондааст, хиёнат накунед дар масъалаи кадрӣ.

Дар мавриди навиштани рисолаи доктории Асрорзода Убайдулло Саттор «Рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва чи гӯна дар 5.06.2021 ҳимоя намуданаш ва роҳбари илмӣ ва хело аз маълумоти марбут ба ин “доктори илмҳои иқтисодӣ” дорем. Агар бе обу рӯй резӣ хоҳед ин масала расонаӣ нашавад бояд дарҳол қазияро бубинед,то пой афроди бузургтар ва мақомҳои болотар дошта ба миён наояд. Дар акси ҳол ҳама мадорик ва аксу наворҳо ва баъзе суҳбатҳо ҳатман ба “Ислоҳ” ирсол мегарданд. (Ислоҳ ба 50% маълумот дастрасӣ пайдо намудааст ва интизори натиҷа мемонем. Агар тағйироте нашуд, тибқи ваъдаи номанависон 50% боқӣ мондаро ирсол менамоянд ва ончӣ дар мо ҳаст комил менамоему онро расонаӣ хоҳем кард.)

Саволҳо ба Вазири маориф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро

  1. Оё барои роҳбари муассиса шудан номзадҳо бошанд ё не?
  2. Дар ҳолати номзадҳо набошанд, чаро директорони коллеҷҳои куҳӣ- металурги ва коллеҷи технологи кор ва фаъолият мекунанд?
  3. Шумо барои таъин намудани роҳбарони муассиса бо онҳо суҳбат ё савол ҷавоб мекунед?
  4. Шумо вақти таъин як бор мепурсед, ки нақшаи таълим чист, ё гузориш ақалан навишта метавонӣ?
  5. Чаро тамоми ректорон ё директоронро иваз намудед, чун баҳона фармони Президент аст гӯён ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор, директори Коллеҷи техники одами Асрорзода У.С. Холматов Рустам. Директори коллеҷи кӯҳӣ- металургӣ иваз намешавад?.
  6. Чаро вақте ҳар чизе ки Убайдулло Асрорзода мегуяд ҳамон кор мешавад? Ҳатто чанд моҳ пеш мегӯяд фалонӣ дар фалонҷо таъин мешавад ва дақиқан ҳамон кор мешавад. Оё дар ҳақиқат тамоми сохторҳои Тоҷикистонро харидааст?.
  7. Чаро вазирҳое, ки дар маорифи кишвар таъин мешаванд  бо Асрорзода Убайдулло рост мегирад, чаро тамоми ректорони Донишгоҳҳои кишвар метарсанд аз Асрорзода Убайдулло??? Охир ӯ кӣ ҳаст дар асл ва чаро инқадар тавоно аст ?
  8. Чаро сохторҳои қудратӣ тамоми камбудиҳои Асрорзода Убайдуллоро медонанд,аммо дахолат намекунанд???
  9. Чаро баъд аз супоридани бинои нави Донишгоҳ, баъд аз санҷиши коррупсия камбудии маблағи калон ёфт шуд, ягон чораро нисбаташ надидед???
  10. Шумо медонед,ин роҳбароне,ки инҷо навишта шудааст, забони русӣ ва англисиро аслан намедонанд. Ҳатто бо забони тоҷикӣ гап зада наметавонанд.

Чаро, чаро, чаро??? Савол бисёр аст, аммо намедонӣ ба кӣ дарди дил ё муроҷиат кунӣ?

Танҳо умеди охирон аз Худованд аст тавассути “Ислоҳ”

Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон лаҷоми ин афроди тасодуфиро гиред. Агар маълумотҳо нодуруст бошанд метавонанд вокуниш кунанд. Мо  боз ба Шумо маълумоти пурратар пешниҳод мекунем. Маълумот оиди дар куҷо менишинанд, чи навъи арақҳо мехуранд, кадом духтарҳоро истифода мебаранд, ҳамаи ин ҳолату далелҳо дар пеши мо мавҷуд ҳаст, метавонем ба Шумо пурра бо аксу наворҳо пешниҳод кунем ва ҳамаро тавассути “Ислоҳ” бубинед. Чун медонем,ки ин маълумотҳо ба дастгоҳи раисҷумҳур намерасанд ва дар нимароҳ нобуд карда мешаванд. Инчунин ба ҳукумати шаҳри Душанбе ва КДАМу ВКД ва Коррупсия. Мо навиштаем ба ҳамаи ин ниҳодҳо бар акс кор безебтар шуду хубтар не.

Эй Худо ба миллати ман раҳм кун, ки соҳаи илму маориф хор шуд ва насли нави мо комилан бе савод монд.

Каме аз корномаи “профессор”и 36 сола Асрорзода Убайдулло Саттор

Асрорзода Убайдулло Саттор 8-майи соли 1986 дар ноҳияи Восеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Доктори илмҳои иқисодӣ, и.в., профессор (соли 2021), профессори Академияи табиатшиносии Россия (2016), вакили маҷлиси вакилони халқ дар солҳои 2015-2020, айни замон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (иқтисодчӣ) хатм намудааст.

Солҳои 2005-2007 нозири шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2007-2008 коршиноси қарзии шуъбаи амалиёти Бонки рушди Тоҷикистон, солҳои 2008-2009 ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, ҷонишин, ҷонишини аввали декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2009-2012 декани факултети таҳсилоти ғоибона, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 декани факултети молия ва қарз, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), солҳои 2015-2020 директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият намудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 то моҳи январи соли 2022 ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва аз моҳи феврали соли 2022 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкрии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Асрорзода Убайдулло Саттор барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсон дар соҳаи маорифи кишвар соли 2012 бо медали «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2013 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника ва соли 2019 бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ карда шудааст.
Муаллифи зиёда аз 10 асару 100 мақолаи илмӣ мебошад.

Share This Article