Раҳмонов ва ҳукумати вай ин бор ба ҷаласаи солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо наомаданд. Омада ҳам наметавонистанд. На инки шарм карданду хиҷолат кашиданд, на, аз ин ҳарфҳо нест. Шарм дар рухи онҳо набуд ва намешавад. Барои он наомаданд, ки дар ботлоқ гир уфтодаву дар мунҷалоби сохтаи худ дар мондаанд.
Гап дар сари он аст ки Раҳмонов имсол ошкоро ва дар пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ даст ба ҷинояти мудҳиш зад, ки Мулло Абдураҳиму Абдулло Роҳнамо ва ё ҳар фурӯхташудаи табдил ба чоплусу лесаки сухансозу суханбози бомалака ва мумтоз шуда ҳам, ки меомад, наметавонист, вайро таври дигар вонамуд кунад. Ба ҳиҷ ваҷҳ наметавонистанд ин ҳарфи Раҳмоновро, ки гуфт ман худам дастур додам, ки бикушанд, сафед созанд. Воқиан ин далели шайъӣ ва бурҳони қотеъ барои ба додгоҳи ҷиноӣ кашонидани Раҳмонов аст, ки мешуд бар асоси асноди ин нишаст ба додгоҳ мунтақил кард. Чаро ва бо чи асосе дастури қатл (безарар) гардониро дод?
Далелаш ҳам, ваҷҳи фармонаш ҳам ин будааст: «бо ин ҳол давлатдорӣ карда намешавад, сӣ сол тоқат кард.»
Ҳоло агар давлатдорӣ карда натавонӣ, бояд мардуми бегуноҳро ба қатл бирасонӣ? Барои онки ту давлатдорӣ бикунӣ, мардуми помирӣ кушта ва ҳадафи тири ту қарор бигирад?
Дар кадом давлат ва дар кадом гӯшаи дунё дидаеду шунидаед, ки барои онки як нафар давлатдорӣ бикунад, бояд мардумаш кушта бишавад? Ин ҳам дар ҳоле аст ки он мардум на силоҳе дораду ва на ҷанге кардааст?
Ин буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи неруҳои мухолифи режими Раҳмонов дар Аврупо дар ҷаласаи САҲА ин террори давлатии анҷомшуда алайҳи помириҳо аз тарафи Раҳмоновро дар сархати гузоришаш қарор дод:
«Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақалияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳ ва бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркуби тазоҳургарон кушта шуданд, Садҳо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон, аз ҷумла, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ва ё фирорӣ гаштанд.»
Раиси Паймони миллии Тоҷикистон аз он низ гуфт, ки режими Раҳмонов ба нуқтаи авҷ ва иртиқои давлати худкома расида ва ҷомеаи мадании мамлакатро беш аз пеш таҳти фишору тазйиқ қарор дод, ки ҳоло имрӯзҳо ин қишри бедору огоҳи ҷомеа дигар рамақе дар ҷон надорад ва ба номаш амал мекунад.
Нафари дигаре, ки дар ин нишаст пешниҳод ва тавсияи бисёр ҳам ҷолибе ироа кард Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон буд. Шерзамонов гуфт, ки бо онки беш аз панҷ сол аст дар дори ғурбат ва минҳайси як паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад, камтарин пешравӣ ва ё тағйироте дар низомҳои худкома мушоҳида намекунад. Барои ҳамин гуфт ӯ зарурат пеш меояд, ки дар сатҳи байналмилалӣ муносибат ва ҳамкорӣ бо роҳбарони дарозумри сиёсӣ, онҳое, ки беш аз 20 сол дар сари қудрат боқӣ мемонанд, бознигарӣ бишавад ва қатъи ҳамагуна ҳамкорӣ ва робита бо онҳо ногузир аст:
«То замоне, ки ба ном раисҷумҳурҳо 20 сол ва бештар аз он дар ҳукумат боқӣ мемонанд ва ҷаҳони мутамаддин аз фишурдани дасти онҳо парҳез намекунад, то замоне, ки сафирони кишварҳои демократӣ ба ифтихори поёни маъмурияташон барои онҳо зиёфатҳое дар пояи мансабдорони фосиди ин кишварҳо ташкил медиҳанд ва ҳукумати демократитарин кишвари дунё бовариномаи сафири кишвар — духтари диктотури бо роҳи ғайридемократӣ интихобшударо қабул мекунад, чӣ гуна роҳҳалҳои дигаре мешавад пешниҳод кард?»
Дар зимн, ҳамин гуна тавсия ва пешниҳодҳо, яъне бо ҳамин маънову мазмунро қаблан бархе аз шахсиятҳои машҳур ва фаъъолони сиёсӣ ироа дошта буданд. Ин гуна пешниҳод садо дода буд, ки маҳдудияти ҳуқуқӣ ва қонунии ҳузури як нафар дар сари қудрат дар кишварҳои бо низоми ҷумҳурӣ боястӣ дар сатҳи Созмони милали муттаҳид баррасӣ ва таъйид бишавад. Ин тавр нашавад, ки як нафар ба хотири нарафтан аз қудрат ҳар гоҳе бихост ба қонуни мамлкат тағйирот дароварда ва боз ҳам ҳокимияти худро тамдид кунад. Албатта, кишварҳои урупоӣ ва пешрафта бо ин гуна мушкил мавоҷеҳ нестанд ва кишвраҳои шоҳигарие назири Арабистони Саудӣ ҳам дар ин васат истисноанд, вал на кишварҳое, ки худро демократӣ мешуморанд, бар мабнои интихобот ҳокимият месозанд, барои онҳо ҳамчунин талаботи дар сатҳи ҷаҳонӣ бояд пазируфта бишавад. Чун маълум ва яқин аст ки ин чунин интихоботҳое, ки Раҳмонов ва амсоли вай, масалан ҳами Путин ва Лукашенко баргузор мекунад 99у аз даҳ 9% сохта, ҷаълӣ ва дасткоришуда аст. Вале азбаски бо ин ё он тариқае ҳукумат ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва аҳзоби дигарро саркуб кардаву маҷоли муборизаро надорад, фишор боястӣ аз тариқи байналмилалӣ сурат бигирад. Алим Шерзамонов дуруст пешниҳод мекунад, ки ҳамчунин кишварҳо бояд таҳти таҳрим қарор бигиранд ва легитимияти онҳо эътироф карда нашавад:
«Набояд ба ин гуна режимҳо машрӯъияти байналмиллалӣ дода шавад. Бо ҳар дафъа кори дохилии режимҳо эътироф кардани дасткорӣ дар овозҳои мардум, мо билохира ба ҷое расидем, ки бархе кишварҳо бо истифода аз механизмҳои интихоботӣ ғасби қаламрави кишварҳои ҳамсояашонро қонунӣ гардониданӣ мешаванд.»
Дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ҷамшед Ёров, раиси «Бунёди Бузургмеҳр Ёров» ва Мадинаи Ҳикматулло, як фаъоли иҷтимоӣ низ суханронӣ карда ва аз мушкилоти пайваста ва мудом дар ҳоли афзоиши нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҷамшед Ёров аз комилан бесалоҳият ва ба як ниҳоди бетаъсир бадал кардани адвокатура дар низоми додгоҳии Тоҷикистон суҳбат кард. Вай гуфт, ки баъди ворид кардани ислоҳот ба қонуни адвокат дар Тоҷикистон баъди соли 2015 нақш ва мақоми вакили дифоъ ба ҳадде пойин оварда шуд, ки дигар фаъолияти сафедкунанда дар Тоҷикистон танҳо ба номаш боқӣ мондааст.
“Мадина Ҳикматулло, ки мегуяд ночор шуд ҳамроҳ бо оилааш ҷилои ватан кунад аз он гуфт, ки занҳо дар Тоҷикистон мавриди хушунати сиёсӣ қарор гирифтаанд. Вай мегуяд, ки Улфатхоним Мамаҳмадшоеваи 65-сола бидуни кадом ҷурме ба 25 соли зиндон таҳдид мешавад. Мадина дар ин суханрониаш ҳамчунин аз Шоҳида Мамадҷонова, модари Абдураҳмон-09, блогери тоҷики муқими Олмон, ки ба шаш соли зиндон маҳкум шуд, ёдовар шуда аз муносибати мақомот бо ин зан, ки ба ҷойи писараш дар зиндон нишастааст, сахт накуҳиш мекунад.”
Мадина ҳамчун иттиҳом дар парвандаи Улфатхонум Мамадшоева ворид кардани грантро намунаи олии беҳуқуқии зани тоҷик арзёбӣ карда изҳори таҳаюр мекунад, ки солона ба миллионҳо доллар наафрони дигар ва худи ҳукумати Тоҷикистон грант аз созмонҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд, аммо маҳз грантгирии Мамадшоева ӯро гунаҳкор мекардааст.
Вале, боз ҳам савол инҷост ки чаро тарафи ҷониби ҳукумат нахост, ки дар ҷаласаи САҲА ширкат варзад?
Ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби неруҳои мухолиф бояд бо ҳам баҳс ва саволу ҷавоб мекарданд. Ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ. Маълум аст ки корҳои ҳукумат «каша», г..ҳи андар г..ҳ аст. Яқинан Раҳмонов ва тими эъзомии вай зери тал ва г..ҳи пушташуда мемонданд. Барои ҳамин Раҳмонов ин бор на Мулло Абдураҳимро фиристоду на Юсуф Раҳмоновро. Уҳдадории байналмилалии худро иҷро накард. Худро аз ҷомеаи байналмилалӣ музавӣ кард. Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари ёғӣ ном баровард.
Тоҷикистон дард дорад, айб дорад, муртакиби ҷурм аст, барои ҳамин худро дидаву дониста канор кашидаву ба дур нигоҳ доштааст. Ҳолати ҷолиби ин ҷаласа ҳам ин аст, ки дар он «террористҳо» саҳнаро гирифтаву ҳукуматро барои аъмоли террористӣ айбдор карда истодаанд.
“Воқеан ҳам хеле пурмаъност, ки се кишвари худкома ва дарозумрони сиёсӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, Александр Лукашенко, диктотури Аврупо аз соли 1994 ва Владимир Путин аз соли 1999 ба ин тараф роҳбарӣ карда истодаанд, натавонистанд, намояндаҳои худро бифиристанд. Дар ҳоле,ки дар нишастҳои солонаи САҲА ҳамасола ҳузур доштанд. Курсиҳои барои намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардаи масъулони ин ҳамоиш холӣ аст. ”
Беҳтар буд онҳо курсиҳои ҳукумат дар Тоҷикистонро холӣ мекарданд ва Раҳмоновро ҳам бо худ мебурданд.
Маълум нест, ки дар рӯзҳои баъдӣ ҳукумати Тоҷикистон дар кори ҷаласаи солонаи САҲА ширкат мекунад ё не. Аммо ин рӯзи сеюми конфронси САҲА асту аз намояндаи “пешво” ҳеҷ дараке нест, вале яқин аст аст онҳо хуб медонанд, ки муттаҳамиашон бештар рӯ хоҳад шуд.
Ps: Хонандаи гиромии “Ислоҳ” мо хело мехоҳем таҳлилҳои ҳар рӯза аз САҲА бароятон тақдим намоем,то шуморо аз ончи мегузарад огоҳ намоем. Чун тарафи Тоҷикистон нест дар ин ҷаласа он қадар ҷолиб наменамояд ин конфронсу ин ҷаласаҳо. Масалан мисли солҳои гузашта Раҳим Карим Тажикистан ва ё Абдулло Роҳнамо ва ё Юсуф Раҳмону чанд тардоманаки дигар иштирок мекарданд матолибу таҳлилҳои ҷолибтар мешуд тақдим намудан. Аммо инҷо танҳо мухолифон мегӯянд ва аз ончи воқеъияти ҳолу рӯзгори мову шумост аз он мегӯянду ҷомеаи ҷаҳонӣ онро мешунаванд. Имсол “пешво” дар сакарот қарор дорад ва ҳайати рӯсурхаконро нафиристод, то рангинтар шавад. Аммо ҳар нуктаи муҳимме шуд аз он хоҳем гуфт.