Мансур Умаров ҳомӣ ва сарпарасти гурӯҳи муташаккили “наркобарон” дар дохил ва Русия

(бахши аввал)

Бародари азиз Муҳаммадиқбол!! Илтимоси мо ин аст ки ба мо бовар кунед ва напурсед, ки мо кӣ ҳастему кӣ нестем. Агар хоҳед ахбори дақиқ ва ҳақиқати воқеъаҳоро ба шумо менависем, равон мекунем. Мо қасам мехурам, ки дар навиштаҳои мо барои дурӯғ ҷой нест. Ва, бовар дорем, ки онҳоро фақат шумо нашр мекунед. Инро ҳам бояд бигӯям, ки ҳоло барномаҳои шуморо аксарият мебинанд, чи мардум, чи мақомот ва чи дар муассиса ва корхонаҳо. Бароятон барор мехоҳем:

“Дар Тоҷикистон бисёр ҷинояткорони асосиро пуштибононашон аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ҳимоя карда, гуноҳро ба сари ягон бечора бор мекунанду хонаи ӯро месӯзонанд.”

Дар хотир дошта бошед соли гузашта як гурӯҳи муташаккили наркобаронҳоро бо сардории  Азизулло Абдуллоев бо тахаллуси Азизи домсоз ва 5-6 нафари шарикаш дастгир карданд. Аз онҳо 500 кг героин ошкор ва мусодира намуданд.  Баъд аз дастгир кардан байни мақомоти қудратӣ хеле ҷангҷолу кашокаш ба амал омад. Ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки сағираи хизматиро набояд меқапидем, хизмати ҳамаро мекард. Хостанд ба ивази маблағи калон ӯро дар суд озод кунанд, лекин овозаҳо зиёд паҳн шуда буданд. КДАМ муқобили дастгир кардан буду ВКД муқобили дар ТВ намоиш додан. Як гуруҳ сахт мехостанд, ки дар ТВ нишон дода шавад, то ки ҷомеъа фаҳмад, ки ҷинояткорон беҷазо намемонанд. Лекин то ҳозир мо -кормандони мақомоти қудратиро як ноадолатӣ сахт азоб медиҳад. Сардори асосии ин гурӯҳи муташаккили наркобизнесон, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад бори чандум аст, ки аз об хушк мебарояд. Ин одам Диловар Муҳиддинов аз Фархор, хеши наздиктарини генерал Мансур Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия ва дар гузашта ҷонишини аввали раиси КДАМ мебошад. Диловар солҳои зиёд дар Русия зиндагӣ ва худро бизнесмени калон муаррифӣ мекунад. Аммо солҳои дароз кору бори асосиаш фақат наркобизнес аст. Дигар фирмаву бизнесҳояш ба ҳукми «перекрытия» асту бас. Диловар тамоми шарикони худро то як вақти муайян истифода мебарад, баъдан ҳатман ба шиносхои худ, ки ба воситаи Умаров Мансур пайдо кардааст, ба кормандони мақомоти ФСБ- и Русия месупорад. Мансур Умаровро вақте Русия меояд, барои кор ва ё истироҳат фақат ҳамин шахс ҳамроҳӣ мекард. Аз ҳамонҷо ва аз он вақтҳо бо кормандони ФСБ шинос шудааст. Диловар сари зиёде аз тоҷикони муваффақ ва шарикони асосии худашро хурдааст. Ба хотири пулу чизи онҳо, беҳтарин ҷавонмардонро ба фоизҳои калон маблағ дода онҳоро банкрот ва чизҳояшонро гирифтааст. Ӯ фикр мекунад ин рафтору мақсадашро ҳеҷ кас намефаҳмад, лекин вақту соат меояд ва ба ҳама маълум мешавад. Ба сари ҳаммиллатони  худаш ба хотири пули ҳаром шуда, гурӯҳ- гурӯҳ мардуми Кавказро пул дода ба сарашон равон мекунад, лекин худро боз «аристократ» ва «честный» мегирад.

 “Як намуна меоварем. Азизи домсоз солҳои 2000 ҳамроҳи Диловар дар Москва гуё дар соҳаи роҳи оҳан кор мекарданд. Лекин кори асосиашон фурӯши героин буд. Вақте пулҳояшон ба 7-8 миллион доллар расид, Диловар Азизро дар соли 2005 ба мақомоти Русия супорид. Азиз бошад, гуё мардонавор гуноҳро ба гардан гирифту Диловарро нафурӯхт. Лекин Диловар мисли ҳамеша пулҳои муштаракашонро пурра азони худ намуда Азиз ва аҳлу оилаашро фаромӯш кард.”

Баъди 8 соли пушти панҷара, Азиз баргашту омад ва байнашон барои пул ҷангҷолҳои калон рух дод. Боз Диловар Азизро мисли мор ором кард ва ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ва ин бор низ бизнеси наркотикаро хуб ба роҳ монданд ва 10- ҳо миллион доллар кор карданд. Ин бор ҳам боз пулҳо дар дасти Диловар монд ва Азиз бошад 30 сол ё ин ки якумра рафт ба маҳбас. Азиз ин маротиба хеле доду вой кард. Нисбати Диловар нишондод дод, лекин СИЗОву зиндонҳо зери назорати кӣ аст, худатон мефаҳмед. Ҳоло дар дохили ҳавлии Диловар ба маблағи даҳҳо миллион доллар мошинҳои Роллс-ройс, Бентли, Мерседесу БМВ-ҳо истодаанд. Корхонаву тарабхонаҳо, ки ҳама бо пули ҳамин бизнес ҳамроҳи Азиз харидаанд. Наркотика ба ҳеҷ кас хурсандӣ наоварда аст ва намеорад.

Чанд соли пеш бародари хурдии Диловар- Баҳромро дар боми «Гостевой дом»-и Москва овехта пайдо карданд. Ин ҷавони 35-36 сола аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон директори

«Гостевой дом» таъин шуда буд. Марги ӯ сад дар сад ба бизнеси акааш алоқаманд буд.

Бародари дигараш Ёқубҷон Муҳиддинов, ки сардори пости ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буд, баъд аз ба даст афтоданаш бо героин оҳиста аз қисми ҳарбии марзбонон озод карда шуд. Ба гуфтаи наздикони Диловар, роҳбарони мақомоти қудратӣ аз ӯ доимо пулу хонаву мошинҳо тӯҳфа мегиранд, барои ҳамин уро сахт ҳимоят мекунанд. Ин яке аз беадолатиҳоест, ки мо садҳо ин тавр бедодгариҳоро ҳар рӯз

мебинем. Бо 100 грамм меқапанд ё ин ки ба киссааш монда ба 10-15 сол бечора мардуми бесоҳибу бепулро зиндонӣ мекунанд. Аммо касе тонна мефурӯшад ҳаматарафа ҳимояташ  мекунанд. Дар ВКД ҳама медонанд, ки наркобарони асосӣ Диловар аст, лекин то вазири дохилӣ Рамазон Раҳимзода намегузорад, ки кормандони вазорат пайгирӣ кунанд, ин ҳам бошад аз тарси Мансур Умаров аст.

  “Диловар Муҳиддинов 01.04.1970 дар оилаи колхозчии колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Фархор таваллуд шуда, мактаби ҳамин колхозро соли 1987 хатм намудааст. Баъди хатми мактаб дар синни 18 солагӣ ба артиш рафт. Дар шаҳри Владивостоки Русия хизмат намуда баъди ба итмом расидани муҳлати хизмат онҷо монд.”

Барои он ки зиндагӣ дар Фархор хеле вазнин буд. Онҳо оилаи калон доштанд: панҷ писар ва ду духтар. Солҳои пошхӯрии шуравӣ дар Русия низ қариб ҳама бекору бемаош, ҳама соҳаҳо ба ҳазорҳо мушкилот гирифтор буд. Диловар дар як автостоянка ба ҳайси посбон кор мекард. Байни муштариҳои ҳамон стоянка шахсони криминал ҳам зиёд буданд. Бо онҳо шиносоӣ пайдо намуда ба онҳо аз Тоҷикистон кам -кам чарсу ханкаву героин оварда мефурӯхт. Бо яке аз духтарони ҳамин гуруҳ шинос шуд. Духтар ҳомила шуда гиребони Диловарро гирифт, ки бояд ЗАГС кунад. Ёин ки ариза ба милитсия медиҳад. Диловар аз тарс зуд рафта ЗАГС кард ва хамин тавр бо пуррагӣ дар хонаи хусураш зиндагӣ ва фаъолияти худро ҳамчун барига- нашъаҷаллоб давом дод. Охирҳои соли 90 баъд аз конфликти сахт бо муштариҳояш (клиент)10-12 корд дар шикаму думбаву гардан хурдан ба бахши реаниматсияи беморхонаи Владивосток бистарӣ мешавад.

Онҷо тахминан ду моҳ хоб меравад. Сипас оҳиста, аз ҳамаи клиенту партнерҳо пинҳонӣ ба Тоҷикистон меояд. Клиентҳои  дар Владивосток будааш хабардор мешаванд, шабона ба хонаи хусури Диловар омада ӯро мепаронанд,ӯ мемурад. Диловар дигар аз тарс хеле вақт ба Русия барнамегардад. Лекин занаш зурӣ мекунад, ки намехоҳам инҷо зиндагӣ кунам. Аз пушти корҳои ҳароми ту падарамро куштанд.

 “Дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи зиндагии мардум бисёр ҳам поин рафт. Тамоми зиндагӣ ба Русия вобаста шуд. Бо бародараш Ёқуб Муҳиддинов маслиҳат мекунад, то ки бизнеси наркотикаро дуруст ба роҳ гузоранду худи вай боз ба Русия баргардад. Аммо ин бор ба Владивосток неву ба Москва. Ҳамин тавр Ёқубро ба воситаи Умаров Мансур, ки он вақт дар ҳайати муҳофизони Эмомалӣ Раҳмонов кор мекард, дар кадом масъулияти Кумитаи марзбонӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба кор таъин мекунанд. Инҷо ягона роҳи кушода ба воситаи Узбекистан ба Русия буд.”

Шиносоии Мансур Умаровро бо Диловар, Хушаков (Раҳматов) Қурбон Раҳматович ташкил мекунад. Онҳо ҳама зодаи Фархор мебошанд. Ҳамин тавр тахминан баъди солхои 2003-2005 бизнеси Диловар бо ҳамроҳии Хушаков Қурбон, Умаров Мансур, бародараш, Умаров Фаридун ва Рустам Ҳайитов (Хаммер) то солҳои 2010-2011 хеле пеш рафт. Ин пешравӣ то ба даст афтидани Фаридун ( мулаққаб ба «Пантера)-и бародари Мансур Умаров ва партнёри наркобизнесаш Рустами Хаммер идома кард. Тибқи маълумоти як манбаъи мувассақ дар ин кор Диловар Муҳиддинов даст дорад. Гуё  Путин ба Раҳмонов телефон карда гуфта бошад, ки мақомоти шумо наметавонад як Рустами Хаммерро дастгир кунанд. Ин одам Русияро бо наркотика пур кард. Баъди ин Раҳмонов супоришро шахсан ба Фаттоҳ Саидов медихад, киУмаров ва бародараш шариканд, бояд як коре кунад. Фаттоҳ Саидов давоми ду рӯз Фаридуни бародари Мансур Умаров ва Рустами Хаммерро бо миқдори калони героин дастгир мекунад. Рустами Хаммер зиёда аз 20 сол ҳабс мешавад. Мансур Умаров баъди 2 сол бародарашро аз зиндон мебарорад.

Аммо гап дар инҷост, ки аз Диловар ҳеҷ кас гумонбар нест. Аммо, чуноне гуфтем дар ин кор Диловар Муҳиддинов  даст дорад. Ба гуфтаи худи Диловар вақтҳои охир Хушаков Қурбон  бисёртар аз норозигиҳои Умаров Мансур нисбати «доля» нақл мекарда аст. Диловар, ки аллакай аждаҳои калон шуда буд, намехост ба ягон кас зиёдтар «доля» диҳад. Нақша кашид, ки бародари Умаровро ба воситаи ФСБ ба дасти Раҳмонов супорад ва шояд бо ин восита  Раҳмонов Мансур Умаровро аз тамоми вазифаҳо бигирад. Лекин Раҳмонов ба дасти Фаттоҳ Саидов,-директори Агентии мубориза бокоррупсия, ки умуман ба наркотик сару кор надошт, Фаридуни бародари Умаровро дастгир карда ӯро назди худ забонкутоҳ кард ва ҳалқа  ба гушаш зад. Фаридун Умаров, он вақт капитани милитсия ва ҷонишини сардори бахши ОБНОН-мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Фархор буд. Фаридун Умаров ҳоло ҳам ба қочоқи героин машғул аст. Ҳозир раиси шабакаи барқи ноҳияи Фархор мебошад. Вай бо Ҷамшед Ятимови бародари СС.Ятимов партнери сахт дар бизнеси героинанд. Дар вақташ хеле аз духтарони ҳамдеҳаашро сақо зада буд. Ҳоло бошад духтари калониаш Сабринаро, ки хеле зебо мебошад ҷавонҳои район дастбадаст мегардонанд. Як мошинаи Инвайдери сиёҳи рақамҳояш 1010 дорад. Диловар инҷо тираш хок хурд. Лекин ба гуфтаи худаш репаратсияи (товон) -ҷангро ба воситаи хонаву мошинҳо бо миёнаравии Хушаков Қурбон Раҳматович  супорид ва қасами  зиёд хурд, ки ӯ даст ба ин кор надорад.  Умаров Мансур Диловарро ҳамчун одами наздики худ ба чанде аз кормандони  баландрутбаи ФСБ шинос карда буд. Диловар бошад ин генералҳоро доимо барои нест кардани партнерҳои нолозими худ , то имрӯз истифода мебарад. Мисолҳои зиёд дорем, ки Диловар доимо шарикони  бизнеси худро дар як вақти муайян (вақте ё онҳо дигар пулдор мешаванд ва ё инки ба ҳама маълум мешаванд) ба дасти мақомоти  қудратии Русия месупорад. Баъзеашонро ба ивази маблағҳои калон боз гуё халос ҳам мекунад.

Қурбон Раҳматович як тоҷири беҳтаринро, ки номаш Абдуваҳҳоб (Володя) аст бо Диловар шинос намуда буд. Ӯро ҳамчун шарик- партнёр дар бизнеси як ресторане бо номи «Хайям»- дар шаҳри Москва дар нишонии Ул.2-я Тверская -Ямская 40/3 ҳамроҳ кард. Ин  ресторанро тахминан бо 1,5 миллион доллари Абдулваҳҳоб навсозӣ ва таъмири замонавӣ карда ба кор андохтанд. То сар шудани кор ва ин ҳама пулро сарф кардани Диловар доимо такрор мекард, ки фақат мову худат инҷо кор мекунем, дигар ягон хешу табор нест. Аммо вақте серодам ва сердаромад шуд, Диловар ҳамаи хешу табори худро ба кор оварда занашро ба сари Абдуваҳҳоб сардор таъин намуд. Абдуваҳҳоб хеле тоқат кард. Баъд аз 6-7 моҳ гуфт, ки мо бояд аз рӯи маслиҳати аввалаамон рафтор кунем.  Диловар хашмгин шуд ва баъди 3-4 рӯз гӯё ба участковый пора дода бошад, Абдуваҳҳобро ҳабс карданд. Аз ҳама аҷоибаш ин аст ки ҳамин участковый солҳои дароз омада аз Диловару бародараш Баҳром дар назди Абдуваҳҳоб пора гирифта мерафта аст. Чанд маротиба аз дасти Абдуваҳҳоб ҳам гирифтааст. Баъд аз талаби ҳаққи худ ӯро ҳабс кард. Ду моҳ пас бар ивази додани 200 ҳазор доллар ва пурра даст кашидан ва номнавис кардани ресторан ба номи Светлана  ӯро аз ҳабс боз ҳамин «бечора» Диловар Муҳиддинов озод кард.

 “Мисоли дигар. Дар Душанбе бо як нафари дигар бизнеси муштарак доштанд, ки мебелный салони «Сатурн» аз они ӯ буд. Лекин ӯ бо Диловар асосан дар фурӯши героин шарик ва даромади асосиаш ҳам аз ҳамин ҳисоб буд. Ӯро ҳам дар вақт ва соати лозим ба ФСБ супорид.7-8 сол аст ки дар маҳбаси Русия нишастааст. Тамоми амволи ӯро дар Русия бо ваъдаи озод намудан ба номи ҳамон Светлана номнавис кард.”

Ҳамин Азизи Домсоз ҳанӯз аз солхои 2003-2004 партнёри асосии Диловар Муҳиддинов  буд. Он вақт Азизулло Абдуллоев намояндаи Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Русия  буд. Чуноне гуфтем Азиз ва Диловар он солҳо тиҷорати героинро ба авҷи аъло расонида буданд. Аммо доимо шарти асосии Диловар бо бизнесшариконаш ин буд, ки ӯ бояд сари пул ё ин ки ҳатман кассир бошад. Бо дигар шарт розӣ намешавад, худро хеле ҳам «честный» ва «порядочный» нишон медиҳад. Пул бояд доимо пеши ҳамин бошад, барои он ки гуё ба амонат ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад ва ҳатман чи қадар «недвижимость» бошад,  бояд ба номи Муҳиддинова Светлана Константиновна карда шавад. Ба гуфтаи худаш беҳтарин ва «надёжный» одам, ки ҳеҷ гоҳ фиреб намекунад. Аммо мақсад дигар:-«ҳеҷ гоҳ он чизу чораҳоро аз дасти мо намегиранд».Чуноне гуфтем вақте ҳаҷми даромад аз тиҷорати героин ба даҳҳо миллион доллар расид, Диловар бисёр фикр накарда, тахминан дар соли 2005 Азизулло Абдуллоевро ба мақомоти Русия супорид. Баъди якчанд сол Азизулло фаҳмид, лекин дар маҳбас илоҷ надошт овоз баланд кунад. Барои он ки ҳамаи пулҳо то охирон рубл дар дасти Диловар буданд, ӯ метавонад бо 10-15.000 доллар дар дохили маҳбас проблема ба Азизулло созад. Ҳамин тавр тамоми пули Азизуллоро  аз худ карда ба худ хонаву ҳавливу корхонаҳо  харид ва хизмати Мансур Умаровро ба воситаи Қурбон Раҳматович мекард. Вақте ки Азизулло то охири муҳлати худ дар маҳбас нишаста баромаду ба Тоҷикистон омад, кори аввал пулҳои худро пурсон шуд, хеле ҷангҷолҳову кашокашҳо кард. Лекин дар байн фикр мекунам Зоири домоди Раҳмонов даромада фаҳмонд,ки якҷоя кор кунанду Диловар пулҳои Азизуллоро барқарор кунад.

“Диловар ҳамроҳи Қурбон  Раҳматович ба Азизулло ҳамкорӣ пешниҳод кард ва бо худ назди ҳамаи шиносҳояш бурда ҳамчун бародар муаррифӣ мекард. Ҳамин тавр ин се нафар боз ҳамкориашон дар солхои 2015-2016 сар шуд. Дар ин бизнес ролҳо тақсим шуда буданд. Диловар дар Русия ҷавоб медиҳад, Азизулло дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба ӯ дар инҷо Ёқуб ва Тоҷиддин-бародарони Диловар ёрӣ мекарданд. Қурбон Раҳматович инвеститсия мекобад, аз Эрону Тоҷикистону дигар давлатҳо ва бо Диловар аз ҳисоби фоидаҳои ба даст омада корхонаву мағозаҳо дар Маскав мехаранд ва ба сохтумон дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд. Мансур Умаров барои амнияти бизнес ҷавоб мегуяд. Онҳо беҳтарин синдикат сохта буданд, метавон гуфт як империяи бузурги тиҷоратиро ташкил намуданд.”

То охирҳои соли 2021 даҳҳо миллион доллар пул ба даст оварда дар Москва яке аз корхонаҳои лоҷистикии калон, як корхонаи бетонбарории ниҳоят калон, хостел, меҳмонхона ва се -чор хонаи ба ҳашамат, даҳҳо мошини гаронбаҳо:-ролс-ройс, Бентли, Мерседес кубик, Мерседесҳои s класс ва ғайраҳо хариданд. Асоси гап ин буд, ки ҳеҷ кас нияти бас кардан ҳам надошту сер шудан ҳам набуд. Диловар ва Қурбон Раҳматович бо Умаров маслиҳат карда ба хулосае омаданд, ки барои номи худро тоза нигоҳ доштан ҳатман Азизуллоро ба мақомот супоранд ва дертар ба воситаи суд, агар шуд, мебароранд, агар нашавад ҳам ҳеҷ гап не, ӯ зери назорати 24 соатаи Мансур Умаров мемонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Азизуллоро дастгир карданд ва бо роҳи фиреб ҷойҳои героинро муайян карданд ва охир ба умеди Диловару Қурбон Раҳматович ва Умаров ба муддати 30 сол ҳабс шуд. Вақти дар маҳбас буданаш то суд, Диловар ҳар рӯз дар алоқа буд, дилашро пур мекард, мисли пештара, ки ҳама хуб мешавад, ту аз сари суд мебароӣ, фақат аз ҳамон «доля»-и ту 3-4 миллион сарф кардан лозим. Бечора Азизулло ба ҳама шартҳои ин се мошенник розӣ буд. Лекин оқибат худаш танҳо ҳоло дар кунҷи маҳбас монд.

“Дар вақти тафтишот шояд каме шиканҷа карда бошанд, ки номи Диловар, ду бародараш ва Қурбон Раҳматовичро якчанд маротиба Азизулло гирифтааст. Аз рӯи нишондодҳои Азиз оперативникҳои ВКД бародарони Диловар – Ёқубв Тоҷиддинро чанд бор кашокаш карданд. Диловар дарҳол ба Мансур Умаров муроҷиат кард. Умаров бо вазири ВКД ҳама корҳоро тинҷ намуд.”

Диловар бо ёрии Қурбон Раҳматович дар Душанбе  2-3 квартираи калон аз сохтумонҳои нав харида ба худ гарем сохта аст. Қурбон Раҳматович ба воситаи директорони мактабу баъзе студенткахо «конкурс красоты» дар Душанбе доир карда,духтарҳои 16-17 соларо  барои гареми Диловар таъмин мекунанд. Диловар бошад ҳар моҳе як маротиба ба муддати 2-3 руз ҳамроҳи русҳову кафказиҳо омада духтарҳои тоҷики Қурбон Раҳматович омода намударо таҷовуз карда мераванд.

  “Қурбон Раҳматович сабабгори асосии банкрот шудани «Тоҷиксодиротбонк» мебошад. Тоҷиддин Пиров ҳамаи корҳоро ба Қурбон Раҳматович бовар намуда, ки корҳои бонк хуб рафта истодааст, бо карру фарру худнишондиҳиву сафарҳои худ овора, то хабардор шуд, ки бонк садҳо миллион доллар қарздор шудааст.”

Диловар ба Қурбон Раҳматович дар Москва аввал хона тӯҳфа кард. Баъд бонкро ба тамоми корҳои ғайриқонунии худ истифода бурд. Масалан, мактабе, ки дар ноҳияи Фархор  гуё ба миллион доллар пули худ сохта буду дар маросими кушодашавиаш Раҳмонов  иштирок намуд, сад фисад аз пули ҷудошудаи минфин (вазорати молия) ба Тоҷиксодиротбонк буд, поликлиникаи сохтааш ҳам аз ҳисоби бонк, заводи шифербарориаш ҳам аз пули Тоҷиксодиротбонк мебошад. Ва вақти маҳкам кардани қарзҳои бонкие, ки пули зинда гирифта буд, ба ҷояш хонаҳои  сохтаи Бек Сабурро ба 8-10 баробар аз нархаш боло ба ҷойи қарз Қурбон Раҳматович барои Тоҷиксодиотбонк қабул мекард. Масалан хонаи як утоқаи Бек Сабур 40 кв.метр12.000доллар арзиш дошта бошад,бонк аз Диловар ба маблағи100.000 доллар қабул мекард. Ҳамин тавр 4-5 миллион доллари бонк тахмин  дар 200-300.000 доллар бо ёрии бевоситаи Қурбон Раҳматович маҳкам менамуд. Ба гуфтаи Диловар, замоне Бек Сабур дар Москва дар магазину мойкаи Диловар бо ҷияну хешу табораш кор мекарданду якумр аз ӯ қарздоранд. Дар ҳақиқат Диловар телефон мекунад, Бек Сабур байни якчанд дақиқа расида мебиёяд. Ҳамин тавр дар муфлис шудани Тоҷиксодиротбонк Қурбон Раҳматович саҳми калон дорад.

Қурбон Раҳматович, Азизи домсоз бо Диловар дар Москва як ширкати лоҷистикии  калонро соли 2019 аз «Юникредитбанк»-и Русия хариданд. Микдори калони пулҳоро Азизи домсоз додааст, қисми камтарашро Қурбон Раҳматович  аз ҳисоби фурӯши ду самолёти Боинге, ки ба Тоҷиксодиротбонк тааллуқ дошту дар Эрон нигоҳ дошта мешуд, пардохт намуд. Диловар ҳамаи шарикони бизнесашро маҷбур мекунад, ки фақат дар Москва  инвеститсия кунанд. Барои он ки ғасбу тасарруфи молашон дар ин ҳолат ба ӯ осон аст. Бо ёрии мақомоту бо ёрии мардуми кавказихо тоҷиконро тарсонда гирифтааст.

Ногуфта намонад,ки  Диловар ва бародараш Тоҷиддин як бозори сердаромад дар ноҳияи Фархор доранд. Ду ё се  сол пеш бо як гурӯҳи сахти наркобизнесҳо конфликт пайдо карданд. Онҳо омада бозорро оташ заданд. Лекин бародарони Диловар сир фош нашавад  гуфта ба ягон мақомот муроҷиат накарда худашон фавран ва аз сари нав таъмиру тармим карданд…

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед.

Ps: Хонандаи гиромӣ маълумотҳои ҷолибу хело сиррие аз ин афроде,ки дар оғоз навиштаанд шахсияти моро напурсед вале ҳеҷ туҳмату дурӯғе дар ин маълумотҳое мефиристем вуҷуд надорад ба “Ислоҳ” расидааст. То ҷое шахсияти ин афроди ирсол кунандаро пайдо намудем ва ба кадом клан марбут будани онҳоро низ ташхис намудем. Муҳим маълумотҳояшон дақиқ ва туҳмате дар онҳо нест. Танҳо афроде ҳастанд,ки “ранҷида” аз ин круги Мансур Умаров ва  Диловар Муҳиддинов  мебошанд. Дар мақомоти болоии қудратӣ ифои вазифа менамоянд. Фигурантҳое дар ин маводҳои ирсол шуда дида мешавад, ки воқеан хело ҷолибанд. Тамоми ончӣ фиристодаанд бо мадорик ва аксҳои оперативӣ бо акси шиносномаҳояшон ирсол шудаанд.Дар ин маълумотҳои ирсолшуда барало маълум аст,ки ба фурӯши маводи мухаддир тақрибан ҳама мақомдорони раддаи аввали кишвар даст доштаанд. Албатта ончи фиристодаанд хело ваҳшатнок аст. Тавонистем ,то ин андоза таҳқиқ намоем ва тақдиматон кунем. Ҳатман кормандони тими кории “Ислоҳ” дар вақтҳои муносиб мӯшикофона боқиимаълумотҳоро таҳқиқ менамоянду омода ба нашраш менамоянд. Бояд зикр намоем,ки ин силсила ифшокориҳо то 12 матлаби муфассал тақдиматон гарданд ва тавассути навор ҳам дар  «Ислоҳ-тв» пешкашатон мегарданд…

Total
34
Shares
Related Posts