Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон. (дар партави Қуръон ва суннат) (бахши чаҳорум)

Ислоҳ нет

Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон.
(дар партави Қуръон ва суннат)
(бахши чаҳорум)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
11. Ҳамеша ба Худовандат таваккал намо.
Мусибат низ яке аз неъматҳои Худованди карим аст. Ҳангоми расидани мусибат ва ё балое инсон бояд биштобад ба сӯи ибодат ва ниёиши Холиқаш. Ҳангоми расидани он мусибат, ки ту тоъату ибодат мекунӣ он ҳангом лаззати он ниёиш ва ибодатро дарк хоҳӣ кард. Яқин дошта бош, ки роҳкушои ҳама мусибат ва мушкилот танҳо Худованд аст.
Бузургтарини тоъат ва мартабаи хеле воло ва наздик шудан ба Худованд ин таваккал кардан ба Уст. Ҳарчи бар сарат омадаро танҳо ба Ӯ вогузор кун. Танҳо дар таваккал қалб шуҷоъ ва оромишро дарёфта, равони инсон роҳати томро эҳсос менамояд. Инро низ бидонед, ки Худованд дӯст медорад тавккалкунандагонро ва онро дар каломи ҷовидонаи худ Қуръони карим чунин сутудааст:
“Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо эшон машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худо таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад.”( Сураи Оли имрон ояти, 159)
Худованд ҳеҷ гоҳ онеро, ки дӯсташ дорад на азобаш мекунад ва на дур менамояд ӯро аз худаш ва на пардаест миёни ин банда ва Аллоҳ таъоло. Боз дар ҷои дигар дар Қуръони карим мефармояд:
“Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Худо таваккул кунад, Худо ӯро кофист. Ҳаройна, Худо кори худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар чизро андозае қарор додааст.”(Сураи Талоқ,ояти 3)
Аз ин ояти карима низ чунин бар меояд, ки фазилат ва бартариест шахси таваккалкунандаро. Таваккал бузургтарин роҳу равишест, ки накӯиҳоро ҷалб месозад ва зарарҳову мусибатҳоро аз сари шахси таваккалкунанда дур менамояд.
Худованд тадбир менамояд ҳама корҳоро ва ончуноне, ки худаш мехоҳад ва ба дасти Ӯст ҳама ончи дар замину осмонҳост. Барои тақвияти ин гуфтаамон сухани Худовандро, ки дар ин маврид фармудааст бароятон бозгӯ менамоем:
“ Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид, сипас ба Арш муставӣ шуд, тартиби корҳоро аз рӯи тадбир мекунад. Ҷуз ба рухсати ӯ шафоъаткунандае набошад. Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо. ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред?”
( Сураи Юунус,ояти 3 )
Ҳамеша яқин дошта бош, ки он кӯшиш ва заҳматҳое, ки мекаши барои ҳалли он мушкилоти бар сарат омада танҳо ва танҳо он амалҳоят барои рафъи он мушкилот сабабе аз сабабҳост. Вале калиди қуфли ниҳоии он дар дасти Худованд аст. На танҳо аз он мушкили бар сарат омада, балки калиди ҳама заминҳову осмонҳо дар дасти Ӯст. Агар кореро хоҳад ҳатман мешавад, агар нахоҳад намешавад. Хонандаи гиромӣ каме тааммул намо дар ин ҳадиси гуҳарбори Расули Акрам (с), ки чунин зебо гуфтааст :
واعلم أَنَّ الأمة لو اجتمعت علي أن ينفعوك بشيءٍ؛لم ينفعوك إلاّ بشيءٍقد كتبه اللهٌ لكَ؛ولو اجتمعوا علي أن يُضُرُّكَ بشيءٍ لم يَضُرّوُكَ إلاَّ بشيءٍ قد كتبهُ اللهُ عليكَ؛رُفعتِ الأقلامُ و جفَّتِ الصُّحُفُ( رواه الترمذي)
“Бидон агар(ҳама) уммат якҷоя шаванд барои онки туро фоидаат расонанд ба чизе.Ҳаргиз фоидаат расонида наметавонанд ончизероки Аллоҳ бар ту навиштааст(ва муқаддар кардааст онро онро мебини) Агар ҳама(уммат бозҳам ) ҷамъ шаванд ё якҷоя шаванд инки туро зараре бирасонанд ба чизе,зарар расонида наметавонанд туро ба чизе(магар ончизеро мебини,ки бар ту ё тақдират навишта шудааст онро мебини) Қаламҳо бардошта шуданд ва саҳифаҳо холи ё хушк боқи мемонанд.(яъне чизе дар олам бидуни машият ва иродаи Аллоҳ сурат намегирад агарчӣ ҳама олам бихоҳанд онро) (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Тирмизӣ)

Дар охир мехоҳам ин шеъри зеборо, ки ба мавзуъи мо иртиботи бевосита дорад дар ин бахш бароятон тақдим намоям.
Ҳеҷ чиз аз банда махоҳ.
Агар дод миннат аст
Агар надод зиллат аст,
Ҳама чиз аз Худо бихоҳ
Агар дод неъмат аст,
Агар надод ҳикмат аст.
12. Бар мардумон бо сухан ва амалат накӯи кун.
Яке аз сабабҳое, ки дур менамояд аз инсон ғам ва мусибатро ин накӯӣ бар халқи Худост. Чи он некӣ боамал бошад ё бо сухан бошад ё бо ҳар роҳе, ки худ накӯ мебинӣ онро анҷом бидеҳ. Худованд дар Қуръони карим фармудааст:
“Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷӯӣ фармон медиҳанд. Ва он касро, ки барои хушнудии Худо чунин кунад, музди бузурге хоҳем дод.” ( Сураи Нисо,ояти 114)
Шаих Абдурраҳмон Саъдӣ дар тафсири ин ояти карима чунин мефармояд:
«Худованди карим бо баёни ин ояти карима чунин мехоҳад ба мо бандагонаш бигӯяд, ки ҳама ин аъмоли баён гашта хубиҳост, агар аз инсон анҷом шавад. Ҳамеша накӯӣ ва хайрхоҳӣ меоварад бар инсон накӯӣ ва фарохиро ва дур менамояд аз инсон бадиҳо ва шарро. Ҳар ойна шахси муъмин бо анҷоми аъмоли хуб аҷр ва подоши бузурге хоҳад гирифт. Аз ҷумлаи подоши бузург ин дур сохтан аст, инчунин аз шахс ғам, андӯҳ ва мусибатҳоро» Пас дар анҷоми чунин корҳо яке аз пештозон бош, то ин саодатро аз даст надиҳӣ.
Шайх Саъдӣ дар идомаи тафсири ин оят чунин мегӯяд: «Унвон ва роҳи саодату хушбахтии банда ин ихлоси бандагӣ бар Худовандаш аст ва инчунин саъйу кӯшиш кунад дар накӯӣ ва хубӣ бар бандагони Парвардигораш»
13.Зиёд намудан зикри Худованд.
Яке аз сабабҳоеки боз ва фарох менамояд синаи инсонро ва хотирашро осуда ва ғаму андуҳро аз у дур менамояд хосатан ҳангомиеки ба У мусибате мерасад.Ин зиёд намудани зикри Худованд астдар ҳар вақт ва ҳолатеки набошад.Воқеъан ин хеле таъсири аҷибе бар руҳу равони чунин шахсе мерасонад.Инро намедонад магар шахсеки инро таҷруба намудааст.Худованд дар қуръони карим мефармояд:
“Онон, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбанд!”
(Сураи Раъд,ояти 28)
Боз дар ояти дигаре чунин мефармояд:
” Ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва дар корҳои нек шитоб меварзанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд.”(Сураи Оли Имрон,ояти 114)
Шоёни зикр аст,ки ин ояти мутабаррикаро Ҳазрати Иброҳим(а) борҳо такрор намуданд онҳангом,ки Уро дар оташ андохтанд.Ин оятро Ҳазрати Муҳаммад(с) гуфтааст вақтоки гуфтаанд бар Ӯ (Сураи Оли Имрон,ояти 114)
Ва ё ин сухани зебои ( لا حول ولا قوة إلاَّ با الله (
Пас маълум гардид ,ки зикрро асари бузургест дар пайдо намудани ончи барои инсон зарур ва хоҳони он аст.
14. Паноҳ набурдан ба сӯи корҳои ҳаром.
Ҳангоме, ки инсонро мусибате домангир гардид мисли талоқ ё ҷудоӣ ва ё ҳар ончизе, ки аз омадани он мусибат дар ҳаросӣ. Набояд дар фикри ҳалли ин мушкилот аз амалҳои ҳаром кӯмак талаб намоӣ. Мисли рафта назди фолбинҳо, ҷодӯгарҳо, пешбинҳо китобкушоӣ, бахткушоӣ, зеро ин аъмол дар дини мубини ислом ҷоиз нест ва талаби кӯмак кардан аз онҳо бароят зарари бузурге дар дину имонат дорад. Инчуни аъмоле, ки бар муқобили касе, ки аз ӯ ба ту зараре расидааст ва ҳамчун интиқом бар ӯ ин аъмолро бихоҳӣ бар зидаш анҷом бидиҳӣ низ бароят оқибати вахиме дар охират дар пай дорад. Хоссатан ин аъмол дар ҷомеъаи кунуни Точикистони мо дар миёни занон ва хоҳарон ба касрат дида мешавад, ки хело ҷои таассуф ва нигаронкунанда аст. Хоҳари гиромӣ як лаҳза тааммул кун ба ту мусибате аз шавҳарат расидааст. Масалан зан гирифтааст ва ё ҷавон духтаре барои он ки он писаре, ки ӯро изҳори муҳаббат намуд ва бо пайдо шудани духтари дигаре райашро иваз кард ва ё баръакси ҳол. Ё бисёр ҳолатҳои гуногуни дигаре дар зиндаги рух медиҳад чи аз хушдоман бар сари келинаш ва ё бар акс ва дигару дигар. Шумо мехоҳед бо истифода бурдани ҷодуву сеҳр онро иваз намоед, магар ин роҳи ҳали мушкилот аст? На хоҳар ва модари азиз. Ин танҳо як амалест, ки шумо худро гунаҳгор намудед ва як шахси солимеро но солим намудед ва чи қадар мусибатро дар дуне бар сари худ ва хонаводаҳои гуногун овардед, ки нобахшуданист. Барои чунин ҳолатҳо Сар назананд илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ гуфтаанд. Шавҳари худро бо тарзи бояду шояд эҳтиром намоед ва ҳама хоҳишоташро бароварда созед.Чунонеки худро дар хурсандиҳои русҳо ва меҳмонӣ рафтанатон орою торо медиҳед ва зебогиятонро барои шавҳаратон ҳамеша ба намоиш бигузоред. Ҳангоми ба кор рафтан ва омаданаш пешвозаш гиред. Рағбатҳояшро бароварда созед, ман бовари комил дорам чашмони ин мард дар муқобили занони дигар кӯр ва забонаш лол ва гӯшҳояш ношунаво аз садои зани ғарибае, ки мехоҳад шавҳаратонро мафтуни худаш намояд, мегардад. Ин вақт шуморо ниёзе ба ҷодӯгаре пайдо намегардад ва зиндагии хуберо хоҳед кард. Агар ҳама ончи гуфтам анҷом надодед ва шавҳаратон аз шумо норозӣ гашт, пас худро маломат созед на шавҳарро.
Барои чи ман хитоб ба хоҳарон дорам? Барои он ки танҳо дар назди ин фолбину ҷодӯгарон занҳоро хоҳӣ дид, чунонеки гуфтаанд: «Ончӣ аён аст ҳоҷат ба баён нест» Аз ин хотир худро гунаҳгор ва осӣ назди Худованд нагардонед. Дар умум ба ҳамагӣ гуфтани ҳастам, ки агар мусибате ба ту аз касе расид онро ба сеҳру ҷодӯ набояд ҳал кард, зеро ин роҳи ҳали мушкилот нест. Ба хости Худованди кариму корсоз туро дар ин мусибати расида аз ҷониби Худованд аҷру подошест. Ва ҳамеша худро бипурс барои чӣ ин мусибат ба ман расид, зеро ҳар мусибате бар сари инсон расида ҳатман аз амали анҷомдодаи ӯст. Агар дар ҳама ҳолот бар нафси худ соҳиб ва мусаллат бошед мусибате нахоҳад бар шумо расид.
“Агар шуморо мусибате аз мусибатҳо, расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Худо бисёре аз гуноҳонро афв мекунад.”( Сураи Шуро,ояти 30)
Бародар ва хоҳари гиромӣ бо анҷоми чунин амал ҳаёти дунёӣ ва охирати ҳамешагии худро бар бод мадеҳ, ки мо аҳодиси зиёде бар зидди ҷодӯгарону соҳирон аз Расули Акрам (с) дорем, ки бо ваъдаҳои гуногун онҳоро маҳкум ва аз ислом берунашон хондааст:
Расули акрам (с) нисбати соҳирон чунин фармудааст: “Дурӣ биҷуед аз ҳафт ҳалок кунанда аввалаш ширк ба Худо ва пас аз он сиҳр…”
(ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳ)

15.Мумкин аст чизеро шумо бад бинед, ки он бароятон хуб бошад.
Фикри биниш ва андешаву гумони банда маҳдуд ва дорои камиву кутоҳиҳост. Зеро ончизеро, ки имрӯз бо пиндори худ онро мусибаташ медонад, мумкин аст он фардо барояш як кори хаир ва хубии бузурге бошад.
Худованди кариму корсоз дар ин маврид дар Қуръони карим чунин мефармояд:
“..Шояд чизеро бад бубинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро дӯст дошта бошед ва ӯ бароятон бад бошад. Худо медонад ва шумо намедонед!” (Сураи Бақара, ояти 216)
Воқеъан, агар каме таъаммул намоем дар ин ояти қуръонӣ ҳикматҳо ва асрори гуногунест барои некуаҳволии бандагон. Агар инсон бидонад, ки он чизе, ки имрӯз онро бад ва ё мусибаташ мепиндорад он барояш хуб аст. Он чизеки дӯст медорад, ки ба он муяссар гардад ва дар орзуи расидан ба он талош дорад он барояш бад ва мусибат аст. Намедонад, ки ончи хоҳони ӯст бар зарари ӯст ва онеки мусибаташ медонад он ба нафъу суди ӯст. Зеро аз он танҳо Худо огоҳ аст на инсон бо ин фикри кӯтоҳе, ки Худо ба мо додаст.
Дар ҳаёт мо шоҳиди чандин воқеъаҳое ҳастем, ки пас аз чанде ҳикмати он бар мо маълум ва ошкор мегардад. Он амале, ки мо нахуст бадаш мепиндоштем, вале на чунон будааст. Масалан занеро мебинем, ки талоқаш додаанд, вале талоқи он мард барояш хайр буд, зеро шавҳаре пайдо кард, ки беҳтар аз аввалӣ буд. Ё мардеро дидем, ки дар зиндагӣ бо зани аввалаш зиндагии хубе надошт ва пас аз ҷудоӣ зани хуберо Худо ба ӯ муяссар намуд, ки нахуст аз бахташ менолид, вале пас аз издивоҷи дигар зиндагияш беҳтар аз аввал гашт. Ё ҳодисае анҷом гирифт ва шахсеро гум карди, ки бақои он ҳам барои худаш ва барои ту ва дигарон зарари бузурге дошт. Чунин мисолҳо зиёданд. Бо каме тааммул ҳама ончи дар ҳаётатон рух додаст бароятон бозгӯ кунандаи он аст, сипас бо худ мегӯед, хуб шуд, ки чунон шуд, вагарна ҳозир бароям мушкилу мусибат мегашт ва ё хуб шуд чунон нашуд, вагарна бароям ҳозир мусибат мегашт. Аз ин рӯ ҳамеша ҳарчи бар саратон ояд онро бо тааммул фикр кунед, сипас хулоса бароред. Зеро ту мехоҳӣ, аммо ман мехоҳам. Худо мекунад ончиро, ки худаш мехоҳад.

Share This Article