«Озодию манфиати ҳар як шахс то ҷое рафта мерасад, ки онҷо озодию манофеъи ҷамъият оғоз мегардад». Мустафо Маҳмуд
Вале ин пирати пири харзӯри мо дигар манфиату «озодӣ»-ю ҳуқуқаш то ҷое дакка хӯрда, ки бо ҳуқуқу озодии башар як сӯ, ки бо қонунҳои худовандию адён ҳам сарбасар задан дорад.
Ин ҳаюло кунун фароқонун қарор дорад – худашу бастагонаш!
Касе ҳақ надорад ӯро барои «аъмоли ҷиноятии содиркардааш, чи дар аҳди Раиси Шӯрои Олӣ будан, чи замони Президентӣ ва чи, ҳамакнун, давраи «Пешвоии муъаззам»-аш ба ҷавобгарӣ кашад!!
Мебинед, ин статус, ин фароқонунӣ, фаромасъулиятшиносӣ ва фароақлониятро?!
Касе, ки назди қонун масъул набошад, чӣ гуна қасам ба Сарқонун бихӯрад, ки банд -банди онро зомин шуда, кафолат медиҳат, то поймол нашавад?!
Эй вакилони бесавод, бо куҷоҳотон фикр карда, ин «Моддаи Пешво»-ро барои касе, ки «кафил»-у «ҳомӣ»-и ин Сарқонуну ҳуқуқи шаҳрвандонаш аст, бароварда, ӯро аз «масъул будан дар назди қонун»-у «ҳомии ҳуқуқи дигарон будан» озод кардаед?!
Ҷинояткорони аосисии ин диёр, хоинони ин миллат ҳамоно ҳамин вакилони беэмонанд, ки нишонаи беэмонияшон ҳамин қонунҳошон ҳаст, ки зиддиконститутсионистанд ин «қонунбарориву ҳуқуқдиҳӣ» ба пешвои худхондаву авлоди қонунтаҷовузгараш!
Қонунро инҷо якҷоя таҷовуз кардаанд -, вакилону оилаи пешво, ва аммо дигар «нозирони ҳуқуқ»-е чун ГЕНПРОКУРАТУРАВУ ПУЛИСУ СУДУ СУДИ ОЛӢ дидаву дониста мӯҳри сукути беамалӣ бар лаб задаву тамошо доранд, балки ин ҳама беқонуниро «қонунан» тарвиҷ додан доранд! – «Ҳазору яксӯ делоҳои ашхоси пул…. Вайдора тоб дода», сарват меғундоранд ; аз роҳи таҷовузи қонуну поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон, ки қасами ҳифозати қонуну ҳуқуқро ҳаряке хӯрдаанд – касофаткорҳои ҳониси қасамзадаи бешараф!
Аз кадомин «Рӯзи ҳуқуқи Инсон» сухан гӯем, ки як инсон дар ин кившар ҳама чиро ба худ ихтисос додаву аз дигарон салб карда аст?
Оре, вақте сармояҳоро як кас ғасб кард, гадо зиёд мешавад. Вақте як шахс гулдухтаронро таҷовуз кард, бевазанҳои хоки роҳ зиёд мешаванд. Вале вақте як кас он қадар ба худ «ҲУҚУҚҲОИ ФАЛАКӢ» ихтисос дод, ки назирашро танҳо Худо дорад, ки мегӯяд:
لا يسأل عما يفعل وهم يسألون!
– Танҳо Офридгор ин «статус»-ро дорад, ки барои кирдгораш касе азаш ҳаққи суол надорад, вале башар пурсида хоҳанд шуд, фоҷеаи монанди фоҷиаи қавми тоҷики кунунӣ рух медиҳад, ки ин миллати замоне соҳибҳуқуқу озодро ба вартаи нобудӣ наздику наздиктар месозад!
Вале Раҳмонов бо ин «Фароқонунӣ»-яш магар даъвии Худоӣ дорад?!
Қонуни Пешво ҳамин даъворо пеш гузошта, ки ҳар яки шумо пурсида мешавед, магар Пешво!
Ё ба гуфти Оруэлл дар асараш – «Ҳайвонкада», «Ҳама назди қонун баробаранд, ба ҷуз баъзеҳо, ки «баробартар»-анд!
Вале ин ҳаромии Чақур аз «баробартар» ҳам гузашту рафт.
Вақте як инсон то ин ҳадди малакутӣ «соҳибҳуқуқ» мешуда аст, натиҷааш ин мешуда, ки миллате заҷри беҳуқуқию поймолшавии саросарии ҳуқуқу озодиро умре мекашидаанд!
Имрӯз…
На ҳуқуқи башарро Эмомалӣ тоқати шунидану таҳммул дораду на ӯро қонунгузории имрӯзаи мо тавони аз ин бештар бардоштро дорад. Ин ҳарду – диктатору қонунмеҳварӣ душмани ҳамдигаранд – яке дар беқонунӣ ин ҳама ҷавлон дораду дигаре то рӯзе якумӣ сари қудрат аст, хору помол аст.
Ҳамин зиддияти Раҳмонов бо ҳуқуқу қонун ва бечорашавии Сарқонунро назди ин деви қонунтаҷовузгар, дар рӯзи «Ҳуқуқи Инсон» баротон мехоҳам як каме шарҳу баст диҳам.
Тамоми улум ба худ принсипҳои асосии масъалагузориро дорад, ки тибқи он меъёрҳо ба суолҳои «чаро?» , «чаро на?» , ҷавоб медиҳад.
Ва дар олам илме нест, ки ҳатман ба ин суоли мо ҷавоб гардонад: «Чаро Раҳмонов дар доираи қонун амал намекунад?».
Гирам, ки ба ин суол илми сиёсат, ҷомеашиносӣ, торих, фалсафа, ҳуқуқ ва ҳатто психология, ҷузъан, ҷавоб додан метавонанд, вале инки Эмомалӣ Раҳмонов як падидаи навзуҳур дар уфуқи олами сиёсату иқтисоду фарҳангу ҳунару санъату истеҳсолоту ҷомеашинохтии навини Тоҷикистон аст, каманд донишпажӯҳони ин соҳаҳо, ки пайи решаковии ин уъҷубаи олами сиёсати мо бошанд, то кистии ин ҳаюлоро баромон бармало созанд! Ё ҳастанду тарсону ларзон мӯҳри сукути «илмӣ» бар лаб задаанд! Масъулияти илмии хешро ба дӯш намебардоранд, ё он «дурро ба пои хуки ҳуқуқтаҷовузгаре чанд арзон фурӯхтаанд».
Бигӯянд, ки ин шахсияти бехашсияти худхонда, ин пешвои фаротар аз қонун, ин ғӯли биёбоние, ки ҳамакнун хиёбонӣ гаштаву бо худ лашкаре аз деву дадро ҷамъу гирд оварда аст, чист/кист/чарост/чӣ гуна аст/ва барои чӣ ингуна аст?
Ислоҳпазир аст ё мо бояд худро тибқи хостаҳои ин ғӯли аз оғулу полези колхозҳо омада мутобиқ созем? Ё сарнагунаш кунем то номусу қонуну ҳуқуқро аз асораташ раҳо кунем?!
Ё мо бояд дар ҷангале аз ҳайвоноти биёбонии хиёбонигашта «ҳайвон»-и навбатӣ бошем? Даррандае дар зумраи даррандасифатон боқӣ бимонем?!
Ё ин галлагургонро билохара маҳор кунем?
Охир, дар ин диёр на ҳама ҳайвонанд, ҳоло ҳам ақшоре аз ин ҷомеа дилашон барои як оромиш, як волоияти қонун, як адолати иҷтимоӣ, як зиндагии босаодат, ки дар он табъизи маҳалӣ набошад, барои як ишқе, ки дар он ченакҳои «мақому мансаб» меъёр набошад, барои як рафтану омадан ба хориҷ, ки чи дар рафтану чи ҳангоми баргашт дар он декларатсияву телефонковию суолу ҷавоб набошад, ки кистию куҷо будию чаро онҷо будию бо кӣ будию дигар ҳамоқатҳои бурун аз доираи марзи қонунмеҳварӣ, ки имрӯз аз ҷониби ин ҳамоқатмақомдорон решаӣ шуда аст, гум мезананду рӯҳашон барои як интихоботи қонунӣ, як президентӣ мардумӣ, як порлумонӣ миллӣ, пар-пар мезанад.
Имрӯз ҳоли мо шуда мисли афсонабоварҳои арабҳои аҳди ҷоҳилият, ки ба «сегонаи номумкин» боварманд набудаанду мегуфтаанд:
ثلاثة أشياء ليس لها وجود: الغول والعنقاء والخل الوفي
На се чиз вуҷуд дорада на буду на ҳаст;
Яке ғӯлу дигар анқо – (ҳумову) сеюмаш дӯсти вафодор!
Оре, вақте ки як миллат дурудароз ба падидае, ба мавҷуде, ба ҳақиқате, ба қонуне, ба демократияи ростине, ба барқе, ба зиндагии шоистае, ба сарбуландии мӯҳтарамонае, ба сарфарозие, ба адлу доде, ба ҳукумати мардумие, ба интихоботе, ба чеҳраҳои ивазшавандаи мондагору маҳбубе (на чеҳраи палиди дилбазани Раҳмонови абадии хираи чашмхилминӣ), ба сарватмандие, ба ояндаи дурахшону имрӯзи рахшоне, ба озодие, ки девҳои биёбонӣ онро балъидаанд, ба эҳтироми гумгаштае, ки поймоли гургони ҷангалие гашта аст, ба некномиву нумуву рушду комёбие, даст намеёбанд, на танҳо, чун тозиён ба «сегонаи номумкин» балки, ба «ҳазоргонаи дурӯғин» ҳам боварманд мешаванд, ки аслан, то рӯзе ин деву дадони ҳайвонсифате, ки ҷуз арбадаву муштзӯриву таъаддиву ҷаҳолатпароканию душмантарошию кинаи маҳалгароию маҳалбозию хешутаборбозию оилагароию хусусисозии ҳамаи сарватҳои умумимиллию ба ҳошияронданҳои дигар тоҷикон дастбакоранд, ин падидаҳо, ин зуҳурот, ин орзуву омолҳое чун рафоҳияту саодату рострӯии пешвоёну демократияву хидмат ба халқ, саробе, анқое, ғӯле, дӯсти рӯсиёҳе, душмани манфуре беш набудаанду нестанд!
Ҳақиқат нест, зулм бедод дорад! Аз ин рӯ ин золим бояд барандохта шавад, бошад, ки ин ҳама ситаму бедодгарияш дар ин маҳдуда ба фарҷом расад! Чун ин нимаваҳшиҳои бо мили силоҳомада, ҷуз тухмаи зулму ситаму бедодгариву тороҷу азияту озор, баромон дигар армуғоне бо худ наовардаанд!!! Ва нахоҳанд ҷуз он чики мебинед, баромон дод!!
Мо дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқ аз ҳуқуқ мегӯем?
Мисли он аст, ки дар рӯзи, бигирам, «Бакорат», аз бакоратбохтагон тамҷид кунем.
Дар рӯзи «Демократия» аз демократияи таҷовузшудаи поймолгашта тавсифҳо кунем?
Маънои он аст, ки дар мурдаи аттеисте аз «эмондорию хидматгорияш ба халқи худову зуҳду парҳезкорӣ»-яш ба ҷанозахонон тавсифу таъриф кунем!
На он мурда розӣ мешаваду на мурдабарону на аттеистони воқеӣ!
Ҳама чиз дар табиати Худо бо номи худаш зебост!
Уқоб – уқоб аст
Зоғ – зоғ
Мӯрча – мурча
Хар – хар
Кафтор – кафтор
Дар ин рӯзи ҳуқуқи инсон, шояд дар Тоҷикистон, як чунин «ҷанозаи аттеисти бедин»-и мурдаро бо кафани дурӯғину ҷанозаи дурӯғине чанд «беимон» такбиргӯён хонанд. – Манзурам ҷашн бигиранд. Аз волоияти қонун бигӯянд. Аз инки ҳукумати Тоҷкистон қонунмеҳвар асту шаҳрвандонро ҳуқуқу озодиҳояшон дар зери сояи ғафси 33-солаи пешвои муъаззам риояву ҳимоят мешаваду тамоми мақомоти ҳомии ҳуқуқи инсон (башар), ба мисли пулису амниятиву прокурору суд, шабу рӯз дар фикри онанд, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи ин диёр сари мӯе аз эҳтирому ҳуқуқу озодиву хостаҳои қонунияшон поймол нашвад!
Вале ҳайҳот…
Инҳое, ки насл андар насл, сар аз соли 1992 то имрӯз бо зӯргӯиву таъаддиву ҷинояту хиёнат чун бӯзинагон рӯи ин ҳама курсиву раёсатҳо расидаву чун харчанг ин ҳама мансабҳоро, бо чангу дандону кунашон газидаву доштаанд, кай парвои қонуну қонунмандӣ доранд?!
Агар инҳо бо роҳи қонунӣ сари кор меомаданд, ингуна миллатеро «буз намекашиданд»-у миллатеро то ин ҳадд таҷовузу хору зор намекарданд, балки баръакс ҳама кору борашонро санҷида, ҳама қадамҳошонро дониста, бо риояи қонунҳои ҷории кишвар, ба нафъи ин миллату кишвар файсала карда, ба ҷои дарди сар шудан ба миллате, тоҷи сари ин миллат мебуданд!
Вале агар инҳо дар доираи қонун амал мекарданд чӣ мешуд?!
Чӣ мешудашро ҳам хуб гӯш кунед;
Аз боло сар мекунем:
Агар Раҳмонов дар доираи қонун амал мекард, ҳеч гоҳ аз сатҳи Президент болотар намерафт, ба худ унвону алқобе чун «Ҷаноби олӣ», «Пешвои миллат», «Асосгузори сулҳу ваҳдат», «Наҷотдиҳандаи каҳкашонҳо» (ҳолонки аз ӯҳдаи идораи як кишвари кӯчаку як оилаи гӯшнааш намебарояд, куҷо расад ба наҷоти каҳкашонҳо, ки кори худоист), наменомидандашу ин ҳамаро расмӣ, қонунӣ, «официально» намекарданду барои ин ҳама ҳамоқату дӯздии расмӣ, 1.5%-и будҷети беинҳам дефитситро барош тахассус намедоданд!
Агар Раҳмонов дар доираи қонун мечархиду амал мекард, асло розӣ намешуд, ки барои «расмӣ» кардани амалҳои ғайриқонунии ҷинояткоронааш, ҷони Ҷиёнхон Ризоевро бигирад
Агар Раҳмонов марди қонунманд буд, аслан «Фронти Халқӣ»-и ғайриқонуниро, чун бандаи роҳзанон, дар берун аз ин марзу бум ташкил намедод, то ба қудрату расёсат расад .
Агар Раҳмонов дар доираи қонун амал мекард, ҳеч гоҳ хӯни зиёда аз 300 ҳазор аҳолии бегуноҳро бо артишу зархаридҳои бегона намерехт. 5 сол бар зидди миллаташ ҷанги гарму ҳаминак 20-у анд сол «ҷанги сард» ба роҳ, чун Ҳофиз Асаду писари қотилаш , Башшори фирорӣ, намеандохт!
Эмомалӣ чун дигар ҳамтоёни тасодуфан ба рӯи арикаи қудрат расидааш, то дами марг, бо миллати хеш, баҳри бақои авлоди хеш, хоҳад ҷангид! Режими Раҳмонов то кунун миллати тоҷикро, ки аз ҳисобаш карру фарр доранд, «душман» меҳисобанду омодаи набарданд бо ӯ!!
Агар Раҳмонов аз роҳи интихоботу қонунмандӣ номзадии худро ба Расёсати Олӣ пеш мегузошт, ҳеч гоҳ на худ ба ин рӯзи «нек» мерасиду на авлоду атрофиёнаш то ин ҳадди девонавор сарватманду дорову борзӣ мешуданд.
Агар Раҳмонов аз роҳи қонун пеш мерафт, ҳеч гоҳ «ҳангоми машғул будан ба кори давлатӣ, машғул шудан ба тиҷорат», тибқи талаботи Сарқонун барош иҷозат намебуд!
Натанҳо худаш, балки писари «депутат»-у духтари «раиса»-ву қудои девонаавзоъи вазири алоқааш, ва на ягон-то пулис-тоҷир, прокурор-оптовик, судя-соҳибмағозаҳояш имкони «тоҷири ватанӣ» шуданро, аслан, надоштанд! Дуздию шантажу ҳаромкорию шӯримурию ба гуфти Раҳмонов «Делаҳои баъзан пл ..(вайдорора) ҳазоруяк тараф «тов» намедоданд, то миллионер шаванд.
Агар Раҳмонов аз роҳи қонун пеш мерафт, ҳеч гоҳ коррупсия дар ниҳодҳои кишвар рушд намекарду ҳеч гоҳ мансабҳои давлатиро, ки моли пияндари даюсаш – Раҳмончақур набуд, аз Ҳокимон то учасковою гаишникҳо ба манбаи «сарватғундорӣ»-ву говбозору говсавдо мубаддал намекард!
Як колхознике, ки дар доираи қонунҳои совхозу колхозу қонунмандиҳои «говпарварӣ» сатҳи андеша дорад, кай парвои ҳуқуқу қонуну волоияти онро дорад? Ақлонияти ин колхозиёни асри пор ба ин назокатҳои ҳуқуқӣ намерасиду намерасад!
Гов+суд, гов+зӯрӣ = гов+ақлӣ!
Говбозор ташкил карда аст Раҳмонов дар пойтахти Тоҷикон!
Ва барои худаш ин соҳиби «Звероферма» аз пули ин ҳайвонистон Қасри бадвоҳимае дар таҳҷои қасри дарҳамкӯбидаи Беки Ҳисори Шодмон, бино кардаву бо қонуни «говсуд»-у «говзӯрӣ»-ву «говсуворӣ» хартозӣ дорад!
Як омили ба «Иттиҳоди гумрукӣ» то ҳол напайвастани Раҳмонов дар он аст, ки Раҳмонов қонунмандӣ, порядочний будан, тозакорӣ ва ҳисоботдиҳиро наздӣ «қонун»-ҳои байналмилалӣ қади аҷал бад мебинад!!
Ҳатто дар китобаш «Аз Ориён то Тоҷик» бо сароҳат зикр мекунад, ки «Ҳангоми зердасти раиси колхози ба номи В. И. Ленин буданам дар данғара, аз сарзанишҳои роҳбару сахтгириҳояш сахт ба ғазаб омада, қариб мунфаҷир мешудам, вале (гӯё) дар ин ҳол, панду андарзҳои Зартушт, ки дар рӯзномаҳо хонда будам, ки «Гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек»-ро тавсия мекард, хашму ғазабамро каме паст мекард».
Оре, агар Зартушт намебуд, Раҳмонови қонунтаҷовузгар он бечора Раиси колхозро чун Ҷиёнхону Раҳмон Набиеву Салиҳову Мирзо Зиёеву Ҳоҷиҳалим кайҳо бӯғӣ мекарду тезтар раиси колхози Влалимир Ленин мешуд.
Вале, руяшро ба 8 ҷояш ин колхозники қонунтаҷовузгар сиёҳ мекунад, ин қалтабони табиатан шӯрапушти қотилро танҳо қонунҳои сахти ШӮРАВӢ аз ин ҷиноят боз медошт, вагарна ин малъун на тобеи қонунмандиҳои дини Спитама Зартушт буду на побанди қонунҳои Шӯравию на инак побанди қонунҳои Ҷумҳӯрии Тоҷикистон.
Ин инсон як авбоше аз табори авбошони Сангак Сафаров аст, ки «қонун»-ашон тиру тӯфанг буду ҳасту мемонад! Силоҳҳояшон то ҳанӯз омодаи шилик аст! Шамшерҳои охтаашон то кунун дар ғилоф нест!
Ин ҳокими силоҳбадаст, охирин намояндаи Фронти Халқиро бояд миллати тоҷик «халъи силоҳ» намуда, аҳрому фишангҳои давлатиро аз зери қабзааш раҳо карда, Қонунро аз асораташ озод созад. Гови бешохбандро банд ба шохи шикастааш бояд зад – банде мӯҳкаме аз 10 банди Сарқонун!!
Он гоҳ мешавад ба миллат оид ба рӯзи ҷашҳонии Ҳуқуқи Инсон сухан гуфту арзишу аҳамияти онро барошон таълим дод!
Чӣ гуна оид ба «қонуну ҳуқуқ» сухан гӯем, ки ин аҳримани душмани озодӣ садди роҳамон аст? – ин харсангро (шояд хару сангро) аввал бояд аз сари роҳи қонуну озодӣ «ҷарҷарак» тела карду пасон, институти ҳуқуқмандиро ниҳодина кард!
Агар Раҳмонов аз роҳи қонун пеш мерафт, ба ҷое намерасид, ва агар имрӯз ҳам Раҳмоновро дар доираи қонунмандӣ ғунҷонанд, метаркад; чун ғӯке, ки даруни оби ҷӯшон афтода асту то охирин лаҳза худро ба ҳарорати он «мувофиқ» кардан мегирад, дар лаҳзаи охир, ҳатман таркида титу пора мешавад. Раҳмонов ҳам дигар, пас аз ин 33 соли амал дар дораи берун аз доираи қонун, ҳаргиз наметавонад, ба он маҳдудаҳое баргардад, ё баргардонида шавад, ки ин ҳама «азамату бузургиву ба гуфти худаш : карру фарро»-ро азаш салб кунанд.
Чӣ гуна Раҳмонов ва ҳаряк хару хингали борзии қонунтаҷовузгараш розӣ мешванд, ки аз баҳри бекаронаи «беқонунӣ», ки барошон ин ҳама нӯшу неъмату фаровонию дастбозиву таллаву тороҷу ғадру шантажу пулситонию тӯҳмату миёнидигароншиканию кайфу роҳату серию пурию «обрӯ»-ро дода аст, гузашта, ба доираи маҳдуди «ҚОНУН»-и «наҳс» барошон баргарданд!?
Ин кор барошон аз марг ҳам сахттар аст, ки баргарданд ба доираи қонун, ба доираи маоши моҳонаи маҳдуд, ки ба дарди бухӯру намурашон ҳам намерасад, чӣ расад ба инки дар ин «доираи тангу маҳдуди қонун» соҳиби Лексус, хонаҳои люкс, коху кӯшкҳо, арусҳои бешумори нозанини СПИД-дор, (занҳошон ҳам аз инҳо намуна гирифта, ба гуфти Аҳмади Дониш: «бо ҳазор аскар дар як шаб хуфтухез» мекунанд), шаванд.
На, ҳаргиз на!
Инҳо, агар, рӯзе ба доираи қонуну қонунмандӣ баргардонида шаванд, ҳамагӣ, аризаи истеъфояшонро навишта, пайи тиҷорату боғдорию даҳмардагии суннатияшон мешаванд, чун ҳамагӣ – инҳое, ки пушти мизи маносиб мебинед, агар либосҳои расмии бо пули дуздида аз ин миллатро (чун Раҳмонов, ки бо либоси дуздӣ, ғайриқонунӣ Раиси Шӯрои Олӣ шуда буд), аз танашон халъ кунед, як чӯпоне, як говбон, як харчарон, як даҳмарда, як подабон, як колхозники ҷоҳилро хоҳед дарёфт, ки «таға»-ҳошон «через» карда таги кунашон курсӣ гузоштаанд! Аз подабонӣ, аз рӯи сангҳои саҳро хезонда, оварда рӯи нармкурсиҳои идораҳои пойтахт кунҷулусашон кунонидаанд!
Агар Раҳмонов, СС.Ятимов, Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳимзода Ҳумайро, Рустами Эмомалӣ, Озодаи Эмомалӣ, Азизамои беваи Раҳмонов, Шоҳрихи бинти кали Фаттоҳ ва ҳатто муфтии аскар – Саймукарраму дигар тамоми вазирону ҷазиронро, аз аъмоли берун аз доираи қонун ва «шӯримуриҳои ғайриқонунӣ»-яшон, ки дар Сарқонун ҷиноят аст, боздорем, рӯзашон сиёҳ, айшашон, талх ва карру фаррашон нобуд гашта, ба гуфти Далери Эмомалӣ : «Ё мо ҳам мисли онон зиндагӣ мекунем, ё онҳо мисли мо дар нақлиёти ҷамъиятӣ, бо сару либосҳои ба маошашон мутобиқ пӯшида, саркашол, мегарданд».
Ё Ба таъбири Раҳмонов: «Ҳамин пагоҳ аз вазифа бгирантон, яхета ҳаму зану кудакотон дига қатитон гап намезанан». Оре Шумо ҳамин миқдор арзиш назди хонаводаатон доред, дар ҳоле ки назди миллат пашизе ҳам арзиш надоред, бешарафони бевиҷдони касиф!
Пас, сабаби асосии ин ҳама таҷовузи қонун дар он аст, ки Исмоили набераи Пингвинги Раҳмонов бояд миллионер бошад – дар доираи қонун ин амал ҷоизу имконпазир нест.
Қонун барои он таҷовуз мешавад, ки Тоҷикистон тибқи боби аввали Сарқонуни ҶТ давлати Демократӣ асту дар ҷумҳурии демократӣ ҳеч чунин як ғӯле ба номи «Пешвои қабила» вуҷуд доштан наметавонад ва абадӣ ҳам иҷозат надорад кунашро рӯи курсии раёсатҷумҳур ширеш шакида шинад!
Қонун барои он таҷовуз, поймол ва сарфи назар мешавад, ки тамоми дороиҳои кишвар, ки моли умумимиллиянд, моликияти хусусии як қабила, аниқтараш як авлоди «қонунтаҷовузкун» шавад. Тамоми маҳсулоти воридшудаи афроди ин оила аз боҷи гумрукӣ озод бошанд; ҳамаи маҳсулоти содиротии заводу фабрикаву коргоҳҳои инҳо аз боҷи содирот озод бошад; тамоми маблағҳои ба хориҷ ирсолкардаи аъзои ин клан беназорат бошад, сиррӣ бошад, амн бошад, муҳим, миллат дар ғафлат бошаду дуздон – Раҳмонов ва тамоми мақомотиёнаш, шабехун зананду ба миллат шиор партоянд: Шукрона кунед!
Боз мегӯям, барои он Тоҷикистон вориди системаи ягонаи «Иттиҳоди Гумрукӣ» намешавад, ки бар зарари аъзои оила аст, дар ҳоле ки миллиардҳо доллар ин «Иттиҳод» ба миллати тоҷику кишвари Тоҷикистон сӯд дорад!
Шукронаро ту кун, Азизмо кунад, пингвингу хару хуги дузду қонунтаҷовузкуни даврубарат кунад, пулису амниятиву прокурору ҳокимони мансабхаридаи двоишники адиргарди аз хоку гӯҳ кашидаовардаат кунад!
Чӣ аз ману мо талаб дорӣ, ки ба сазои дуздиҳои шумо, ба хотири миллиардҳои рабудаи шумо, барои хонаву кушку мошинҳои миллионсомонаи шумову барои ҳавопаймои 92 миллиондоллараи шахсии дуздидаат «шукрона» кунем?!
Мо ки чизе барои «шукрона» кардан надорем!!
Шукрона кун, ки ин миллати чумои лохи ғофили тарсуи дунёбехабари дарбадар, як бор, дар ин ҳама сол, амалҳои ғайриқонуният ҳамчун президентӣ «мунтахаб», ки гузоришгар назди миллат аст, азат «гузориш» напурсид, ки ин ҳама солҳои мадид чӣ кардиву чӣ хӯрдию чӣ дуздидию куҷо бурдию ин ҳама «карру фарро» аз қабри кадомин модари ғари аз Данғарату падари хиштакҳароми нопадарат овардӣ?!
Кӣ дод?
Дар доираи кадом қонун ба каф овардӣ?
Маошат чанда аст?
Чаро бар замми маош боз бароят 1.5 дарсади буҷаи ин кишвар дар суратҳисобат ворез мешавад, дар ҳоле, ки ин буджети касрӣ аст!!!! Давлатро миллиардҳо қарздор кардаӣ!!!! Буджети касрӣ имконияти тарақққии кишварро надорад, вале 1.5%-ашро туи ҳарромии рӯсиёҳи модарбахато боз медуздӣ!!
Фонди пешво кушодаандат, фондат дар чатанат, дузди беҳайсият!!
Магар дар кишвари демократӣ ва «ҲУҚУҚБУНЁД», ки сифати дуввуми ин кившардорист, имкон дорад, ки президенте дар айни ҳол ҳам Президент бошаду ҳам Пешво?!
Ва чаро ба ҳайси «Пешво» ту бояд садҳо миллион доллар аз будҷети ин кишвари харобу лоғар ба ғорату яғмо барӣ?!
Магар худату авлодату зану бачу качу қудову андову ҳамқишлоқиёнат сарбории ин будҷети табоҳи кишвари фақрзадаю фалокатрасидаву наҳсзадаи Тоҷикон набуд, ки боз омада, ҳазорчандон зиёдтар аз маоши «президентӣ»-ят минҳайси «Пешво» будҷетро талла кардӣ?!
Дар доираи кадомин қонун ту ин ҳама ҳамоқатро ба худу авлоду гургони биёбониовардаат раво дидӣ?!
Магар маоши «президентӣ»-ят ба нафси касофатат камӣ кард? Магар ин ҳама барқфурӯшию дуздию пулшӯию миллиардҳои дар Офф-шорҳо анбоштаи оилавият камӣ кард, ки боз омада, будҷети сӯрохгаштаи ин кишвари муфлисро, зери пӯшиши «пешвоӣ» садчандон тороҷ дорӣ?
Умарат чӣ қадар монда асту ин ҳама миллиардҳоро дар к. .. занат мезанӣ?! Ё ба он олам доллар бурданиӣ? Ё бемории даврони кӯдакият дар шакли «Синдроми дуборафақиршавӣ» то ҳол туву авлоду пайравонатро фарогир сироят карда аст?!
Гир, даф шав! Ҳамин президентият ғайриқонунист! Пешвоият бошад, таҷовузи ошкори Сарқонун аст!
Ин кившари «панҷгушаи муқаддас»-и бинокардадат аз :
Падар
Писар
Духтар
Домод
Додарарус
Бас тоқатфарсо гашта аст барои мо!
Барои ҳамин аз номи қонун, аз номус, ки худ сифати дигари қонунмандист, чун Аҳримани торикӣ меҳаросед!
На қонунро дӯст медореду бад он то рӯзе ҳастед гардан мефарореду на номусу шараф доред.
Шиоратон ҳаст: Номард бошу зинда бош!
Инҷо «номардӣ» маҳак нест, балки на ҳар номард метавонад бозори касеро берун аз доираи қонун ғасб кунад, на ҳар беномус метавонад дороиҳои рақибонашро ба ин осонӣ мусодира карда, ба зану бачаву домоду духтаронаш тавзиъ кунад.
Пур аст Тоҷикистон аз чунин «Номардҳо», ки ин имконотро надоранд, вагарна ҳама ҳамаро таллаву тороҷ мекарданд.
Танҳо пешвои «номардон» ва СС. Ятимови номарду дигаронатон то ин ҳадд номардӣ доред, ки мошинҳои Ҳоҷиҳалимро пас аз қатлаш гирифта ба духтаронатон «ҳадя аз номи падар» диҳед!?
Ин гуна кардед ба молу дороиҳои Зайду мақтул -Умаралӣ! Кафторҳои хунхори молимардумхор!!
СС.Ятимов, ту низ як хукбачае аз табори ҳамин Хуки Олии, ки духтарат бо мошини мурдае мегардаду писарат дар мағозаи мақтуле тиҷорат мекунад!
Миллати тоҷики мард, дар дарозои торих молимурдахор набуд! Шумоед, ки лошахоред, кафторҳои аз даштрасидаи чингизӣ!!
Номардони кучӯлу ҳоло хобидаанд, номардони бузург бедору пайи коранд.
Вале ба ин «номардҳо» танҳо таҷовузи қонун ин имконро медиҳад, ки миллатеро таҷовуз кунанду тамоми ормонҳову дору надору имрӯза фардову омолашонро барбод диҳанд.
Дороиҳои манқулу ғайриманқули ин миллатро аз худ кунанду обруву иззату шарафу номусу ҳайсияту ҳуқуқашонро, ки Сарқонун кафолати ҳимоят дода астро салбу поймол кунанд!
На танҳо дар рӯзи ҷаҳонаии Ҳуқуқи башару Қонун аз қонунмеҳварӣ, баргашт ба доираи қонун, волоияти қонун, адолати додгоҳӣ, шаффофияти додгустарӣ ва ҳимояву риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи Моддаи Аввали Боби Аввали Сарқонун Тоҷикистон «Ҷузъи ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ», эътироф гашта аст, сухан гуфт, балки ин армон, ин «ғӯлу анқову дӯсти бовафо»-и армониро дар саросари кишвар барои ҳамеша татбиқу риоя, густариш ва ҳимоят кард!
Дидем, ки ин корро ин дуздҳо, ки Худо мегӯянд то миллат дар ҳамин ҳоли табоҳу «беқонунӣ» умре сархам зиндагонӣ кунанду азашон «гузоришгарӣ», «ҷавобгарӣ», «масъулият» ва ҳеч риояи қонунеро талаб накунанд, амалӣ кардан наметавонанду хоҳиши татбиқи онро ҳам надорад, пас ману ту – мову шумо бояд ин «анқо»-и гумгашта – ин ҚОНУНИ ТАҶОВУЗШУДАро пайдову ҳимоя кунем.
Тоҷикон зарбулмасали хубе доранд: Подабон, ки подаро бесоҳиб гузошт, соҳиби гов говашро соҳибӣ мекунад!
Оре, ин подабони харпари алкаши қонунтаҷовузгари дузди модарбахатои хирасари авлодгарои нотоҷики қотили мардумфиреби барқдузди тифлозори мардумозори шаҳватрони пири беимон, «пода»-и мо, давлати мо, кишвари мо, Сарқонуни мо, имрӯзу ояндаи моро (ҳарчанде қасам ба Сарқонуну шири палиди модарашу хасу хошоки кишварамон хурда, ки онро ҳимоя, риоя ва татбиқ мекунаду накард), гуфта, ки ба ӯҳда мегираду ҳифзу ҳимоя мекунад, ки накард, мо «соҳибони гов» бояд бапо шавем, рафта ин «подаи таллашуда», ин подаи бесоҳибмонда, ин говҳои «таҷовузшуда»-амонро соҳибӣ кунем. Ин подабон, ин даҳмардаи ноӯҳдабароро дар дари кунаш шатаи дастаҷамъӣ зада, ҷазову сазояшро диҳему аз ин қасри заҳҳокиии 5-гонаи барои худу писару духтару домоду додарарусонаш, аз пули ману шумо сохтаву карру фарр доранд, дастаҷамъӣ, дафъашон кунем, ки инҳо ба хубӣ рафтанӣ нестанду қонунро ҳам дигар эътироф намекунанду забони ин қонунмандиро ҳам на танҳо дарк намекунанд, ки ба он нафрат ҳам доранд!
Эмомалӣ имрӯз чун ҳахомҳои Бани Исроил аст, ки ҳарчи ба нафъаш ҳастро ба фоидаи худу бастагонаш таҳрифу таъвил карда, миллатеро ба «гӯсолапарастӣ», ки ин «Гӯсолаи тиллоӣ» худу модару духтари ғару писари дӯзди бераҳму ҷоҳилашанд, роҳнамоӣ дорад.
Сомирии ин қавм ҳамин Эмомалӣ валади зинои Майрам аст, ки зуҳур кардаву номусу қонуни ин миллтаро поймолу таҳриф карда аст!
Таҳриф карда қонунро то пешвои гӯсолаппарастон гардад! Куҷост Мусо то яди байзову асои сеҳрноки қонунамон биёварад то аз ин Сомирии Данғарӣ наҷот ёбем?
Эй мардум, демкоратияро Президенту Пешво барои миллате намесозад, балки Демократияро миллат худаш месозад. Ҳоло сохтусози Демократия оғози кор аст, онро ҳимояву рушду нуму додан ҳам вазифаи миллат аст, то Заҳҳоки морбардӯшу Сосмирие онро дубора аз эшон салб накунад!
Демократияро бо хостан ба каф намеоваранд
Қонунро бо хомушӣ татбиқу амалӣ намекунанд.
Озодӣ аз осмон ба сари инсонҳо, дар ҳеч асру замону кишваре наборида аст.
Президенти «муҳбуби мардумӣ» низ бо мили силоҳ, аз кишвари бегона вориди пойтахте нашуда аст.
Эй мардум, демократияро, бархезед, месозем
Эй миллати ғофилшуда, озодиро, бархезед, ба каф меоварем
Эй мардум, қонуну ҳуқуқу татбиқи онро ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ману шумоем, назоратгар бояд бошем – зану мард!
Мардон, занон, духтарон, писарон – ин вазифаи ҳамаи мову шумост! Ҳамагӣ бапо шавед!
يد الله مع الجماعة
Мо дигар роҳе ҷуз сарҷамъию якгап шудану аз як гиребон чун як тан сар баровардан роҳу чорае надорем!
Худо бо мост!
Эй мардум, огоҳ бошед: гуспанди танҳоро гург медарад. Марди танҳоро шайтон ба гумроҳӣ мекашад, вале ҳеч гоҳ мардуми сарҷамъро касе шикаст додан наметавонад!
Рӯзи Ҷаҳонии Ҳуқуқи Инсон муборакатон бошад, шаҳрвандони ҳуқуқпоймолшудаи кишвари азизам!
Марг ба диктатор
Марг бар истибдод
Марг бар ҷабру бедодии ситамкорон!
Зинда бод озодӣ. Баробарҳуқуқӣ. Адолати иҷтимоӣ! Ҳуқкқи башар – ҳуқуқи инсон!
Зинда бод зиндагии шоиста дар кишвари воқеан демократӣ!
Диктатори мустадбид хаста аз корату кишвардорият шудем!
Озодӣ натанҳо дар рӯзи Ҷаҳонии ҳуқуқи Инсон пазмонатем, ки тӯли умр интизоратем!
Хулосаи моро, бигзор, Наҷиб Маҳфуз бигӯяд:
«Аз ҳаққу ҳуқуқатро талаб кардан шарм надор, чун инсонҳое вуҷуд доранд, ки аз поймол кардану рабудани ҳуқуқи шумо на шарм доранду на ҳаё».