Прокурори вилояти Хатлон далели боздошти Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлобро порахӯрӣ эълон кард. Ба гуфтаи прокурор раиси шаҳри Кӯлоб бар ивази 400.000 сомонӣ замин фурӯхтааст. Ва чи замине?!! “…замин барои иншоотҳои ҷашнӣ(?!!)” ва дар “12” маврид ва бар ивази “400 ҳазор сомонӣ”.
Мутаваҷҷеҳ бишавед!! Раиси шаҳри Кӯлоб, ки қаблан дар шаҳри Душанбе, дар ҳукумат ва дар Истаравшан ба ҳайси раис кор карда ва узви Маҷлиси Миллӣ ҳам буд, ба ҳадде “гузаронида” ва аз худ рафтааст,ки барои сохтмони “биноҳои ҷашнӣ” 400.000 сомонӣ пора гирифтааст. Иноятзодае, ки бо ин ҳама собиқаи корӣ ва бо ин ҳама шинохту бардошт ва бо ин ҳама фаҳму дарк аз ҳукумате,ки дар он ва бо он кор кардааст, чи гуна барои қитъаи замин барои сохтмони “биноҳои ҷашнӣ” пора мегирад?
Иноятзода, магар Маҳмадзоир Соҳибов, Шамсулло Соҳибов, Ҷамолиддин Нуралиев, Ашраф Гулов ва ё дигар домодҳои Раҳмонов шудааст, ки барои қитъаи замин ҷиҳати бунёди “биноҳои ҷашнӣ” пул -пора мегирад? Ҳоло ин “биноҳои ҷашнӣ”,ки ба худии худ як балои бесарунуг ва як офати осмонӣ бар сари онҳоест,ки эъмору эҳдосаш бори дӯшашон мешавад, боз барои харидории қитъаи замини зери он пул медиҳанд? Ин “биноҳои ҷашнӣ” (манзурашон 30-солагии истиқлолият аст) барои бюҷети шаҳр, барои соҳибкорон як “нагрузка” (сарбории маҷбурӣ) аст,ки чору ночор ва аз рӯи тарсу ҳарос сохтмони онро бар ӯҳда гирифтаанд. Онҳо,ки дар як чунин вазъиятанд боз барои қитъаи замини он пул бидиҳанд? Ҳатто агар, билфарзе як соҳибкор “бинои ҷашнӣ”-мағоза, корхона, майдончаи варзишӣ ва ё ҳар чизе дигар месозад,нақшаву тарҳи сохтмон ва замони хатми корҳо ва ифтитоҳи он аз қабл муқаррар карда мешавад. Ин биноҳо бояд ки зуд ва бидуни таъхир сохта шаванд, чун Пешво онҳоро бояд ифтитоҳ кунад.
Оё раиси шаҳри ҳамин гуна ҷуръат ва ғайратро дорад, ки масъалаи пораро дар миён гузошта кори сохтмонӣ дар ин “биноҳои ҷашнӣ”-ро ба таъхир андозад? Кадом соҳибкор ва бизнесмен ҳам, ки аз кисааш харҷ карда месозад (воқеият ин аст ки ба бизнесмен бор мекунанд) ва ҳам боз барои хариди замини он пул медиҳад?
Худи ҳамин “формулировка”-и “биноҳои ҷашнӣ” дар иттиҳоми Баҳром Иноятзода аз он мегӯяд, ки Иноятзода бо пора дастгир нашудааст. Мо намегӯем, ки пора нагирифту намегирад. На, ҳатман, ки мегирифт. Вале бубинед,дар кишваре,ки ҳама дуздон мудирият мекунанд, ҳамаро, ҳамаҷоро дуздон идора мекунанд, чаро бояд як дузде ва он ҳам барои дуздӣ дастгир бишавад? Кӣ бовар мекунад,ки Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб бо камтар аз 40.000 доллар пора дастгир шуд ва барои ришвахорӣ равонаи зиндон мешавад? Магар дигар раисони шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пора намегиранд, ришвахор нестанд? Баҳром Иноятзода, вақте дар Истаравшан раис буд, замин нафурӯхта буд, пора нагирифта буд? Тӯли тамоми фаъолияти Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон як нафар мансабдор дар сатҳи раиси шаҳри Кӯлоб дастгир нашудааст. Ва,ҳамин Баҳром Иноятзодаро ҳам на ин Оҷонсӣ, балки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир кард. Фикр мекунед,ки чаро чунин шуд ва сабабаш чӣ бошад? Аз ҳамон лаҳза ва ҳолатҳои дастгиршавии ронанда ва ёвари шаҳрдори Кӯлоб бо иттиҳоми гӯиё фурӯхтани ёрии башарии марбут ба коронавирус маълум буд, ки инҷо ҳадаф ва нақша дигар аст.Чунки ба айни чунин иттиҳом ва бо айни чунин ҷурм, мутмаин бошед, ки агар бихоҳанд, кулли раисони шаҳру ноҳияи Тоҷикистон боздошт мешаванд. Вале чаро боздошт намешаванду аммо Иноятзода дастгир ва инак имрӯзу фардо ҳукмаш ҳам содир мешавад? Сабаб инҷост, ки дар мақомоти Оҷонсӣ бахубӣ медонанд, ки пушти ҳар як раиси шаҳру ноҳия ҳатман ё худи Раҳмонов ва ё Озода ва ё Рустам ва гоҳе Сарвазир меистад. Ва, барои дастгир кардани онҳо бояд сахт заҳмат кашид.Чун гирифтани пора ва додани он ба “боло” хислат, балки миссия ва рисолати асосии ин раисон аст. Агар саривақт “доля”-и болоро надоданд, аз пуштибонӣ маҳрум, балки аз вазифа ҳам мераванд. Дар “боло” хуб медонанд, ки раисони гузоштаи онҳо ҳатман пора мегиранд ва ҳатман медузданд. Қисме ба Раҳмонов, қисме ба Озода ва қисме ҳам ба Рустам, ҳатмани ҳатман “доля” медиҳанд. Ҳамин Инотязода ҳам вақте аз Истаравшан ба Кӯлоб омад, ҳатмани ҳатман ду се баробар аз нархи курсии Истаравшан барои ҷойи наваш пардохт кард.Чун Кӯлоб як шаҳри калон аст ва ҷойи “ҷамъоварӣ” бештар дорад?
Вале ҳоло дигар Баҳром Иноятзода “афтод”? Инки ӯро на Оҷонсӣ, балки КДАМ ва Ятимов “афтониданд” далел бар он аст ки порахорӣ,”гумпомошфурӯшӣ” ва ҳатто худро сӯзонидани як сокини Кӯлоб дар назди бинои молия ва сипас аз кор барканор кардани сардори молияи шаҳр, иллат ва ваҷҳи асосии дастгиршавии Иноятзода нест. Иноятзода бо ҷурми дигар дастгир шудааст.Ҳоло мегӯем,ки ин чи ҷурмест ва иллати “дастгиршавӣ” ва бурда СИЗО заниҳо ӯ чӣ аст? Аммо такрор шавад ҳам мегӯям, ки дар Тоҷикистон раиси намедуздидагӣ ва поранамегирифтагӣ нест ва “ногирифта” ва “нодода” наметавонад раис бошад ва ин ҳам воқеият аст ки аз ҳар ниҳоди дигар бештар КГБ бохабар аст ва барои ҳар кадоме аз раисони шаҳру навоҳӣ “досйе” ҳои сиёҳе ҳам доранд.
Асли қазияи боздошт инҷост
Ҳоло баргардем ба сари Иноятзода ва ҷурми ӯ. Гап инҷост ки Баҳром Иноятзода, язнаи марҳум Умаралӣ Иззатович Қувватов будааст. Бале, ҳамон Умаралӣ Қувватов, молики ширкати “Фароз”,ки баъдан Шамсулло Соҳибов аз ӯ кашида гирифт. Ҳамон Умаралӣ Қувватов,ки “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод вале дар нимаи роҳи мубориза алайҳи режими Раҳмонов дар соли 2015 аз тарафи зархаридони режим дар ҳузури зану фарзандонаш бо зарби тири туфанг кушта гардид.
Ин бону Меҳринисо Иззатовна табиби яке аз бемористонҳои пойтахт аст ки зани дуввуми Баҳром Иноятзода будааст. Баҳром Иноятзода дар солҳои 2008-2009, замоне,ки дар раёсати меъмории ҳукумати Душанбе фаъолият мекард,бо ин хонум робита барқарор мекунад. Шавҳари пешини хонум Меҳринисо Иззатовна,ки гуфта мешавад дар дастгоҳи иҷроияи Раёсати ҷумҳурӣ фаъолият мекунад, аз ӯ ҷудо мешавад.Тибқи маълумоти манбаъи “Ислоҳ” иллати ҷудо шудан аз шавҳари собиқашро шаробнӯш будан ва бе эътино буданаш унвон кардааст. Иноятзода худи ҳамон сол ӯро ба никоҳи худ дароварда ва барояш як мошини Тойота-короллаи сафеди автомат инъом мекунад. Ҳамин тавр чанд навбат ба Дубай ҳам мефиристад. Аз Дубай ин хонум ороишоти занона, аз ҷумла бриллиантҳои арзонбаҳо оварда талоши роҳандозии тиҷоратро мекунад. Иноятзода дар маҳаллаи маъруф ба ДОК-и Душанбе дар пушти Поликлиникаи №2 чанд хона 4 ё 5то дошта буд, ки яке аз онҳоро барои Меҳринисо медиҳад. Дар ин миён зани Иноятзода аз зани дуввум гирифтани шавҳараш бохабар шуда хеле шӯру мағал мебардорад, аммо муваффақ намешавад. Зани якуми Иноятзода аз табори ургутиҳо будааст. Инҷо боз як ҳодисаи дигар мешавад,ки алоқаи Иноятзода бо бону Меҳринисо Иззатовнаро мустаҳкамтар мекунад. Иноятзода дар бемористон бистарӣ мешавад. Пушти каллаш як навъ омосе пайдо мешавад. Меҳринисо аз аввали ҷарроҳӣ то фурсати рухсатии Иноятзода аз бемористон нигоҳубин ва сарпарсатии ӯро бо тамоми нозукиҳояш бар ӯҳда гирифта ӯро тамман мафтуни худ кардааст. Ҳамин тариқ кор тавре сурат мегирад,ки Иноятзода тамоми умр дар назди Меҳринисо худро қарздор меҳисобад. Дигар ҳарду ошкоро якҷоя зиндагӣ мекунанд. Дар маҳаллаи 46микрорайони пойтахт,ки Меҳринисо як сехонагӣ доштааст, онро таъмиру тармим мекунанд. Аммо вақте ки дар соли 2015 Умаралӣ Қувватовро дар Истамбул шаҳид мекунанд ва ҳамачо овоза мешавад, ки Умаралӣ “против”-и ҳукумат хестагӣ буд, Баҳром Инотязода худро аз Меҳринисо дур мекашад. На,танҳо Иноятзода, дигар рафиқону дӯстони Меҳринисо аз ҷумла Маликаи Саидзод, ки яке аз дугонаҳои наздикаш буд, низ алоқа ва равуоро қатъ мекунанд. Меҳринисо чанд рӯз дар манзил азо мешинад. Аммо, хуб бо гузашти чанд вақт ва фурӯкаш шудани сарусадоҳо Баҳром Иноятзода ва Меҳринисо дубора бо ҳам меоянд. Меҳринисо аз шавҳари якумаш се фарзанд дорад,ки яке аз онҳо бо кумаки Иноятзода ба Амрико барои таҳсил меравад.
Иртиботи дубора барқарор кардани Иноятзода бо Меҳринисоро ин бор ҳам зани аввали Инотязода ва ҳам шавҳари собиқи Меҳринисо бисёр бо дард қабул мекунанд. Ва, кор тавре ҷараён мегирад, ки онҳо барои қасди худро аз Иноятзода ситонидан ба мақомоти амният дар бораи Иноятзода маълумот дастрас мекунанд. Исми шавҳари собиқи Меҳринисо ва исми ҳамсари аввали Баҳром Иноятзода дар дасти мо маҳфӯз аст ва дар лаҳзаи лозимӣ онҳоро ифшо мекунем. Ин маълумот аз чи иборат аст ва масъалаи гирифтани пора ва порхӯрии Иноятзода дар он то куҷо нақши меҳварӣ дорад, бароямон номаълум аст вале аз онки Иноятзода дубора бо Меҳринисо Иззатовна, узви хунии хонаводаи Умралӣ Қувватов зиндагии муштарак ташкил додааст,яке аз сабабҳое аст ки ӯро амният чап гирифт ва ҳамин тавр чаппагардон кард….