СУЛҲИ ҲАСАН ИБНИ АЛӢ (р) БО МУЪОВИЯ (р) (бахши саввум)

Байъати умумӣ бо Ҳасан ибни Алӣ (р) сурат гирифт. Ҳамаи амирони даврони хилофати падараш ва мардум бо ӯ байъат намуданд.

СУЛҲИ ҲАСАН ИБНИ АЛӢ (р) БО МУЪОВИЯ (р)
(бахши саввум)

Байъати умумӣ бо Ҳасан ибни Алӣ (р) сурат гирифт. Ҳамаи амирони даврони хилофати падараш ва мардум бо ӯ байъат намуданд. Ӯ ҳамчун халифа ба кори худ шуруъ намуда, омилону амирони худро ба тартиб даровард ва лашкарашро муҷаҳҳаз сохт ва ба онҳо тӯҳфаҳо доду розӣ намуд. (1) Ҳасан (р) тавоноии ба роҳ мондани ҷанги шадидеро бар зидди Муъовия (р) дошт. Шахсияти бориз, нигоҳи сиёсию низомӣ ва назари ахлоқию диниаш дар ин росто ба ӯ кӯмак мекард. Илова бар ин шахсиятҳои варзидае монанди Қайс ибни Саъд ибни Убода ва Ҳотам ибни Адий ба қуввату қудрат ӯ меафзуданд. Бар замми ин ҳама Ҳасан (р) майл ба сӯи сулҳ ва ҳифзи ҷону моли мусалмонон менамуд. Ин иқдоми Ҳасан (р) ба ваҳдату якпорчагии уммати Муҳаммад оварда расонид. Худи Ҳасан ибни Алӣ (р) мегӯяд: қуввати зиёде дар ихтиёри ман буд, бо касе, ки сулҳ мекардам онҳо қабул доштанд ва бо касе меҷангидам онҳо омода буданд. (2) Ҳасан (р) дар чунин ҳолати қуввату бузургӣ буд, ки Муъовия (р) маҷбур шуд бо ӯ гуфтушунид намояд ва ҳамаи шартҳову замонатҳои ӯро қабул намояд. Агар дар ҷониби Ҳасан (р) заъфе вуҷуд медошт ва Муъовия (р) аз он хабар меёфт бидуни гуфтушунид рӯ ба Куфа меовард ва онро тасарруф мекард. Ҷониби Муъовия (р) низ хеле мустаҳкам буд ва аз ҷониби Ҳасан (р) дида, бартарии зиёд дошт. Пас, Ҳасан (р) бад-ин сабаб бо Муъовия (р) сулҳ намуд? Абӯлаббос ибни Абдуссалом дар «Минҳоҷ-ус-сунна» мегӯяд: Ҳасан тавоноии қитоли Муъовия (р)-ро бо вуҷуди заиф будани лашкараш нисбати лашкари Шом дошт, лекин Ҳасан (р) моил ба сулҳ буд ва фитнаву тафриқаро бад медид. Ҳасан (р) соҳиби андешаи амиқ ва нақшаи возеҳу равшани ислоҳие буд, ки ҳамаи монеъаҳову мушкилотро дар роҳи ба ҳадафи ниҳоии суботи умумӣ ва якпорчагии уммати муҳаммадӣ гузошта, парчами сулҳро дар осмон барафрохт ва ин яке аз сабабҳои ифтихороти ӯ гардид, ки дар сафҳаҳои таърих бо оби тилло навишта шуд. Доктор Холид ал-Ғайс мегӯяд: Ҳасан (р) дар сулҳи худ бо Муъовия (р) ва ҳифозати ҷону хуни мусалмонон монанди Усмон (р) дар ҷамъи Қуръони карим ва Абӯбакр (р) дар қитоли аҳли риддат аст. Ин амали Ҳасан (р) нишоне аз нишонаҳои нубувват аст ва далели он ривояти Имом Бухорӣ аз Абӯбакрата (раҳ) мебошад, ки мегӯяд: ҳазрати паёмбар -ро дар минбар дидам, ки Ҳасан (р) дар паҳлӯяш истода буд ва ӯ гоҳ ба Ҳасан (р) менигарист ва гоҳе ба мардум ва мегуфт: «Ин писари ман Сайид аст ва умед аст, ки Худованд (ҷ) тавассути ӯ байни ду гурӯҳи бузурги мусалмонон ислоҳ оварад.» (3) Дар ҳақиқат сулҳи Ҳасан (р) бо Муъовия (р) як ҳодисаи бузурге дар таърихи уммати исломӣ ба шумор меравад ва он ба сабабҳои зайл:
1. Ин ҳодиса нишонае аз нишонаҳои нубуввати Муҳаммад аст.
2. Натиҷаи ин сулҳ ваҳдату якпорчагӣ дар сарзамини ислом баъд аз солҳои ҷудоӣ ва пурфитна буд.
3. Имом Ҳасан (р) аз мансаби хилофат барои ҳифзи хуни мусалмонон ва якпорчагии онҳо даст мекашад.
4. Ҳасан (р) охирин халифа аз халифаҳои марҳалаи нубувват аст.
Аз ин сабабҳои зикршуда ва ғайри инҳо дар китобҳои ақида, суннат ва таъриху адаб ва дигар масдарҳо аз ахбори сулҳи Ҳасан (р) бо Муъовия (р) чунон пур шудааст, ки аз сабаби бисёр будани онҳо баъзеашон бо баъзе дар тазод ва саҳеҳи он бо заифашон омехта шудааст.
Марҳилаҳои муҳими сулҳ
Марҳилаи аввал: Марҳилаи аввал иборат аз дуъои паёмбар барои Ҳасан (р) буд, ки гуфта буд: Худованд (ҷ) тавассути ин писари ман байни ду гурӯҳи бузурги мусалмонон сулҳ биёварад. Ин дуъои муборак буд, ки ҳазрати Ҳасан (р)-ро бидуни шакку шубҳа ва бо як тасмими қотеъ ба сулҳ водошт. (4) Ин муҷарради дуъо набуд, балки сухане буд, ки таъсири амиқе дар ҳамаи тасарруф ва манҳаҷи ҳаёти Ҳасан (р) гузошта буд. Ин дуъоро Ҳасан (р) ҳамчун васияте аз бобо ва паёмбараш ба эътибор гирифта, чун ҳадафе дар зиндагияш ба он чанг зад. Ин муъҷизаи набавӣ вақте ба авҷи аълои худ расид, ки Ҳасан (р) соҳиби тарбияи исломӣ ва раббонӣ шуда, чун сайид ва бузургзодаву имом шинохта шуд. Ин имомат ва сиёдат на бо рехтани хун ва беҳурматӣ ба шарафу номуси мардум ва ба даст овардани ҳукм бо истифода аз қувва, балки аз роҳи ҳифзи ҳаққи мусалмонон ва аз байн бурдани кинаву буғз ва ҳасади эшон аст.
Имом Ҳасан (р) аз дунё ва мулку риёсат парҳез менамуд. Агар ӯ иродаи дунёву мулк медошт, ҷангеро зидди Муъовия (р) ба роҳ меандохт, ки солҳои тӯлонӣ идома меёфт, лекин ӯ ба дорулохират назар мекард ва иродаи ҳифзи хуни мусалмононро дошт.
Марҳилаи дуввум: Гузоштани шарт аз тарафи Ҳасан (р) назди ироқиҳо ҳамчун асосе барои қабули байъати аҳли Ироқ буд. Ин шарт бад-ин мазмун аст, ки Ҳасан (р) бо ҳар, ки сулҳ намуд, эшон ҳам бояд бо ӯ сулҳ кунанд ва бо ҳар касе, ки вориди ҷанг шуд, бо ӯ бояд, ки биҷанганд. (5) Аз ин ривоят ва ривоятҳои дигари амсоли он чунин маълум мегардад, ки Ҳасан (р) пеш аз халифа шуданаш нияти сулҳро доштааст ва таҳқиқе ба ишораи Мустафо @ мебошад. Ҳасан (р) бо ин шарти гузоштааш дар ақлияти ироқиҳо чунин ҳақиқатеро ҷой намуд, ки имконияти муноқиша ва бо роҳи гуфтушунид ва музокирот ҳаллу фасл намудани масъала низ вуҷуд дорад. Ин нишонае аз дурандешӣ ва соҳиби таҷрибаи роҳбарӣ будани Ҳасан (р) аст.
Марҳилаи саввум: Дар ин марҳала баъд аз кашф шудани нияти сулҳ бо Муъовия (р) аввалин кӯшиш барои аз байн бурдани Ҳасан (р) , сурат гирифтааст. Ибни Саъд дар китоби «Табақот» аз тариқи Абӯҷамила ривоят мекунад: вақте Алӣ (р) ба шаҳодат расид ва мардум ҳазрати Ҳасан (р)-ро ба хилофат баргузиданд, боре ҳангоми адои намоз ва ҳангоми дар саҷда будани Ҳасан (р) шахсе қасди ҷони ӯро намуда, ханҷарро ба рони Ҳасан (р) мехалонад ва ӯро захмӣ мекунад. Ҳусайн ибни Абдурраҳмони Суламӣ мегӯяд, ба ман хабар расида, ки он мард аз бани Асад будааст. Ҳусайни Суламӣ мегӯяд: амакам низ шоҳиди ин қазия буд.
Ровӣ мегӯяд: иддае гуфтаанд: вақте он фард ҳамлавар шуд ханҷар бар рони Ҳасан (р) бархӯрд, бинобар ин пас аз чанд моҳи бистарӣ захмаш беҳбуд ёфт ва пас аз чанд моҳи табобат Ҳасан (р) бар минбари масҷид боло шуда гуфт: эй аҳли Ироқ, дар мавриди мо аз Худо битарсед. Мо амирони шумо ва меҳмонони шумо ҳастем. Мо аҳли байти расули Худо ҳастем, ки Худованд (ҷ) дар шаъни мо фармудааст:
«Эй аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад.» (Сураи Аҳзоб, ояти 33)
Ровӣ мегӯяд: Ҳасан (р) ҳамчунон ба гилаву шикваҳояш аз аҳли Ироқ идома дод ва ин суханонро мегуфту такрор мекард, то ин ки ҳамаи ҳозирин ашк рехтанд ва садои гиря фазои масҷидро пӯшонид. (6)
Ибни Саъд дар китобаш «Ат-табақот» аз Ҳилол ибни Ясофи Ашҷаъӣ овардааст: Ҳасан (р) дар минбар боло шуд ва ба аҳли Куфа гуфт: эй куфиҳо! Аз Худо битарсед ва нисбат ба мо бадиро раво надоред. Мо роҳбарон ва меҳмони шумо ҳастем. Мо ҳамон аҳли байти Паёмбари Худо ҳастем, ки Худованд дар мавриди онҳо фармудааст:
«Худованд қатъан мехоҳад палидиро аз шумо аҳли байти паёмбар дур кунад ва шуморо пок созад». (Сураи Аҳзоб, ояти 33)
Ровӣ мегӯяд: Ҳеҷ рӯзеро надида будам, ки мардум монанди он рӯз бигирянд. (7)
Марҳилаи чорум: Берун шудани Ҳасан ибни Алӣ (р) бо лашкари Ироқ аз Куфа ба сӯи Мадоин ва фиристодани қувваи зарбазананда ба сӯи Маскан, ки онро «Шуртатул-хамис» меномиданд, бо роҳбарии Қайс ибни Саъд ибни Убода. (8)
Ибни Саъд дар Табақот аз тариқи Шаъбӣ овардааст: Аҳли Ироқ баъд аз Алӣ (р) бо Ҳасан (р) байъат намуда, ба ӯ гуфтанд: Акнун ба сӯи онҳое, ки аз амри Худо сарпечӣ намуда, зимоми умури мардумро ба зулму ҷафо гирифтаанд, равон шав. Мо умед дорем, ки Худо моро бар онҳо ғолиб мегардонад. Ҳамин тариқ Ҳасан (р) ба сӯи аҳли Шом равон шуд ва дар пешопеши лашкар Қайс ибни Саъдро бо дувоздаҳ ҳазор аскар равон намуд. (9)
Аз ин ривоят маълум мегардад, ки аҳли Ироқ бидуни рағбати Ҳасан (р) ӯро ба қитоли аҳли Шом водор сохтаанд. Ибни Касир мегӯяд: нияти Ҳасан (р) бо касе ҷангидан набуд, лекин дар иҷтимоъи бузурге, ки мисли он дида нашуда буд, ба ин хулоса омада, ҳазрати Ҳасан (р)-ро ба ҷанги аҳли Шом водоштанд. Ҳасан (р) аз худ зиракию ҳушёрии хубе нишон дод, ки бо хоҳиши аҳли Ироқ дар аввал мухолифат накард ва майли худро барои сулҳ намудан бо Муъовия (р) нишон надод, зеро сабукию дағалии он мардумро медонист. Аз ин рӯ хост аз рафтори эшон далеле барои дуруст будани назари хеш бисозад. Бад-ин хотир барои рафтан ба ҷанги аҳли Шом бо онҳо розӣ шуд. Мувофиқи қавли роҷеҳ равон шудани Ҳасан (р) аз Куфа ба сӯи Мадоин дар моҳи сафари соли 41-уми ҳиҷрӣ будааст. (10)
Марҳилаи панҷум: Берун шудани Муъовия (р) аз Шом ва равона шудани ӯ ба Ироқ, баъди огоҳ шуданаш аз берун шудани Ҳасан(р) аз Куфа ба сӯи Мадоин бо лашкараш.
Ин воқеъа, яъне берун шудани Муъовия (р)-ро бо лашкараш ба сӯи Мадоин ибни Саъд низ дар Табақот овардааст. Муъовия (р) низ ҷароҳати вазнине бар асари ҳамлаи Барак ибни Абдуллоҳи Тамимии хориҷӣ бардошта буд. Ин ҳамла аз ҷумлаи ҳамлаҳое буд, ки дар бомдоди ҳамон рӯзе, ки Алӣ (р) ба қатл расида буд, сурат гирифт. Мувофиқи нақша бояд волии Миср низ дар ин вақт ба қатл расонида мешуд.
Ҳангоме, ки Ҳасан (р) дар Мадоин буд, шахсе аз аҳли Ироқ нидо дардод, ки Қайс кушта шуд ва бо ҳамин бебандуборӣ дар лашкар ба вуҷуд омад ва то андозае расид, ки ҳатто Ҳасан ибни Алӣ (р) ғорат ва маҷрӯҳ карда шуд. Чун Ҳасан (р) ин ҳодисаро мушоҳида намуд, яқинан бовар намуд, ки аз ин гуна лашкар фоидае нест ва қадамҳои мустаҳкам ва сареъатаре ба сӯи сулҳ бояд гузошт.
Марҳилаи шашум: Дар ин марҳила байни Ҳасан (р) ва Муъовия (р) расулон рафту омад намуданд ва сулҳ ба вуқуъ пайваст. Имом Бухорӣ ин лаҳзаҳоро аз тариқи Ҳасани Басрӣ чунин ривоят кардааст: Ҳасан (р) бо лашкари хеле бузурге бо Муъовия (р) рӯ ба рӯ шуд. Чун Амр ибни Ос инро дид, ба Муъовия (р) гуфт: Барои даст ёфтан ба вилоят ин лашкар ва саркардаҳои онро аз байн бояд бурд. Муъовия (р) гуфт: эй Амр, агар ин лашкар он лашкарро ва он инашро ба қатл расонад, пас кӣ идораи умури мардумро ба ӯҳда ва кӣ сарпарастии зану фарзандони онҳоро ба дӯш мегирад? Сипас ду мардеро аз Қурайш аз Бани Абдушамс бо номи Абдурраҳмон ибни Самра ва Абдуллоҳ ибни Омир ибни Курайҷ ба сӯи Ҳасан (р) фиристода гуфт: назди Ҳасан (р) равед ва ба ӯ ин пешниҳодҳоро расонед ва ҷавоби ӯро барои ман биёред. Он ду шахс назди Ҳасан (р) рафта, пешниҳод ва талаботи Муъовия (р)-ро ба ӯ расониданд. Ҳасан (р) низ дар навбати худ розӣ шуда, ба онҳо талабу пешниҳод ироа намуд ва аз он ду шахс оид ба иҷрои баъзе корҳо замонат гирифт ва бо Муъовия (р) сулҳ намуд. Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯяд: Аз Абӯбакрата шунидам, ки мегуфт: ҳазрати паёмбар -ро дидам, ки болои минбар дар ҳоле, ки Ҳасан (р) дар паҳлӯяш буд ва ӯ гоҳ ба мардум гоҳе ба Ҳасан (р) менигарист, чунин гуфт: «Ҳароина ин писари ман сайид (пешво ва роҳбар) аст ва умед аст, ки Худованд (ҷ) ба воситаи ӯ байни ду гурӯҳи бузурги мусалмонон сулҳ биёварад». (11)
Ибни Ҳаҷар дар бораи фоидаҳои аз ин сулҳи истинботшуда чунин гуфтааст:
1. Аз ҷумла фоидаҳои ин қисса ин аст, ки он нишонае аз нишонаҳои нубувват аст.
2. Ахлоқи некӯи Ҳасан (р) дар он инъикос шудааст. Чун ӯ хилофатро ба хотири ҳифзи хуни мусалмонон ва ҳифзи иттиҳоди онҳо тарк гуфт, дар ҳоле ки дар авҷи қуввату қудрат буд.
3. Ин қисса раддест аз даъвои хавориҷ, ки ҳазрати Муъовия (р) ва ҳазрати Али (р)- ро бо пайравонашон кофир гуфтаанд, дар ҳоле ки паёмбар онҳоро ду тоифаи мусалмон гуфтааст.
4. Фазилати ислоҳ байни мардум.
5. Дар ин қисса далолат ба нармдилии Муъовия (р) нисбат ба мардум ва шафқати ӯ ба мусалмонон ва ботадбиру дурандеш буданаш вуҷуд дорад.
6. Аз ин қисса фаҳмидан мумкин аст, ки шахси беҳтар метавонад дар ҳоли беҳтарин ба маснади хилофат нишинад. Ин ҷо Ҳасан (р) ва Муъовия (р) ба хилофат расиданд, дар ҳоле ки Саъд ибни Абӯваққос ва Саъд ибни Зайд дар қайди ҳаёт буданд.
7. Тибқи ин ривоят ҷоиз аст, ки халифа барои масолеҳи ислом ва мусалмонон дар баробари моле, ки аз тарафи муқобил мегирад, аз хилофат канорагирӣ кунад ва вазоифи динӣ ва дунявии худ дар заминаи ҳукуматро ба ӯ вогузор кунад. Албатта, шарти лозим барои ҷавози чунин коре ин аст, ки шароите, ки миёни халифаи қаблӣ ва кунунӣ муқаррар гардида, иҷро шавад ва касе, ки ба хотири ӯ аз хилофат канорагирӣ мешавад, дорои салоҳият бошад. Ҳамчунин моли мазкур бояд аз амволи шахсии фард бошад, чунончӣ вилояти умумӣ матраҳ бошад ва амволи пардохтӣ аз байтулмол пардохт шавад, ҳатман бояд маслиҳате, ки ба хотири он аз байтулмол ва амволи умумии ҳазинашуда оммулманфиат бошад ва ҷанбаи шахсӣ надошта бошад. (12)
Ибни Саъд низ ривояте оид ба сулҳ меорад, ки монанди ривояти Имом Бухорӣ аз аҳамият холӣ нест. Ибни Саъд аз Амр ибни Динор овардааст, ки Муовия (р) ба хубӣ дарк карда буд, ки Ҳасан (р) беш аз ҳама аз ин, ки мардум дучори фитна ва ошӯб шаванд нохӯш аст ва вуқӯи чунин ҳодисаеро нописанд ва зишт медонад. Бар ҳамин асос Муовия (р) пас аз шаҳодати Алӣ (р) шахсеро назди Ҳасан ибни Алӣ (р) фиристод ва махфиёна пешниҳодҳои худро матраҳ кард ва қавл дод, ки агар Ҳасан (р) ба пешниҳодҳояш амал кунад, ҳатман ӯро пас аз худ ба унвони халифа муарифӣ мекунад. Саранҷом Ҳасан (р) ба ӯ эътимод кард. Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) мегӯяд: пас аз ин ман назди Ҳасан (р) нишаста будам ва чун хостам аз ҷоям бархезам Ҳасан (р) аз ҷомаам гирифт ва гуфт: эй мард! Биншин. Ман нишастам ва он гоҳ Ҳасан (р) гуфт: тасмиме гирифтаам, ки мехоҳам ту ҳам дар иҷрои он аз ман пайравӣ кунӣ. Гуфтам: чӣ тасмиме?
Гуфт: Дер замоне аст, ки мардум гирифтори фитна ва ошӯб шудаанд ва пайванди хешовандияшон канда шудааст, хуни бисёре бар замин рехта ва роҳҳо ноамн гардида ва роҳзаниҳо равнақ гирифтаанд. Қасди он кардаам, ки раҳсипори Мадина шавам ва умурро ба Муовия (р) вогузорам. Гуфтам: Худо туро подоши нек диҳад, ман низ бо ту мувофиқам. Ҳасан (р) гуфт: Ҳусайнро ба наздам бихон. Ҳусайн (р) назди Ҳасан (р) омад ва Ҳасан (р) ончиро, ки бо ибни Ҷаъфар ба миён гузошта буд, бо ӯ низ матраҳ кард ва дар робита бо ин мавзуъ назари ӯро хост. Ҳусайн (р) гуфт: аз Худо битарс ва коре накунӣ, ки мубтанӣ бар тасдиқи Муовия (р) ва такзиби корҳо ва иқдомоти падарат Алӣ (р) бошад. Ҳасан (р) гуфт: савганд ба Худо иродаи ҳар кореро, ки кардам ту дар анҷоми он бо ман ба мухолифат бархостаӣ ва ҳамеша бар иқдомотам эътироз намудаӣ. Савганд ба Худо азм намудаам, ки туро дар хонае ҳабс намоям ва дарашро баста ба осудагӣ ба кору иқдомоти худ бипардозам. Вақте Ҳусайн (р) нороҳатии бародараш ҳазрати Ҳасан (р)-ро дид, гуфт: Ту бародари бузургам ҳастӣ ва ба унвони ҷонишини падарамон баргузида шудаӣ, бинобар ин мо пайрави ту ҳастем ва ҳар кореро, ки салоҳ медонӣ анҷом бидеҳ. (13)
Аз ривоятҳои Бухорӣ ва Ибни Саъд чунин хулосае ба миён меояд, ки Муовия (р) ба азми барқарории сулҳ бо Ҳасан (р) тамос гирифта, ба ӯ пешниҳоди сулҳ додааст… (14)
Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Таърих-ул-Ироқ фӣ зилли ҳукмил-умавӣ. -с. 67.
2. Мустадрак. 3/170.
3. Ал-Бухорӣ. № 7109.
4. Марвиёту хилофати Муъовия фӣ Торих -ат-Табарӣ. -с.125.
5. Марвиёту хилофати Муъовия фӣ Торих -ат-Табарӣ. -с. 156.
6. Ат-Табақот. 1/316-323.
7. Табақот.Таҳқиқи Суламӣ. 1\381.
8. Табақот. Таҳқиқи Суламӣ. 1/321.
9. Табақот. Таҳқиқи Суламӣ. 1/319-321.
10. Марвиёту хилофати Муовия фӣ торих ат-Табарӣ. -с.130.
11. Ал-Бухорӣ. № 7109.
12. Фатҳ-ул-борӣ. 13/71-72.
13. Табақот. Таҳқиқи Суламӣ. 1\330-331.
14. Марвиёту хилофати Муовия фӣ торих-ат-Табарӣ. -с. 138.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Агар аз хазина бароятон пул диҳам,бароям то моҳи оянда замонати зинда монданро медиҳед?

Умар ибни Абдулазиз (раҳ) духтари хурдсоле дошт. Рӯзи ид буд ва он духтарча гирякунон назди падар дохил шуд. Умар ибни Абдулазиз (раҳ) пурсид: духтарам, барои чӣ гиря мекунӣ? Духтар гуфт: Ҳама кӯдакон имрӯз либоси нав пӯшидаанд, аммо ман духтари амирулмуъмининаму либоси кӯҳна бар тан дорам.
Идома

Аз дидгоҳи Алӣ, разияллоҳу анҳу, авлавияти Абӯбакр

Дар ривоятҳои мутавотир аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, собит аст, ки аз дидгоҳи вай Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз дигар саҳобагон дида фазилати бештаре дорад ва дар хилофат аз ҳама муқаддамтар аст, аз ҷумла: