Чаро Имом Ҳусайн (р) бар алайҳи Язид қиём кард ?

Ислоҳ нет

Имрӯз мусодиф аст ба рӯзи шаҳодати набераи расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу),ки дақиқан дар рӯзи 10 уми моҳи муҳаррам,ки аввалин моҳи солшумории ҳиҷри қамарист. Ман дар ин матлаб кушиш менамоям чизе аз худ нанависам. Танҳо коре анҷом медиҳам он иқтибос аз кутуби муътабари торихӣ бо зикри санад рӯйи сафҳа гузоштан аст. Аз оғоз мегуям ҳар даъвое касе мехоҳад бикунад бо муаллифони он кутуби торихӣ бикунад, на бо ман. Масулияти ман ин мақтаъи ҳузнангези торихиро рӯйи сафҳа овардан асту тамом!

Хориҷ шудани Ҳусейн ибни Алӣ (р)

(бахши аввал)

Аввалан: Ному насаб ва баъзе аз фазилатҳои Имом Ҳусайн (р)

         Номи ў Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абутолиб ибни Абдулмуталиб ибни Ҳошим, набераи Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) , писари духтарашон  Фотима (р) мебошад. Соли чаҳоруми ҳиҷрӣ таваллуд шуда ва рўзи ошурои моҳи Муҳаррами соли 61-ҳиҷрӣ дар Карбалои Ироқ ба шаҳодат расид[i].

Аҳодиси зиёде дар фазоили Имом Ҳусайн (раз) ворид шудааст; аз он ҷумла ривояти Аҳмад бо исноди худ аз Яълои Омири ки мегуяд: Рўзе ҳамроҳи Паёмбар (с) барои таъоме даъват шудем. Дар роҳ ҷамъе аз хурдсолонро рў ба рў шудем, ки саргарми бозӣ буданд. Паёмбар (с) аз байни ишон Ҳусейнро шухикунон ба оғуш кашида бусид ва фармуд: «Ҳусейн аз ман аст ва ман аз Ҳусейн ҳастам, бори Худоё дўст бидор онеро, ки Ҳусейнро дўст медорад, Ҳусейн аз зумраи  наберагонам аст»[ii].

Имом Бухорӣ бо исноди худ аз ибни Умар ривоят мекунад, ки марде аз аҳли Ироқ аз ў (яъне ибни Умар) оиди ҳукми шахси муҳриме мепурсид, Ки пашшаро куштаааст. Пас ў (р) дар посух мегўяд: Аҳли Ироқ аз қатли паша мепурсанд, дар ҳоле, Ки писари духтари Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро куштаанд ва Паёмбар (с) дар бораи онҳо гуфтааст: «Онҳо (яъне Ҳасан ва Ҳусейн) ду Райҳони ман дар ин дунё мебошанд».

Дуввум: сабабҳое, ки боиси хориҷ шудани Имом Ҳусейн (р) шуданд ва фатвое, ки хориҷ шуданашро бар он асоснок мекард:

Ҳусейн (р) мухолифи байъат бо Язид ибни Муъовия (р) буд. Ўро дар ин амр Абдуллоҳ ибни Зубайр шарикӣ мекард. Сабаби ин ҳирси онҳо бар рўи кор омадани шахси лоиқу сазовор буд. Ин мамониъати шадиди Ҳусейн ва ибни Зубайр баъдтар шакли амали гирифт. Имом Ҳусейн(р)  аз ибтидо мухолифи сулҳ буд, лекин бо пайравӣ аз бародараш Имом Ҳасан (р) онро муваққатан (то ҳаёт будани Муъовия (р)  пазируфт ва ба аҳли Куфа имомати намоз мекард. Чун Муъовия (р) вафот намуд саркардагони куфа бо шитоб ба ў нома навишта хоҳиш намуданд то бо суръат назди онҳо ба Куфа ҳозир шавад[iii].

Бештар дар ин қисмат таҳқиқро идома намедиҳем, чун мехоҳем ба асли ҳодиса ворид гардем.

Сабабҳои хориҷ  шудани Имом Ҳусейн (р) чунин мебошад:

  1. Иродаву хости илоҳӣ:

Ҳар ончи Худованд мехоҳад ҳамон хоҳад шуд, агар тамоми дунё  бихоҳад ва якҷо шавад ҳукми илоҳиро тағйир дода наметавонанд[iv].

2. Гардонидани ҳукм аз шуро ба мулки меросӣ:

         Яке аз сабабҳои хориҷ шудани Ҳусейн (р) иҷро накардани Муъовия (р) шартҳои сулҳ бо Ҳасан (р) аст. Мувофиқи шартномаи сулҳ бояд низоми таъйини халифа баъд аз Муъовия (р) боз шуро мешуд[v]. Аммо Муъовия (р) онро иҷро накард ва инро Ҳусейн (р) кушише аз Муъовия (р) барои мероси гардонидани ҳукм ва мухолифати ошкоро бо таълимоти исломи медонист, лекин бо вуҷуди ин зидди Муъовия (р) барнахост, зеро байъат намуда буд ва онро нашикаст[vi].

Чун Муъовия (р) вафот намуд мавқифи ў дигар шуд, дигар дар гарданаш байъат намонд. Ин буд, ки воли Мадина барои гирифтани байъати ишон талош меварзид[vii].

Мавқифи Имом  Ҳусейн (р) ва фатвои он зидди ҳукми умавиҳо ду марҳаларо тай намудааст:

1. Марҳалаи аввал: 

         Ин марҳалаест, ки Ҳусейн(р) байъат бо Язидро рад намуда ба Мака рафт ва мавқифи сиёсии худро нисбат ба ҳукми Язид бинобар дидгоҳи шаръии худ ба ҳукми умавиҳо таъсиси дод. Ҳусейн (р) ба ду далел байъат бо Язидро ҷоиз намешуморид:

а) Аз нигоҳи шахсият Язид салоҳияти халифа шуданро надорад, зеро шарти адолат дар ў вуҷуд надорад[viii].

Ҳамчуноне, ки Ҳусейн (р) аз ҳама нигоҳ аз Язид дида сазовортар ба хилофат буданд.

б) Аммо аз нигоҳи сиёсӣ набудани шарти шуро ва мунҳасир сохтани ҳукм ба хонадони умавиҳо мебошад, ки мухолифи таълимоти исломӣ аст. Имом Ҳусейн (р) медонист, ки тибқи ҳадис байъат шарт аст, лекин бо касе ў байъатро шарт медонист, ки лоиқу сазовор барои мансаби хилофат бошад ва аз тариқи шуро интихоб шуда бошад[ix].

Байъат накардан Ҳусейн (р) бо Язид маънои номашруъ будани ҳукми умавиҳоро дошт. Ин буд, ки умавиҳо барои ба даст овардани байъати Ҳусейн (р) ва ибни Зубайр (р), аз роҳи ҷабру зурӣ ҳам бошад, талош мекарданд[x]( Таърихи Табарӣ (6/259).)

Марҳилаи дуввум:

Марҳилаи дуввум марҳилаи амалист, дар муқовимати ҳукми умавиҳо ва гузаштани худ чун ҷойгузини ҳукми ишон дар Димашқ. Ҳусейн (р) қабл аз хориҷ шуданаш ба сўи Ироқ чанд муддат  дар Макка иқомат варзида бо аҳли Куфа номаҳои зиёде радду бадал намуд ва чандин ҳайъату намояндагони ишонро ба ҳузур пазируфт ва ахиран  ба чунин хулоса омад, ки муқовимати ин зулм  ва дур намудани  ин мункар воҷиб аст[xi] .( Таърихи табарӣ (6\273, 274).)

Ҳусейн (р) қарори сиёсияшро оиди муқовимати бани Умая ба ин фатво бино намуд, ки бини Умая ҳудуди Худовандро дар ҳукм риъоя  накардаанд ва манҳаҷи Паёмбар (с) ва ёрони ўро мухолифат намудаанд. Илова бар ин адами вуҷуди шарти адолат дар Язид ва аҳл набудани ў барои ин мансаб байъат бо ўро ноҷоиз мегардонад. Гузашта аз ин амр бар маъруф ва наҳй аз мункар  бар уламои уммат воҷиб аст ва Ҳусейн (р) яке аз уламои уммат аст ва ҳақ дорад ки ин мункарро рад намояд. Бинобар ин мавқифи Ҳусейн (р) маънои хориҷ шудан бар имомро надорад балки он тағйир додани мункар  ва баргардонидани ҳукм бар тариқаи  исломи он аст[xii].

 Далели пойбанд будани Ҳусейн (р) ба таълимоти исломӣ дар таҳаррукоти сиёсияш ин аст, ки ў ҳангоме, ки қасди муқовимати Язидро намуд Маккаро тарк намд то ҳурмати он зери хатар қарор нагирад.[xiii] (Таърихи Табари нақл аз Хулафо… (с. 25).)

Суввум: Тасмими Ҳусейн (р) барои хориҷ шудан ба сўи Куфа ва насиҳати саҳобагону тобеъин ва раъйи ишон дар бораи сафари ў ба Куфа.

1. Тасмими Ҳусейн барои сафар ба Куфа:

Чун номаҳои зиёде аз саркардагони Куфа ба Ҳусейн (р) расид ва ишон талаби ҳозир шудани ўро намуданд, Ҳусейн (р) писарамаки худ Муслим ибни Ақилро барои дарёфти  ҳақиқати хабар ба Куфа фиристод, то ба ў хабар диҳад[xiv].

Муслим ибни Ақил баъд аз расидан ба Куфа ба таври пинҳони дар хонаи чанд тан аз ҷонибдорони Ҳусейн (р) иқомат варзида ниҳони беш аз 12000 нафар[xv] байъати худро ба Ҳусейн (р) доданд.

Чун Муслим ибни Ақил аз рағбати зиёди Куфиён ба Ҳусейн (р) итминон пайдо карданд ба ў нома навишт барои омадан ба Куфа ўро даъват намуд  ва аз омодагии аҳли Куфа ва ихлоси ишон ба ў хабараш дод. Ҳусейн (р) баъд аз хондани ин нома ба аҳлу аёлу ҷонибдоронаш омодаи сафар шуд[xvi].

2. Мавқифи саҳоба ва тобеъин оиди  хориҷ шудани Ҳусейн (р):

Чун хабари тасмим гирифтани Ҳусейн (р)-ро барои рафтан ба Куфа саҳобагону тобеъин шуниданд, ишон нороҳат гардида ҳар яке наздаш омада бо ҳар васила, ки набошад кушиш намуданд то садди роҳи рафтани ў гардид. Аз онҷумла Муҳаммад ибни Ҳанафия, Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Зубайр(разияллоҳу анҳум аҷмаъин)  ва ғайра. Ишон талошҳои зиёде карданд,  то беаҳду паймон ва хоин будани аҳли Ироқро барои Ҳусейн (р) исбот намоянд. Барои ин саргузашти падараш Алӣ (р) ва бародараш Ҳсанро бо аҳли Ироқ ба ў мефаҳмониданд, аммо фоидае надошт. Бисёре аз саҳобагон ҳатто бо хунрези  ва зодухурд анҷом ёфтани ин сафаро барояш пешгуи карданд лекин ў тасмими худро дигар накард ва ба сафари худ идома дод.

Чаҳорум: Мавқифи Язид оиди ҳодисаҳои Куфа:

Чун аз тасмими хориҷ шудани Ҳусейн (р) ба Куфа Язид мутаакид шуд ба ибни Аббос ки шайхи бани Ҳошим ва олиму донишманди мусалмонон буд, нома навишта хотиррасонаш намуд, ки тоифае аз мардуми машриқ Ҳусейнро ваъдаи мансаби хилофат доданд. Таҷрубаи шумо нисбат ба ин мардум хеле зиёд аст. Агар феълан тасмим гирифта бошад барои иҷобати даъвати ин мардум ва хориҷ шудан ба Куфа бо ин мақсад дар ҳақиқат робитаи хешутабориро қатъ кардааст. Шумо, ки бузургии қавм ҳастед ўро аз ин кор боз доред то тафриқи байни мусалмонон наандозад[xvii].

Абдуллоҳ Ибни Аббос(р)  дар посухи ба ў навишт: ман умед дорам, ки хориҷ шудани Ҳусейн на барои амре буда, ки барои шумо макрух аст ва ман насиҳатро барои ў ба хотири улфату аз байн бурдани фитна ва нофаҳми дареғ нахоҳам дошт.[xviii]

Дар ин асно дар  Куфа ҳодисаҳо пай ҳам ва бо суръат мушоҳида мешуданд. Чун шиъаҳо ба Муслим ибни Ақил рўй оварда ниҳони бо ў байъат мекарданд, Нуъмон ибни Башир валии  Куфа аз ин амр ва хатарнок будани вазъ огоҳи ёфта ба  мардум хутба ирод намуда онҳоро ба тарс аз Худованд ва дури ҷустан аз фитна даъват намуд. Ў ишонро огоҳ сохт ки дар сурати халалдор сохтани амният ва хилофи аҳду паймон амал намудани ҳар касе ки набошад ҷазои сангине ўро интизор хоҳад буд. Ў дар охир гуфт: Умедворам, ки шахсони ҳақиқатфаҳм байни шумо бештаранд аз он касоне ки онро намефаҳманд[xix].Ин сиёсати пешгирифтаи Нуъмон ба ҷонибдорони Язид писанд наомада онро «Тариқаи Мустазъафин» хонда пешниҳод намуданд, ки сиёсати зурӣ ва шиддатро бояд бар зидди “хушунатгарон” пеш гирифт, ки ў дар сиёсаташ муроқибати Худовандро фаромуш намекунед[xx].

Язид аз ин сиёсати Нуъмон  рози нашуд. Ин буд ки вилояти Куфаро низ ба зиммаи волии худ дар Басра Убайдуллоҳ ибни Зиёд гузошт ва ўро амр дод то ба Куфа рафта ибни Ақилро аз фаъолият бар зидди хилофат боздошта ба маҳбас фиристад ё қатл кунад[xxi]. [xxii].

Ибни Зиёд бо фармони Язид ба Куфа омада дар аввалин хутбаи худ мардумро хушдори дод ва касеро, ки итоъат мекунад ваъдаи нек ва касеро, ки мухолифат мекунад ва фитнаангези мекунад ваъдаи бад дод[xxiii].[xxiv]. (Таърихи Табарӣ (6\280).)

Панҷум: Убайдуллоҳ ибни Зиёд ва нақшаҳои ў барои аз байн бурдани Муслим ибни Ақил ва ҷонибдорони ў.

1. Рахна намудани  сафҳои Муслим ибни Ақил:

Убайдуллоҳ ибни Зиёд бо истифода  аз ҷосусҳояш аз гурӯҳҳои  мухолиф маълумот ҷамъ менамуд. Ў тавассути яке аз ҷосусҳои худ марди шомие  бо номи Маъқал, ки бо истифода аз мол худро ба сафи тарафдори Муслим ибни Ақил ҷо намуда буд,  тамоми маълумотро аз ҳаракатҳо ва нақшаҳои Муслим ва тарафдоронаш пайдо мекард ва охирин ҷои буду боши  Муслимро, ки дар ниҳоят сирри буд, дар манзили Ҳони ибни Урваи  Муроди тавассути  ин ҷосус кашф намуд[xxv].

2. Ҳабси Ҳони ибни Урва:

Чуни зиёрати Ҳони ибни Урва аз амир ва қасри аморат тақрибан канда шуд ибни Зиёд аз вазирони худ Муҳаммад  ибни Ашъас  ва Асмо ибни Хориҷаи Фаззорӣ, ки хусури Абдуллоҳ ибни Зиёд ҳам буд. (Ҳинд бинти Асмо духтараш буд зеботарин зане,ки пас аз кушташудани Убайдуллоҳ ибни Зиёд Бишр ибни Марвон ибни Ҳакам бо ӯ издивоҷ мекунад ва пас аз марги Бишр Ҳаҷҷоҷи Сақафӣ бо ӯ издивоҷ мекунад…) Муҳим  аз ҳоли Ҳони пурсон шуд. Ишон гуфтанд, ки ў бемор аст. Аммо ибни Зиёд аз ин узри ишон  қонеъ нашуда сиҳат будани ўро барояшон исбот намуд. Ишон ин ташвиши амирро ба Ҳони расонида ўро ба зиёрати  амир водоштанд. Дар ҳузури амир ибни Зиёд аз Ҳони сабаби нигоҳ доштани Муслимаро бо тарафдоронаш дар манзилаш пурсид ва Ҳони  ки аз асли воқеъа бехабар буд инкор намуд. Чун ибни Зиёд ҷосуси худ Маъқоми Шомиро ба маҷлис хонд ва Ҳони ўро дид дарёфт, ки ў ҷосуси амир дар маҷлиси ишон будааст. Бо вуҷуди иқрор шудани Ҳони ва ваъдаи ихроҷи Муслим аз манзилаш ибни Зиёд аз ў талаб намуд, ки Муслимро ба қаср биёрад. Чун Ҳони аз ин амр саркаши намуд лату куб шуда ба маҳбас андохта шуд[xxvi] ва аҳлу оилаву қабилааш низ чун аз зинда будани ў мутмаъин гардиданд талоше барои раҳоияш накарда аз назди қасри амир боз пас гаштанд.

3. Истифода намудани Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз сарони қавму қабоил дар пахш намудани инқилоби Куфа:

Чун Муслим ибни Ақил аз латукуб ва зиндони шудани Ҳони бо хабар шуд бо  истифода аз калимаи сир (парол ё рамз) ҳамаи ҷонибдорони худро, ки зиёда аз чор ҳазор нафар буданд[xxvii] ҷамъ намуда муназзам сохта сўи қаср равон шуд.

Чун аз ҳаракати Муслим ибни Зиёд бохабар шуд даромадгоҳҳои қасрро  аз ҳар тараф мустаҳкам[xxviii] намуда худ ва сарони қавму қабоили Куфа дохили қаср боқӣ монданд.

Ибни Зиёд ки хеле  зираку маккор буд рӯзи ворид шуданаш ба қаср ҳамаи  сарони  қавму қабоил ва ашрофи Куфаро бо худ ба қаср бурда онҷо нигоҳ медошт, то дар ҳар маврид аз онҳо истифода барад.[xxix]

 Муслим бо ҳамаи тарафдоронаш сўи қаср равона гардид. Инҷо ибни Зиёд аз сарони қабоил ва ашрофи Куфа ки бо ў буданд талаб намуд то мардуми ҷамъшударо насиҳат кунанд ва аз наздик шудани лашкари Шом ва қатъи бахшишҳо ба ишон битарсонанд то аз ин  кор даст кашанд вагарна ба азобу шиканҷаи султон  гирифтор хоҳанд шуд[xxx].

Дар ин гуна ташвиқот барои   пароканда  намудани ҷамъшудагон натанҳо сарони қавму ашрафзлдагон балки занону мўйсафедон  низ ширкат варзиданд. Дар натиҷаи ин ҷанги равонӣ тарафдорони Муслим гурўҳ-гурўҳ аз ў ҷудо мешуданд то ин ки дар охири руз  бо ў  ҳамагӣ 60-нафар боқӣ монд[xxxi]

Бадбахтона ин 60-нафар низ баъд аз зодухурди кутоҳе, ки бо Муҳаммад ибни Ашъас рух дод ба ҳар тараф пароканда шуданд ва дар ҳангоми шаб Муслим худ яккаву танҳо дар кучаҳои Куфа  беихтиёр қадам мезад[xxxii]. Агар бо лаҳни имрӯзи бигӯем намояндаи Имом Ҳусайнро аҳли Куфа” кидат” карданд бар ивази пулу мол.

4. Дастгир ва кушта шудани Мусли ибни Ақил:

Чун Муслим ибни Ақил яккаву танҳо дар куча монд дар торикии шаб аз хонае об пурсид то ташнагиашро рафъ намояд ва баъд онҷо паноҳ бурд. Соҳибхоназан писаре дошт, ки мавлои Муҳаммад ибни Ашъас буд ва он писар хабари Муслимро ба Мавлояш Муҳаммад бурд[xxxiii] ва ибни Зиёд бо истифода аз маълумоти ибни Ашъас пулиси худро фиристод ва Муслимро дастгир намуд ва ба қатл расонид. Дар роҳ то ба қаср ибни Ақил аз Муҳаммад ибни Ашъас хост то хабареро аз хиёнати аҳли Куфа ба Ҳусайн(р)  ва аҳлу аёлаш ки ба Куфа меоянд бирасонад. Ин пешниҳоди ибни Ақилро ибни Ашъас пазируфт ва шахсеро фиристод то бо Ҳусейн(р)  мулоқот намояд.

5. Кушта шудани Ҳони ибни Урва:

Баъд аз ин ибни Зиёд амалеро анҷом дод, ки далолат бар зулму истибдод ва бераҳмию сангдилии ў мекунад. Ў амр намуд то Ҳони ибни Урваро ба бозор бурда дар маҳзари оммаи мардум ба қатл расонад. Талаби кумаки Ҳони аз ҳамқабилаҳояш ба ў суде набахшид. Пас аз он ҷасади Ҳони ва Муслим дар бозор рў ба рўи мардум овехта шуданд[xxxiv].

(Албидоя ван-ниҳоя (11/490), Таърихи Табарӣ (6/302).)

Илова бар ин ду нафар ёрон ва кумак кунандагони ишон низ ба қатл расонида шуданд[xxxv] ибни Зиёд имконият дошт то Муслим ва Ҳониро ба назди Хафлифа фиристод ва халифа ишонро ё ҳабс ва ё авф менамуд ва бо ин роҳ аз адовату душмани байни мусалмонон  ҷилавгири мекарданд, аммо ин корро накарданд. Бо ин амалаш ибни Зиёд нишон дод ки давлат барои ҳифзи амну субот ба ҳар  амале, ки хоҳад даст мезанад. Чунин ба назар мерасад, ки Муслим шахси сиёсатмадор ва дурандеш набуда ва ҳодисоти гузаштаро бо ҳозира муқоиса карда натавонистааст, то оянда барояш рушан гардад. Ў ба гиряву инфиъолоти отифии куфиҳо такя намуда ба Ҳусейн (р) нома навишта ўро ба Куфа хонд. Барои ишон байъат ва ҳузури ҷонибдорон муясар гардид[xxxvi]  Аммо дар табдил додани ҳукм ва дур сохтани давлат аз сари қудрат танҳо авотиф кифоя намекунад, балки аз ҳама бештар роҳбарияти пуртаҷриба низоми мустаҳкам ба нақшагириҳои дурандешона афроди қобили эътимод ва омодагиҳои модию маънавӣ дар як вақт зарур аст. Метавон гуфт, ки ҳисоботе, ки Муслим ва Ҳони ба он такя мекарданд хато ва ғайри воқеъи будаанд. Муслим танҳо ба авотифи муҳаррики мардум такя намуда таъйиди сарону заъимони Куфаро ба эътибор нагирифт ва кушише барои ба танзим даровардани ҷонибдоронаш накард, то мутобиқи истеъдодҳо ва тавонмандияшон  кор кунанд ва аз он отифаи ҳукмрон дар ҷомеъаи онвақтаи Куфа ба  фоида худаш истифода барад. Дар дигар ҷониб Ҳони ибни Урва ёвару ҷонибдори Муслим  аст, ки ба нуфузи бисёри қабилаву қавлаш такя намуда тағйиротеро, ки дар робитаи он рузе байни қабоили ва сарони онҳо роиҷ шуда ва аз қадим фарқ мекард дарк нанамуд. Бахшиши амвол  омили муҳим дар заъиф сохтани робитаи афроди қабоил байни ҳам гардида буд. Биноан ҳисоботи Ҳони низ ноком баромад[xxxvii].

Шашум: Расидани хабари кушташавии Муслим ибни Ақил ба Ҳусейн(р) ва рўё рўйи ў  бо аввалин лашкари ибни Зиёд:

Ҳусейн (р) аз Макка дар рузи «тарвия» мувофиқи ҳаштуми  моҳи Зил-ҳиҷҷаи соли шастуми ҳиҷрӣ хориҷ шуд. Волии Макка Амр ибни Саъид ибни Ос ҳайъатеро бо сардории бародараш Яҳё ба назди Имом Ҳусейн(р)  фиристод то ишонро аз қасди сафарашон  баргардонанд, аммо Ҳусейн (р) дар ҷавобашон ин ояи каримаро хонд:

Сухани Худо:

«Агар туро ба дурўғ нисбат карданд, бигў: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумо. Шумо аз кори ман безоред ва ман аз кори шумо безорам».

(Сураи Юнус ояти 41)

Ва бо аҳлу аёл ва шаст нафар аз шайхони Куфа сўи он шаҳр равона шуд[xxxviii]. Марвон ибни Ҳакам ба ибни Зиёд нома навишта аз хуруҷи Ҳусейн(р)  ба сўи Куфа ўро огоҳ сохта хотиррасон намуд то бо ў муъомалаи нек намояд.[xxxix]

Амр ибни Саъид низ номае ба ў бо айни ҳамон мазмун навишта фиристод.[xl] Дар аснои роҳ Ҳусейн (р) бо шоири машҳур Фараздақ дар минтақаи «Зоти Ирқ» рў ба рў шуда аз ў тасавурашро оиди муъомилаи Куфиҳо  нисбат ба худ мепурсад ва номаҳои ишонро ба ў барои возеҳ шудан нишон медиҳад. Фараздақ гуфт: Онҳо шуморо хор месозанд пас назди онҳо  марав, зеро шумо сўи қавме равонаед, ки қалбҳои ишон бо шумо ва дастҳояшон бар зидди шумост.[xli] (Ал-бидоя ван-ниҳоя (11/510).)

Чун аз хориҷ шудани Ҳусейн (р) аз Макка ва равона шуданаш  ба сўи Куфа Язид огоҳ мешавад номае ба ибни Зиёд навишта ўро барҳазар месозад  ва хотиррасонашон менамояд ки аз байни омилҳо ту бо чунин имтиҳон мубтало шудаи[xlii].

1. Ибни Зиёд тадбирҳои амнияти меандешад:

Барои қатъи робита байни Ҳусейн (р) ва аҳли Куфа ва зери идораи комилу мустаҳкам доштан болои шаҳр ибни Зиёд баъзе тадбирҳои амнияти андешид. Ў ҳамаи ҷамъоваронро ҷамъ намуда бахшиши моли матоъ ба онҳо дод то дастию ҷонибдории ишонро касб намояд[xliii].

Баъд аз он ў гурўҳеро барои посбонии атрофи шаҳр фиристод ва гурўҳи дигареро барои муроқибати роҳ сўи шом  ва шаҳр дохил ё хориҷ шудан намегузошт[xliv].

Имом Ҳусейн (р) дар роҳи худ ба сўи Куфа буд ва аз ин иҷроот огоҳи надошт. Ў аснои роҳ нафареро бо номи Қайс бо мактуб ба Куфа фиристод лекин лашкариёни ибни Зиёд ўро дастгир карда назди ибни Зиёд буданд ва ўро фавран ҳалок намуданд.[xlv] (Ат-табақот (5/376), Ан-собул-ашроф (3/167).)

Шахси дуввумро ба назди  Муслим фиристод, ки ў низ ба дасти ибни Зиёд афтода кушта шуд.[xlvi]

Ин амалкарди ибни Зиёд таъсири манфии бузурге бар нуфуси пайравону тарафдорони Ҳусейн гузошт. Ҳар яке медонист, ки ҷонибдори аз Ҳусейн маънои ҷон ги рифтан ба кафи дастро дорад.[xlvii]( Мавоқифул- муъориза (с. 266).)

Ҳусейн (р) эҳсос менамуд, ки авзоъ дар Куфа ба  таври табиъи пеш нарафа истодааст. Хусусан баъд аз ин ки аъроби бидиянишин аз манъи дохили хориҷ шудан ба Куфаро барояшон хабар дод[xlviii].

Баъзе арабҳо аз оқибати нохуби ин сафар ба Ҳусейн (р) пешгуи мекарданд лекин ба ҷамъи зиёди номаҳои Куфиён такя намуда натиҷаи хубро интизор дошт. Чун Ҳусейн (р) ба минтақаи «Зубола» расид хабари кушташавии Муслим ибни Ақил ва Ҳони ибни Урва ва даст кашидани аҳли Куфаро аз нусрати худ  шунид.[xlix]

Ин хабар таъсири амиқе дар руҳияи Имом Ҳусейн (р) гузошт.[l]

2. Ҳусейн (р) ба  ҳамроҳонаш иҷозати бозгашт медиҳад:

Ҳусейн (р) баъд аз шунидани ин хабари шум ёрону ҳамроҳонашро аз он огоҳ намуд фармуд: Ҳар касе ки иродаи бозгашт дорад метавонад баргардад, пас мардум ба ҳар сўй пароканда шуданд[li]. (Таърихи Табарӣ  (6/323).) Баъзе афроде, ки бо ў боқӣ монданд насиҳаташ карданд, ки бозгардад, зеро дар Куфа касе пуштибони шумо нест. Аммо бани Ақил бародарони Муслим гуфтанд: Савганд ба Худо мо бар нахоҳем гашт, то ин ки қасоси бародарамонро мегирем ё мисли ў кушта шавем[lii].

3. Мулоқоти Ҳур ибни Язид Тамими ки ҳамроҳи лашкари Куфа буд:

Чун мардум аз назди Имом Ҳусейн (р) пароканда шуданд ў бо афроде, ки аз Макка бо ў берун шуданд танҳо монд. Онҳо сафари худро давом доданд то ин ки ба минтақаи «Широф» расиданд. Инҷо лашкариёни ибни Зиёд бо сардории Ҳур ибни Язид бо Имом Ҳусейн (р) рў ба рў шуданд. Чун Ҳусейн аз ў талаби бозгашт намуд монеъаш гардид ва баён дошт ки ба ў амр шуда то расидан ба Куфа ҳамроҳият кунам. Чун Ҳусейн номаҳои зиёд бо зикр номҳоро ба ишон нишон дод, ки талаби ҳузури Ҳусейн (р)-ро ба Куфа мекарданд Ҳур ибни Язид ва ҳамроҳонаш онро инкор намуданд ва гуфтанд робитаи бо он надоранд[liii]. Пас Ҳусейн (р) рафтан ба Куфаро радд намуд ва дар ин амр исрор варзид. Пас Ҳур ибни Язид пешниҳод намуд то роҳеро интихоб намояд, ки на ба Куфа раваду на ба Мадина то Ҳур ба ибни Зиёд ва Ҳусейн ба Язид дар амри худ нома нависанд. Феълан Имом Ҳусейн роҳи сўи Шомро  пеш гирифт.[liv]

Ҳур  Ҳусейн (р)-ро ҳамроҳи менамуд ва насиҳат менамуд, то аз қитол даст кашад, то кушта нашавад[lv]. Ҳусейн (р) намози ҷамоъати ҳар ду гурўҳро якҷоя имомати мекард[lvi]

3. Вохурии Умар ибни Саъд ибни Абиваққос ва гуфту шунидҳо:

Чун Имом Ҳусейн ба Карбало расид лашкариёни дигари ибни Зиёд бо сардории Умар ибни Саъд ибни Абуваққос бо ў рў ба рў шуда муҳосирааш намуданд. Ҳусейн (р) ду хурҷини пур аз номаро, ки аҳли Куфа ба ў фиристода талаб намуданд аз ў, то ба Куфа ҳозир шавад, ба Умар ибни Саъд нишон дод ва сабаби омаданро баён намуд ва гуфт: Агар омадани ман барояшон макруҳе дошта бошад ман омадаам, то баргардам. Умар ибни Саъд ибни Зиёдро тавассути нома аз ин моҷаро огоҳ намуд ва Зиёд амр кард, то Ҳусейн (р) байъат бо Язид кунад пас он авомирамонро содир мекунем ва фикрамонро баён медорем. Чун Умар ибни Саъд номаи ибни Зиёдро хонд дарёфт, ки ў офиятро намехоҳад.[lvii] (Таърихи Табарӣ  (6/337).) Ҳусейн (р) ин пешниҳоди ибни Зиёдро рад намуд ва пас он чун хатарнок будани ин вазъиятро дарк намуд аз Умар ибни Саъд (р) хост то бо ў мулоқот намояд[lviii].

Ҳусайн (р) ба ў се пешниҳод намуд, ки яке аз онро бипазирад.[lix]

  1. Бигузорандаш, то аз ҷое, ки омада ба онҷо равад.
  2. Бигузоранд назди халифа рафта дасташро ба дасти халифа ниҳад.
  3. Ё ба яке аз минтақаҳои мусалмон нишин раваму онҷо сукунат кунам[lx].

Ҳусейн ба мувофиқаи худ ба рафтан назди халифа  таъкид варзид ва Умар ибни Саъд ба Зиёд аз расидан ба ҳалли ин мушкил нома навишта огоҳашон намуд.  Қариб буд, ки ибни Зиёд мувофиқа намояд агар Шамр ибни Зил-ҷавшан ибни Зиёд -ро аз ин роҳаш намегардонид. Бо машвараи Шамр ибни Зиёд Умар ибни Саъдро фармон дод, ки то ба ҳукми мо нафарояд раҳояш накунед[lxi]. Аммо Имом Ҳусейн (р) ин пешниҳодро комилан рад намуда атрофиёнашро амр намуд то ҳар кас мехоҳад биравад зери итоати ман нестед. Лекин ҳамроҳонаш ўро танҳо нагузоштанд ва ҳомроҳияш намуданд[lxii].

Ҳафтум: Маъракаи ҳалкунанда ва шаҳодати Имом Ҳусейн (р):

Субҳи рузи ҷумъаи соли 61-ҳиҷрӣ Имом Ҳусейн (р) иродаву қасди набард намуда ҳамроҳони худро омода намуда муназзам сохт[lxiii]. Умар ибни Саъд низ лашкари худро омодаи ҷанг намуд[lxiv]. Задухурд оғоз ёфт  ва дар ибтидо чун мубориза талаби буд. Ҳамроҳони Ҳусейн (р) ва тарафдоронаш хеле муковимат сахт нишон дода бо фидои мавсуф буданд ва ҳеҷ орзуи ҳаёт надоштанд[lxv]. Дар ибтидо Имом Ҳусейн (р) дар зодухурд иштирок накард  ва ёронаш аз ў дифоъ мекарданд. Баъд аз ин ки ҳамаи ҷонибдоронаш кушта шуданд ў шуҷоъатмандона ҷанг кард ва касе ёрои наздик шудан ба ўро надошт. Чун Шамр ибни Зилҷавшан (лаънати Худо бар ў бод) инро мушоҳида намуд аз ҳавфи ин ки замоми ҷараёни воқеъаро аз даст  медиҳад нидо сўи лашкариёнаш сар дод ва амр намуд то Имом Ҳусейн (р)-ро ба қатл расонанд ва сар аз танаш ҷудо намуданд[lxvi]. Қатл ў дар даҳуми моҳи муҳаррами соли 61-ҳиҷрӣ[lxvii] сурат гирифт. Аз ҳамроҳони Имом Ҳусейн (р) 72-нафар ба шаҳодат расиданд ва аз лашкариёни ибни Зиёди лаъин 88-нафар кушта шуданд[lxviii].. Баъд аз хотима ёфтани набард Умар ибни Саъд занону кудокони Имом Ҳусейн (р)-ро ҳамроҳ бо сари аз тан ҷудо кардаи Имом Ҳусейн назди Убайдуллоҳ ибни Зиёди лаъин фиристод[lxix].

 Дар ин набарди нобаробар 18-нафар аз хонадони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам кушта шуд[lxx]. Мо ҳамеша таърихи ин ҳодисаи дарднокро мехонем ва шарҳу тафсири ин ҳодисаро аз манобеъе мехонем,ки танҳо аз ҳолати ба шаҳодат расӣ ва гоҳо аз ҷавониби дигари он ҳодиса мехонем.

Аҷиб ин аст, ки бо Имом Ҳусайн (р) дар ин ҳодиса номҳои Абубакру Умару Усмон аз  фарзандони Алӣ ибни Абутолиб (р) ва Абубакр ибни Ҳасан, ки ҳамроҳи Ҳусейн кушта шудаанд дар фитаҳову китобҳои Шиъаҳо дидаву шунида намешавад, то нагўянд, ки Алӣ (р) фарзандонашро номи Абубакру Умару Усмон ном ниҳодааст ё ин ки Ҳасан (р) писарашро Абубакр ном ниҳода аст![lxxi] [lxxii].

Дар ривояти Бухорӣ аз Анас ибни Молик (раз) овардааст, ки чун сари Имом Ҳусейн (р)-ро назди ибни Убайдулло Зиёд оварданд бо чуби дасташ лабони ўро оҳиста кубиду оиди ҳуснаш чизе гуфт, пас Анас (раз)  гуфт: Савганд ба Худо зиштие ба ту хоҳад расид ман дидам, ки Паёмбар (с) ҷои он чуби туро дар  лабони ў мебусид, пас ибни Зиёд лаъин дар ҳол чубашро пас гирифт[lxxiii]. Чун зану фарзандони Имом Ҳусейн (р) ба Куфа расиданд ибни Зиёд амр намуд то хурокаву пушока ва ҷои буду бош барояшон муҳайё намоянд[lxxiv]. Ансобул-ашроф (3/226).

Ривоятҳои бофта оиди ин ки ибни Зиёд бо зану фарзандони Ҳусейн муъомилаи зишт кардааст дуруғи маҳз аст. Баръакс чун ибни Зиёд аз фахру ғурури нусрату зафар каме ба худ омад хатои бузурги худро дарк намуд. Эҳсоси чунин  пушаймони баъзе афроди оилааш низ мушоҳида шудааст. Модараш ба ў мегуфтааст: Вой бар ҳоли ту чи кор кардед?! Чи гуноҳе буд, ки муртакиби он шудӣ?![lxxv]

Бародараш Усмон ибни Зиёд мегуфт: Савганд ба Худо дўст доштам, ки ҳар фарде аз бани  Зиёд ҳалқаи бардаги дар гушу бини то рузи қиёмат медоштанд ва Ҳусейн ибни Алӣ (р) кушта намешуд. Ин сухани ўро Убайдуллоҳ ибни Зиёди лаъин мешуниду инкор намекард[lxxvi].

Ҳаштум: Мавоқиф ва дидгоҳҳои арзанда дар ҷониби Ҳусейн:

Чун мардум ба ду гурўҳи бо ҳам зидд ҷўдо гардиданд ва дар муқобили ҳам саф кашиданд баъзе афрод ва шахсиятҳое пайдо шуданд, ки бо мавқеъгириҳои далерона ва воқеъбинонаи ки торих онро дар сафаҳоти худ дарҷ намудааст, шуъури хонандаро такон  медиҳад. ишон дар ингуна мавқеъгирии худ танҳо расидан ба ҷаннатро мақсади асосии худ қарор дода на молу мансаб ва на шуҳрати дунёи пеши роҳашонро гирифта натавонист[lxxvii]. Аз ҷумлаи чунин мавқеъгириҳо:

1. Мавқеъи Волид ибни Утба ибни Абусуфён (р):

Валид аз истифода бурдани шиддати сахти бо Ҳусейн (р) ва таҳдид намудани ў ба қатл барои гирифтани байъат худдори намуда гуфт: Савганд ба Худо агар тамоми дунё ва доройии онро бароям диҳанд даст ба куштани Имом Ҳусейн (р) намезанам. Субҳоналлоҳ! Ҳусейн (р)-ро бикушам ба хотири ин ки мегўяд: Байъат намекунам?! Ин амал ҷазои сангине хоҳад дошт[lxxviii].

Валид ибни Утба ибни Абусуфён ҳамчун волии Мадина аз ҳамаи молу мансаб даст кашида чунин мавқеъи муносибро ба худ гирифт, то рўзи қиёмат ҷавобгарии хуни Имом Ҳусен (р)-ро дар гардан надошта бошад[lxxix].

2. Мавқеъгирии Нуъмон ибни Башир (р):

Чун амири Куфа аз  ҳаракат намудани Имом Ҳусейн ба сўи Куфа ва расидани Муслим ибни Ақил ба Куфа ва гирифтани  байъат барои Имом Ҳусейн (р) огоҳи ёфт мардум аснои хутбааш аз нофармонии имом ва даст задан ба фитна ва оқибати харобиовари он барҳазар дошт ва бо вуҷуди он ба мардум бо нарми рафтор намуда. Ў ба мардум  муроҷиъат намуда гуфт: Касеро бар гумонаш ҷазо намедиҳам ва лекин агар аҳду паймон шиканад бо ў хоҳам ҷангид.

Ин мавқеъи ўро ҷонибдорони умавиҳо мавқеъи заъифон ҳисобида инкор намуданд. Ў дар посухи ишон гуфт: Ин ки аз мустазъафин бошам дар тоъати Худо беҳтар аст бароям аз ин ки аз қудратмандон дар маъсияти ў бошам[lxxx]. Ризои Худованд барои мусалмон бояд аз ҳама чиз қимат бошад.

Сухани Худо:

 «Худо бар мардони мўъмин ва занони мўъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷўйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некў дар  биҳишти ҷовид. Вале хушнудии Худо аз ҳама бартар аст, ки пирўзии бузург хушнудии Худованд аст!»

(Сураи Тавба ояти 72)

3. Мавқеъгирии Ҳур ибни Язид:

Ў Аввалин шахсе буд, ки  ҳамроҳи лашкари Куфа бо Имом Ҳусейн (р) рў ба рў шуд ва монеъи баргарданаш ба Мадина шуд, лекин дар муъомила бо Имом Ҳусейн  хеле нарму бо ахлоқ буд ва пешниҳод намуд то ба ғайр аз Мадинаву Куфа ба ҳарҷо ки меравад озод аст. Чун лашкари дигари Куфа бо сардории Умар ибни Саъд ибни  Абуваққос ба ишон пайваст ва Ҳур эҳсос намуд ки ҷанг бо Имом Ҳусейн (р) ҳатмист мавқеъи худро иваз намуда бо Хусейн пайваст. Ў ба аҳли Куфа хитоб намуда гуфт: Эй аҳли Куфа ҳалок бод бар шумо оё Ҳусейн (р)-ро даъват кардед, то таслимаш намоеду бо ў биҷангед ва ўро аз рафтан ба дигар манотиқ манъ намоед ва байни ишон ва байни оби Фурот, ки аз он сагу хук меошомад, монеъу девор шавед. Худованд дар рӯзи қиёмат шуморо сероб накунад, агар ҳоло тавба накунед. Ҳур аз мавқеъи пешинааш узр пурсид ва Имом Ҳусейн (р) ҳам узри ўро пазируфт.

Ҳур ибни Язиди Тамимӣ мавқеъашро нисбати Имом Ҳусейн (р) тағйир дод чун дид, ки Имом Ҳусейн ба сулҳ моил аст ва мавқеъи душманона бар зидди ў аз рўи адлу инсоф нест. Адл тақозои онро мекунад, ки ҷониби сулҳхоҳро дастгири намуда дар паҳлуи он боши. Ҳур медонист, ки бо Имом Ҳусейн будан маънои маргро дорад лекин ў маргро ихтиёр намуд, то ба ҷаннат бирасад[lxxxi] .

4. Мавқеъи Наввор духтари Молики Ҳазрами:

Ў ҳамсари Хулий ибни Язид аст, ки Умар ибни Саъд сари аз тан ҷудошудаи Имом Ҳусейн (р) бо ў ба ибни Зиёд фиристод. Чун дарвозаҳои қасрро баста ёфт ба хонааш баргашт ва сари муборакро зери зарфи хамиршуи гузашт ва ба занаш хушҳолона гуфт, ки бо худ боигарии зиёде овардааст сари Ҳусейн (р) бо ман аст.  Ҳамсараш Наввор ба ў гуфт: Марг бар ту , мардум тиллову нуқра меоранд шумо сари писари духтари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро овардаи?! На савганд ба Худо ман бо ту зери як бом  нахоҳам монд[lxxxii]. Бо ҳамин  тасмими қотеъ, ки далолат бар имони Наввор мекунад,  аз шавҳараш ҷудо мешавад[lxxxiii].

Нуҳум: Мавқеъи Язид нисбат ба қатл Имом Ҳусейн (р) ва аҳли  байти ў:

Убайдуллоҳ ибни Зиёд номае ба Язид навишта дар масъалаи занону кўдакони Имом Ҳусейн (р) аз вай машварат пурсид. Чун Язид аз ин воқеъа огоҳ шуд гиря намуда гуфт: Аз итоъати шумо-яъне аҳли Ироқ-бидуни куштани Ҳусейн рози мешудам, инчунин аст оқибати саркашию «оқ» кардан. Лаънати худо ба ибни Марҷона силаи раҳме бо ў надошт, агар ман ба ҷои вай мебудам ҳар оина авф мекардам. Худованд Ҳусейнро раҳмат кунад[lxxxiv]. Язид дар посухи номаи ибни Зиёд навишт, ки асиронро ба назди халифа фиристад. Пас Заквон Абухолид онҳоро барои сафар омода сохта 10000 дирҳам[lxxxv] сарф намуд. Аз инҷо маълум мешавад, ки ибни Зиёд на ба шакли оламовару таҳқиромез чуноне, ки дар баъзе ривоёт омадааст[lxxxvi], балки эҳтиромона  оли Ҳусейн (р)-ро сўи Димашқ фиристодааст[lxxxvii]. Чун оли Ҳусейн (р) назди Язид дохил шуданд Фотима бинти Ҳусейн (р) гуфт: Эй Язид! Оё духтарони Паёмбар (р) (с) ғулому бардаанд? Язид гуфт: На, балки озоду мукарраманд, назди духтарони амакат дохил шав онҳоро мисли худат хоҳи ёфт. Фотима гуфт: чун назди ишон дохил шудам онҳо ҳама мултазим бо ҳиҷобу дарҳоли гиря кардан қарор даштаанд[lxxxviii]. Ривоятҳо овардаанд, ки байни Язид ва Алӣ ибни Ҳусейн (р) баҳсу мунозара сурат гирифтааст ҳангоме, ки Язид воқеъоти Карбалоро ёдовар шуда гуфтааст, ки Ҳусейн (р) қатъи силаи раҳм карду ҷазояшро дид ва Алӣ (р) фарзанди Имом Ҳусейн (р) дар ҷавоби Язид  ояи каримаро тиловат кардааст:

Сухани Худо:

«Ҳар мусибате ба мол ва ҷонатон расад албатта пеш аз он,ки биёфаринемаш дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст»

(Сураи Ҳадид, ояти 22)

Язид дар посух ин оятро  гуфтааст:

«Ҳар кас кишти охиратро бихоҳад ба кишташ меафзоем ва ҳар кас кишти дунёро бихоҳад ба ӯ ато мекунем,вале дигар дар кишти охираташ насибе нест»  (Сураи Шуро, ояти 20)

Язид ба ивази ончи аз занҳои Ҳошими ғасб шуда буд даҳчанд молу ашё дод[lxxxix] ва ҳар саҳару шом бидуни Алӣ ибни Ҳусейн (р) ғизо тановул намекард[xc]. Дар ривоятҳо овардаанд, ки сари Ҳусейн (р)-ро назди Язид фиристодаанд, лекин тибқи ривояти саҳеҳ назди ибни Зиёд боқӣ мондааст.[xci]

Даҳум: Баргаштани аҳлу аёл ва фарзандони Ҳусейн ба Мадина:

Язид аз маволии бани Ҳошим ва маволии бани Алӣ[xcii] чанд тан аз пиронсолонро ба Димишқ хонда занону духтарони Имом Ҳусейнро омодаи сафар намуд ва ҳамаи ҳоҷатҳояшонро бароварда сохт[xciii]. Сипас қабл аз ин ки ишон Димишқро тарк намоянд Язид Алӣ ибни Ҳусейнро таклиф намуд то хоҳиш дошта бошад дар Димишқ бимонад ва ҳамаи ҳоҷаташ бароварда хоҳад шуд,[xciv] лекин фарзандони Имом Ҳусейн (р) баргаштанро суи Мадина авлотар донистанд.[xcv] Ҳангоми таркнамудани Димишқ бори дигар Язид пушаймони ва эътирози худро нисбати қатли Ҳусейн (р) изҳор дошт ва гуфта аст,ки  қазои Илоҳи чунин будааст. Ў аз Алӣ ибни Ҳусейн хоҳиш намуд то ҳарвақте, ки ҳоҷате бошад тавасути нома ба Халифа бинависад онро бароварда хоҳад сохт.[xcvi]

Язид си нафар аз маволии бани  Суфёнро[xcvii] амр намуд то ҳарҷо оли Ҳусейн поён шуданд ва дар ҳарзамон пас мухолифате надошта бошанд. Ду нафар аз солеҳони Шомро низ ҳамсафари онҳо сохт[xcviii]. Ибни Кашф дар бораи Язид гуяд: Ў олу байти Ҳусейнро икром намуд ва ҳамаи молу мулки зоеъшудаашонро бозпас гардонид ва суи Мадина бо обруву эҳтироми хоса баргардонид.[xcix]

Ин шо Аллоҳ имрӯз бахши дуввумашро омода ва тақдими хонандаи «Ислоҳ» менамоем.

Поёни бахши аввал, давом дорад….

Пайнавишт-Сарчашмаҳои истифода шуда:


[i] . Сияру аъломин нубало (2/280), Ал-исоба (1/331-334)

[ii] . Фазоилус-саҳоба, имом Аҳмад (2/772).

[iii] . Мавоқифул-муъораза (с.180).

[iv] . Мавоқифул-муъораза (с.240).

[v] . Ас-савоъиқ ал-мурсала (2/299).

[vi] . Ансобул-ашроф (3/152), мавоқифул-муъораза (с.180).

[vii] . Мавоқифул-муъораза  (с.180).

[viii] . Ал-фуқаҳову вал-хулафо, Султон Ҳусайлин (с.21).

[ix] . Ал-фуқаҳоу вал-хулафо, Султон бин Холид Ҳаслайн (с.21).

 (с.22).

[x] . Таърихи Табарӣ (6/259).

[xi] . Таърихи Табарӣ (6\273, 274).

[xii] . Ал-фуқаҳоу вал-хулафо (с. 23).

[xiii] . Таърихи Табарӣ нақл аз Хулафо… (с. 25).

[xiv] . Таърихи Табарӣ (6\267).

[xv] . Таърихи Табарӣ (6\276).

[xvi] . Таърихи Табарӣ (6\305).

[xvii] . Таҳзибул-камол (6\419) мавофиқул муъораза (343).

[xviii] . Сияру аъломин-нубало (3/304) мавқифул-муъораза (с. 344).

[xix] . Таърихи Табарӣ (6\277).

[xx] . Таърихи Табарӣ.

[xxi] . Таърихи Табарӣ (6/278).

[xxii] . Таърихи Табарӣ.

[xxiii] . Таърихи Табарӣ (6/280).

[xxiv] . Таърихи Табарӣ

[xxv] . Ал-ахборут тивол (с. 218) Таърихи Табарӣ (6/284).

[xxvi] .  Ал-ахборут тивол (с. 219) Таърихи Табарӣ (6/288).

[xxvii] . Таърихи Табарӣ (6/289).

[xxviii] . Таърихи Табарӣ (6/291).

[xxix] . Мавоқифул-Муъораза (с. 255).

[xxx] . Таърихи Табарӣ (6/293).

[xxxi] . Мавоқифул муъориза (с. 275) Ат-табақот (5/374).

[xxxii] . Таърихи Табарӣ (6/293).

[xxxiii] . Сияру аъломин нубало (3/308).

[xxxiv] . Албидоя ван-ниҳоя (11/490), Таърихи Табарӣ (6/302).

[xxxv] . Таърихи Табарӣ (6/302).

[xxxvi] . Ал-умавиюн байнаш-шарқи вал ғарб (1/205).

[xxxvii] . Ал-умавиюн байнаш-шарқи вал ғарб (1/205).

[xxxviii] . Таърихи Табарӣ (6/309), Мувоқифул муъораза (с.  262).

[xxxix] . Ат-табақот (5/167), таҳзибул камол (6/422), мавоқифул-муъораза (с. 263).

[xl] . Таҳзибул камол (6/422) мавоқифул-муъораза (с. 263).

[xli] . Ал-биядоя ван-ниҳоя (11/510).

[xlii] . Маҷмаъуз завоид (9/139) Ал-муъҷамул кабир (3/115).

[xliii] . Ат-табақот (5/376) Мавоқифул- муъориза (с. 264).

[xliv] . Ан-собул-ашроф (3/573). Мавоқифул- муъориза (с. 265).

[xlv] . Ат-табақот (5/376), Ан-собул-ашроф (3/167).

[xlvi] . Ан-собул-ашроф (3/376). Мавоқифул- муъориза (с. 266).

[xlvii] . Мавоқифул- муъориза (с. 266).

[xlviii] . Ан-собул-ашроф (3/168). Мавоқифул- муъориза (с. 266).

[xlix] . Таърихи Табарӣ (6/322).

[l] . Мавоқифул- муъориза (с. 267).

[li] . Таърихи Табарӣ (6/323).

[lii] . Таърихи Табарӣ

[liii] . Таърихи Табарӣ (6/327).

[liv] . Таърихи Табарӣ.

[lv] . Таърихи Табарӣ (6/329).

[lvi] . Таърихи Табарӣ (6/326).

[lvii] . Таърихи Табарӣ (6/337).

[lviii] . Ал-миҳан, абил-араб (с. 154).

[lix] . Ал-миҳан, абил-араб.

[lx] . Ал-миҳан, абил-араб.

[lxi] . Таърихи Табарӣ (6/240-241).

[lxii] . Таърихи Табарӣ (6/346).

[lxiii] . Таърихи Табарӣ (6/349).

[lxiv] .  Таърихи Табарӣ.

[lxv] .  Таърихи Табарӣ (6/350).

[lxvi] .  Таърихи Табарӣ (6/385).

[lxvii] .  Таърихи Табарӣ (6/325).

[lxviii] . Ат-табақот (5/386), исноди љамъи таърихи табари (6/385).

[lxix] . Таърихи Табарӣ нақл аз Мавоқифул муъориза (с.  276).

[lxx] . Ҳиқбатум-минат-торих (с. 135-136).

[lxxi] . Ҳуқбатум-минат-торих (с. 135-136).

[lxxii] . Ҳиқбатум-минат-торих (с. 135-136).

[lxxiii] . Муснади Абияъло рақами (3981).

[lxxiv] . Ансобул-ашроф (3/226).

[lxxv] . Таърихи Табарӣ нақл аз «Ад-давлатул умавия…» (с. 322).

[lxxvi] . Ал-комилу фит-тарих (2/582).

[lxxvii] . Ал-умавиюн байнаш шарқи бал-ғарб (1/249).

[lxxviii] . Таърихи Табарӣ (6/259).

[lxxix] . Ал-умавиюн байнаш шарқи бал-ғарб.

[lxxx] . Таърихи Табарӣ (6/277).

[lxxxi] . Ал-умавию вакил (1/252).

[lxxxii] . Таърихи Табарӣ (6/385).

[lxxxiii] . Ал-умавиюн байнаш-шарқи вал-ғарб (1/253).

[lxxxiv] . Ансобул-ашроф (3/219-220), Мавоқифул Муъориза (с. 282).

[lxxxv] . Ат-табақот (5/393) Мавоқифул Муъориза (с. 282).

[lxxxvi] . Ал-миҳан (с. 155) Мавоқифул Муъориза (с. 282).

[lxxxvii] . Мавоқифул Муъориза (с. 283).

[lxxxviii] . Таърихи Табарӣ (6/395).

[lxxxix] . Ат-табақот (5/397), Таърихи Табарӣ (6/395).

[xc] . Ат-табақот (5/397).

[xci] . Ҳуқбатун минат-торих (с. 141).

[xcii] . Аттабақот (5/397).

[xciii] . Аттабақот (5/397)., Таърихи Табарӣ (6/393).

[xciv] . Таърихи Табарӣ (6/393), Сияру аъломин-нубало (4/386).

[xcv] . Минҳоҷус-сунна (4/559).

[xcvi] . Таърихи Табарӣ (6/393).

[xcvii] . Аттабақот (5/397), мавоқифул-муъораза (с.286).

[xcviii] . Ал-ҳуҷҷату фи баёнил-маҳаҷҷа Чаро Имом Ҳусайн (р) бар алайҳи Язид қиём кард ?

 (2/525-526).

[xcix] . Мавоқифул-муъораза фи хилофати Язид (с.286).

Share This Article