Байъати Алӣ, разияллоҳу анҳу, бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, дар хилофаташ
Ривоятҳои зиёде дар бораи таъхири (дертар) байъати Алӣ, разияллоҳу анҳу, бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу ва ба ҳамин сурат дар бораи таъхири байати Зубайр ибни Аввом, разияллоҳу анҳу, нақл шудааст. Лекин бештари ин ривоятҳо саҳеҳ нестанд ва дар ривоёти саҳеҳ омада, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу ва Зубайр, разияллоҳу анҳу, дар ҳамон оғози амр бо Абӯбакри Сиддиқ, разияллоҳу анҳу, байъат карданд. Аз Абӯсаъиди Худрӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят аст ки:
«Баъд аз он, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам вафот кард, хутабои ансор бархостанд» ва сипас достони ҷамъ шудан дар Сақифаро зикр мекунад[i] ва мегӯяд: «Баъд аз ҷамъ шудани ансор, гурӯҳе аз муҳоҷирон низ ба Сақифа омаданд ва Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, бар минбар нишаст ва ба мардум нигоҳе кард ва Алӣ, разияллоҳу анҳу-ро надид, пурсид Алӣ, разияллоҳу анҳу, куҷост? Дар пайи ин чанд нафар аз ансор аз пайи ӯ рафтанд. Алӣ, разияллоҳу анҳу, ки омад Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Ту писарамак ва домоди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастӣ, аз паят фиристодам, ки кори ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам – раҳбари мусалмононро- ба ӯҳда гирӣ». Алӣ, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Айбу маломате нест, эй халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бо ӯ байъат кард. Сипас дид, ки Зубайр, разияллоҳу анҳу, ҳам ҳозир нест, пурсид: «Зубайр куҷост?» Зубайрро низ оварданд. Вақте, ки омад, Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Ту писараммаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳавории ӯ ҳастӣ, мехостам, ки ин масъулият – раҳбарии мусалмононро – баъд азӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯҳда гирӣ». Зубайр, разияллоҳу анҳу, низ гуфт: «Ҳеҷ айбу сарзанише, нест, эй халифаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам!» ба ин тартиб ин ду нафар ҳам, ки дар миёни ҷамъи байъаткунандагон набуданд, байъат карданд.[ii]
Ончи бар аҳаммият ва арзиши ин ҳадиси саҳеҳ далолат дорад ин аст, ки Имом Муслим ба хотири ҳамин ривоят пеши устодаш Ҳофиз Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма[iii] меравад ва аз ин ҳадис суол мекунад. Ибни Хузайма ҳадисро барояш менависад ва мехонад. Имом Муслим ба устодаш мегӯяд: «Оё ин ҳадис ба андозаи як шутур ё гови фарбеҳе, ки барои қурбонӣ ба Макка мебаранд арзиш дорад? Ӯ мегӯяд: «Арзишаш танҳо як (шутур ё гови фарбеҳ) нест, балки бо арзиши як ҷувол пуле, ки даҳ ҳазор динор бошад баробарӣ мекунад», манзур ин аст, ки ин ҳадис ганҷи бузурге аст.
Ибни Касир дар таълиқ бар ин ҳадис менависад: «Асноди ин ҳадис саҳеҳ ва маҳфуз аст ва дар он нуктаи бузурге ҳаст, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар рӯзи аввал ё дуввуми вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам байъат кардааст ва ин як ҳақиқати инкорнопазир аст, зеро Алӣ , разияллоҳу анҳу, аз Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, дар ҳеҷ замоне ҷудо нашуда ва қатъи робита накардааст ва аз ширкат дар ҳеҷнамозе аз номозҳо тахаллуф накарда,[iv] балки тамоми намозҳоро пушти сари Абӯбакр , разияллоҳу анҳу, мехондааст.
Ҳабиб ибни Абӯсобит мегӯяд: «Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар хонааш буд, ки марде омад ва гуфт: «Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, нишаста ва байъат мегирад». Алӣ , разияллоҳу анҳу, танҳо бо як пероҳан ва бе ҷома ва эзор ба масҷид омад ва ба далили он, ки таъхири дар байъатро нописанд медонист шитоб дошт. Бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, байъат кард ва нишаст ва касеро фиристод ҷомаашро овард ва онро пӯшид».[v]
Амр ибни Ҳудайс аз Саъид ибни Зайд суол кард, ки чӣ замоне бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, танҳо байъат карданд? Саъид гуфт: «Дар ҳамон рӯзе, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам вафот кард, зеро мусалмонон нописанд медонистанд, ки як рӯз бар онон бигузарад ва ҷамоаташон зери раҳбарии фарди муайяне набошад». Мепурсад: Оё касе бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, мухолифат кард? Саъид гуфт: «Не, ба ҷуз ононе, ки муртад шуда буданд ва ё наздик буд муртад шаванд! Ва Худованди мутаъол ансорро наҷот дод ва ҳамаро бар байъати бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу ҷамъ кард ва бо ӯ байат карданд». Пурсид: Оё касе аз муҳоҷирон буд, ки байъат накунад? Гуфт: «Не, муҳоҷирон бе вақфа бо ӯ байъат карданд.[vi]
Аз ҷумла чизҳое, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба Ибни Кувоъ ва Қайс Ибни Убод- вақте, ба Басра омаданд ва аз роҳи ҳаракаташ суол карданд- гуфт, ин буд, ки: «Агар аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳду паймоне медоштам, ки хилофатро бар ӯҳда гирам, ҳатман бо онҳо меҷангидам, аммо –ин равшан аст- ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам кушта нашуд ва ногаҳонӣ вафот накард, балки чанд шабонарӯз дар бемориаш зинда буд, ки муаззин меомад ва ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро барои намоз бохабар мекард ва ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, дастур медод, ки барои мардум ба имомат намоз бихонад, ин дар ҳоле, буд, ки мақом ва манзалати маро низ медид ва дар ҳамон ҳол яке аз занонаш хост назарашро аз ин ки Абӯбакр, разияллоҳу анҳу-ро ба унвони пешнамоз (имом) таъийн кунад, боз дорад, хашмгин шуд ва қабул накард ва фармуд: «Шумо занон ҳамонҳое ҳастед, ки дар атрофи Юсуф (а) буданд- сухани худатонро мезанед – дастур диҳед Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, бо мардум намоз гузорад». Вақте Худованд Паёмбари мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро ба назди хеш бурд, умурамонро баррасӣ кардем, мо низ касеро, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои пешвоии динии мо писандид ва таъйин кард, барои пешвоии дунёи худ интихоб кардем ва барои имомати намоз, ки асли ислом ва аз муҳимтарин ва бузургтарини умур ва мақоми дин аст, Абӯбакр, разияллоҳу анҳу-ро писандидем ва интихоб кардем. Бинобар ин мо ҳам бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, байъат кардем, ки шоистаи он мақом буд ва дар байъат бо ӯ ҳатто ду нафар аз мо ихтилоф надоштанд, ҳатто баъзе аз мо бар зидди баъзе дигар гувоҳӣ надодем- якдигарро рад накардем- ва касе аз ӯ эълони безорӣ накард.
Ман ҳаққи Абӯбакр, разияллоҳу анҳу-ро адо кардам ва ҳаққи итоаташро шинохтам ва ҳамроҳи ӯ дар лашкарҳо ҷангидам, ҳарчӣ дар ихтиёраш қарор медод қабул мекардам ва ҳар гоҳ маро ба набард мефиристод мерафтам ва бо дурраам дар ҳузураш ҳудудро иҷро мекардам».[vii]
Аз ҷумла суханоне, ки бар минбари Куфа дар таърифу мадҳи Абӯбакр, разияллоҳу анҳу ва Умар, разияллоҳу анҳу, гуфт, ин буд, ки фармуд: «Мусалмонон бо хурсандӣ ва ризоят бо он ду байъат карданд ва нахустин касе, ки аз фарзандони Абдулмутталиб барои байъат бо онҳо пешӣ гирифт, ман будам».[viii]
Ривоятҳое ҳаст, ки ба байъати Алӣ , разияллоҳу анҳу, ба Абӯбакр , разияллоҳу анҳу, дар оғози амр ишора дорад, ҳарчанд бо сароҳат баён нашудааст. Аз Иброҳим ибни Абдурраҳмон ибни Авф, разияллоҳу анҳу, ривоят аст, ки ӯ мегӯяд: Абдурраҳмон ибни Авф, разияллоҳу анҳу, дар канори Умар ибни Хаттоб, разияллоҳу анҳу буд, ки Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, бархост ва суханронӣ кард ва худашро маъзур донист ва гуфт: «Ба Худо савганд, ҳеҷ рӯзу шабе ҳарис бар иморат (хилофат) набудам ва ба он майле надоштам ва ҳаргиз пинҳонӣ ё ошкоро аз Худованди мутаъол дархости иморат ва хилофат накардаам ва ман аз фитна бим дорам ва медонам, ки иморат бароям роҳате нахоҳад дошт ва кори бас бузург ба ман вогузор шуда, ки тавоноии онро надорам ва роҳу чорае нест ҷуз умед ба ҳимоят ва ёрии Худованд (ва Худованд медонам, ки) орзу мекардам нерумандтарини мардум имрӯз ба ҷои ман масъулияти ин корро ба ӯҳда мегирифт!». Муҳоҷирон сухан ва узри Абӯбакр, разияллоҳу анҳу-ро қабул карданд ва Алӣ, разияллоҳу анҳу ва Зубайр, разияллоҳу анҳу, гуфтанд: «Мо аз чизе нороҳат нашудаем,ҷуз ин, ки мо аз ҷаласаи мушовара ақиб мондем, дар ҳоле, ки мо ба хубӣ медонистем, ки баъд аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз ҳама ба иморат (ва хилофат) мустаҳақтар аст, чун ӯ рафиқи ғор, сонияснайн (дуввумӣ аз ду то) аст ва мо аз шарафи ӯ огоҳем ва ба бузургии ӯ эътироф дорем ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар замони ҳаёти худ ба ӯ дастур дод, ки барои мардум имомат кунад.[ix]
Аз Қайси Абдӣ ривоят аст: «Он рӯзе, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба Басра омад дар суханрониаш ҳузур доштам. Ӯ Худоро сипос ва ситоиш намуд ва аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ёд кард ва хидматҳоеро, ки барои мардум анҷом дода буд зикр намуд ва гуфт: «Баъд аз он, ки Худованд ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро аз ин дунё гирифт ва мусалмонон муносиб диданд, ки Абӯбакр, разияллоҳу анҳу-ро ба унвони халифа интихоб кунанд, бо ӯ байат карданд ва паймон бастанд ва солим монданд. Ман низ бо ӯ байъат кардам ва паймон бастам ва таслим шудам ва мусалмонон низ хушнуд ва хурсанд ва розӣ ба хилофати ӯ буданд ва ман низ хурсанд ва розӣ будам, чун ӯ кори хайр анҷом дод ва то маргаш машғули мубориза буд, раҳмати Худованди мутаъол бар ӯ бод».[x]
Шакке нест, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар ҳеҷ вақт аз Абӯбакри Сиддиқ, разияллоҳу анҳу, фосила нагирифт ва дар ҳеҷ ҷаласа ва нишасте набуда, ки ширкат накунад ва ё робитааш бо ӯ қатъ бошад ва дар мушовира ва тадбири умури мусалмонон ҳамеша бо ӯ мушорикат дошт. Ибни Касир ва ҷамъе аз уламо бар ин боваранд, ки Алӣ пас аз шаш моҳ яъне баъд аз вафоти сайида Фотима, разияллоҳу анҳо, бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз нав байъат кард ва ин байъат низ дар ривоёти саҳеҳ омадааст.[xi] Ба ҳамин сабаб пас аз байати дуввум баъзе ривояткунандагон гумон карданд, ки Алӣ , разияллоҳу анҳу, пеш аз ин байъат накарда буд ва ин сабаб шуд, ки байъати аввалро инкор кунанд ва тибқи қоидаи усулӣ собит кунанд – дар сурати дурустии санад ва матн – нафекунанда бар исботкунанда муқаддам аст.[xii]
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Пайнавишт-Маъхазҳо
________________________________________
[i]. Маҷмаъуз завоид 5\183, риҷоли он риҷоли саҳиҳ аст. Албидоя ва-н-ниҳоя 5\281. Ибни Касир мегӯяд: Ин иснод саҳиҳ ва маҳфуз аст.
[ii]. Алмустадрак 3\76, Сунани Кубро, Байҳақӣ 8\143 бо ду санади саҳеҳ.
[iii]. Ӯ муаллифи китоби саҳиҳи Ибни Хузайма аст.
[iv]. Албидоя ва-н-ниҳоя 5\239.
[v]. Табарӣ 3\207. Ин асар мурсал аст ва дар санади он Сайф ибни Умари матрук аст ва Абдулазиз ибни Сиёҳи Садуқ ба ташаюъ гароиш доштааст. Тақриб 357.
[vi]. Таърихи Табарӣ 3\207, исноди ин ривоят заиф аст, нигоҳ кун ба хилофати Абӯбакри Сиддиқ, таълифи Абдулазиз ибни Сулаймон, с. 66.
[vii]. Таърихул-ислом, Аҳдул-хилофати-р-рошида, с. 389, исноди он заиф аст. Хилофати Абӯбакри Сиддиқ, Абдулазиз Сулаймон, с. 65.
[viii]. Усадул-ғобба 4\166, 67. Хилофати Абӯбакр, Абдулазиз Сулаймон, с. 66.
[ix]. Албидоя ва-н-ниҳоя 6\341, исноди он ҷайид аст. Хилофати Абӯбакр, с. 67.
[x]. Ассуннат, Абдуллоҳ ибни Аҳмад 2\563, риҷоли иснод сиққа мебошанд.
[xi]. Албидоя ва-н-ниҳоя 5\49.
[xii]. Албидоя ва-н-ниҳоя 5\49.