Чаро фаъоли сиёсии тоҷикро дар кишваре боздошт мекунанд

Ислоҳ нет

Чаро фаъоли сиёсии тоҷикро дар кишваре боздошт мекунанд?

Ин истилоҳро дар ин ду соли охир тавассути ВАО қарибки ҳамеша садо медиҳад, мехонем ва мешунавем.Онҳоеки воқеъан фаъоли сиёсӣ,динӣ ё мунаққиданд ва чеҳраҳои онҳо барои умум маъруфанд манзури ман он бузургворон нест.

Асли матлаб ин аст:

Пас аз инки ҳукумати тоҷикистон бар алайҳи мухолифони сиёсиаш ҷанги бе амон эълон кард.Оне дар тавонаш буд ба қатл расонид ва онеки имкони куштани ӯ набуд, бо туҳматҳои воҳӣ ва дарҳои баста барои муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон намуд.Он иддае,ки Аллоҳ барояшон аз ин фоҷеъаи мудҳиш амон ва муҳлат дод, аз кишвар бо шакле берун гаштанд.Ин ашхос феълан дар хориҷ аз кишвар мустақарранд ва барои ин дидгоҳҳои сиёсиашон паноҳгоҳи сиёсиҳам дарёфт намудаанд.Мутаассифона на ҳама ин ашхосе худро мухолифи сиёсии тоҷикистон меноманд ва дар ҳоле воқеъан аз зери дор ё теғи ҷаллод гурехтаанд матинанд.

Қабл аз инки асли матлабро баён намоям,мехоҳам мухолифони тоҷикро бо як назари гузаро таҳлил ва табақабандӣ намоям

Мухолифони сиёсии ҳукумати тоҷикистонро метавон ба чор даста тақсим намуд.

1.)  ҲНИТ мухолифи сиёсии маъруфи кишвар,дорои собиқаи таҷрибаҳои зиёди мубориза ва дорои роҳбар,низом,шурои сиёсӣ ва дигоҳи солим.Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ҳеҷ хушунат ва даъват ба зуровари ва тахриб дар кишварро надошта аст.Собиқаи мухолифати солими сиёсии воқеъиро бо ҳукумат дар тули фаъолияташдар дохили кишвар дошта аст.Ҳукумат дар дохили кишвар ҳама роҳу равиш ва ангезаҳои таҳрикомезро бар алайҳи ин ҳизб истифода намуд,то ин ҳизбро ба бероҳа ва ба ҷиноят водораш намояд аммо ба он муваффақ нагашт.Аъзоён ва ҷонибдорони ҲНИТ ҳоло дар дохили кишвар ва хориҷи он арзи ҳасти менамоянд.Агарчӣ дар дохил дар қалбҳост аммо дар хориҷ ба шакле ба ҳамагон маълум муборизаи солими худро идома медиҳанд.Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аслан иттиҳомоти ҳукуматро алайҳи ин ҳизб напазируфта аст.Напазируфтани ин иттиҳомот алайҳи ҲНИТ аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ,барои ҳукумати кишвар кобуси махуферо мемонад,ки барои рижим тасаввур нашаванда аст.Метавон гуфт иттиҳомоти ҳукумат бар алайҳи ҲНИТ туҳматеро мемонад,ки ҳукуматро пеши ҷомеъаи ҷаҳонӣ сархаму дар радаи ҳукуматҳои истибдодгари олам қарор додааст.

 

Аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТеки дар хориҷанд ва имкони фаъолиятҳои сиёсиро доранд ба се даста тақсим мегарданд.

а.) Узви фаъол ва бо чеҳраҳои ҳақиқӣ зери ҳидоят ва авомири роҳбарияти ҳизб мунтазам фаъоланд.Метавон ин иддаро ҳамеша дар шабакаҳои васоили иҷтимоъӣ мушоҳида намуд.

б.) Узв ва ҷонибдоронеки аз кишвар бо шакле хориҷ гаштаанд вале хонаводаҳояшон дар дохил қарор доранд ва асири рижиманд.Худашон дар манотиқе мебошанд,ки барояшон фаъолияти сиёсӣ намудан мушкил аст.Ё дар давлате қарор доранд,ки ин имкони муборизаи ошкорро надоранд. Ҳангомеки боздошти ин афрод аз тарафи ҳукуматҳои бархе кишварҳо сурат мегирад бо талаби тоҷикистон, воқеъан ин идда ниёз ба кумак доранд ва ҳизбҳам ҳамеша барои раҳоияшон то охирон лаҳза талошашро кардааст.Метавон гуфт дар ин талошҳояш ҳизб ҳамеша муваффақҳам будааст.

в.) Узв ва ҷонибдоронеки дар манотиқи амн қарор доранд,хонаводаҳояшонҳам бо онҳоянд.Ҳеҷ таҳдиде ба амнияти онҳо ва хонаводаҳояшон вуҷуд надорад.Аммо ҳамчун нозир наззорагаранд мунтазири чизе ҳастанд бароям номаълум.Дар алоҳидагӣ ба касе сухан намедиҳанд,баъзе узви раёсати олии ҳизбҳам дар дохил будаанд.Баъзеи дигар пайвандони онҳо вале бо кору фаъолияти шахсии худ машғуланд гӯё дар муҳоҷирати меҳнатӣ ё тиҷоратӣ қарор доранд.Аслан,то имрӯз аз худ ҳеҷ дарак намедиҳанд,гӯё дар маргӣ сунъӣ қарор доранд.Ин мавқиф хело мавқифи нигарон кунанда аст.

2.) Гурӯҳи сиёсии 24 низ яке аз мухолифони ҳукумати кунунии кишвар ба шумор меравад.Дорои роҳбар ва аъзоён , ҷонибдорон, фаолони сиёсӣ буда дорои сомона ва радиоканали зело мебошад.Барномаҳои видеои роҳбарони гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ тез тез нашр мегарданд. Ҷонибдоронӣ худро дар хориҷ ва дохили кишвар дорад,ки бештар иборатанд аз муҳоҷирони корӣ ва ҷавонони норозӣ аз рижими кунунии кишвар.Гурӯҳи 24 ро ҳукуматҳои хориҷӣ ва муасисаҳои гуногӯн ба расмият шинохтаанд. Паноҳандагонӣ сиёсии худро дар чанд кишвари аврупои доранд.Музокира бо ҳукумати тоҷикистонро,то имрӯз напазируфтаанд.

3.) Анҷумани нерӯҳои созандаи тоҷикистон,ки бо роҳбарии рӯзноманигори мухолифи кишвар Додоҷон Атовуллоев таъсис гашта буд.Дар ин анҷуман чанд гурӯҳ якҷо буданд,ки билохира ҷудо гаштанд ва танҳо номе аз он боқӣ мондаасту халос.Рӯзҳои охир ВАО баргаштани роҳбари ин анҷуман Додоҷон Атовуллоевро ба кишварро расонаи намуданд.Аммо ҷонибдоронаш инро таъйид ва ё такзиб намекунанд.Вақт довари хуб аст мунтазири он мебошем,то ба куҷо мерасад ва чӣ тасмиме мегиранд.Хулоса метавон пас аз ин пошхурии гурӯҳҳои дигар, анҷуман нагӯем балке ин гурӯҳро Ватандор гӯем дурусттар аст.Тақрибан се моҳ ё бештар аз он аст,ки ҳеҷ навиштае ё ёддоште аз худи  Додоҷон Атовуллоев дида намешавад ҷуз ончӣ расонаҳо дар мавридаш менависанд.

4.) Мухолифони мустақиле низ вуҷуд доранд,ки худро аз ҳеҷ гурӯҳҳои мухолиф намеҳисобанд.Аммо мухолифони сарсахти рижими кишвар мебошанд.Ин мухолифон иборатанд аз рӯзноманигорон,шоирон,нависандагон,рӯҳониён,олимони соҳҳои гуногӯни ҷомеъаи шаҳрванди.Аз сиёсати кунунии кишвар норозиянд, гӯё мунтазири гурӯҳи мухолифони бо қувваттаре мебошанд.То имрӯз ба  гурӯҳҳои мухолифи мавҷуда напайвастаанд,гӯё мунтазири чизи дигаре ҳастанд.Ҳангоме суҳбат бо ин гурӯҳ,шахс чунин меандешад,ки дар интизори иттиҳоди ҳама мухолифинанд,то пас аз он бипайванданд.Ё интизори зуҳур ва ё ба саҳна омадани гурӯҳи ҷадиде,ки бо дидгоҳи сиёсӣ ва ё ақидавии онҳо созгор бошад.Инро низ вақт нишон медиҳад,ки чӣ мешавад ва бо кадом гурӯҳ мепайванданд ва ё гурӯҳи дигаре арзи ҳасти менамояд.

Дар охир мехоҳам бигӯям агар ба ҳамин шакле мухолифон дар умум фаъолият доранд идома диҳанд.Ҳар рӯз як фаъоли сиёсие аз мухолифон дар яке аз кишварҳо боздошт мегардад.Агар дар давлатҳои муштаракул манофеъ бошад ба тоҷикистон истирдод.Дар кишварҳои дигар бошад барои собит намудани бегуноҳи ва сиёсӣ будани қазияи боздошт шуда талош намуд.Аммо агар шакли мухолифати сиёсиро серранг ва самаранок кардани бошед бидуни иттиҳоди ҳама гурӯҳҳои мухолифи солими сиёсӣ, роҳи дигареро намебинам.

 

 

Share This Article