Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон. (дар партави Қуръон ва суннат) (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон.
(дар партави Қуръон ва суннат)
(бахши дуввум)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
4. Гумони нек.
Барои фарди мусалмон лозим аст, ки нисбат ба Худованд гумони нек дошта бошад. Расидани рӯзи хуҷаста ва нек хеле наздик аст. Тулӯи офтоби тобоне, ки хабар аз расидани навиди фараҳбахшеро, ки аз дер боз дар интизораш будӣ хоҳад расонд, зеро пас аз ҳар мушкилоте осоние ҳаст. Биноан дар ҳама ҳол бо шахсе, ки мушкил дорӣ гумони нек дошта бош ва инро низ фаромӯш масоз, ки Худованд ҳамроҳ бо гумони неки бандааш аст. Агар ту гумони нек дошта бошӣ корҳо ҳама бо иродаи Худованди якто ба хубӣ анҷом меёбанд. Гумони нек ба бародари мусалмонат ин нафсу равони туро ором ва рӯҳатро болидаву хотиратро осуда месозад. Тарафи муқобил, ки ба ту узр ва сабабе пешниҳод менамояд ӯро қабул, ба ҳар сухани ӯ тааммул ва фикр кун, то он мушкили ба вуҷуд омадаро ба хубӣ ва бе муҷодала ҳал намоед. Зеро бисёри мушкилоти рӯзафзуни ҷомеъаи кунунии моро гумонҳои бад мушкилтар месозад ва ба оташи он равған пошида, онро чунон вахим менамояд, ки ҳол ба харобӣ ва мушкилот мерасонад.
Дар ёд дорам яке аз дӯстонам, ки хеле марди наҷибу инсони шариф буд бо як нафар мушкиле дар хусуси кор миёнашон сурат гирифт. Он тарафи муқобил ӯро таҳдид намуд ва бо суханони нохуше ӯро ранҷонид дар ҳоле, ки он дӯстам номае ба он дар хусуси ончи гузашта буд навишт, аммо шахсе, ки бояд номаро ба ӯ мерасонд таъхир кард. Вақте, ки нома ба дасташ расид ва онро хонд ончи, ки бояд рух медод дӯстам ба тафсил навишта буд, аммо таъхири нома чӣ қадар мушкилӣ ба бор овард ва гумони бад он дуро аз ҳам ҷудо намуд, ки ҳарду аз ин тавр сурат гирифтани кор нохуш буданд.
Дар таърих ва сирати Расули Акрам (с) мехонем, ки аз ин масъала хабар медиҳад ва барои мо дарси муассирест. Ҳангоме, ки Ҳафса духтари Умар ибни Хаттоб (р) бева монд ҳазрати Умар (р) барои онки духтарашро хонадор намояд назди Абӯбакри Сиддиқ (р) рафт ва хост бо Ҳафса издивоҷ намояд. Ин ҳангом Ҳазрати Абӯбакр (р) ба ӯ чизе нагуфт. Сипас ҳазрати Умар (р) назди Усмон ибни Афон (р) рафтанд ва ба ӯ ин пешниҳодро карданд, аммо ҳазрати Усмон (р) чунин посух доданд, ки ман издивоҷ намекунам, (зеро ин ҳангом ба тозагӣ духтари расули акрам (с), ки ҳамсари Усмон (р) буд аз дунё гузашта буданд ва бад-ин ҷиҳат он Ҳазрат посухи рад доданд. Ин ҳолат ҳазрати Умар (р)-ро сахт андӯҳгин кард ва назди Расули Акрам (с) аз ин ҳол шикоят бурд, ки чунин кардам ва чунин посух гирифтам. Расули акрам (с) ба Умар (р) чунин гуфт: «Ҳафса бо он кас издивоҷ, мекунад, ки аз Усмон беҳтар аст, аммо Усмон бо он касе издивоҷ мекунад, ки аз Ҳафса беҳтар аст».
Сипас Расули акрам (с) аз Ҳафса духтари Умар (р) хостгорӣ намуданд ва Умар (р) Ҳафсаро ба ақди он Ҳазрат (с) дароварданд. Расули акрам (с) духтараш Руқияро ба ақди Усмон дароварданд ва сухани Расули Худо (с) таҳаққуқ пайдо кард.
Мақсад аз овардани ин қисса он буд, ки пас аз ин издивоҷҳо Ҳазрати Абӯбакр (р) бо Умар (р) рӯ ба рӯ шуданд ва Абӯбакр (р) аз Умар (р) узр хостанд ва барои дур кардани гумони бад дар мавриди ин мавзуъ гуфтанд: Эй Умар ман назди Расули Худо (с) будам ва он Ҳазрат (с) аз Ҳафса ёдоварӣ намуданд ва мақсад дорад, ки бо Ҳафса издивоҷ намояд, вале ман ки инро медонистам барои онки сирри он Ҳазрат (с)-ро ифшо накунам ба ту ҳеҷ посух надодам, агар инро намешунидам ва намедонистам ҳатман бо Ҳафса издивоҷ мекардам. Бале, ин аст мардонагӣ ва дур намудани гумони бад аз миёни якдигар ва ин як омӯзаи хубест барои ононе, ки дар баробари бародараш гумони бад мекунад. Ин панди хубест барои аз байн бурдани гумонҳои бад аз миёни як дигар. Умед аст ба ин бо таваҷҷӯҳ назар мекунем.
5. Пинҳону пӯшида нигоҳ доштани мушкилоту мусибатҳо.
Расули акрам (с) ба ин масъала таваҷҷӯҳи хосе медоданд ва онро дар ҳадисе чунин баён карданд: «Хубу писандида аст, ки инсон мусибатҳои бар сараш омада ва бемориҳову садаққаи кардаашро пӯшидаву пинҳон дорад».
Агар мусибате бар сари одам омад ва он танҳо хоси худи ӯ бошад ва пӯшидани он имконпазир бошад хуб аст онро пӯшида нигоҳ дорад ва ин амал яке аз амалҳои хуб ва наҷиби инсонӣ аст, зеро инсон бо ин амалаш сирреро пинҳон медорад, ки танҳо миёни худ ва Холиқаш аст ва уламо ин амалро яке аз аломатҳои ризо ва қаноъат дар неъматҳои Худо мешуморанд ва чунин шахсро назди Худо подоши бузургест.
Аҳнаф ибни Қайс мегӯяд: «Муддати чиҳил сол ман биноиямро аз даст додам, аммо онро ба касе нагуфтам»
Ҳангоме, ки яке аз чашмони Ато (раҳ) ба об рехтан шуруъ намуд муддати бист сол бо он ҳол зиндагӣ кард ва касе аз аҳли хонаводааш аз он хабар наёфт.Танҳо пас аз об рафтан аз чашми ҳазрат,наздиконашон аз он огоҳ гаштанд.
Шақиқи Балхӣ (раҳ) яке аз шогирдони имом Абуҳанифа (раҳ), ки мадфун дар ҷануби Тоҷикистон аст мегӯяд: «Шахсе аз мусибатҳояш назди ғайри Худо шикоят кунад, ҳаргиз дар дилаш аз барои тоъати Худованд ҳаловату лаззати онро нахоҳад ёфт.
Дар ин робита Расули акрам (с) фармудаанд: «Яке аз бузург доштан ва шинохтани ҳаққи Худовандӣ он аст, ки ҳаргиз аз дардат шикоят накунӣ ва мусибататро ба касе нагӯӣ ( ба ғайри Худо)».
Хонандаи гиромӣ, магар инсон чунин нест? Ҳангоме, ки мусибате доштӣ ва аз он дур шудӣ он гоҳ пушаймон мегардӣ, ки чаро ман ин сири худ фош кардам. Шояд рузе ӯ инро бароям таъну маломат занад, ки ин барои обурӯятм хуб нест. Барои он, ки дар оянда чунин ҳолатҳо рӯй надиҳад он мушкилатро пинҳон нигаҳ дор ва назди касе онро магӯ ва шикоят набар, зеро он мушкиле, ки ту дорӣ он шахс ба ту кӯмак намекунад, агар кард ҳам дар муқобилаш чизе мегузорад. Танҳо онро пеши худ нигаҳ дор ва ба Худовандат таваккул кун ва танҳо аз Ӯ бихоҳ ва бешак Ӯ қодиру тавоно ва калиди ҳама хазинаҳои осмону замин дар дасти Ӯст. Агар масъалаи мушкилоти кӯчак ва ночизе миёни зану шавҳар рух диҳад бархе аз занҳои мо онро дарҳол ба хонаводаи худ мерасонанд. Дар ниҳоят он зан ва мард бо ҳам муросо мекунанд, аммо хонадони он зан ин домодашонро ба чашми ҳақорат ва бад менигаранд. Агарчи он мушкил ҳалли худро ёбад ҳам он дилсиёҳӣ дар миёнашон боқӣ хоҳад монд аз ин хотир ба фармудаҳои Расули Акрам (с) ва бузургон хуб таваҷҷӯҳ намоед ва кӯшиш кунед мушкилиҳои худ ва ё хонаводагии худро пӯшида нигоҳ доред ва инро дониста бошед, ки касе дар фикри ҳали мушкилоти шумо нест танҳо худи шумо метавонед онро ҳал намоед бо ҳар роҳе ва қимате, ки набошад онро то ҳадди имкон пӯшида нигаҳ доред. Ҳам аҷр ва ҳам обурӯй ва иззататонро аз даст намедиҳед.
6. Мусибат ва ё мушкилоти омадаро бояд воқеъӣ қаламдод намуд онро аз ҳолати аслиаш бузургтар ҳаргиз набояд гуфт.
Агар барои баъзе аз инсонҳо мусибат ва ё мушкили кӯчаке ояд онро чунон бузург ҷилва медиҳанд, гуё дунё ба охир расид ва дунёи равшанро торик ҷилва медиҳанд, ки ғайри қобили бардошт ва баён аст. Гоҳо инсон чизеро бад ва нохуш мепиндорад, вале ончи шудааст ва ё шуданист барояш беҳтар аст. Агар баъди чанде фикр кунад Худоро шукр мегӯяд, ки чунон нашуд, вагарна он бароям зиён дошт. Худованди баландмартабаву кордон дар ин робита дар Қуръони карим мефармояд:
«Шояд чизеро бад бубинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро дӯст дошта бошед ва ӯ бароятон бад бошад. Худо медонад ва шумо намедонед!»
(Сураи Бақара,ояти 216)
Бо як ҷавон вохӯрдам ва ӯ як воқеъаи дар ҳаёташ гузаштаро нақл кард ва чунин гуфт: Маро ба як ҷурме, ки онро содир накарда будам боздошт ва бандиам карданд. Дар ҳолате, ки Худо танҳо додрасам буд, шикоят мекардам ва аз ин тарз ранг гирифтани кор менолидам. Худо дуои маро мустаҷоб кард ва маро пас аз як ҳафта раҳо намуданд ҳангоме, ки ба хона омадам он рафиқоне, ки ҳамеша бо онҳо будам дар як мушоҷарае, ки миёни бачаҳо рух додаст ду нафарашон боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд ва як нафар аз он дӯстонам маҷрӯҳи якумра дар бемористон хоб аст. Агар ман дар зиндон намебудам бидуни шак ман ҷузви инҳо будам ё равонаи зиндон ва ё чи балои дигаре бар сарам меомад, ки худам намедонистам. Пас фаҳмидам, ки ҳеҷ чиз дар ин дунё бе ҳикмати Илоҳӣ намешудааст. Боз яқинам зиёдтар шуд ва Худоро шукр кардам, ки маро зиндонӣ карданд, вагарна оқибати хубе маро дар интизор набуд.
Ҳикоят менамоянд аз Шурайҳ (раҳ), ки он Ҳазрат мегуфт: Ҳангоме, ки ман гирифтори мусибате мешавам дар ҳол Худоро барои он мусибати расида ҳамду сано ва чаҳор маротиба шукр мегӯям. Агар набошад он мусибат ончунон бузурге, ки ман тассаввури онро надорам.Аз ончӣ бар сарам меояд надонам онро ва ё донаму эҳсосаш кунам онро. Вале онро мепазирам бо ҳама ончӣ омадааст ва бароям сарозер гаштааст.Вале Худованд додаст ба ман хислати сабр бар он мусибатро. Ҳангоме, ки аз ман дур кунад онро ба сабаби дуоҳоям, ки аз Ӯ мехоҳам дар баробараш аҷрро низ талаб менамоям. Танҳо як чизро намехоҳам, ки он мусибат дар динам бошад (мусибати динӣ тарки намоз, рӯза ва мухолифи фармудаҳои Худову Расул ва дигар масоилеки ба он марбут анд ин мусибати динӣ аст)».
Идомаи матлаб
анҷом додани чизе, ки бароят ногузир аст
ва хуб адо намудани он. Агар бахши аввали мақоларо нахонда бошед,онро мутолеъа намоед то аз он огоҳ гардед!

Share This Article