Ба рўзи марг чу тобути ман равон бошад…

Ислоҳ нет

Ба рўзи марг чу тобути ман равон бошад…

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар китоби «Нафаҳоту-л-унс» дар бораи поёни умри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин менависад: – «Шайх Садруддин, қаддаса сирруҳу, ба аёдати вай (Мавлоно Румӣ) омад, фармуд, ки «Шафокаллоҳ, шафоъан оҷилан» рафъи дараҷот бошад, умед аст, ки сиҳҳат бошад, хидмати Мавлоно ҷони оламиён аст». Фармуд, ки баъд аз ин шафокаллоҳ шуморо бод! Ҳамоно ки дар миёни ошиқу маъшуқ пироҳане аз шаър беш намонд рост, намехоҳед, ки нур ба нур бипайвандад:

Ман шудам урён зи тан, ў аз хаёл, 
Мехиромам дар ниҳоятулвисол.

Шайх бо асҳоб гирён шуданд ва ҳазрати Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ин ғазал фармуд:

Чӣ донӣ, ки дар ботин чӣ шоҳе ҳамнишин дорам, 
Рухи заррини ман мангар, ки пойи оҳанин дорам.

Бад-он шаҳ, к-ў маро овард, куллӣ рўй овардам, 
В-аз он к-ў офаридастам, ҳазорон офарин дорам.

Гаҳе хуршедро монам, гаҳе дарёи гавҳарро, 
Даруни дил фалак дорам, буруни дил замин дорам.

Даруни хумраи олам чу занбўре ҳамепаррам, 
Мабин ту нолаам танҳо, ки хона ангубин дорам.

Дило гар толиби мойӣ, баробар чархи хазройӣ, 
Чунон қасрест шоҳи ман, ки амнулоламин дорам.

Чӣ бо ҳавл аст он обе, ки ин чарх аст аз ў гардон, 
Чу ман дўлоби он обам, чунин ширин ҷабин дорам.

Чу деву одамиву ҷин ҳамебинӣ ба фармонам, 
Намедонӣ Сулаймонам, ки дар хотам нигин дорам.

Чаро пажмурда бошам ман, ки бишкуфтаст ҳар ҷузвам, 
Чаро харбанда бошам ман, буроқе зери зин дорам.

Чаро аз моҳ вомонам, на ақраб кўфт бар поям, 
Чаро з-ин чоҳ бар н-оям, чу ман ҳаббалматин дорам.

Кабўтархонае кардам кабўтарҳои ҷонҳоро,
Бипар, эй мурғи ҷони ман, ки сад бурҷи ҳасин дорам.

Шўъои офтобам ман, агар дар хонаҳо гардам, 
Ақиқу зардёқутам, валодат з-обу тин дорам.

Ту ҳар зарра, ки мебинӣ, биҷў дурри дигар дар вай, 
Ки ҳар зарра ҳамегўяд, ки дар ботин дафин дорам.

Туро ҳар гавҳаре гўяд машав қонеъ ба ҳусни ман, 
Ки аз шамъи замир аст, ин ки нуре дар ҷабин дорам.

Хамўш кардам, ки он ҳуше, ки дарёбӣ, надорӣ ту, 
Маҷунбон гўшу мафребон, ки ҳуши тезбин дорам».

Ба ривояти Шамсиддини Аҳмади Афлокӣ ҳарами Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бад – ў гуфт: – «Кош Мавлоно чаҳорсад сол умр кардӣ, то оламро аз ҳақоиқу маъориф пур сохтӣ». Мавлоно фармуд: – «Магар мо Фиръавнем, магар мо Намрудем. Мо ба олами хок пайи иқомат наомадаем, мо дар зиндони дунё маҳбусем, умед, ки анқариб ба базми ҳабиб расем. Агар барои маслиҳату иршоди бечорагон набудӣ, як дам дар нишемани хок нагузидаме». 
Дар шаби охир, ки бемории Мавлоно сахт шуда буд, хешону пайвастагон изтироби азим доштанд ва Султонвалад – нури чашми Мавлоно ҳар дам бетобона ба сари падар меомад ва боз таҳаммули он ҳолат накарда, аз ҳуҷра берун мерафт. Ў ин ғазали шўрангезро дар он вақт назм фармуд ва ин охирин ғазалест, ки Мавлоно сурудааст:

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун, 
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.

Моему мавҷи савдо, шаб то ба рўз танҳо, 
Хоҳӣ ба мо бибахшо, хоҳӣ бирав раҳо кун.

Аз ман гурез, то ту ҳам дар бало наафтӣ, 
Бигзин раҳи саломат, тарки раҳи бало кун.

Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида, 
Бар оби дидаи мо сад ҷўй осиё кун.

Хиракушест моро, дорад диле чу хоро, 
Бикшад, касаш нагўяд, тадбири хунбаҳо кун.

Бар шоҳи хубрўён воҷиб вафо набошад, 
Аз зардрўйи ошиқ, ту сабр кун, вафо кун.

Дардест ғайри мурдан, к-ро даво набошад, 
Пас ман чӣ гуна гўям, к-он дардро даво кун.

Дар хоб дўш пире дар кўйи ишқ дидам, 
Бо даст ишоратам кард, ки азм сўйи мо кун.

Аҳли Қунияи Рум аз хурду бузург дар ҷанозаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳозир шуданд ва исавиёну яҳудиён ва пайравони дигар адён низ, ки бузургӣ, сулҳҷўйӣ ва некхоҳии вайро озмуда буданд, бо ҳамдардии мусалмонон шевану афғон мекарданд. Дар ин бора нури чашми ҳазрати Мавлоно – Султонвалад дар асари худ – «Валаднома» чунин овардааст:

Мардуми шаҳр аз сағиру кабир, 
Ҳама андар фиғону оҳу нафир.

Деҳиён ҳам зи румиву атрок, 
Карда аз дарди ў гиребон чок.

Ба ҷаноз-ш шуда ҳама ҳозир, 
Аз сари меҳру ишқ, н-аз пайи бир.

Аҳли ҳар мазҳабе бар ў содиқ, 
Қавми ҳар миллате бар ў ошиқ.

Карда ўро исавиён маъбуд. 
Карда ўро ҷуҳуд хуб чун Ҳуд,

Исавӣ гуфта ўст Исии мо, 
Мўсавӣ гуфта ўст Мўсии мо.

Мўъминаш хонда сиру нури Расул, 
Гуфта ҳаст ў азим баҳри нағул.

Дар ҷанозаи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ҳазорон нафар ширкат намуданд ва Шайх Садриддин бар наъши мубораки эшон намоз гузориду аз шиддати бехудиву дард шаҳқае бизад ва аз ҳуш бирафт. Тобути Мавлоноро бо ҳурмати тамом баргирифтанду наъши мутаҳҳарашро дар турбати муборак, дар паҳлўйи қабри падари бузургвораш Султонулуламо Баҳоуддинвалад мадфун сохтанд ва қозӣ Сироҷуддин дар назди турбати ҳазрати Мавлоно ин абёти ҷонсўзро бархонд ва фиғон аз қалби пурсўзи халоиқ баромад:

Кош он рўз, ки дар пойи ту шуд хори аҷал, 
Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар. 
То дар ин рўз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам, 
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

Ва муддати чиҳил шабонарўз ёрону пайвандон, шогирдону муридон ва умуман мардуми Қунияи Рум таъзияти Мавлоно медоштанду нолаву гиря мекарданд ва бар фавти он саодати осмонӣ дареғу ҳасрат мехўрданд ва бузургиву ахлоқи поки ўро ба забон меоварданд. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ пеш аз вафот марсияи ҷонсўзе гуфта, ёронашро чунин дилдорӣ додааст:

Ба рўзи марг чу тобути ман равон бошад, 
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.

Барои ман магирйу магў дареғ, дареғ, 
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.

Ҷанозаам чу бибинӣ, магў фироқ, фироқ, 
Маро висолу мулоқот он замон бошад.

Маро ба гўр супурдӣ, магў:- видоъ, видоъ, 
Ки гўр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.

Фурў шудан чу бидидӣ, баромадан бингар, 
Ғуруб шамсу қамарро чаро зиён бошад.

Кадом дона фурў рафт дар замин, ки наруст,
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад.

Туро чунон бинамояд, ки ман ба хок шудам, 
Ба зери пойи ман ин ҳафт осмон бошад.

Аз китоби «Шарҳи аҳвол ва осори Мавлоно»-и 
Бадеъуззамон Фурўзонфар.

Share This Article