Бозгашти Ш.Гадоев тағйири сиёсатҳои режими диктаторӣ?

Ислоҳ нет

                                        

  Бидуни шак ин фишорҳои маҷомеи байналмилалӣ: -Иттиҳодияи Аврупо, давлатҳои Ҳоланду Олмон, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ буд, ки дар амри озодӣ ва бозгашти Шарофиддин нақши қобили тамҷид ва ситоишро гузоштанд.  

  Вале дар ин миён саҳм ва талошҳои  сомонаи “Ахбор.сом”- ва гардонандаи ин шабакаи  маъруфи ҷаҳонӣ, хабарнигори беҳамто ва бузурги тоҷикро месазад дар алоҳидагӣ зикр кард. Қазияи Шарофиддин ва ахбори марбут ба онро асосан  ва аз ҳар бунгоҳи хабарии дигар маҳз ҳамин шабакаи муътабар ба нашр расонида, ҷомеаро аз маҷрои ин моҷаро пайваста огоҳ кард: -з боздошт то раҳоӣ.

  Чуноне ба мушоҳида ҳам расид, ин қазияро “Озодӣ” низ натавонист зери доман кунад ва аз паҳлуяш худро ба “нофаҳмид” зада рад шавад. Агарчанде хеле ҳаводиси вобаста ба дигарандешон ва мухолифини сиёсати рӯзро тайи солҳои ахир мунъакис намекард ва ё ба ҳадди ночиз ва ё камрангу хира ба қалам медод.

   Вале шоистаи тақдир ва ситоиши вижа ба ВВС ва Дориюши Раҷабаиён аст ки ҳамон навори имрӯзҳо машҳури Шарофиддинро ба нашр расонида тамоми иттифоқоти баъдӣ ва заминаи озодӣ ва бозгашти Гадоевро фароҳам кард.

     Аммо муборизаву ҷаҳду ҷидол ва талошҳои мураттаб ва мутаассили Паймони миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти он, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Илҳомҷон Ёқубов, Темур Варқӣ,Сайидюнуси Истаравшанӣ ва расонаҳои вобаста ва ҳаводори ин эътилофи сиёсӣ ба шумули “ Кимиёи саодат”, “Паём, нет”, “Ислоҳ,нет” мавриди зикри хос аст.

     Вақте ҳадаф равшан аст, самти фаъолият  маълум аст ва беш аз ин ормони имонӣ роҳи мубориза ва қалбу рӯҳи муборизинро мунаввар ва нуронӣ мекунад, дӯсту душман зудтар шинохта мешавад. Бо ин вуҷуд ки рабуда шудани Шарофиддинро бархеҳо  тафсиру ташреҳи дигар доданд ва ҳатто роҳбарияти Паймонро дар “ ташкилии ин моҷаро ва “гирифтан”-и холи сиёсӣ “ муттаҳам карда нашри навори ҳушдордиҳандаи Шарофиддинро ҳам номардиву хиёнат дар ҳампаймонӣ ва мубориза арзёбӣ  карданд ,аммо Паймон дар раъси Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадори обутобёфта бо таҳаммул кори худро пеш бурданд. Ҳамчун як кӯҳи устувор ва побарҷо дар сари ақидаи худ истоданд, заррае ҳам шакку шубҳа накарданд. Ошкокро эълом карданд:Шарофиддин дуздида шудааст. Раиси ПМТ дар сӯҳбатҳои онлайнии худ ва яке аз онро мухтаси ин қазия кард, мукаррар изҳор дошт, ки Шарофиддин рабуда шудааст. Ӯ ҳушдор дод, ки ба чоҳи кандаатон худатон хоҳед уфтод. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Кабирӣ дар мавриди қазияи Шарофиддин Гадоев хеле боэътимод ва боитминон сӯҳбат мекард, зеро аз сиёсатҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва бахусус кишварҳои аврупоӣ шинохти  комил дорад ва ӯ бафаросат дарёфта буд, ки оқибати ин кор чӣ хоҳад шуд. Садои боэътимоди ӯ ин навбат Раҳмон ва командаашро ба зону дар овард, оҷизу нотавон кард.

    Озодӣ ва бозгашти Шарофиддин пирӯзии Паймони миллии Тоҷикистон, пирӯзии хеле гаронарзиш ва гаронқадр аст, оғози фатҳу зафарҳои баъдӣ ва ҳамзамон бохти шармандавори “мухолифини мухолифин” ва ё  “адвокатҳои ҳукумат” аст, ки дасту камар задаанд, то аз он ҳимоят бикунанд ва низ омодаанд сипар ва ҷавшани ҷонаш шаванд, фақат инки Кабирӣ набошад.

    Аммо як нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки озодӣ ва бозгашти Шарофиддин нишонаи тағйири сиёсатҳои режими диктатории Тоҷикистон аст, ки давоми наздик ба се даҳа беназир  ва бесобиқа мебошад. Инки чӣ боис шуд ва кадом фишоре буд, ки Раҳмонро маҷбур ва водор кард ба хатти бароти Шарофиддин Гадоев, муовини Муҳиддин Кабирӣ, рақиби сарсахт ва ба пиндори Пешвову Пасвову  ва давру барашон муддаии ҷойи ӯ, даст мондро шояд дар оянда гуфт. Бале, билотардид, хоҳанд гуфт. Вале ҳоло ончи ки дорем ин аст ки Раҳмон даст ба иқдоме зад, ки дар воқеъ барои аксарияте, ки сиёсатҳои ӯро, бахсус шеваи бархӯрди ӯ бо мухолифин ва шахсиятҳои матраҳи ҷомеаи Тоҷикистонро зери назар доранд, ғайримунтазира ва ногаҳонӣ аст. Ба назар мерасад, Раҳмон ин навбат ҳарфи “генерал”-ҳоро нагирифт. Эҳтимоли зиёд аст ки чанде аз онҳо, ба шумули “аъзо-корреспонденти АУ” ва “шоир”-генералҳо, ки боиси сарафкандагӣ ва дар обу арақи шарму иззо ғӯтидани Пешво шуданд, гӯшмоли сахт ҳам гирифта бошанд. Зеро бубинед, шароит ба ҳадде тангу буҳронӣ шуда будааст, ки бо ду дасти адаб Шарофиддинро ҳам гусел бикунанд, ва ҳам ҷузъиёти ҷараёни саворшавӣ ба тайёра ва бозгашти ӯро ба навор бигиранду дар торҳои тортанаки ҷаҳонӣ ба намоиш бигузоранд. Яъне, ин чи корест, ин чи маъно дошта бошад?

  Раҳмоне, ки ҳамвора аз сиёсати зӯргӯӣ ва террори давлатӣ ва эҷоди тарсу ҳаросафканӣ, дар баробари мухолифин ва мунтақидинаш кор гирифтааст, ин тавр аз саманди ифроту даҳшат пиёда шуд? Чи зӯраш оварда бошад?  Бидуни шак ин зӯрро болояшон Паймони миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ овард, ки ба иқдоми ғайрихоҳиш ва ғайрииродаи худ, балки сӯхтаву пухта, мурда-мурда даст бизананд.

   Инҷо хоҳем-нахоҳем аз ҳолу ҳавои “фабрикаи ҷавоб”-у сармуҳаррири ону муаллифонаш ҳам   фаромуш насозем. Аз он ба ном журналистони “нашрияҳои мустақил” низ. На дар худатон обрӯ монду не дар касбу кори бошарафи журналистӣ. Як  пули пуч ҳам арзиш надоштаед. Зӯр задед, ки “оправдат” кунед. Ҳоло боз ҳам зӯр занеду “иқдомот”-и ахир ҷанобро як қадами гуманистона арзёбӣ кунед. Шарматон бод, хиҷолат бикашед. Шабеҳи рифола (гандон)ва уребча истифода (памперс) шудед.

    Ва аммо муаллифони аз “фабрикаи ҷавоб”. О, инки мегуфтед Шарофиддин бозгашту афв талабиду дар ватан озод асту аз Кабирӣ даст кашиду фалону  беҳмону дигару дигар, фаҳмид, ки Кабирӣ фиребаш кардаасту пушаймон шудааст”-ро бо чи баёне тафсиру ташреҳ мекунед.. Баргашту…баргашт, ку ?! Аҷаб, шахсе, ки худаш “бо пойи худ”, “ихтиёран” пеши шумо омада, яъне ба Ватан омад чаро ба ин зудӣ баргашт? Дуруст истиқбол нагирифтедаш, шароите хубе барояш фароҳам накардед, Бизнесҳояшро бозпас нагардонидед.. намедонам, ки чи шуд, аммо яқин, ки нахост дар Ватани ободу зебое, дар Тоҷикистони “биҳиштосо” бимонад, боз аз канори шумо, аз ҳузури шумо дур будан, ғурбатро, ғарибиро беҳтар ва  авлотар донист. Худо бигирад шуморо, ки ватанро ба ҳадде забту истило ва тасарруфу ишғол кардаед ва ҳавову атмосфераашро олуда, ки соҳибватанон таркаш мекунанд, чуноне Шарофиддин, ки инак 7 сол аст, дар мулки бегона зиндагӣ дорад.

 Ба яқин Шарофиддин дар муборизааш идома хоҳад дод. Дар сурати ғайри ӯ бозпас намеомад. Агар ки баргашту боз ҳам омад ба Аврупо ба ин далел аст ки роҳи пешгирифтаашро идома хоҳад дод.  Аммо ҳатто ҳоло ин ҳам муҳим нест, ки идома медиҳад ё на? Муҳим ин аст ки бидуни дастур ва зери назорати касеву гурӯҳе аст ва худ барои худ тасмим мегирад. Муҳим ӯ дар озодӣ аст.

 Қазияи Шарофиддин Гадоев дар амри тақвият ва таҳкими мақому мартабаи ПМТ-ташаккули тозаи оппозитсиони тоҷик  дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ҷиҳати бештару беҳтар шиносонидани он ва минбаъд дар маркази таваҷҷӯҳи ҳам дохил ва ҳам хориҷ гирифтанаш бағоят мусоидат кард.

Худо худаш мададад кунад ва аз оянда танҳо Ӯ огоҳ аст!

  

Share This Article