Аз зулми ин рафиқи “Пешво”, на Ваҳдат ором асту, на Ромит

Ислоҳ нет

Агарчи дар мавриди Раҳмоналӣ Амирзода чандин матлаб ва барнома тақдими миллати азизамон кардаем. Ончунон мардуми Ваҳдат дар мавриди ин ҷинояткор менависанд,ки дигар нодида гузоштани он ҷиноят аст. Хоссатан ончи дар Ромит мегузарад хело нигаронкунанда ва ваҳшатнок аст.Ҳарчи нависем ва гӯем аз корномаи ҷиноятии ин силоҳбадасти собиқ ва ҳамқадаҳи Раҳмонов қатрае аз баҳр аст. Дигар муқаддимаро тӯлонӣ намекунем меравем ба асли корномаи сиёҳи ин рафиқи “пешво”.

Амирзода Раҳмоналӣ мактаби мусиқӣ  ва беморхонаи марказии рақами 2-и Ваҳдатро, ки аз 3 ошёна иборат аст, фурӯхт. Ин беморхонаро ба маблағи 220.000 доллар ба савдо зад, дар ҳоле,ки  тибқи қонунҳои Тоҷикистон фурӯхтани ин муассиса мумкин нест. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит коргоҳи тилло кор мекунад, ки манбаи даромади диёри мо аст. Вале даромади он ба ҷайби раиси ноҳия ва дар дигар ҷоҳо сарф мешавад. Барои мардуми мо бошад фақат чангу гарду ғубори заҳролуди он мерасаду халос. Аз инҳисоби ин коргоҳ тамоми андозҳо пардохт мешавад, кормандони ВКД маош мегиранд, ба Фонди захиравии Президент даромад меоварад вале барои худи Ваҳдат ҳатто як мактаб аз ин ҳисоб сохта намешавад. 45% андози ноҳия ба буҷети ҷумҳурӣ меравад. Барои мисол дар Бадахшон  аз ҳисоби буҷет идораҳои маьмурӣ ва дафтарҳои корӣ месозанду барои шаҳри мо не. Зеро шаҳр ва мардуми моро бад мебинад. Истифода мебараду истисмор мекунад.Тамоми соҳиб аклҳо инсонхои малумотнок аз марказ рафта истоданд. Тамоми кору фаъолияташон сохта, показуха, рӯякӣ.

“Бо тамоми масулият метавонам бигӯям,ки ояндаи хуберо дар Ваҳдат бо ин рафиқи “Пешво” намебинем. Барои инҳо инсонҳои бесавод лозим ҳаст, ки чи хел хоҳанд истифода баранд. Инсонҳои боақл ва бомаълумот яке аз пайи дигаре кишварро тарк карда истодаанд. Тамоми заминҳои лаблаби дарёҳоро ҳам ба ҳисоби фонди манзил дароварда фурӯхта истодаанд.”

Аз ҳисоби заминҳои маҳалӣ 20 участкаи наздиҳавлигӣ, аз ҳисоби мактаби 71 ва  замини барои  барқи баланшиддат (високоволт) пешбинишуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда бо маблағи то 10.000доллари ИМА сари ҳар сотих фурӯхта истодаанд. Дар ин кор Алиев Муҳабатшоҳ, мудири МБТИ-и шаҳр ба онҳо кӯмак карда истодааст. Аз ҳисоби заминҳои истироҳатгоҳҳои ноҳия маблағ ғундошта ба раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ медиҳанд. Алиев Муҳабатшоҳ, мудири МБТИ-и шаҳр, Ахтамов.И раиси кумитаи замини  Ваҳдат, Аламзодаи Дилшод, сармеъмор, Ислом Ниёззода, роҳбари дастгои ҳукумати шаҳр, Мусофир Ятимов, сардори раёсати молияи шаҳр, Ятимзода Абдувосит, муовини аввали раиси шаҳр, ҳамагӣ пулҷамъкунакҳои Амирзода Рахмоналӣ раиси шаҳри Ваҳдат мебошанд ва чи қароре, ки содир шавад ба востаи ҳамин одамҳо пул  обу лой мешавад вале сокинон дар азоб ва мушаққат боқӣ мемонанд.

“Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, прокуратура, агентии мубориза бо коррупсия ҳамаи ин аҳволро чун панҷ панҷаи дасташон медонанд ва огоҳ ҳастанд.”

Зоҳиран  Амирзода Раҳмоналӣ дар пеши Эмомалӣ Раҳмонов худро содиқу вафодор ҷилва дода гӯиё сиёсати ӯро 200% пеш мебарад. Вале амалан теша ба решаи ӯ ва барномаҳои ӯ зада истодааст. Пораву ришвагириро аз он шаклу сатҳе, ки дар  Исфара роҳандозӣ карда буд, дар Ваҳдат дучанду даҳчанд карда истодааст. Дар ҷараёни сафарҳои пешво тарзе спектаклбозӣ мекунанд, ки тамоми мардуми Ваҳдат аз усули роҳбарии ӯ дар инҷо розӣ аст. Ҳатто маҷбур мекунад, ки ҳама бо табассум ва ханда дар лаб Пешворо пешвоз гиранд.

Тамоми объектҳои ҷашнӣ аз ҳисоби маблағи соҳибкорҳо сохта мешавад,  на аз ҳисоби давлат. Агар барои ин ва ё он иншооти ҷашнӣ маблағи буҷет пешбинӣ шуда бошад онро «списат» карда ба ҷайби худ мезанад.

 

Корхонаи тавлиди сементи «Ёқут-2000»,кони тиллои покрут 100% андози худро месупоранд. Соҳибкорони ваҳдатӣ низ ҳамагӣ ҳиссаи босазои худро дар ғанӣ гардонидани буҷет мегузоранд вале ягон иншоот аз ҳисоби буҷет саохта намешавад. Мардуми Ваҳдатро фақат истисмор карда истодаанд. Ягон нафар аз ваҳдатиҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ мансаби баланд надоранд.

“Дар худи Ваҳдат ҳам барои мо Ваҳдатиҳо  ҷой нест: идораи суғурта, Амонатбонк, Ориёнбонк, Спитаменбонк, Тоҷикстандарт, Идораи амволи ғайриманқул, шӯъбаи амният, ШКД, Прокуратур, 6-ой отдел ҳамагӣ нафарҳои ғайри ваҳдатӣ.Чаро? Охир мо фарзандони угай ин ватан нестем!”

 

Ин ҳама мансабу мақомҳо барои мардуми як маҳал. Мардуми дипломдори шаҳри Ваҳдат дар Санкт-Петербург ба муҳоҷирати корӣ машғуланд ва пул мефиристанд,то ин намояндаҳои “Пешво” дар Ваҳдатро хуронанду пӯшонанд.  Ин аст сиёсати хирадмандонаи “Пешво”и миллат?

Инро мехоҳам махсус таъкид намоям,ки аввалин коре,ки баъди таъйин шуданаш ба мақоми раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода кард фурӯхтани майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Салимзода буд, ки фарзандони ин маҳалла дар он бозӣ мекарданд. Ин майдонро ба қиммати  60 ҳазор доллар ба ҳоҷӣ Хуҷамқул фурӯхт. Ҳоҷӣ дар ин майдон як бинои шашошёна бардошт, ки аз соли 2015 то ҳол сохтмон давом дорад. Мардуми маҳалла ба тамоми идораҳои дахлдор навиштанд аммо чизе нашуд. Вақте Анвар Қодиров, раиси шаҳр буд ҳамин ҳоҷӣ даромада бар ивази майдони мавриди назар 100.000 доллар пешниҳод мекунад аммо Қодиров рад мекунад. Аммо азбаски Амирзода ва мисли ӯ “бачаҳакои боло” на барои ободиву пешрафт, балке барои ғорату дуздиву сарватғункунӣ инҷоҳо меоянд, аслан ба ин мардум ва ояндаи онҳову фарзандонашон камтарин аҳамияте намедиҳанд. Гӯиё акнун майдони нави варзишӣ сохтанӣ шуд. Аммо як пора аз ҳамон майдонро гӯиё баробари Ҳоҷӣ Хуҷандқул бо номи  ҳоҷӣ Ҷунайдулло бурид. Ин ҳоҷӣ Ҷунайдулло дар асл “кошелёк”-и ҳамин Амирзода аст. Аммо пулеро, ки барои сохтмони он аз ҳисоби бюҷет ҷудо мешуд чанд баробар зиёд карда аз ҳисоби он  ҳоҷӣ Ҷунайдуллои “кашелёк” дар назди мағозаи Гулистон як бинои 4ошёна бардошт, ки дарозӣ ва бараш 30 метрӣ аст. Инро ҳамчун мағоза сохта буданд. Вале аз фикрашон гаштанду онро барои афғонҳо хобгоҳ доданд. Ҳар кадом утоқи онро 100 долларӣ ба иҷора доданд ва даромадро бо Амирзода 50 бар 50 тақисм карданд. Акнун, ки пули майдонро ба ин кор сарф карданду тамом шуд, дигар сар карданд ба талбандагӣ. Шахсан худи маро ва даҳҳову садҳо нафарро кормандони БДА манъ карда илтимосу зора намуд, ки 10 сомонӣ кӯмакаш кунам, ки барои сохтмони стадион бурда диҳад. Акнун бубинед, ки ин Амирзода як майдони калону кушодро фурӯхту бачаҳо ҷойи бозӣ намеёбанд вале барои майдони нав чи қадар мардумро сарсону саргардон кард. Хона ба хона гашта пул ҷамъ карданд. Ҳар ҷое ба қади 2 бар 3 холӣ буд дар кучаҳои шаҳр онҳоро фурӯхта ба кисааш зад. Аслан инҳо аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам бадтар будаанд ва зулми инҳоро Чингиз болои халқ накардааст.

 

Дар ин қисмати навишта дар бораи мактаби мусиқии Ваҳдат ва сарнавишти талхи он мехоҳем бигӯем. Бинои ин мактаби мусиқиро хостанд, ки хусусӣ кунанд.

Нафаре бо номи Абдуллоев Ёқуб миёнарав ва харидор Раҷаби кишка аз Муминобод, собиқ узви Фронти халқӣ. Инро ҳам бигӯем,ки Амирзода Раҳмоналӣ ҳам узви Фронти халқӣ буд ва ба замми онки Раҷаби кишка ҳамшаҳриаш ҳаст ҳамчунин ҳамяроқ ҳам мебошад. Ва ҳоло онҳо бояд Ваҳдатро, ки муқобили Фронти халқӣ буд торумор кунанд. Ҳамин тавр нарх мегузоранд 110.000 доллар. Ин маблағ маблағи “доля”-и  раиси шаҳри Ваҳдат аст, пуле, ки ба таври расмӣ ба давлат месупорад алоҳида. Амирзода сардори Идораи амволи шаҳри Ваҳдатро маҷбур мекунад, ки оиди хусусигардонии ин бино санад тартиб диҳад. Мудири амвол  Ғаюров Нарзуло Файзуллоевич дар аввал розӣ намешавад ва масъаларо ба ҳайати комиссия мегузорад. Мирзоева Эркамо, мудири шуъбаи фарҳанг низ розӣ намешавад. Аммо Амирзода Раҳмоналӣ таҳдид ва сиёсат карда мегӯяд, ки  ҳар кадомат аз қафои кори худ шавед. Хулоса зӯрӣ ба зӯрӣ ин биноро ба як нафаре,ки ҳатто сокин ва бошандаи Ваҳдат нест хусусӣ карда доданд.

Бинои филиали Маркази саломатиии Ваҳдатро ҳам айнан бо ҳамин усул фурӯхт. Вале ин кор бо мусоидати сардори молия шаҳри Ваҳдат Насридинов Мусофир ва бо ҳамдастии мудири Идораи амвол Ғаюров Нарзуло ба амал омадааст. Амирзода Раҳмоналӣ ин биноро бар ивази 18.000 доллар фурӯхт. Ин 18000 доллар “доля” аст, ба ғайр аз пуле,ки харидор ба бюҷети давлат мепардозад. Яъне ин пули имзои Амирзода аст ки розӣ шуд ин бино фурӯхта бишавад.

Ва,охирон.

Мо ба назди мудири шӯъбаи маорифи Ваҳдат даромадем ва саволро мушаххас гузоштем: Мактаб дар Ваҳдат пулакӣ аст ё бепул? Вай гуфт:

Ман ҳамчун мудири шӯъбаи маорифи шаҳр ба шумо мерасонам, ки ягон кас ҳақ надорад аз хонанда пул талаб намояд, мактаб ройгон аст! Мо гуфтем барои чи муалимҳо пул талаб мекунанд? Барои як лампочка, ки дар синф месузад 28 нафар хонанда 5 сомонӣ, ду рӯз пас боз месузад, боз 3 сомонӣ, денрождения муаллима бояд 10 сомонӣ ҷамъ кунад синф. Касе наовард баҳои 2 мегирад. Чунки бояд муаллима куртаи заказ кардагиашро гирад!

Вақте мактаб рафтем гуфтем, ки мудири маориф ҳамин хел гуфт муаллимҳо гуфтанд, ки директор доля бастагӣ мо бояд суми гуфтагияшро ҷамъ намоем. Просто ба шуъбаи маориф даромада намешад -бе пул, ба гуфти директорони мактабҳои Терешкова ва Крупская!

Соли 2017 дар мактаби Терешкова 80 сомонӣ аз 1500 талаба пули ободонӣ, барои  тармими мизу курсӣ ҷамъ карданд. Касе наовард ба мактаб роҳ надоданд. Феълан соли 2020 аст. Ҳамон мизу курсие, ки буд, нимашикаставу нимасиҳат истодаастю,тирезаҳо пластмасса ва скотчпеч. Ду соли охир ҳар як оила боз 50 сомонӣ кумак кард, аммо чизе иваз нашуд. Хеле аз падару модарҳо фарзандҳояшонро аз ин мактаб гирифтанд. Ростӣ проблема аз замин то осмон дар шӯъбаи маорифи Ваҳдат. Махсусан ду мактаби Крупская ва Терешкова. Инҳо ба ном мактаб. Дар амал  бизнес- центр шудагӣ, бе пул ягон хонанда шанс барои  хондан ва ба дарс даромадан надорад,просто пула те тамом.

Вазияти Ромит хело вахим аст

Мо мардуми Ромит ба барномаҳои шумо хело шавқи зиёд дорем ва пайваста тамошо мекунем ва аз вазъияти аслии кишвар тавассути барномаҳои шумо бо хабар мегардем. Аммо чаро як барнома дар мавриди Ромити мо намекунед? Охир Раҳмонов ва ҳукуматаш ба шумо бештар маълум аст,мо чи гуноҳ кардаем,ки аз вазъияти вахими мо намегӯед?

Мардуми дараи Ромит ки имрӯзҳо бениҳоят зулму ситам мебинанд аз дастаи  ҳукуматдорону мансабдорони ш. Ваҳдату   д. Ромит баъзе шахсиятҳое ҳастанд, ки бо коркунони КДАМ  мардумро фишор меоваранд, алалхусус як оилаи Мансабдорони Ромити оилаи Расулов Очилдӣ Ҳабибуллоевич, Чинайдулло Расуллов раиси ДУи Ваҳдат, Мустафо Расулов  раиси чароҳгоҳои Ромит, Яфрак, Тавиши боло,Тавиши поён, Деҳпир, Соне, Дараи Сорво, Муродово, Варва, Дашти тарбуз, Сорбоғ то Канаск  Хуҷанқул айни ҳол махкам аст пеш раис буд, инҳо ҳама бародаронанд, ки болои мардум фишор меоранд.

“Мустафоқул Расуловро як марортиба боздошт намуданд барои шикоятҳои пай дар пай мардуми Варва.Инчунин писарашро бо силоҳ боздошт ва духтарашро барои як миллион доллар пора додан тавассути КДАМ, ки дар ин ҳолат боздошт шуд .

“Пас аз ин се боздошт Ҷунайдулло ва Карим Расулов бародарони Мустафоқул бо маблағи бештар аз як миллион доллар ба Амирзода Раҳмоналӣ доданд, то Мустафоқулро озод кунанд ва чунон ҳам шуд. Мегӯянд,ки Амирзода бо “Пешво” вохурда пулҳоро ба худаш додааст ва Мустафоқул Расуловро озод намуданд ва дубора дар вазифаи пешинааш барқарораш намуданд. Пас аз он мегуфтааст,ки ҳеҷ корам натавонистед карда,ана аз ин пас рӯзатонро бинед,ман намояндаи “Пешво” дар Ромитам,ҳар коре хоҳам бо шумо мекунам.”

Раисаи дараи Ромит Мирзоева Хурсандӣ, раиси ҷамоати Чуянгарон Баҳриддин, раиси ДУи Ромит Карим Расулов  заминфурӯшҳои дарёи кофарниҳон Очилдӣ Расулови дарааи Сорвоӣ инҳо ҳамашон лаганбардорони раиси ш Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ мебошанд. Бениҳоят мардуми Ромитро зулм ва ситам доранд.Махсусан раиса Мирзоева аслан мегуфта бошед манғетӣ ҳаст ва мо ғуломони ӯ.Мирзоева Хурсандиро сад дар сад Амирзода кришавати мекардааст ва ҳармоҳ барои ин аз ӯ “Доля” мегирифтааст. Занҳои дараи Ромитро маҷбуран таҷовуз доранд. Феълан шаш духтари Ромитие,ки аз тарафи оилаи Расуловҳо ва мақомоти дигари Ромит таҷовуз шудаанд ному насабашон дар идораи “Ислоҳ” маҳфӯз мебошанд.

Масалан ман аз худам шурӯъ мекунам,то нагӯянд туҳмат доред. Ҷиянам,ки шавҳараш бе гуноҳ барои риш доштан се сол пеш зиндон шудааст ва як тифлҳам дорад.Ҷиянам соли 2004 талаби замин намуда буд  барои замин ба суду прокуратураи ш. Ваҳдат шикоят кард,ки барояш заминро чаро ҷудо наменамоянд ва аз ӯ пул талаб мекунанд.

“Ҷиянамро ба назди раиси кумитаи замини  Ваҳдат, Ахтамов.И  фиристоданд ва ӯ мебинад, ки зани зебосурат аст дар ҳол ба ӯ мегӯяд, ки агар хоҳи тезтар корат ҳал шавад бояд боман ҳамхоба шавӣ, агар рози нашавед рафта омадан мегиред, касе ба додатон намерасад. Чуноне,ки аз соли 2004 замин нагирифтед.Боз гуфтааст шумо Ромитиҳо ва Ваҳдатиҳо дигар роҳе надоред.”

Акаҷон мо мардуми Ромит ва Ваҳдат авал ба Худо баъд ба Шумо боварии сахт дорем ва такя мекунем, зеро мардуми Ваҳдату Ромит ҳар навори Шуморо бесаброна мунтазирем,ки шояд барои Ромит чизе гӯед. Мо мебинем ки бади баромади Шумо ҳафтае нагузашта аз вазифа мегиран ё зиндони мешаванд.

“Илтимос масалаи Очилдии Сорвоиро бинед, духтар намондааст дар дараи Ромит ҳамаашонро авал худаш истифода мебарад баъд ба дигар раисон ё милисаҳои шаҳр туғри мекунанд.Ин бо роҳҳое инкорро мекунад,ки шайтон аз он оҷиз мемонад.”

Ҳамаи мардбачаҳои д Ромитро шикаста зиндонӣ ё ғариб мекунад ва ин суханамро ҳама шоҳидӣ медиҳанд. Илтимос акаи қиёмати масалаи мо Ромитиҳои мазлумонра бинед. Шояд ки ба сабаби расонаӣ кардани шумо зулму шиканҷа дар Ромити мо кам шавад.

Инҷо мехоҳем барои ин,ки нагӯянд дурӯғ мегӯед бо факт ва далел баъзе номҳои ашхосе,ки заминҳоро дубора харидаанд ва баъзеашон хонасолт шуда ба Русия фирор кардаанд биорам.

“Ҳомидов Давлаталӣ, писараш Ҳомидов Фаридун. Бурҳонов Нуралӣ Манзилович. Боз Абдуллоев Шодӣ Саъдиевич,Зайдуллоев Нуралӣ Шодиқулович, Зайдуллоев Қурбон Фавриддинович ва агар ҳаминхел идома диҳем хело чунин афроди ҷабрдида зиёданд, ки чанд маротиба заминҳоро харидаанд вале боз ҳам,то имрӯз бе заминанд.”

Чаро бе замин чун ҳамеша болояшон фишор меоранд,то пул аз инҳо бигиранд. Аммо,то имрӯз заминҳояшон бе ҳуҷҷат мебошанд. Ин корро барои он мекунанд, ки агар пул надод таҳдидаш мекунанд, ки агар надиҳи заминатро ба шахси дигар мефурӯшем. Дар ҳоле бечораҳо хона кардаанд вале чунин зулму фишор болояшон мебошад.

Бубинед зулм, то кадом ҳад ва андоза расидааст, заминеки дар Ваҳдат даруни дарёда фурӯхтаст Очилдӣ Расулов  боз ба дигар кас фурӯхтаст, мо соҳибони замин бошем бехабарем аз ин кораш. Ҳолати дигар мо  ба як азоб ду ҳуҷра барои бародарамон бардоштем мегуяд ки ё 1000$ дигар бояд диҳед ё харобаш мекунем. Мо шахси дигаре ёфтаем,ки қимматар аз нархи додаи шумо мехарад ин заминро, намедонем ба куҷо арзу шикоят кунем? Аслан мо Ромитиҳо бесоҳибтарин ва мазлумтарин шаҳрвандони Тоҷикистонем.

Дар мавриди мактаби рақами 77 Дараи Сорво аслан намедонем чӣ бигӯем ва чӣ шикояте намоем.

“Директори ин мактаб Зайдуллоев аст ва ҳеҷ рӯзе нест ин директор бо муаллимони ин мактаб сархуш набошанд. Бо ин ҳол кудаконро дарс медиҳанд ва тарбиятгари кудакони мо ҳамин майзадаҳоянд.”

Мактаб аслан обод нест ва чиқадар маблағе ҷамъ намуданд онҳоро нобуд карданд ва мактаб дар ҳолати хело вазмин қарор дорад.Фикр мекунед Раҳмоналӣ Амирзода ин ҳамаро бо раиси маорифи Ваҳдат намедонанд?

Ps: Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” аз сокинони Ромит хело пузиш мехоҳад,ки ба дараи Ромит,то имрӯз кам таваҷҷӯҳ намудем. Чун, мо ҳамеша маркази шаҳру навоҳи ва афроди хело қаллобу дуздро ҳадаф қарор медиҳем, ки онҳо дар кишвар таъсиргузоранд. Марҳамат Ромитиҳои гиромӣ нависед дар мавриди ҷиноятҳои оилаи Расуловҳо ва раиси Дараи Ромит Мирзоева Хурсандӣ, раиси ҷамоати Чуянгарон Баҳриддин ва раисони милесаҳо ва шуъбаҳои КДАМ  дар Ромит. Ба шумо қавл медиҳем,ки матлабҳои воқеъӣ ва баён кунандаи ҳоли мардуми Ромит бударо дар марҳалаи аввал қабл аз дигар матолиб нашр менамоем. “Ислоҳ.нет” бо шумост ва дар хидмати шумост.

Share This Article