(бахши ҳафтум )
Тибқи ваъда, мо таҳқиқоти худро дар бораи дуздону порахорони давлатӣ, ки ҳамагӣ аз афроди наздики Пешво ва аъзои оилаи вай ҳастанд ва ё тиҷоратҳое доранд, ки сарпарастиашонро яке аз наздикон ва ё аъзои Оила бар уҳда дорад идома медиҳем. Ин бор дар бораи онҳое суҳбат мекунем, ки онҳоро мешавад буҷадуздон номид. Онҳо, ин буҷҷадуздон киҳоянд, дар зер хоҳед фаҳмид. Аммо гуфта бошем, ки ин нафарон як қисми хеле хурди буҷҷадуздонанд. Дар бораи нафарони дигари буҷҷадуздон дар навиштаҳои баъдӣ хоҳем гуфт.
Яке аз мавзуъҳои асосии ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон чи тавр пур кардани бюҷети давлат ва бо кадом роҳ иҷро намудани нақшаи андоз аст. Агар дар хазинаи давлат маблағ набошад, корҳои ягон соҳа пеш намеравад. Боварии комил дорем, ки бюҷети Тоҷикистонро на танҳо 100-120% иҷро кардан, балки ду ё се маротиба зиёд намудан ва бе ягон мушкили иҷро кардани ин нақшаҳо имконпазир аст.
Барои он ки нақшаҳо дар руи коғаз неву дар асл иҷро шавад, бояд раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло корро аз худ ва аҳлу оилаи худ каме боинсофонатар шуруь намояд. На он ки ҳамаи кормандони андозро дар ба дари мардуми камбағал чуноне раиси ҲДТ Сайдҷаъфар Усмонзода гуфта буданд: ҳамчун сагҳои “овчаркаи немисӣ” равон кунад. Хусусан мардуми оддӣ ва соҳибкорони майда ҳама аз кормандони андоз ба дод омадаанд. Раҳмонов ва дигарон ин ҳолатро хуб медонанд. Лекин зулмро бо зулми дигар руйпуш карда мераванд: “шукрона кунед, ки дар ватан ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, шукрона кунед, ки сериву пурӣ ҳаст” гуфта ҳамаро аҳмақ кардаанд. Раҳмонов ва мақомоташ,ки худашон ва оилаҳояшон бо шумули қудаву андаашон серу пуранд аз ҳисоби дуздӣ ва ғорати ин миллат фикр мекунанд,ки ҳама мисли худашон ҳастанд.
Дар бораи Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ва империяи иқтисодии вай мо дар гузашта матлабҳо чоп карда ва аз ҷумла навишта будем,ки «Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андоз аст (то ин вақт муовини аввал буд) ва дар ҳукумати феълии Эмомалӣ Раҳмон дарозумртарин ба шумор меравад.”
Дар солҳои раёсати вай низоми андозу андозбандии Тоҷикистон ба бадтарин система табдил ёфт ва ҳоло Тоҷикистон дар қатори 10-гонаи дорои бадтарин системаи андоз дар дунё мебошад. Сарбории андоз дар кишвари мо аз баландтаринҳо дар дунё буда, ҳаҷми маҷмуии андозҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро дар бар мегирад. Ин аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 39,6% мебошад бамаротиб зиёд мебошад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии пешин мебошад.
Нусратулло Давлатзода, бо суистифода аз вазифааш тамоми фирмаҳои хурду бузурги фарзандону наздикони худро пурра аз андозҳо озод кардааст. Сухан аз озодӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукии аъзои оилаи пешво намеравад, гап дар бораи фарзандону наздикони раиси Кумитаи андоз аст. Мо, хуб огоҳем, ки мабодо дери шаб дар фикри “Оила” ояд, ки кадом ширкатеро аз андоз озод кардан зарур, субҳи фардо парламенти Тоҷикистон аллакай ин ширкатро бо як овоз ва зери кафкубӣ аз андоз озод мекунад. Ақалан хотири шарманда накардани номи парламент ё номи вакили мардуми як маротиба бо соҳиби аслии ин ширкатҳои ниҳоят “зарур ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон” вохурӣ ё даъват ба парламент намекунад. Фақат ширкату тиҷоратҳои ба “Оила” ва ба раиси Кумитаи андоз тааллуқдоштаро як маротиба анализ карда бубинем, ин худ як буҷаи дигари ҷумҳурӣ мешавад. Лекин сад афсус, ки пешво ҳамаашро медонаду хомӯш аст. Бовар кунед Раҳмонов нисбати мардуми Тоҷикистон ба дараҷае маълумоти дақиқ дорад, ки дар ин 30 сол кадом одам як мағозаи майда ё як сехча дорад, ӯ хабар дорад. Ин гувоҳ аст ки намемонад мардуми бегона ба “оила”-соҳиби пулу мол шаванд. Бо ҳар роҳи дуруғу парвандаҳои сохтаву бофта мардуми каме пулдорро мешиканад. Аммо аз ин кор боз мардуми оддӣ ва буҷети мамлакат зарар мебинад.
“Албатта, ҳамаи кормандони андоз ва гумрук фасодзадаву ноинсоф нестанд. Байни онҳо нафароне, ки ба миллату давлат дилсузанд низ бисёранд, ки ба нашри дурусти мақола кумакҳои зиёде кардаанд ва аз ин хиёнату ноадолатиҳое, ки аз тарафи сардорҳояшон мешавад бисёр нороҳатанд. Лекин ҷойи шикоят кардан надоранд. Барои он ки ҳамаи роҳбарияти гумрук аз сардорони дидбонгоҳҳои асосӣ, сардорони шуъбаҳо, сардорони раёсатҳо, ҷонишинони раиси кумита, хешу таборӣ ба Оила, ё ин ки ба ягон қудову вазирон пайвандӣ доранд, аз ин хотир ягон гумрукчии ба ин гуруҳ тааллуқнадошта бошад, ё соҳибкоре, ки ба ин одамҳо ҳамкорӣ намекунад ӯ дур намеравад. Худатон нигоҳ кунед ба ин нафарони гумрукчӣ ва хулоса бароред аз пушти кадоме аз инхо арз карда метавонем ва ба куҷо?”
Ислом Ҳурматзода ё генерал -майори Муовини Сардори Хадамоти гумрук-Ҳурматзода Иззатулло Зариф (номи ҳуҷҷатияшчунин аст) домоди “Оила” (шавҳари духтари Нуриддини тракторист), даҳҳо мағозаву корхонаҳо, хонаву ҳавлиҳо дар Москову Киев, Дубай ва дигар ҷойҳо дорад, ки ба иҷора додааст. Гуруҳи муташаккили ҷиноятии худро дар дохили гумрук сохтааст, ки ҳамаи соҳибкорону воридкунандагони мол ба ин гуруҳ ҳатман бояд маблағи муайянро бидиҳанд, нисбати дидбонгоҳҳои сарҳади Афғонистону Хитой ба чи корҳо машғул аст, оянда ҳатман менависем.(Дар бораи Ислом Ҳурматзода, яке аз дустони наздики Фаттоҳи Саид як матлаби муфассал дар ҳоли омода шудан аст)
Хуршед Сафаров – муовини раиси кумита – писари ҷураи пешво Шералӣ Сафаров аст. Хуршед ва бахши зери назорати вай ва инки дар як моҳ даромади ӯ чанд миллион доллар мешавадро дар шумораҳои баъдӣ хоҳем навишт.
Абдураҳмон Раҳимов – сардори раёсати қочоқ, ҳоло ҷонишини Агентии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, қудаи апаи президент, додари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ. Дар давраи кориаш дар гумрук на кам аз 40 -50 млн доллари бюҷетро азони худ кард ва боз бо пагони генералӣ ба вазифаи болотар рафт. Дар ҳақиқат Агентии наркотика ҷойи уст. Барои он ки дар давраи кориаш дар вилояти Суғд, то охирон нашъафурӯшро зери назорати худ гирифта, бо маълумоти аниқ то ҳозир аз онҳо “доля” мегирад. Мо Абдураҳмонро аз лейтенантиаш мешиносем ва ҳамаи алоқаҳои пулкоркуниашро медонем. Мо, нисбати ҳамаи ин миллионерҳое, ки бо пулҳои бюҷет ва қочоқ молу мулк ҷамъ мекунанд, албатта филмҳои мудаллал дуруст мекунему тақдим менамоем.
Сардори раёсати Суғд Зафар Муҳаммадиев – додари Қодири (Качалаев) шофёри президент. Ин одам ягон савод ҳам надорад, кору бораш пул ҷамъ кардан ва кайф (героин) задан аст. Аммо ғанӣ гаштани бюҷет аз ҳамин барин кадрҳо вобастагии зиёде дорад.
Давлатов Азиз – сардори раёсати гумруки шаҳри Душанбе, ҳоло дар кумита, писари Давлатов Нусратулло, раиси Кумитаи андоз аст.Ин ҳам мисли падари худ дар як шабонаруз 23 соат ғами кисаи худро мехурад, на бюҷети кишварро.
Давлатов Далер сардори дидбонгоҳ. Гапи вазирро дар як сомонӣ намегирад. Ин додараруси Рустами Эмомалӣ, сардори шуъба дар стансияи Душанбе-1 аст.Дар мавриди Давлатов Далер хело маълумотҳои ҷолибе расидааст,ки ҳар шаҳрванд вақте мебинад онро комилан вуҷудаш оташ мегирад, агар виҷдону номус ва шараф дошта бошад. Аммо ӯ хусурбачаи Рустам аст дигар.
“Раҳмонов Фазлиддин, ҷияни президент. Ба ин одам қонун тамоман вуҷуд ҳам надорад. Мумкин мехоҳад қонунҳоро омӯзад ва ҳамчун роҳбари босавод ҳарф занад. Лекин мушкили дар он аст, ки бечора хондаву навиштан наметавонад. Барои хешу табори пешво савод доштан шарт ҳам нест.”
Давлатов Ҷамшед – гумрукчӣ, собиқ ронандаи акаи пешво Нуриддин. Дертар ронандаи Ислом Ҳурматзода. Аввали сол як мошинро ҳуҷҷатгузорӣ намуда муҳри гумрукии худро ҳамчун аз “рентгенг” гузашт зада ба Русия равон карда буд. Он мошинро дар сарҳади Узбекистону Тоҷикистон дар дидбонгоҳи “Ойбек” вақти азназаргузаронӣ бо 300 кг героин дастгир намуданд. Ҳатман яке аз ҷавобгарони асосӣ бояд гумрукчӣ- “оформител” бошад. Лекин ҷазоро кӣ гирифт? 5-6 гумрукчии бегуноҳи ҳамон рӯз дар сменаи кори дидбонгоҳи Фотехобод буда ва парванда нисбати онҳо оғоз карданд. Ҳол он ки Ҷамшед Давлатов то аз сарҳади Тоҷикистон гузаштани мошин худ назорат карда ба гумрукчиҳои назди сарҳадӣ зангҳо задааст, ки машинаро даст нагиранду кордораш нашаванд ва ӯ медонад ин мошинро. (Нисбати ин ҳодиса мо васеътар нақл мекунем, аз куҷо бор кард ва боз кадом нафарон аз оила қуш ҳастанд).
Дар ютуб ҳам видеои ин ҳодиса аз тарафи кумитаи гумруки Узбекистан монда шудааст, метавонед тамошо кунед онро. Ҳамаи ин ҳолатҳо ва ин нафарони дар боло зикр шуда ба Каримов Ҳошим-и наркобитоик алоқамандӣ ва ҳамкорӣ доранд. Ин мисолҳои мо як фоизи ҷиноятҳои содир карда истодаи як гуруҳи гумрукчиҳои дар “боло” пуштибондошта нестанд.
Даҳҳо хешу табори оилаи президент ва хешу табори вазирону раисону дигарон ҳастанд, ки дар якчанд солҳои охир наздик ба 400-500 миллион доллари бюҷети давлатро аз они худ карданд. Масалан, фақат даромадани мошини аз Хитой омада ба терминали Душанбе, бояд ҳатман ба сардори дидбонгоҳ Давлатов Далер 3000$ ва ба инспекторони дохили дидбонгох 700$ пора бидиҳад. Пардохти ин «такса» ҳатмист ва ҳеҷ кас ҳуқуқи надоданро надорад. Рузе аз 30 то70 мошин бори соҳибкорон ба терминал медарояд. Пеш аз ҳар як идҳое, ки Тоҷикистон дорад, боз ҳатман ҳар як соҳибкор бояд идпулӣ ба Далер Давлатов оварда ба гуфтаи худаш «хабар» бигирад, вагарна аз чанголаш ғайр аз пешво туро ҳеҷ кас халос намекунад. Ин қонунҳои қабул кардаи хусурбачаи Рустами Эмомалӣ аст. Худатон фикр кунед, як кудаки бесавод фақат рӯзе ана ҳамин қадар даромад дорад. Шумо хуб мефаҳмед, ки ӯ ин маблағро ба ягон вазиру раис намедиҳад. Мо дар бораи Зафар, Абдураҳмон Раҳимов, Фазлиддину Азизу Ҳурматзода ҳоло суханро оғоз накардаем. Ҳаҷми доляву ҳақи онҳо мувофиқи погонҳояшон боз якчанд маротиба аз ҳаҷми «доля»-и Далер болотару нафсҳояшон бадтар аст. Акнун фикр кунед, ки бо ин одамон бюҷети давлатро иҷро карда мешавад ё ин ки аз болояшон ба ягон прокурору суд муроҷиат карда метавонӣ? Албатта не!! Онҷо ҳам ҳамин тавр бародарони ин одамҳо ё хешу табори онҳо сари вазифа нишастаанд. Мо, ҳатман то охирон пулҳои ҷамъкардаашонро дар мақолаҳо менависем, то ин ки халқ фаҳмад, ки мардум чи гуна бо як азобу шиканҷа як пора нон меёбад, инҳо бошанд Тоҷикистонро ба як корхонаи бизнеси аз падар мерос монда табдил додаанд.
Ps: Ёдатон бошад вақте, ки Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабзода,сардори терминали №1-и Гумрук дар Душанберо дар як ҷаласа- 10 майи соли 2019 дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз ва таҳқиромез аз кор сур кард чи гуфта буд? Гуфта буд, ки «Кадри ҷавон гуноҳат аз муйи сарат зиёд аст. Чи ту боз аз осмон чакидаӣ? қонун барои кӣ аст? гуноҳ надорӣ, камбуди надорӣ? Ҳамиқадаре, ки ҷавонӣ набоша кунҷи турмара мегирӣ, накам аз 15 сол. Пулҳои хориҷа баровардагита мегардонӣ. Аз куҷо даромади буҷет мешавад бад, садҳо миллион, садҳо миллиард рафта истодааст, мегуйед буҷет иҷро намешавад».
Аммо чизеаш нашуд. Фикр мекунед, ки бо Далер Давлатови додарарӯси Рустами Эмомалӣ ва ё Ислом Ҳурматзодаи домоди акаи Эмомалӣ Раҳмонов, ки садҳо ҳазор доллари бюҷетро дар ҳафта медузданд, чизе мешавад? Дар мавриди раиси кумитаи гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон тамоман гап нест. Ҷиноятҳои коррупсионии ӯ ба мо расидаанд,ки шаклу шевои аҷиб ва маҳорати олӣ доштааст дар порагирӣ. Ҳатман онҳоро низ тақдиматон хоҳем кард.
Поёни вижаматолиби ҳафтум, ин шо Аллоҳ агар имкони таҳқиқи ин коррупсионерҳо ва буҷа дуздон шуд вижаҳои дигарро ҳам тақдиматон хоҳем кард. Шикоятҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ” хело зиёданд бояд ба шикоятҳои онҳо низ диққати ҷиддӣ диҳему дарду ранҷи онҳоро ҳам нашр намоем. Чун,ки ҳар маълумоте мерасад онро мо месанҷему сипас тақдим менамоем. Ислоҳ , то имрӯз зери дикта ва фармоне матолибу навор нашр накардааст ва дар оянда ҳам нахоҳем кард. Ҳадафи мо мубориза бар зидди коррупсия, ҷиноятҳои муташаккили ҷиноятии мақомот ва оилаи бе сару нуги “пешво” аст. Талоши мо ба хотири ислоҳи вазъ ва сохтани як давлати озоду арҷгузорандаи ормонҳои миллӣ буд ва ҳаст!