КДАМ “Хиёнат”-ро маҷбурӣ ба мардум нишон медиҳад
Мо, як гурӯҳ аз кормандони “Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба шумо ин шикоятро расониданием, ки чанд рӯзи ахир ва такрор ба такрор моро маҷбур ба тамошои як филме карда истода аз коруборамон дур нигоҳ дошта истодаанд. Охир ин филми “Хиёнат”№5 барои мо аслан аҳамияте надорад.Онро кормандони КДАМ оварда ҳама кормандони агентиро ҷамъ намуда бо зӯрӣ ва фишор водор карда истодаанд,ки онро тамошо кунем. Имрӯз 25 уми сентябр соати 10- и субҳ онро дар Агентӣ бо зӯрӣ ба намоиш гузоштанд. Боз кормандони КДАМ дар болои сари мо нишаста нигоҳ мекунанд,ки касе бо диққат тамошо накунад ӯро номнавис карда, пас аз филм ба бозпурсӣ даъват мекунанд. Сабаби бо диққат тамошо накардани ин филми мазҳакавиро мепурсанд. Як корманди мо,ки ҳамсараш духтур аст гуфт духтуронро ҳам маҷбурӣ ҷамъ оварда ин филмро барояшон мегузоранд. Қариб дар ҳама корхонаҳои давлатӣ ин корро анҷом дода истодаанд. Медонем пеш аз интихобот аст ва барои он,ки Пешво бори панҷум президент шавад ин корро мекунанд. Охир мо ин филмро бинем,набинем ӯ президент буд ва хоҳем нахоҳем боз президент мешавад.Маоши мо,зиндагонии мо ва оилаамон ҳамон буд ва мемонад. Шавҳарҳои мо дар муҳоҷират,писарҳоямон дар муҳоҷират,шавҳарҳои духтаронамон дар муҳоҷират, ҷамъе аз ҳамкоронро хешу таборонашон дар зиндон боз бояд мо ва амсоли мо ончи мегӯянд иҷро кунем ва шукронаи ана ҳамин зиндагонӣ кунем. Ба ҷонамон ин ҳама задагӣ намедонем чикор кунем ва дардамонро ба куҷо гӯем.
Илтимос кормандони “Ислоҳ” ин номаи моро нашр кунед,то донанд,ки мо безор шудаем аз ин ҳукумат ва аз ин филму агитатсияи ин абалҳон. Дар асл бигирӣ, мо интизори филмҳои шумо ҳастем. Аз як телефон даҳ нафар онҳоро мебинем ва медонем онҳо ҳақиқатанд ва шумо парда аз рӯйи ҷинояткорон мебардоред. Охир ин чи филм аст,ин қадар моро ба дидани он маҷбур мекунед? Дар телевизионҳо ҳам ҳамин филм,маҷбурӣ ба корхонаҳо меоред мегузоред ҳамин филмро. Моро бо зиндагонии беҳтар таъмин кунед, шавҳарҳои моро баргардонед,писаронамонро аз зиндон озод кунед. То он рӯзе чунин беадолатӣ идома кунад мо аз ин ҳукумат ва ҳукуматдории шумо безорем……